«بی عزم درست و سعی کامل» داستان کوتاه میراسرار فرغانی، روزنامه‌نگار تاجیک در ازبکستان با خط سیریلیک.

Мирасрор Аҳроров, хабарнигори “Овози тоҷик” вилояти Фарғона

Вақте ки Мухтор аз ҷаласаи пагоҳирӯзӣ баромада, ба утоқи кориаш омад, дар назди дари утоқ аллакай як гурӯҳ зану мард бесаброна роҳи вайро мепоиданд. Шояд баъзеҳо аз дарди шадиду тақатфарсои дандон дуруст хоб нарафта буданд, ки баробари дидани ӯ хушҳолона оҳи сабук кашиданд.
Мухтор аввал ба ҳар як бемор синчакорона назар дӯхт. Донистан мехост, ки оё дар байни онҳо нафаре ҳаст, ки ба ёрии таъҷилии вай ниёз дорад ва дарди ҷонкоҳи дандон ҷисму ҷонаш дар азоб мондааст.-Агар шумо иҷоза диҳед, ана ин одами калонсолро бенавбат қабул кунам,-гуфт ӯ ба ҷамъи беморон рӯй оварда.
-Баробари шуморо дидан дарди дандонам ҳам фаромӯш шуд, Мухторака-шӯхиомез гуфт яке аз ҷавононе, ки нисбат ба дигарон барвақт омада, ҳоло дар пеши навбат меистод.-Албатта, аввал ин касро қабул кунед, мо боз каме мунтазир шавем, боке нест,-илова кард ин ҷавон бо ҳамон такаллуф.
-Илоҳо, ман барин соҳиби фарзандони солеҳ шавӣ, додарам. Яздони пок ҳамеша туро дар паноҳаш нигоҳ дорад,-изҳори сипос кард он мард ба ҷавон ва сонӣ даст зери манаҳ нолишкунон аз паси Мухторалӣ вориди утоқ гардид.
Мухтор бо навбат дандони кадомеро муолиҷа намуд, кадоме бо кандани дандонҳояш аз дарди ҷонкоҳ раҳо гардид ва баъди муоинаи дандонҳо ба кадоме машварат дод, ки онро бояд чанд муддат муолиҷа кунад, вагарна дандонҳои сиҳатманди ӯ низ осеб хоҳанд дид.

Мухтор Аҳмадбеков соли ۱۹۷۷ мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро хатм намуд. Вай орзу мекард, ки дар факултаи стоматологии Донишгоҳи тиббии Тошканд (ҳоло Академияи тиббии Тошканд) таҳсилро давом диҳад ва духтури дандон шавад. Аммо соли аввал бахташ натофту аз имтиҳони дохилшавӣ “чаппа шуд”. Ба яке аз бригадаҳои сохтумонӣ ба кор даромад.
Рӯзе сардори бригадаи сохтумонӣ барояш хабар дод, ки аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омадааст ва вай бояд ба зудӣ ба он ҷо ҳозир шавад. Ҳамин тавр, Мухтор барои ду сол ба хизмати аскарӣ даъват шуд. Ду соли хизмат паси сар гардид ва боз ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи стоматологӣ супурд. Бо вуҷуди талошҳои зиёд боз натавонист имтиҳонҳои дохилшавиро супорад ва шомили донишгоҳ шавад.
-Ду сол ба сифати коргари оддӣ кор кардам ва ниҳоят соли панҷум бахтам хандиду имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ шудам. Шароити оилавиамон чандон хуб набуд. Падари шодравонам Алимуҳаммад Аҳмадбеков дар шаҳраки Ҳайдаркони Қирғизистон ронанда шуда кор мекарданд ва хӯронидану пӯшонидани ҳашт фарзандро бар ӯҳда доштанд. Пули зиёдатӣ набуд, ки ба ман фиристанд. Модарам – Рафоатхон хонашин ва ба тарбияи фарзандон машғул буд. Вай гоҳ-гоҳ ба ину он халтаи нону қоқи зардолӯ ва чормағз мефиристод,-он солҳоро ба ёд оварда гуфт Мухтор Аҳмадбеков.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам дар он солҳо барои як ҷавони деҳотӣ дар як вақт ҳам кор кардану ҳам дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил кардан кори осон набуд. Аммо чӣ кунад, ки шароит ҳаминро тақозо мекард ва ғайр аз кор кардану музде ба даст овардан чораи дигар надошт. Бо стипендия як тарафи зиндагиашро пеш мекашид. Вай тазаккур дод, ки қарораш хеле қатъӣ буд. Барои ҳамин ҷидду ҷаҳд кард, ки танҳо соҳиби диплом шуда, ба назди падару модараш бармегардад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ беҳуда дар “Ахлоқи Мӯҳсинӣ” нанавиштааст:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
-Ман шояд ба ҳамин гуфтаҳои Кошифӣ амал кардаву ба он муваффақ шудам, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намоям ва ӣо сари баланд ба деҳа баргардам,-мегӯяд Мухтор Аҳмадбеков бо ифтихор.
Вай марди фурӯтану хоксор аст. Рафтору гуфтораш низ омиёна мебошад. Ба хурду калон ҳамеша самимона муносибат мекунад. Вақте ки Мухтор Аҳмадбеков дар беморхонаи марказии вилоят як сол ординатураро гузашт, бе ҳеч дудилагӣ рост ба деҳа баргашт. Ин дар ҳолест, ки бархе аз пизишкони соҳибтаҷриба маслиҳат доданд, ки фаъолияти минбаъдаашро дар паҳлӯи онҳо идома диҳад. Аммо вай эҳсос карда буд, ки дар ноҳияи Сӯх одамони зиёд ба хизмати духтури дандон ниёзи бештар доранд.
Мухтор Аҳмадбеков солҳои ۲۰۰۵-۲۰۱۱ бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳушёрро ба ӯҳда дошт. Ҳамчун пизишки бемориҳои дарунӣ ба табобати беморон машғул шуд. Гоҳ-гоҳ беморонеро қабул мекард, ки аз дарди дандон азият мекашиданд. Дар он солҳо бунгоҳи тиббӣ бо дастгоҳи стоматологии замонавӣ таъмин набуд. Аз деҳаҳои гирду атроф дар чаҳор фасли сол беморон ба маркази ноҳия рафта, дандони худро табобат карда бармегаштанд.
-Агар дар бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳушёр шӯъбаи стоматологӣ кушоем, кори савоб хоҳад шуд. Одамони зиёд низ аз ранҷу азоб халос мешаванд,-гуфт ӯ кӯтоҳакак ба сардухтур.
-Медонам, ки ин иқдоми хубест ва одамон низ вақти худро хеле сарфа хоҳанд кард. Ба болои ин, мунтазам нарху наво боло меравад, ҳамаи беморон имкони рӯзмарра ба маркази ноҳия равуо карданро надоранд,-ғайри интизори ӯ гуфт сардухтур.-Аммо барои осон кардани мушкили беморон дастгоҳҳои замонавӣ низ заруранд. Дастгоҳҳои стомотологиро аз куҷо пайдо мекунем? Медонӣ, ки мо дар айни ҳол маблағи харидории чунин дастгоҳҳои қимматро надорем,-гуфт сардухтур.
-Аз ин тарафи кор хотирҷамъ бошед. Дар қадами аввал як дастгоҳи арзон мехарему мушкили беморонро осон мекунем. Баъд оҳиста дастгоҳи наву замонавӣ мехарем,-ҷуръат пайдо карда гуфт Мухтор.
Ҳарду тавофуқ намуданд, ки аз пайи ҳалли ин кор мешаванд. Сардухтур ваъда кард, ки дар бунгоҳи тиббӣ барои Мухтор як утоқи алоҳида ҷудо мекунад ва онро бо мизу курсӣ муҷаҳҳаз месозад.

-Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Ин байт мутааллиқ ба Шайх Саъдӣ мебошад ва он собит менамояд, ки бо мадади якдигар ба ҳадафҳои нек расидан мумкин аст. Вазъу аҳволи собиқаро бо имрӯз муқоиса карданӣ бошем, фарқ замину осмон аст. Ҳоло шӯъбаи мо дорои дастгоҳи тиббии замонавии стоматологӣ мебошад,-мегӯяд хушҳолона Мухтор Аҳмадбеков.

Ба таъкиди мавсуф набояд фаромӯш кард, ки ОИТС тамоми гӯшаву канори дунёро фаро гирифтааст. Вай мегӯяд, ки хавфи паҳншавии он сол аз сол меафзояд ва аз ин мардуми деҳоти ноҳияи Сӯх низ дар канор намондаанд. Барои ҳамин ӯ мунтазам чораҳои эҳтиётӣ пиёда мекунад, ки дигарон ин бемории хавфнок сироят нашаванд.
-Нуктаи дигаре, ки қайди онро ҷоиз медонам, нарасидани кадрҳои малаканоки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ба ин шумор духтурҳои дандон низ шомиланд. Далел ин аст, ки бархе аз пизишкон кайҳо ба нафақа баромадаанд ва бархе дигар дар арафаи нафақабароӣ ҳастанд. Онҳоро кадрҳои ҷавон бояд иваз кунанд, ки зери суол қарор дорад,-тазаккур дод Мухтор Аҳмадбеков.
-Мухтор Аҳмадбеков пизишки соҳибтаҷриба мебошад. Вақтҳои зарурӣ ӯро ба шӯъбаи “Ёрии таъҷилӣ” даъват мекунем. Вай дар муоинаву муолиҷаи беморон ба мо машварат медиҳад,-мегӯяд мудири шӯъбаи минтақавии “Ёрии таъҷилӣ”-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр Ҳоҷиакбар Муродов.
-Беш аз бист сол ба ин сӯ бо Мухторака Аҳмадбеков паҳлӯ ба паҳлӯ, дар роҳи барқарор намудани саломатии мардум заҳмат мекашем. Вай бо рафтору кирдор ва гуфтори наҷиб дар байни кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва мардум обрӯ ва эътибори хос пайдо кардааст. Ӯ ҳамчунин маслиҳатгари пизишкони ҷавон мебошад,-изҳор намуд сардухтури шӯъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Сӯх Меҳрубон Болтаев.
Мухтор Аҳмадбеков соҳиби панҷ фарзанд ва набераҳост. Синаш ба нафақа наздик расидааст. Барои ҳамин аз ҷавонон даъват мекунад, ки дар интихоби касб ҳушёр ва зирак бошанд, дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва ба халқу кишвари худ хизмат намоянд.

Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори
“Овози тоҷик”
Вилояти Фарғона

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com