سازمان عفو بین‌الملل مقام‌ها و مسئولان جمهوری اسلامی را به دلیل پنهان نگه داشتن سرنوشت و محل دفن هزاران مخالف و دگراندیش سیاسی اعدام شده در سال ۶۷ به ارتکاب جنایت علیه بشریت متهم کرد. این گزارش را با خط فارسی در اینجا می‌توانید بخوانید.

Аз аксҳо ва мадорике, ки Афви Байналмилал ҳамроҳ бо интишори гузориши тозаи худ ба намоиш гузоштааст

Созмони Афви Байналмилал мақомҳо ва масъулони Ҷумҳурии Исломиро ба далели пинҳон нигаҳ доштани сарнавишт ва маҳалли дафни ҳазорон мухолиф ва дигарандеши сиёсии эъдомшуда дар соли 67 ба иртикоби ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кард.

Ин созмон дар гузориши тозаи худ таъкид кард эъдомшудагон 30 сол пеш ба сурати қаҳрӣ нопадид шуда ва дар равияе фароқазоӣ дар зиндонҳо эъдом шудаанд.

Дар гузориши ҷадиди Афви Байналмилал, ки рӯзи сешанбеи 13-и озар/4-уми декабр мунташир шуд, аз Созмони Милал хоста шудааст, таҳқиқоте мустақил ва ҷомеъ дар бораи нопадид карданҳои қаҳрӣ ва эъдомҳои фароқазоӣ дар Эрон ба унвони ҷароиме, ки ба муддати се даҳа бидуни муҷозот мондаанд, анҷом диҳад.

Ин гузориш бо унвони «Асрори ба хун оғушта: чиро 67 ҷинояти идомадор алайҳи башарият аст?» дар 200 сафҳа мунташир шуд.

Ба гуфтаи Филип Лутер, мудири таҳқиқоти Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии Афви Байналмилал, ин гузориш сиёсатҳои инкор ва таҳрифе, ки масъулони ҳукуматӣ дар Эрон барои се даҳа дар робита бо куштори 67 дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ пеш бурдаанд, зери заррабин қарор дода ва нишон медиҳад, онҳо чи гуна саъй доштаанд ҳақиқати нопадид кардани қаҳрӣ ва созмонёфтаи ҳазорон мухолиф ва дигарандеши сиёсиро аз азҳони умумӣ пинҳон кунанд:

“Инки масъулони ҳукуматии Эрон то ба имрӯз аз ба расмият шинохтани ин куштори густарда имтиноъ карда ва аз иттилоърасонӣ ба бастагон дар бораи замон, наҳва ва иллати эъдоми азизонашон ва шиносоӣ ва истирдоди аҷсоди онон сар боз мезананд, ба ин маъност, ки ҷурми “нопадид кардани қаҳрии” қурбониён ҳамчунон идома дорад.”

Бар асоси гуфтаҳои мудири таҳқиқоти бахши Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии Афви Байналмилал, ранҷу азобе, ки мақомҳои эронӣ бо ин иқдомот ба хонаводаҳои кушташудагон таҳмил кардаанд, дар ҳукми навъе шиканҷа ё ақсоми дигари рафторҳои бераҳмона ва ғайриинсонӣ аст:

“То замоне ки мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз худ шаффофият нишон надиҳанд ва ба шакли аланӣ сарнавишт ва маҳалли дафни қурбониёнро ифшо накунанд, ҳамчунон ба иртикоби «ҷиноят алайҳи башарият» идома медиҳанд.”

Ба гузориши Афви Байналмилал, дар 30 соли гузашта хонаводаҳои қурбониён аз ҳаққи худ барои хоксупории азизонашон ва баргузории маросими сугворӣ барои онон маҳрум мондаанд. Гурӯҳе аз ин хонаводаҳо, ки шуҷоъона дар садади ҳақиқатёбӣ ва адолатхоҳӣ баромадаанд, низ бо озорҳои бевақфа, иръоб, боздошти худсарона, ҳабс ва ҳамчунин шиканҷа ва соири рафторҳои бераҳмона мувоҷеҳ шудаанд.

Ҳамчунин, тахриб ва беҳурматӣ ба гӯрҳои дастаҷамъии қурбониён бар дарду ранҷи хонаводаҳо ва бозмондагон афзудааст.

Дар муқобил, ба гуфтаи Афви Байналмилал, афроде, ки масъули иртикоби ин ҷиноёт алайҳи башарият будаанд, аз маҳкамаи адолат гурехта ва дар бархе маворид ҳамчунон мансабҳои муҳим ва калидиро дар ихтиёр доранд.

Созмони Афви Байналмилал барои таҳияи гузориши тозаи худ шаҳодатномаи беш аз 100 нафар аз аъзои хонаводаҳои қурбониён ва ҷон-ба-дар-бурдагони ин кушторҳоро гирдоварӣ ва садҳо санади сабтшуда дар бойгониҳои торихии ин созмон, гузоришҳо, хотирот ва соири ёддоштҳои ҷон-ба-дар-бурдагон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарии эронӣ, баёнияҳои Созмони Милал ва изҳороти мақомоти эрониро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ин созмон ҳамчунин феҳристҳои мавҷуд аз асомии ҳазорон қурбониро бо ҳам мутобиқат дода ва гувоҳии фавти қурбониёнро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ин баррасиҳо нишон додаанд мақомоти Эрон дар бисёре аз маворид ба шакле фиребкорона иллати марги афродро мушаххас накарда ё онро ба «далоили табиъӣ» нисбат додаанд.

Гузориши Афви Байналмилал ҳамчунин тасвире такондиҳанда аз абъод ва парокандагии ҷуғрофиёии ин куштори васеъ дар саросари Эрон ироа медиҳад: «Дастикам 32 шаҳр дар нуқоти мухталифи кишвар ба унвони маҳалли вуқӯъи ин ҷиноятҳои фаҷеъ шиносоӣ шудааст.»

Бар асоси ин гузориш, Созмони Милал ва ҷомеъаи байналмилалӣ дар ҳаққи хонаводаҳои қурбониён ва бозмондагони ин куштор башиддат қусур варзидаанд:

“Қусури Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар ирҷоъ додани ин парванда ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал дасти мақомоти ҳукумати Эронро боз гузошт, то ба инкори ҳақиқат ва таҳмили шиканҷа ва соири рафторҳои бераҳмона ва ғайриинсонӣ бар хонаводаҳои қурбониён идома диҳанд.”

Аммо ба гуфтаи Филип Лутер омилон ва омирон набояд беш аз ин иҷоза пайдо кунанд, ки худро аз посухгӯӣ дар қиболи ҷиноёте, ки алайҳи башарият муртакиб мешаванд, масун нигаҳ доранд:

“Бо таваҷҷуҳ ба адами вуҷуди ҳар гуна чашмандоз барои дастрасии хонаводаҳои қурбониён ва ҷон-ба-дар-бурдагон ба адолат аз тариқи ниҳодҳои дохилӣ дар кишвар, иқдом аз сӯи Созмони Милал барои эҷоди як созукори байналмилалии мустақил, бетарафона ва муассир барои муҷозот кардани масъулони ин ҷиноятҳои нафратангез, аҳаммияти ҳаётитар пайдо мекунад.”

Дар ҷараёни эъдоми зиндониёни сиёсӣ дар моҳҳои амурдод ва шаҳривари 1367 иддаи бисёре аз зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломӣ эъдом шуданд.

Иттиҳоми зиндониён ба таври куллӣ ҳамкорӣ бо созмонҳои мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ бахусус Созмони Муҷоҳидини Халқ ва ҳамчунин тайфҳои мухталифи гурӯҳҳои чап ва кумунист буд.

Теъдоди қурбониёни ин воқеъа назди мароҷеъи мухталиф мутафовит ва байни ду ҳазору понсад то сӣ ҳазор нафар аст.

Шумори бисёре аз афроди эъдомшуда касоне буданд, ки даврони маҳкумияти худро пушти сар гузошта буданд ва ба истилоҳ «милликушӣ» мекарданд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)