مدتی‌ست که بازار صابر، شاعر پرسروصدای تاجیک، در بیمارستان یکی از شهرهای آمریکا به سر می‌برد و بیماری او همزمان با وخیم شدن وضع سلامت مومین قناعت، شاعر نامی تاجیکستان، یکی از موضوع‌های داغ شبکه‌های اجتماعی بین کاربران تاجیک شده است. سیاوش جنیدی، شاعر تاجیکستانی، در باره عشق پرمعمای بازار نوشته که اینجا همخوان می‌کنیم. تمام هزینه‌های بیمارستان را امامعلی رحمان، رئیس‌جمهور تاجیکستان بر عهده گرفته است. بازار صابر با این که در دوران جنگ‌های داخلی تاجیکستان زندانی شد و پس از سال‌ها زندگانی در آمریکا با دعوت رئیس‌جمهور تاجیکستان به وطر برگشت و در راستای تقویت سیاسیت‌های کنونی کشور شعر و معروزه خواند. سیاوش جنیدی در مقاله “قصه عشق پرمعما” از فعالیت‌های ماندگار بازار صابر و قبل از به شاعر درباری تبدیل شدن او یاد کرده است.

بازار صابر با دعوت امامعلی رحمان به وطن بازگشت و به صف شاعران درباری پیوست

ҚИССАИ ЯК ИШҚИ ПУРМУАММО

Аз ҳамаи азизоне, ки аз ин шеър, балки аз ин дуо ва ниёиш, ки дар ҳаққи устод Бозор кардаам истиқбол карданд, сипоси фаровон. Инро гуфта бошам, ки порае буд аз шеъре тулонӣ, ки ин ҷо овардам. Матни комилро баъдҳо дар ихтиёри дӯстон қарор хоҳам дод.

Устод Бозор Шоире бузург ва Инсоне бузург аст ва ин бузургӣ дар ҳадди бузургии қавми ӯ яъне мардуми тоҷик аст. Бозор Собир ва Қавми Тоҷик ду ойинае ҳастанд қад афрохта дар баробари ҳам. Ду ойинаи қаднамаро дар баробари ҳам қарор бидиҳед ва бубинед, ки чӣ хохед дид. Гоҳе бар он бубинед ва гоҳе бар ин. Ва гоҳе низ дар андаруни худ, бар дили худ назар андозед. Ҳар чи дидед, пеши худ дошта бошед.

Бозор Собир падиде нодир дар шеъри порсӣ ҳаст. Гоҳе шиноха ва гоҳе нашинохта. Ва ин падида маншаъ аз мо – мардуми тоҷик мегирад ва дар мо – мардуми тоқик хатм мешавад. Кам касоне чун Бозор Собир ин мардумро шинохта ва дӯст доштаанд. Ва кам қавмеро дар торих суроғ дорем, ки дар ин ҳад як шоъирро дӯст бидорад ва ин ҳама бар ӯ эътимод ва такӣя бикунад.

Ин бузургӣ ду ҷаноб дорад, ки дар як ҷониб аз он Бозор Собир ва дар ҷониби дигар мардуми тоҷик қарор доранд. Имрӯз мо ҳамин ду Олиҷанобро дорем. Ва ин як Ишқро дорем. Ин Ишқ, ин Ишқи сӯзон ва сӯзанда, ин Ишқи беқарор ва зинда, бе тааллуқ, бе тамаллуқ, бериё ва пурсадо, чун ҳар Ишқи ҳақиқӣ. Ин Ишқ низ ду тараф дорад. Як тарафи ин Ишқ Бозор Собир аст ва тарафи дигари он Қавми Тоҷик.

Аммо ин нозфурӯшӣ ва нозхарӣ. Оре, дар ин қисса мавориди ноз фурӯхтанҳо ва ноз хариданҳо буд. Мо дар ин қисса ба якдигар ноз фурӯхтем ва нози якдигарро харидем. Аммо ин дгар қиссаи нав ва тозае набуд. Магар ин қиссаҳо баройи мову шумо нав аст, азизон? Ин, ки чизе нест, дустони азизам. Ошиқ ва Маъшуқ ҳамеша ба якдигар ноз меферӯшанд ва нози якдигарро ба ҷону дил мехаранд. Магар мо аз ин қиссҳо намедонем?! Мгар ин қиссаҳоро дар сари гаҳвора модарони мо баройи мо нахондаанд?! Магар Ширин ба Фарҳод ва Лайло ба Маҷнун ноз нмефурӯхт? Магар ин ҳама сол ва ҳам имрӯз МО ҳар яке худро Ширин ва Лайло намепинддорем ва ба ин миллат ноз намефурушем? Магар на ҳамин миллат аст, ки Фарҳодвор нози моро мехарад ва бар қасрҳои мо чуйи шир мекашад? Магар на ҳамин миллат аст, ки маҷнунвор сар бар саҳроҳо мезанад, то як луқма нонро баройи мо таҳия кунад?

Бозор Собир танҳо коре кард, ин буд ки мавзуъи ноз фурӯхтан ба миллатро, ба мардумро матрах кард, рушан кард, гунда кард, калон кард. Ма гаҳ-гоҳе ба ҳамин шабакаи фейсбук сар мезнам ва матолиберо мехонам, ки дар баробари он лол мемонам. Манзурам нозфурӯшие баъзе аз дустони “ашрофзода” аст дар баробари ин миллати “паст ва гадо”. Ростиро ва Худоро! Бисёр хандадор аст. Ман ҳоло дар ин хусус наменависам. Ман холо намегуям аз он, ки ! ин “ашрофзодахо” ки хастанд ва дар баробари ин миллати “гадо” чи карданд. Баъдан. Агар фурсат даст диҳад ва ҳавсала бошад.

Ин қиссае буд ва ҳаст, чун ҳама қиссаҳои ошиқии шарқӣ, аҷибу ғариб, пур моҷаро, пур сару садо, пур муаммо. Ман ин қиссаро пайваста дунбол ва мутолиъа мекардам ва мекунам. Ҳар боре, ки пиромуни ин ном тавтиъае эчод мешуд, медидам, ки бозигарони даруниву берунӣ чи вокугише доранд. Медидам, ки пиромуни ин қисса киҳо ҳастанд ва чиҳо меҳоханд ва ин қиссаро ба куҷо мекашанд.

Аммо дар имтидоди ин шаб ва ин киссаи тӯлонӣ, ҳар ду қаҳрамони ин аслии ин қисса, яъне ҳам устод Бозор Собир ва ҳам қавми ӯ аз он раванди қисса аз он қолиб, аз чаҳорчӯб ва сенорию, ки барояшон таҳия шуда буд, берун мерафтанд ва чистон ва муаммои дигареро барои хонандагони ин қисса эҷод мекарданд.

Тавтиъае бузург буд. Ва ин ки Бозор Собир яке аз омилини ин тавтиъаи бузург интихоб шуда буд, бори дигар бар бузургии вай далолат мекунад. Аммо мардуми тоҷик ҳам кам наовард. Мардуми тоҷик Дар ин тавтиъаи бузург, ки метавонист ба фоҷиаи бузурги миллӣ бипечад, бузургӣ, асолат, таҳаммул, раводорӣ, шарофат ва наҷобатеро ба намойиш гузошт, ки назираш дар ҷаҳон ва торих, ба вижа дар дар ҷаҳон ва торихи кишварҳои исломӣ камтар мушоҳида шуда аст. Ин қиссаи дигарест, ки тафсирашро баъдан хоҳам гуфт.

Дар ин савдои Ишқ ва Ҷунун дар ин мусобиқаи намойиши садоқат ва хулус, танҳо чизе ки баройи ман то ҳануз чистон аст ва муаммоест, ки мағзу сар мешиканад, ин аст, ки аз ин ду қаҳрамони ин қисса, яъне Шоир ва Қавм кадом як Ошиқ аст ва кадоме Маъшуқ?
Ва аммо баъд…

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)