این گزارش با خط فارسی

Барои нахустин бор ба муносибати ҷиҳилумин соли Инқилоби Баҳмани ۵۷, намоҳанге бо садои Гугӯш ва Сиёвуши Қумайшӣ ва бо таронае аз Раҳо Эътимодӣ мунташир шуда аст. Кайҳон ва расонаҳои вобаста ба Сипоҳи Посдорон, ин хонандагони саршиноси мусиқии попи Эронро ба талош барои “барандозӣ” ва “фурсатталабӣ аз илтиҳоботи ахири арзӣ” муттаҳам кардаанд. Яке аз расонаҳои наздик ба сипоҳ аз фурсат истифода карда ва пешниҳоди Ҳумоюни Шаҷариён ва бархе хонандагони муқими Эрон барои баргузории консертҳои ройгони хиёбониро ҳамсӯ бо талоши барандозон ва пурранг кардани нақши “хиёбон” ҷилва дода аст. 

Намоҳанги “Чиҳил Сол” бо таронае аз Раҳо Эътимодӣ, ҳафтаи гузашта бо садои Гугӯш ва Сиёвуши Қумайшӣ ва таронае аз Раҳо Эътимодӣ дар ҳимоят аз эътизороти мардуми Эрон ба гаронӣ ва суқути арзиши риёл дар баробари дуллори Омрико ва табъизҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд. Дар тадвини ин намоҳанг тасовире аз фақри мардуми Эрон, бехонумонӣ ва ҳошиянишинӣ ва дармондагии инсонҳо, ба кор гирифта шуда ва мазмуни тарона ҳам бар ҷиҳил соли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ ба ъунвони як “кобус” ва монеъе барои пешрафти мардуми Эрон ва умед ба “раҳоӣ” далоил дорад. 

Ибтидо сойти “Машриқ” ва сипас “Кайҳон” и чопи Теҳрон ва хабаргузориҳои наздик ба сипоҳи посдорон, дар як талош намоҳанги ин хонандагонро ба барандозӣ муттаҳам карданд. Кайҳон, бо интишори буридае аз огоҳии консерти Гугӯш ба муносибати ۲۸ мурдод, дар даврони Паҳлавии дуввум, ин хонандаи маҳбуб ва саршинос дар Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёнаро, ба ҳимоят аз кудатои ۲۷ мутаҳҳам кард. Раҳо Эътимодӣ ва Сиёвуши Қумайшӣ ҳам аз парвандасозии рӯзномаи “Вилоятмадорон” ва расонаҳои наздик ба сипоҳ барканор намондаанд. Эътимодӣ ба баҳойи будан ва “кӯдакозорӣ” муттаҳам шуд ва Сиёвуши Қумайшӣ ҳам ба лабхонӣ”.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ таронаи муштаркаи Гугӯшу Сиёвуши Қумайшӣ пурбозтоб будааст. Бархе аз корбарон онҳоро ба хотири ҳимояташон аз эътирозоти мардум ситоиш кардаанд ва бархе ҳам аз мисраъе аз шеъри тарона, ки ба модаре ишора дорад, ки чанд сол аст “ноновари мардум” аш шуда, интиқод кардаанд ва онро калишаӣ ва як тасвири кӯҳна аз нақши зану мард дар хонаводаи эронӣ хондаанд. 

Бархе аз корбарон низ бо ишора ба билетҳои гаронқиммати консерти хонандагони шинохтаи попи муқими хориҷ аз Эрон, ҳамроҳии онҳо бо мардумро зери савол бурдаанд. 

Ин аввалин бор нест, ки Гугӯш ба ъунвони яке аз таъсиргузортарин хонандагони эронӣ аз ҳаракатҳои мардумӣ дар Эрон ҳимоят мекунад. Дар эътирозоти соли ۱۳۷۷ низ ин хонандаи саршинос дар ҳимоят аз тазоҳуроти хиёбонӣ, таронаи “Модари мо Эрон” ро хонд. Дар матни ин тарона, ки гӯё он ҳам аз Раҳо Эътимодӣ аст, Гугӯш аз забони модаре ҳарф мезанад, ки бемору ранҷур дар Эрон монда, вале фарзандонаш ҳама аз “дузахи исломӣ” гурехтаанд. Гилояи модар бо ин сатр оғоз мешавад:
“Ману(ро) аз ёд бурдед, ман ҳамон Эронам.” 

Дар таронаи “Чиҳил сол” аммо таъкид бар ин аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ин муддат ба як “кобус” барои мардуми Эрон табдил шудааст. 

Дар соли ۱۳۷۷ таронаҳои “Мурғи саҳар” ва ё “Ҳамроҳ шу (шав) азиз” бо садои Муҳаммад Ризо Шаҷариён бар забони муътаризон ҷорӣ буд. Шаҷариён гуфта буд садои “хасу хошок” аст (чун Аҳмадинажод, намояндаи ҳукумати он вақти ҷумҳурии исломӣ мардуми ба хиёбон рафта эътироз кардаро муште хасу хошок хонда буд) ва расонаҳои наздик ба сипоҳ ҳам ӯро “мӯҳраи истеъмор” ва “Ватанфурӯш” хонда буданд. Таронае аз Шаҳром Нозирӣ ҳам дар он замон бар сари забонҳо афтода буд: 

Эй хашми ба ҷон тохта тӯфони шарар шав,
Эй буғзи гуландохта фарёди Хазар шав.
Эй рӯи барафрӯхта худ парчами раҳ бош,
Эй мушти барафрошта афрохтатар шав.

Ин бор аммо дар ҷараёни эътирозоте, ки аз дайи ۹۶ то кунун идома дорад, хонандагони саршиноси дохили Эрон муҳтотонатар ъамал мекунанд. Ҳафтаи гузашта Ҳумоюни Шаҷариён пешниҳод карда буд, ки вазорати иршоди исломӣ дар шароити душвори кунунӣ, барои хӯш шудани ҳоли мардум, муҷаввизи баргузории консертҳои ройгони хиёбониро бидиҳад. Вазири иршоди исломӣ ҳам бо эҳтиёти бисёр гуфта буд, ки мебоист ибтидо назми нерӯи интизомиро ҷӯё шуд. Бисёре аз хонандагон аз ин пешниҳод истиқбол карда буданд.

Шаҳроми Нозирӣ, аммо якшанбе, ۱۴ мурдод, дар гуфтугӯ бо Эътимод Онлойн гуфта аст:

“Мо бо ҳар рӯйдод ва иттифоқе, ки боъиси хушҳолии мардум шавад мувофиқ ҳастем, аммо саволи ман ин аст, ки оё бо баргузории ин консертҳо дар хиёбон, мушкилоти мардум ҳал мешавад? Ин маросим дар кадом манотиқи шаҳри Теҳрон ъамалӣ аст? Агар ин иттифоқ рӯх диҳад юру ва доллар арзон мешавад?” 

Расонаҳои наздик ба Сипоҳи Посдорон, аммо намоҳанги “Ҷиҳил сол”и Гугӯш ва Сиёвуши Қумайшӣ дар ҳимоят аз эътирозоти ахирро, ба пешниҳоди Ҳумоюни Шаҷариён барои баргузории консертҳои хиёбонӣ барои “хӯш шудани ҳоли мардум” рабт додаанд ва идаъо кардаанд, ки ҳадаф танҳо ин аст, ки ба баҳонаи консерти ройгон, пойи мардум ба хиёбон кашида шавад. 

Барои хондани ин гузориш бо хатти форсӣ ба инҷо сар занед.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)