مدتی‌ست که در تاجیکستان بحث و گفت‌وگوها در رابطه با سخنان اخیر امامعلی رحمان، رئیس‌جمهور کشور داغ است. آقای رحمان زبان رسمی تاجیکستان را “تاجیکی” عنوان کرد و آنهایی را که زبان رسمی کشور را “پارسی” می‌خوانند، شدیدا محکوم کرد. در واکنش به این “ابلاغ غیرقانونی” و “تصمیم یک‌تنه” آقای رحمان، بیش از سه صد چهره‌ فرهنگی تاجیک نامه اعتراضی سرگشاده منتشر کردند. سلیم ایوب‌زاد، نویسنده شناخته و روزنامه‌نگار باسابقه تاجیک، نیز در همین رابطه یادداشت بلندی در صفحه فیسبوکی “ادیبان تاجیک” نوشته است. آقای ایوب‌زاد می‌گوید، اگر نام زبان رسمی کشور دیگر فارسی نیست، پس پیکره شاه سامانی نیز باید از مرکز شهر دوشنبه برداشته بشود. سلیم ایوب‌زاد، نویسنده کتاب معروف “تاجیکان در قرن بیست و یک” می‌نویسد، شاهان سامانی از پشتبانان اصلی زبان فارسی در ورارود اند و بدون تلاش و سیاست‌های آنها زبان فارسی نمی‌توانست قدرت و عمر دوباره پیدا کند. آقای ایوب‌زاد معتقد است که نمی‌شود سیاست‌های شاهان سامانی را نماد ملی تاجیکان قرار داد و همزمان با جریان بازگشت به خط فارسی و ترمیم دادن زبان فارسی مخالفت کرد. این یادداشت برگ برداشت نویسنده است از “کتاب “فردوسی، زندگی، اندیشه و شعر او” نوشته محمدامین ریاحی، ۲۰۱۲ چاپ دوشنبه، تاجیکستان.

پیکیره شاه سامانی در شهر دوشنبه، پایتخت تاجیکسان

Китоби наве ба дастам расид. Бо лаззати тамом мехонам. Ин порча ба баҳси “форсӣ ва тоҷикӣ” пайванд мегирад. Агар ҳақиқати таърих рад карда мешавад, пас пайкараи Исмоили Сомониро аз маркази пойтахт бояд бардошт? Ҳоло бигӯед, ин дурдонае, ки ба дасти ман афтодааст, чи китобест?

“Базри умед ба озодиву истиқлол, ки диловароне чун Абӯмуслиму Мозёру дигарон ва баъд аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама Яъқуби Лайси Саффор бар замини дилҳои эрониён афшонда буданд ва бо хуни худ обёрӣ карда буданд, ҷавона зад ва ба самар расид. Хилофати Бағдод дар сарошеби заъфу нотавонӣ уфтод.

Баъд аз Саффориён ва хонадонҳои кӯчаке, ки дар гӯшаву канори Эрон ҳукуматҳои кӯтоҳу зудгузаре доштанд, ду ҳукумати эронӣ ба қудрат расиданд. Нимаи ғарбӣ ва шимолу маркази Эрон ба дасти Дайламиҳо буд, ки шиъа буданд ва табори худро ба Сосониён мерасониданд ва бар Бағдод-маркази хилофат ҳам истило ёфтанд. Онҳо ба иллати наздикӣ ба Бағдод бо хилофат канор омаданд ва мураввиҷи адаби арабӣ шуданд ва дар дастгоҳи онҳо забони девонӣ ва забони таълиф дар улуму фунуни мухталиф забони арабӣ буд, агарчи дар қаламрави онҳо миёни мардум паҳлавӣ ва гунаҳое аз ойини пеш аз ислом низ ривоҷ дошт.

Дар нимаи шарқии Эрон баъд аз Саффориён Сомониён бархостанд, ки табори худро ба Баҳроми Чӯбин-сардори бузурги Сосониён мерасониданд. Аз Исмоили Сомонӣ-муассиси он силсила, ки дар соли ۲۷۹ ҳиҷрӣ аморат ёфт, то Абдулмалик ибни Нӯҳ – охирин амири хонадон, ки дар соли ۳۸۹ ҳиҷрӣ бар канор шуд, ۹ тан ба муддати ۱۱۰ сол ҳукумат карданд.

Давлати Сомонӣ ба сабаби эронӣ будани он хонадон ва дур будани қаламрави ҳукуматашон аз Бағдод ва ривоҷи адабу сунани миллии эронӣ дар он сомон як давлати комилан эронӣ ва мушаввиқи забону фарҳанги эронӣ буд ва дар рӯзгори онҳо эрониён эҳсос мекарданд, ки аз балои теғу тозиёна растаанд ва давлате аз худ доранд.

Вазирони Сомониён ҳам аз хонадонҳои Балъамӣ ва Ҷайҳонӣ ва Утбӣ мардони донишманду мураввиҷи илму адаб буданд. Абулфазли Балъамӣ Рӯдакиро ба назми «Калила ва Димна» ташвиқ кард, Абӯалии Балъамӣ муҷиботи тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-ро фароҳам овард ва Аҳмад ибни Муҳаммади Ҷайҳонӣ китобе ба форсӣ дар ҷуғрофиё навишт.

Бо ҳимояти давлати Сомонӣ, аз як тараф, фарҳанги эронӣ дар омезиш бо фарҳанги исломӣ ҷилваю таровати навойин ёфт, аз тарафи дигар, баргузории ҷашнҳои эронӣ аз Наврӯзу Меҳргону Садаву Баҳманҷана рӯҳи тозае дар пайкари ҷомеаи Эрон дамид.

Мансур ибни Нӯҳ (солҳои ۳۵۰-۳۶۵) муқорин бо солҳое, ки Фирдавсӣ сурудани нахустин достонҳои эронии хориҷ аз «Шоҳнома»-ро оғоз мекард, тасмим ба тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» гирифт. Ва чунон ки аз муқаддимаи он тарҷума бармеояд, ибтидо фақеҳони бузурги Бухоро ва Балх ва Самарқанд ва Фарғона ва Систон ва шаҳрҳои бузурги дигарро гирд овард ва аз онҳо фатво хост.

Гуфтанд: – «Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ ҳар он касро, ки ӯ тозӣ надонад. Аз қавли Худой азза ва ҷалла, ки гуфт: – «Ва мо арсално мин расулин илло билисони қавмиҳи» (сураи Иброҳим, ояти ۴). (« (Ҳеч пайғомбареро нафиристодем магар ба забони қавми ӯ ва он забоне, к-эшон донистанд») ва «дигар он бувад, к-ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоили пайғомбар (а) ҳама пайғомбарон ва мулукони замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ. Ва аввал кас, ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоили пайғомбар буд (а) ва Пайғомбари мо (с) аз араб берун омад ва ин Қуръон ба забони араб бар ӯ фиристоданд ва ин ҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулуки Аҷаманд» (ниг. Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», чопи Яғмоӣ, ҷилди ۱, саҳ.۵).
Ин иқдоми Мансур ибни Нӯҳ нуқтаи атфе дар таърихи густариши забону адаби форсӣ ва низ муқаддимаи густариши ислом аз роҳи забони форсӣ дар сарзаминҳои шарқии ҷаҳони ислом аст, то ба ҷое, ки дар сарзаминҳои дурдаст забони форсӣ забони дини ислом гардида будааст. Ва низ Абӯҳанифа фатво дода буд, ки дар такбири намоз ҷойиз аст ба ҷойи Аллоҳу акбар гуфта шавад: – «Худой бузург аст» ё «Худой бузург» ё «Ба номи Худой» (ниг. дуктур Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ. Таърих ва фарҳанги Эрон дар интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, саҳ.۱۲۷ -۱۳۱).

Забони форсии дарӣ, ки аз ҷануби ғарби Эрон ба Осиёи Миёна рафта буд, бо ташвиқу ҳимояти Сомониён ба сурати забони ғании нерӯманде даромад, ки шоирони бузург чун Рӯдакии Самарқандӣ ва Шаҳиди Балхӣ ва Абӯшакури Балхӣ ва Шокири Ҷаллоби Бухороӣ ва Мунҷики Тирмизӣ ва Кисоии Марвазӣ ва даҳҳо тани дигар дар он сомон бад-он шеър суруданд ва Масъудии Марвазӣ ва Дақиқӣ ва Фирдавсии Тӯсӣ бо «Шоҳнома»-ҳои худ бад-он эътибори бештаре бахшиданд ва дар қуруни баъд Хайёми Нишобурӣ, Саноии Ғазнавӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлавии Балхӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Соиби Табрезӣ ва садҳо гӯяндаи дигари эронӣ бар ғанои он афзуданд.

Ин забоне аст, ки имрӯз дар Эрон форсӣ номида мешавад ва дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ ва равшан аст, ки дар воқеъ бо вуҷуди тафовутҳои ночиз лаҳҷае як забон беш нест.

Се нагардад бирешим, ар ӯро
Парниён хониву ҳариру паранд.

Таҷдиди ҳаёти забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ бо ҳимояти Сомониён аз Самарқанду Бухоро оғоз шуд. Давлати Шӯравии собиқ дар ҳафтод соли истилои худ он навоҳиро, ки хостгоҳи аслии забони форсӣ – тоҷикӣ буд, аз Тоҷикистон ҷудо кард ва дар ихтиёри ӯзбакон ниҳод ва базри кинаи дерпоеро пошид ва мардуми Тоҷикистон ин найранги аҳриманиро фаромӯш намекунанд. Онҳо худро бозмондагони Сомониён ва аз ворисони забону фарҳанги эронӣ медонанд ва ҳақ бо онҳост.

Танаввӯи андешаҳову гароишҳо ва мавҳибати вуҷуди фармонравоёну девониёне, ки аз донишу фарҳанге воло баҳраманд буданд, фазои ороста ба озодандешӣ ва инсоният ва мудоро дар қаламрави Сомониён фароҳам карда буд. Дар чунон муҳите аҳли донишу таҳқиқ ба дур аз таассубот ва бидуни биму ҳарос аз хушкандешиҳо ва бар мабнои тафаккуру тааққулу истидлол ба баҳсу таҳқиқ мепардохтанд ва ҳосили он зуҳури донишмандоне чун Форобӣ, Берунӣ ва Ибни Сино буд.

Дар он ҷо гурӯҳҳое аз пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ ба меҳру мудорову тасомуҳ дар канори ҳам мезистанд. Наср ибни Аҳмад (солҳои ۳۰۱-۳۳۱ ҳиҷрӣ) алорағми хилофати Бағдод аз исмоилиён ҳимоят мекард ва Рӯдакӣ – шоири дарбори ӯ ва гурӯҳе аз дарбориёни ӯ ҳам ба исмоилия тамоюл доштанд. Агарчи амир Наср ба таҳрики фақеҳони ҳанафӣ ба дасти сардорони худ аз маснади қудрат барканор гардид, аммо таъқибу озори исмоилиён, ки аз давраи Маҳмуд оғоз шуд ва сиёсати мустамири ҳукуматҳои баъдӣ қарор гирифт, дар давраи Сомониён истимрор надошт. Исмоилиён аз истилои тозиён нафрат доштанд ва мураввиҷи забони форсӣ ва сунани эронӣ буданд. Иддае аз бузургони аср ҳам, аз он ҷумла Абӯалии Симҷӯр – сипаҳсолори Хуросон ва Абӯмансури Муҳаммад ибни Абдурраззоқ – бонии тадвини «Шоҳнома»-и мансур ва писараш Амираки Тӯсӣ – ҳомиву мушаввиқи Фирдавсӣ ҷузви исмоилиён шумурда шудаанд.”

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com