«مشتریان کجایید؟» عنوان مقاله اصلالدین قمرزاده، استاد دانشگاه دولتی سمرقند است که در این مقاله او سخن از کاهش چشمگیر تعداد مشتریان روزنامه فارسیزبان «آواز سمرقند» میگوید. روزنامه «آواز سمرقند» از تنها روزنامه برای تاجیکان در سمرقند و اطراف آن است و هر سال ماه دسامبر برای تهریریه این روزنامه و دیگر روزنامههای محلی در سمرقند موضوع آبونه و جلب مشتری از مهمترین نکرانیهاست. امسال نیز صحبت از بسته شدن روزنامههایی میرود که تعداد مشتریانشان کمتر از ۱۰۰۰ نفر باشد. آبونه به این روزنامه برای یک سال معادل ۲۵ دلار آمریکایست و تا حال نزدیک به ۲۵۰ به آن آبونه شده اند.
این مقاله در روزنامه «آواز سمرقند» منتشر شده است و بدون دستکاری اینجا بازنشر کرده ایم. به زودی گفتوگوی زمانه را با امینه شرافالدین، از فعالان اجتماعی و فرهنگی سمرقند، خواهید شنید که از راههای جدید جلوگیری از این مسله و افزایش دادن مشرتیان روزنامه و امکان نشر روزنامههای خصوصی در سمرقند میگوید.

bb
«Овози Самарқанд» нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд аст ва он расонандаи ҳар як навгонӣ, қарору нишондодҳо ва фармонҳои сарварони вилоят ба шумор меравад. “Овози Самарқанд” пайваста бо дигар рўзномаҳо дар инъикоси комёбиҳои Ўзбекистон, бахусус, дастовардҳои мардуми Самарқанд дар замони Истиқлол хизмати арзанда дорад.
Бо ташаббуси як гурўҳ равшанфикрон ва дастгирии сарварони ҳамонвақтаи вилояти Самарқанд, марди фозилу соҳибмаърифат Пўлод Абдураҳмонов, сарвари шаҳри Самарқанд Носир Ёқубов ва ёварони онҳо якуми январи соли ۱۹۹۰ шумораи нахустини рўзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” рўйи чопро дид. Инак, қариб ۳۰ сол мешавад, ки ин рўзнома дар хидмати мардум аст.
Дар ибтидо бобати тарғибу ташвиқи рўзнома хидмати бархе аз фидоиёни роҳи маърифат ва фарҳанги тоҷик бағоят калон буд.
Солҳои аввал адади муштариёни рўзнома, ки нашри онро муштоқ буданд, торафт меафзуд. Бо вуҷуди тангдастӣ мардум ташнаи маърифат ва матбуот буданд. Теъдоди обуначиён ба «Овози Самарқанд» сол аз сол зиёд мегардид. Лекин сонитар бо сабабҳои гуногун адади обуначиён камтар шуд.
Шукри беадад, ки дар байни мардуми доро тоҷикон низ кам нестанд. Аксари онҳо худро соҳибфарҳанг медонанд ва соҳиби қасру кошонаҳо, мошинҳои тамғаҳои хориҷӣ, соҳиби зару зевари бисёр ҳастанду бар хилофи ҳама гуна қарору нишондодҳо тўю маъракаҳои болохонадор мекунанд. Лекин ба онҳо аз рўзномаву маҷалла, китобу фарҳанг сухан ронед, худро фарсахҳо ба канор мегиранд.
Бобоёни мо нақл мекарданд, ки дар гузашта бойҳои овозадор камшумор буданд. Онҳое, ки соҳиби аспу ароба ва ё як-ду дўкон, ҳавлии атрофаш бо чаҳор похса девор иҳоташуда доштанд, «бой» ҳисоб мешуданд. Ҳамин хел бойҳо ҷўй кобонда, дашту саҳроро обшор мекарданд, роҳ бароварда, манзили дури мардумро наздик мекарданд, масҷиду мадраса месохтанд, ба толибилмони мадраса моҳонаҳо (ҳамчун стипендияи имрўза) медоданд, ба донишмандону адибон дар кори нусхабардории китобҳояшон кўмак ва ба беваю бечорагон мадад мерасонданд, ҳар сари чанд вақт барои мардум тўй медоданд…
Шукри беадад, ки бо шарофати Истиқлол ва бахусус, ба сари давлат омадани сарвари оқилу доно Шавкат Мирзиёев ва эътибор додани ў ба фарҳангу маърифат, китобхонӣ, роҳи васеъ кушодан ба тадбиркорӣ зиндагии мардуми кишвари мо рўз аз рўз фаровонтар гардида, сатҳи беҳбудӣ дар аксар соҳаҳои зиндагӣ боло рафта истодааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, фидоиёни илму адаб ва фарҳанг, махсусан донишҷўёну мактабиён ва нафақахўрони маърифатдўст баъзан дар бобати дастрас намудани рўзномаву маҷаллаҳо тангдастӣ мекашанд. Хуб мешуд, ки ба чунин тоифа дўстдорони матбуот шахсони доро дасти мадад дароз мекарданд. Ин ҳиммати онҳо аз як тараф барои маърифати мардум хидмат намояд, аз тарафи дигар дастгирӣ намудан ба фаъолияти расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, “Овози Самарқанд” мебошад.
Замоне дар чойхонаҳои қишлоқҳо гўшаҳои махсуси маърифат ва маънавият, ҳатто дар ҷевонҳо чанд китоб, рўзномаю маҷаллаҳои нав мунтазам гузошта мешуданд.
Имрўзҳо низ дар аксар марказҳои маҳаллаҳо хонаҳои маърифат ва маънавият фаъолият доранд. Лекин на дар ҳамаи онҳо мо рўзномаву маҷаллаҳоро пайдо карда метавонем. Пас маърифати мардум аз куҷо ғизо мегирад? Дар баъзе маҳаллаҳо ҳатто аз нашри рўзномаҳои вилоятӣ, китобҳо доир ба таърихи диёр хабар надоранд.
Мо ба раисони маҳаллаҳо муроҷиат намуда, мегўем, ки барои марказҳои маърифат ва маънавият, шахсони эҳтиёҷманди матбуот, ҳадди ақал ба рўзномаҳои вилоятӣ обуна шуданро ташкил намоянд. Барои ин кор андаке ташаббус ва маҳорати ташкили кори маърифию маънавӣ лозим асту бас.
Ман ҳангоми сафар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шоҳиди он будам, ки чӣ тавр бисёр рўзномаҳои бисёрсаҳифа бо теъдоди зиёд нашр шуда, ба муштариён ройгон паҳн карда мешавад. Ҳамаи ин аз ҳисоби реклама ва эълонҳои корхонаву ташкилот, тадбиркорони хусусӣ, адвокату духтурон ва ғайра пардохта мешавад.
Дар мо ҳам агар чунин тоифа одамон ҳиммат карда, дасти мадад дароз намоянд, боварӣ дорам, ки аз як тараф теъдоди рўзномаи маҳбуби мо «Овози Самарқанд» аз қатори беҳтарин нашрияҳои сершумор ҷой хоҳад гирифт ва аз тарафи дигар ба афзудани фаъолияту зуд паҳн шудани маҳсулоти корхонаву ташкилотҳо мадад мешуд.
Аз кормандони заҳматкаши идораи “Овози Самарқанд” хоҳиш дорам, ки барои сари вақт ба хонандагон расонидани ҳар як шумораи рўзнома масъул бошанд. Зеро муштариёни рўзнома арзу шикоят доранд, ки бинобар костани хидмати почта дар Самарқанд рўзномаю маҷаллаҳо ба обуначиён сари вақт (ҳатто моҳҳо) расонида намешавад. Мувофиқи дархости бархе аз муштариён бояд дар назди рўзнома ходиме вазифадор бошад, ки рўзномаро ба муштариён расонад ва дар навбати худ аз ҷойҳо барои рўзнома маводи тару тоза, рекламаву эълонҳо пайдо карда ояд. Дар ин бобат таҷрибаҳои нашрияҳои хориҷиро низ омўхтан аз фоида холӣ нест. Он гоҳ ҳатто барои давутози обуна ҳам ҳоҷат намемонад. Худи муштариён муштоқи ҳар як шумораи рўзнома мешаванд…
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
академики Академияи фанҳои Турон, корманди шоистаи фарҳанги
Ҷумҳурияти Ўзбекистон.
نظرات
این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر میکنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و میخواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.