سفر تعدادی از ادیب، شاعر و روزنامه‌نگاران تاجیکستانی به سمرقند، در ادامه باز شدن راه‌های زمینی و هوایی و بهبود یافتن روابط دوستانه بین دو کشور همسایه ازبکستان و تاجیکستان. روزنامه «آواز سمرقند» که از تنها روزنامه برای تاجیکان شهر شمرقند و اطراف آن است، مقاله کوتاهی نوشته و اسامی این مهمانان را اعلام کرده است. این گزارش را با خط سیریلیک بازنشر می‌کنیم.

Акс аз “Овози Самарқанд”

Дирӯз як гурӯҳ шоиру нависандагон, олимон, рӯзноманигорони Ҷумҳурияти Тоҷикистон барои тамошову зиёрат ба шаҳри Самарқанд омаданд.

Дар байни онҳо нависандагон Абдуҳамид Самад, Маҷид Салим, шоир Камол Насрулло, рӯзноманигорон Қурбон Ализода, Сафаргул Алиева, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон буданд. Меҳмонон саёҳати худро аз майдони Регистон оғоз карданд. Ба онҳо дар бораи таърихи бунёди ансамбли Регистон, салоҳияти туризми шаҳри Самарқанд, имкониятҳое, ки барои сайёҳони хориҷӣ муҳайё карда шудааст, маълумот дода шуд. Сипас, аҳли фарҳанг мақбараи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов, масҷиди ҳазрати Хизр, Хона-музейи Садриддин Айнӣ, маҷмӯаи Шоҳизинда ва масҷиди Хоҷа Аҳрори Валиро зиёрат карданд.
– Ман бори аввал ба шаҳри Самарқанд ташриф овардам, — гуфт рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур. – Вақте ки аз майдони Регистон дидан кардем, маро эҳсоси наҷибе фаро гирифт. Шукӯҳу виқори обидаҳо маро дар ҳайрат гузошт.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)