عبدال‌نبی ستارزاده، پژوهشگر شناخته تاجیک، در مقاله‌ای به مناسبت صد و چهلیم سالگرد صدرالدین عینی، سردفتر ادبیات تاجیک، نوشته است و از جایگاه این چهره سیاسی و ادبی تاجیک بار دیگر یاداور شده است. این مقاله بر اساس نوشته‌های دیگر چهره‌های نامی ادبیات تاجیکستان نوشته شده است و خلاصه آن این است که بی‌شک می‌شود صدرالدین عینی را بنیانگذار کشور تاجیکستان و سردفتر ادبیات تاجیک و ازبک خواند. استاد عینی از مهم‌ترین چهره‌های تاجیک است که از جانب بسیار چهره‌های مهم فرهنگی و سیاسی تاجیک قدردانی شده است. از سوی دیگر نیز بسیاری از تاجیکان او را در پذیرفته شدن خط سیریلیک در جامعه تاجیک در دوران شوروی مقصر می‌دانند. هرچند روشن است که صدرالدین عینی راه به غیر از انتخاب بین بد و بدتر نداشته و سیاست‌های روز شوروی نه تنها دست و بال او را بلکه دست و بال همه پیروان، طرفداران و هم شاگردان او را نیز بسته بود.

صدرالدین عینی در منزل خود در سمرقند که حال خانه موزه اوست

Ҷойгоҳи устод Айнӣ дар ҷомеаи тоҷик

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи илму адабу фарҳанги мо мардони бисёрфан (энсиклопедист) кам набуданд, монанди Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигарон. Устод Садриддин Айнӣ ин суннатро дар даврони нави таърихӣ идома дод. Ӯ на танҳо нависанда, балки шоир, олими адабиётшинос, забоншинос, мусиқишинос ва таърихнигор, маърифатпарвар, мунаққид, рӯзноманигор, хитобанавис (публитист), луғатнавис, тарҷумон, муҳарриру мураттиб, мударрис, муаллим, муаллифи китобҳои дарсӣ, бунёдгузори мактабҳои усули нав ба забони тоҷикӣ, ислоҳотпарвари мактабу маориф, роҳбари ниҳоди илмие мисли Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Бо шохаҳои гуногуни илму адабу фарҳанг ҳамзамон машғул шудани бузургонамон дар гузашта ва устод Айнӣ дар даврони муосир, бидуни шак, тақозои замона ва ҷомеа буд. Маҳз ҳамин тақозо аст, ки дар марҳилаҳои муайяни таърихи қавмҳову миллиятҳо фардҳое зуҳур мекунанд, ки ин хостаҳоро қонеъ мегардонанд ва бо ҳамин боиси таҳаввулу такомул ва рушди ҷомеаи хеш ва сарзамини хеш мешаванд. Ва ин рисолати наҷиб танҳо насиби онҳое хоҳад шуд, ки тавони дарки саривақтии чунин тақозои замон ва ҷомеа ва ҷавоб гуфтан ба онро доро мебошанд.
Оғози садаи ХХ, солҳои ۲۰ ва ۳۰-ум, тавре ки маълум аст, дар қаламрави ҷуғрофие, ки «қавми муаззами тоҷик» (Айнӣ) мезист, яъне дар Мовароуннаҳр, дурусттараш дар Туркистон ва Аморати Бухорои он давр гардишҳои куллии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла низоми давлатдории Аморати Бухоро барҳам зада шуд ва дар ҳудуди он ва Туркистон ҳукуматҳои шӯроӣ таъсис ёфтанд. Вале нерӯҳои сиёсӣ ва миллигарои «пантуркизми болшавикӣ ва панӯзбакистҳои миллатгарои муғулмизоҷ» (Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон.-Душанбе: «Адиб».-۲۰۱۲.-C.73), аз он ҷумла аз ҳисоби баъзе аз тоҷикони худбохта ва гумроҳ низ, зуҳур намуданд ва ба шиддат кӯшиш карданд, ки аз самараҳои ин дигаргуниҳои инқилобӣ қавми тоҷик, ҷомеаи онро бенасиб гардонанд: аз мактабу маориф, нашри рӯзномаву маҷалла ва китобҳо ба забони тоҷикӣ,, доштани давлати мустақил ва ҳукумати мустақил ва ғайра. Бино ба шаҳодати устод Айнӣ, «баъд аз Инқилоби Уктабр дар Туркистон ва Бухоро ҳукуматҳои шӯроӣ азбаски ба номи ӯзбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони ӯзбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадима ва дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохилию хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла аз тамоми меваҳои Инқилоб маҳрум монд» (Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе.-۲۰۱۰.- C. 7).
Мо тоҷикон, тавре ки устод Айнӣ дар як хитобааш он солҳо навишта буд, «инқилоби муқаддасро ба ҳолате истиқбол кардем, ки на илм дорем, на идрок, на хат дорем, на савод, на фикр дорем, на хаёл, на орзу дорем, на омол…» (С.Айнӣ. Танвири афкор// С. Айнӣ. Осори баргузида дар ду ҷилд, ҷ. ۱.- Душанбе: «Ирфон».- ۱۹۷۷.- С. ۱۰۳).
Дар чунин шароити номусоид замона ва ҷомеа тақозо мекард, ки, пеш аз ҳама, мавҷудияти як қавми муаззаме бо номи тоҷик дар Мовароуннаҳр ба исбот расад, ҳаққу ҳуқуқи қонунии вай ба доштани мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла ва китобҳо ба забони худ, адабиёт, илму фарҳанги худ, ташкили давлати мустақили худ ва ҳукумати худ барқарор карда шавад. Иҷрои ин рисолати миллиро устод Айнӣ ба зимаи худ гирифт. Ӯ китоби барои миллати мо муқаддаси «Намунаи адабиёти тоҷик» (۱۹۲۶) таълиф намуд ва ба исбот расонд, ки «аз бозе ки вақоиъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст» (Намунаи адабиёти тоҷик.- Душанбе.- ۲۰۱۰.- С. ۷). Ва ин мавҷудияти қавми муаззами тоҷик ва забону адабиёти он дар ин сарзамини таърихиаш, тавре ки ӯ менависад, «махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест», зеро «адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост» (Ҳамон ҷо).
Сониян, устод Айнӣ ҳамчун ходими маҷаллаҳои маъруфи «Шуълаи инқилоб» ва «Меҳнаткашлар товуши» мақола, хитоба ва баённомаҳо менависад ва ҳаққу ҳуқуқи қонунии қавми тоҷик ва ҷомеаи тоҷикро барқарор карданӣ мешавад. Ба забони тоҷикӣ ба эҷоди асарҳои адабӣ ва илмию тарғиботӣ шурӯъ менамояд, монанди «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (۱۹۱۸), «Ҷаллодони Бухоро» (۱۹۲۰), «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (۱۹۲۰-۱۹۲۱), «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (۱۹۲۱-۱۹۲۲), «Одина» (۱۹۲۴) ва ғайра.

Шоири бузурги тоҷик шодравон Лоиқ Шералӣ дар шеъре моҳияти падидаи мазкурро беҳтар ва гӯётар аз дигарон гуфтааст:
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ Устод,
Ту моро ёфтӣ Устод!
Зи амъоқи фаромӯшхонаҳои тираи таърих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмӯаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Бо мо моро шиносондӣ.
(«Айнӣ»)

Зиндаёд академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби машҳури «Тоҷикон», ки яке аз ҳимоятгарон ва қадрдонони устод Айнӣ буд, дар мавриде фармудааст: «Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст» (Садриддин Айнӣ бузурге аз дунёи форсизабонон.- Душанбе. ۲۰۱۰. – С. ۱۹۱). Дар фаъолияти бузургвороне чун устод Айнӣ таърихи давр ва ҷомеаи тоҷик чунон ба ҳам тавъам афтодааст, ки «таърих аз рӯйи фаъолияти онҳо, аз рӯйи афкор, аҳвол ва дастовардҳои онҳо аз бисёр ҷиҳатҳо мазмуни аслии он замонро муайян мекунад» (М. Шукуров. Садриддин Айнӣ. Душанбе: «Ирфон».- ۱۹۷۸ (ба алифбои арабиасоси форсӣ).- С.۳).
Устод Айнӣ дар аксарияти мутлақи соҳаҳое, ки замона ва ҷомеа рисолати анҷоми корҳоро бар дӯшаш гузошта буданд, оғозгар ва нахустин буд.
Муаллифи нахустин шеъри нави тоҷикӣ «Марши ҳуррият» (۱۹۱۸), ки адабиёти муосири тоҷикӣ бо он шурӯъ мегардад;
Муаллифи нахустин ҳикоя, повесту романи реалистии тоҷикӣ, аз қабили повести «Одина» (۱۹۲۴), романи «Дохунда» (۱۹۲۷-۱۹۲۹) ва ғ.;
Муаллифи нахустин китобҳои таълимӣ, мисли «Таҳзиб-ус-сибиён» (۱۹۰۹), « Тартил-ал-Қуръон» (۱۹۰۹) ва «Заруриёти диния» (۱۹۲۷);
Муаллифи нахустин «Алифбо» барои мактабҳои тоҷикии усули нав (бо ҳамкории Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим);
Муассиси нахустин мактаби усули нав ба забони тоҷикӣ;
Муаллифи нахустин таҳқиқоти илмии муосир, монанди «Намунаи адабиёти тоҷик» (۱۹۲۶), «Устод Рӯдакӣ (۱۹۴۰), «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» (۱۹۳۴), «Шайхурраис Абӯалии Сино» (۱۹۳۹), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (۱۹۴۱), «Камоли Хуҷандӣ» (۱۹۴۰), «Алишери Навоӣ» (۱۹۴۸), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (۱۹۴۶), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (۱۹۵۴), ки ҳар яке аз ин асарҳо, бемуҳобо, заминаи боэътимоди ташаккули шохаҳои рӯдакишиносӣ, фирдавсишиносӣ, синошиносӣ, саъдишиносӣ, камолшиносӣ, навоишиносӣ, восифишиносӣ ва бедилшиносӣ дар Тоҷикистон ва дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ гардиданд;
Муаллифи нахустин асари калонҳаҷми тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти муосири тоҷик «Ёддоштҳо», ки дар зоти худ беназир аст;
Муаллифи нахустин таърихномаҳо дар таърихшиносии тоҷик, монанди «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (۱۹۱۸), «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (۱۹۲۰-۱۹۲۳), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (۱۹۲۶) ва ғ.;
Муаллифи нахустин фарҳанги тафсирии муосири «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» (۱۹۳۸);
Нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (۱۹۵۱);
Ва ниҳоят нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон (۱۹۹۷).
Лозим ба таъкид аст, ки устод Айнӣ дар танҳоӣ, тавре ки яке аз шогирдони ӯ Ғанӣ Абдулло дар хотироташ дуруст ба мушоҳида гирифтааст, «кори даҳҳо нависанда, даҳҳо адабиётшинос ва забоншинос, даҳҳо муаррих ва мунаққидро адо кардаанд» (Ғанӣ Абдулло. Ормон // Дар хотироти дӯстон ва шогирдон. -Душанбе: «Ирфон». -۱۹۶۸.- С.۱۰۰).
Устод Айнӣ барои мо номбардоронаш ва меросхӯронаш танҳо як адиби барҷаста ё як олими забардаст ё як фарҳангии номӣ, ё як рӯзноманигор ва хитобанависи маъруф ва ё як роҳбари ботадбири илму адабу мактабу маориф нест, балки болотар ва фарохтар аз ин ҳама мебошад. Ӯ ҳастии миллати мо, шаъну шарафи он, рамзи ҳунару истеъдоди волои миллати мо, намунаи хираду фаросати миллии мост. Аз ин сабаб наметавон ҳастии миллати тоҷикро ва ҷомеаи тоҷикро бидуни ҳастӣ, шахсияти хориқулода ва асарҳои илмиву адаби мондагори ӯ, фаъолияти судманд ва фидокоронаи маорифпарвариву маърифатпарвариаш тасаввур намуд.
Ҳақ ба ҷониби устод Бозор Собир аст, ки гуфта:
То ба ӯ аз шоирон девону дафтар мондааст,
Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам Ватан, ҳам халқ монд.

(«Муҷассамаи Айнӣ»)
Ш. Ҷексонвиллӣ (Флорида, ИМА) –
Ш. Душанбе, ۳۰ март – ۸ апрели ۲۰۱۸

Профессор Абдунабӣ Сатторзода,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com