عبدالحمید صمدود، یکی از نویسندگان امروزی تاجیکستان، پس از انتشار رمان اخیرش با عنوان “گردش دیوباد” گفته، با ژانر رمان خداحافظی می‌کند. او دلیل این تصمیم را وضع ناخوب سلامت خود عنوان کرده است.

رو جلد رمان “گردش دیوباد” نوشته عبدالحمید صمدوف

АБДУЛҲАМИД САМАД: БА ЖАНРИ РОМАН ВИДОЪ МЕГӮЯМ

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон романи «Гардиши девбод»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо теъдоди ۵ ۰۰۰ нусха барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нашр расид. «Гардиши девбод» яке аз бузургтарин асарҳои нависандаи хайрандеш Абдулҳамид Самад буда, аз ду қисм иборат аст. Талошу андешаҳои қаҳрамонҳои ормонии нависанда дар ин асар хонандаро ба рӯзгори пурҳодиса, сарнавишту талош, далерӣ ва ишқу армони қаҳрамонҳои ватанпарасту миллатдӯст дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ошно месозад.

Муаллиф дар хитоб ба хонанда чунин изҳор доштааст: – Ин рӯзу соатро дар хобу бедорӣ чунон интизор будам, ки худам медонаму Худо. Билохира, азияти сангину дуру дароз–тай крдани роҳи пуршебу фарози ҳафт-ҳаштсола, шиканҷаи ҷисмониву равонӣ, гоҳе аз афсурдагиву дилтангии сахт, ноумедиву пушаймонӣ тарсу бим низ – намурда, ин асарро ба охир мерасонам.

Муаллиф дар қисмати дувуми ин асар пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар радифи қаҳрамонҳои қисми аввали ромни «Гардиши девбод» шахсиятҳои армониеро аз ҳикояҳои «Ду гусел», «Ҳазл», қиссаҳои «Баъд аз сари падар», «Парончакҳо», романи «Косаи давр», мақолаҳои публитсистӣ дар он рӯзҳои доғ, айёми сарнавиштсӯзу сарнавиштсоз ба майдони фаъолият бикашад ва онҳоро ба хонанда рӯ ба рӯ намояд.

– Инро ҳам бояд бигӯям, ки пурсишҳои зиёди хонандагони кунҷков ҳангоми маҳфилу суҳбатҳои сарипоӣ аз тақдири минбаъдаи қаҳрамонони асарҳои дар боло зикршуда тухми ин орзу ба дилам кошта буданд. Вале ба ормон ҷомаи зебои амал пӯшонидан дар асари бадеӣ осон набудааст…

– Ва боз ба Шумо ваъда медиҳам, ки банда бо ҳамин китоби дувуми романи «Гардиши девбод» ба жанри бузург ва пурвусъати адабиёт – роман видоъ мегӯям. Албатта мавзӯъ, масъалаҳои печидаву пурихтилоф, шахсиятҳои мураккабу тавонои романзеб дар ин даврони дигаргунии руҳу равони инсонҳо, созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоиву дар арсаи ҷаҳон мақом ва ҷойгоҳи хоса пайдо кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол интизори тасвири бадеии доманадоранд. Вале рафтани умр ва коҳиши неруву маҷол ҳушдор медиҳанд, ки ба чени курпа по дароз кунам ва аз ин зиёд боиси азияти ҷони худам ва озори хотири хонандаи нуктафаҳм нашавам…

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com