نگاهی به فشارهای سیاسی و فرهنگی به فارسی‌زبانان ازبکستان در طول صد سال گذشته و پیامدهای آن. نوشته رستم قادر، جامعه‌شناس تاجیکستانی با خط سیریلیک.

 

Соли ۱۹۹۱ пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ва истиқлолият ба даст овардани ҷумҳуриҳо, дар ҳамаи собиқ ҷумҳуриҳои он раванди миллатгароӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, раванди ӯзбакгароӣ авҷ гирифт.
Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст, ки “Ӯзбекистон Давлати демократӣ аст”. Аммо, дар асл бошад сиёсати имрӯзини Ҳукумати Ӯзбекистон сиёсати ҳукмронии як ќавм аст. Ҳукумати имрӯзини Ӯзбекистон ҳамчун халқи таърихан таҳҷоӣ-бумии ин сарзамин будани халқи тоҷикро донистану фаҳмидан намехоҳад.

Агар ба рӯйхатгирии аҳолӣ на аз рӯи худшиносии миллӣ ва на аз рӯи миллате, ки дар шиноснома сабт шудааст гузаронида шавад, бе шакку шубҳа аз ۳۵ миллион аҳолии Ӯзбекистон тоҷикон тахмин на кам аз панҷоҳ дар сади аҳолии онро ташкил мекунанд. Аз ҷумла дар вилояти Тошканд панҷоҳ дар сад, Сурхондарё ҳаштод дар сад, Қашқадарё ҳафтод дар сад, Фарғона шаст дар сад, Бухоро навад дар сад ва Самарқанд панҷоҳ дар сад. Танҳо вилояти Хоразм ва ҷумҳурии мухтори Қароқалпоғистон мавзеи тоҷикнишин надоранд.
Аммо барои ҳукуматдорони Ӯзбекистон тоҷикони вилоятҳои Тошканду Фарғона, Сурхондарёву Қашқадарё муҳим нест. Барои онҳо Самарқанду Бухоро аҳамияти калон дорад. Зеро бидуни Самарқанду Бухоро ҷаҳониён Ӯзбекистонро намешиносанд. З-ин сабаб сиёсати қадағони маънавӣ – маҳви маънавии фарҳангии тоҷикӣ бештар дар Самарқанду Бухоро пеш гирифта шуд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар мақолаи худ, бо унвони “Мулоҳиза”, ки ۲۰ августи соли ۱۹۱۳ дар шумораи якуми маҷаллаи “Оина” ба табъ расидааст, доир ба аҳамияти мактабу таълим чунин меоварад:-“Мактаб ва мадрасаи кадом миллат ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад, ҳам соҳиб ва ҳокими дигар миллатҳо мегардад. Ривоҷи дину миллат, тараққии улум ва диёнат, пешрафти фазлу ҳунар, ислоҳи ахлоқу одоб, хубии маишат ва зиндагонии ҳар тоифаро сабаб мактаб ва мадраса аст.”
Ҳукуматдорони Ӯзбекистон инро хуб дарк карда, сиёсати нонавиштаеро миёни мардуми тоҷик паҳн карданд, ки гӯё агар тифли тоҷик дар мактаби таълими тоҷикӣ хонад, пас аз хатми он ба макотиби таълими олӣ дохил шуда наметавонад ва дар интихоби ихтисос мушкилӣ мекашад. Мардуми аз фарҳанги пешинаи худ кандашуда, ба ин фирефта шуда, ихтиёран тифлони худро ба синфҳои таълимаш ба забони ӯзбакӣ медодагӣ шуданд. Ва ин шуд, ки имрӯз дар Самарқанд шумори мактабҳои тоҷикӣ қариб ба нестӣ расид. Соли ۱۹۹۷ аз китобхонаҳои мактабҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ, ҳамаи китобҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Шаҳнома”-и Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофиз, Бедил, Сайидо ва дигарҳо ғундошта шуда, ба коғазпора супорида шуд.
Солҳои ошкорбаёнӣ бо ташаббуси хазинаи Рӯдакӣ, ки раисии онро олими маъруфи адабиётшиноси тоҷик, доктори илми адабиётшиносӣ, профессор Садрӣ Саъдизода дар уҳда дошт, дар мавзеи Регистон, дар роҳи буриши самти Панҷакент, пайкараи ҷаззоби “одам-уш-шуаро” Рӯда-кии бузургвор, ки аз се тонна биринҷї сохта шудааст, гузошта шуда буд. Солҳои пешвозгирии ҷашни ۶۶۰-солагии Амир Темур ва ۶۰۰- солагии Мирзо Улуғбек, пайкараи Рӯдакиро канда, биринҷии он барои сохтани пайкараҳои Темуру Улуғбек сарф карда шуд. Ба ҷои он дар назди да-ромадгоҳи порки истироҳати марказӣ пайкараи нимтанаи аз бетон сохташудаи як пири барзангии туркмонандро пайкараи Рӯдакӣ гуфта гузоштанд.
Агар мардуми гумроҳ дар замони фиръавнӣ эҳромҳову пайкараҳои Фиръавни лаинро ва дар замони шӯравӣ пайкараҳои Ленинро зиёрат мекарданд, имрӯз мардум пеш аз ҷашни ақди никоҳи фарзандонашон пайкараи девмонанди боҳашамати Темурро зиёрату гулгузорӣ мекунанд.
Ё Муҳаммад, умматонат кори пастӣ мекунанд,
Зери пои ланги Темур бутпарастӣ мекунанд.
Соли ۲۰۰۷ бинои бо нақшҳои нотакрори бисёр зебо оро додашуда, гаҳвораи ҳаракати маорифпарварии ҷадидияи Осиёи Марказӣ ва дар Осиёи Марказӣ аввалин мактаби аҳли адаб, ки ба он шоири маорифпарвари тоҷик Сайидаҳмади Васлӣ сарварӣ мекард ва дар он аз соли ۱۹۸۸ то ۲۰۰۵ Маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд фаъолият мекарду дар феҳристи ҳифзи обидаҳои меъморӣ бо номи “Хонаи Усмонбой” дохил шуда буд, вайрон карда шуда, ба ҷои он меҳмонхона сохта шуд.
Дар даромадгоҳи хона-музеи устод Садриддин Айнӣ пайкараи нитанаи устод гузошта шуда буд. Барои он ки нигоҳи раҳгузарон ба он наафтад, пайкара аз он ҷо гирифта, даруни ҳавлии хона-музей гузошта шуд.
Дар самти буриши роҳи Регистону Даҳбед пайкараи барқади Навоиву Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуда буд. Он пайкараро аз он ҷо гирифтанд ва ҳоло тақдири он маълум нест.
Чи тавре ки мебинед, сиёсати миллатгароии истиқлолияти Ӯзбекистон бар алайҳи мардуми тоҷики Самарқанд равона карда шуд. Яъне, тоҷикони Самарқанд ба истиқлолият нарасиданд. Имрӯз мардуми тоҷики Самарқанд аз самараҳои ис-иқлоли Тоҷикистон низ бархӯрдор нестанд. Мутаассифона, инро на ҳар кас дарк карда метавонад. Ин дарди равшанфикрони худшинос, фарҳангдӯсти миллии миллат аст.
Агар аз каси ба Эрон сафаркарда бипурсед, ки дар Эрон чӣ кор кардеду чиро дидан кардед? Дар ҷавоб бо ифтихор мегӯянд: – “Бештари бузургони илму адаби мо – Фирдавсӣ дар Туси Машҳад, Ибни Сино дар Ҳамадон, Хайёму Аттор дар Нишопур, Саъдию Ҳофиз дар Шероз хобидаанд, оромгоҳашонро зиёрат кардем. “
Хуб гуфтед бародар! Хобидаанд. Ҳа, хобидаанд. Варна, агар бедор мебуданд шумо барин ғафлатзадагонро аз хоби гарон бедор мекарданд.
Имрӯз бархе мехоҳанд, то ҷаҳониён “тоҷик”-ро танҳо бо Тоҷикистон шиносанду Самарқанд акнун мурда, дар таърих монда. Онро фақат чун қабри бузургон рафта зиёрат кунед.
Ҳой, бародар! Сад ҳазор хатои нобахшиданӣ мекунед. Агар бузургони дар Эрон хобида, ҷисман мурдаву маънану рӯҳан зинда бошанд, вале Самарқанд ҳам ҷисман, ҳам маънану рӯҳан зинда, намурдааст. Бесабаб паямбари ислом Самарқандро “мадинат-ул-маҳфуз – шаҳре дар ҳимояи Худо” нагуфтааст. Шаҳре, ки дар ҳимояи Худо аст, ҳаргиз намирад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com