«سین سلام» مجموعه اشعار فرزانه، شاعر نامی تاجیک بازنشر شده است. اورنگ-پرینت انتشاراتی که این کتاب فرزانه را بازنشر کرده است، معتقد است که این کتاب می‌تواند سین افزوده‌ای بر هفت سین تاجیکان در سال‌های آینده باشد.

فرزانه. مراسم پنجاه‌ یک سالگی، خجند سال ۲۰۱۵

Гулчини ашъори устод Фарзона бо унвони “Сини салом” дар нашриёти “Аврангпринт” чоп шуд. Ҳини интихоб бисёр чизро аз он омӯхтам, як мактаби адабие буд. Инчунин китоб аз назари муаллиф гузашта тасҳеҳ ва таҳрир намудаанд. Аввалин маҷмӯаест, ки аз тарафи муаллиф санаи таърихи навишта шудани шеърҳо омадаанд. Ин маҷмӯъа дарбаргинардаи ғазал, ашъори суннатй ва нав, рубоию дубайтӣ, байтҳои баргузидаи Фарзона, шоъири номии тоҷик аст, ки метавонад сини афзудае бар суфраи ҳафтсини тоҷикон дар солҳои мадид бошад.

Ҷашни зодрӯзи Фарзона

Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) ۳ – юми ноябри соли ۱۹۶۴ дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз бузургони илму адаби на танҳо Хуҷанди бостонӣ буданд, балки дар шумори олимону донишмандони тамоми Осиёи Марказӣ қарор доштанд. Бобои номдораш Абдурраҳим Ҳоҷибоев дар айни ҷавонӣ ۱۳-уми январи соли ۱۹۲۹ сардори Нозироти халқи Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон ва ۲۱-уми апрели ҳамин сол сарвари Шӯрои нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон таъин гардида, то шуруъи таъқиботи сталинӣ охири моҳи декабри соли ۱۹۳۳ ин вазифаро бар уҳда дошт.

Баъд аз он, ки ۸-уми июли соли ۱۹۳۷ Абдурраҳим Ҳоҷибоевро ба ҳабс гирифтанд ва ӯ ۲۵-уми январи соли ۱۹۳۸ ба туҳмати ширкат дар фаъолияти зиддиинқилобии болшевикӣ қатл шуд, фарзандонаш бо ранҷу азоби зиёд ба камол расиданд. Ҳарчанд дар Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунист санаи ۲۸-уми декабри соли ۱۹۵۷ бегуноҳии Абдурраҳим Ҳоҷибоев исбот шуд, вале пайвандони ӯ – ҳамсар ва духтаракони зебову маъсумааш Рафоату Бароат даҳсолаҳо азоби маҳрумият ва заҳри фарзанди “душмани халқ” буданро чашиданд.

Модари шоира Фарзона профессор Бароат Ҳоҷибоева аз беҳтарин донандагони адабиёти ҷаҳонӣ, бахусус забону адаби рус ба шумор меравад. Ин бонуи соҳибфазилат муаллифи даҳҳо рисолаву садҳо мақолоти илмӣ буда, баробар бо тарбияи фарзандони адабсолор солиёни зиёд ба таълиму тадриси ҳазорон донишҷӯён ва аспирантону муҳаққиқони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров машғул гардидааст.

Падари шоира Юнус Хоҷаев омӯзгори таъриху фалсафа буд. Ин марди наҷиб дар сомони кори рӯзгор ва тарбияи фарзандон ҳамто надошт. Бино ба навиштаи Бароат Ҳоҷибоева ӯ бо хушдомани худ, яъне ҳамсари Абдурраҳим Ҳоҷибоев, ки дар хонаи онҳо мезист, муҳаббати фарзандона ва меҳри бузург дошт. Падари Фарзона дӯстдори мусиқӣ буд, адворро хуб медонист ва чанд афзори мусиқиро нағз менавохт.

Фарзона маҳз дар чунин муҳити хонаводагии фарҳангдӯсту фарҳангпарвар ба воя расидааст.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) таҳсил менамояд.

Дар ин боргоҳи маърифат Фарзона аз устодони сухансанҷу нуктадон Саъдулло Асадуллоев, Абдуллоҷон Сатторов, Раҳим Тошматов, Фарҳод Зикриёев, Аҳмадҷон Давронов, Саидмурод Ҳоҷиев, Абдусаттор Абдуқодиров, Абдуқодир Зоҳидов, Мардон Неъматов, Ҳувайдулло Ҷалилов, Абдураззоқ Ваҳҳобов, ӯғулой Аҳмадова, Мавлудахон Файзуллоева, Неъматҷон Файзуллоев, Неъматулло Ҳикматуллоев ва дигар омӯзгорон илм омӯхтааст. Дар такомули шахсияти маънавии Фарзона доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнон Насриддинов нақши созанда доштанд. Шодравон Абдулманнон Насриддинов баробари иродат ба ҳунари нотакрори Фарзона на танҳо аз ихлосмандони шеъру гуфтори ҷонбахшои ӯ, балки аз мубаллиғони хулқу атвори писандида, донишу фазилат, биниши поку маърифат, вусъати мутолиа ва камолоти инсонии шогирди хеш буданд.

Фарзона соли ۱۹۸۵ баъди гирифтани дипломи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров  дар оғози фаъолият чанд муддат омӯзгори кафедраи байнифакултавии психологияи донишкадаи ёдшуда буд. Солҳои ۱۹۸۹ – ۱۹۹۳ дар кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба таълими фанни “Назмшиносӣ” (“Вазни арӯз”) ба муҳассилини суханшинос иштиғол варзидааст.

Кори эҷодиро Фарзона дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” (“Ҳақиқати Ленинобод”-и пешина) оғоз намудааст. Ҳангоми фаъолияти хеш дар шуъбаи адабӣ ва фарҳангии рӯзнома шоир дар нашри намунаи эҷодиёти навқаламони вилоят нақши муассиру созанда гузошта меомад.

Ҳосили ҳамкории Фарзона бо рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд “Тирози ҷаҳон” муҷиби таъсиси саҳифаи пуровозаи “Аржанг”- гардид, ки имрӯзҳо низ ин сафҳаи шеър ҳазорон хонанда дорад ва чеҳраҳои тозаи шеъру адаб аз ҳузуру зуҳури хеш муждагонӣ медиҳанд.

Баъдан Фарзона ҳамчун мушовири бахши назми шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд. Бо ташаббуси шоир рӯзи чоршанбе маҳфили эҷодкорони навпардоз доир мегардид.

Ҳоло ин бонуи фазлу дониш, ҳикмату маърифат, саррофи сухан ва гавҳаршиноси истеъдодҳо муовини раиси Кумитаи вилоятии ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров ва узви ҳайати таҳрири чанд рӯзномаву маҷаллоти бонуфузи кишвар аст.

Нахустин шеърҳои Фарзона дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” соли ۱۹۸۳ дарҷ гардидаанд. Минбаъд чакидаҳои килки маънисозу тасвирпардози ӯ дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Занони Тоҷикистон”, ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаҳои “Тоҷикистони советӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Газетаи муаллимон”, “Садои мардум” чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳои бадеии Фарзона дар маҷмӯаи аввалини ӯ “Тулӯи хандарез” (Душанбе, ۱۹۸۷) нашр шудаанд.

Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ бо номҳои “Шабохуни барқ” (Душанбе, ۱۹۸۹), “Ояти ишқ” (Душанбе, ۱۹۹۴), “То бекаронаҳо” (Хуҷанд, ۱۹۹۸), “Меъроҷи шабнам” (Душанбе, ۲۰۰۰), “Як ғунча роз” (Хуҷанд, ۲۰۰۵), “Муҳри гули мино” (Хуҷанд, ۲۰۰۶), “Сад барги ғазал” (Хуҷанд, ۲۰۰۸), “Саду як ғазал” (Душанбе, ۲۰۱۱), “Себарга” (Хуҷанд, ۲۰۱۱), “Парниёни ҷон” (Душанбе, ۲۰۱۱) ва ғайра интишор шудаанд.

Соли ۲۰۰۳ мунтахаби ашъори Фарзона таҳти унвони “Қатрае аз Мӯлиён”, дар се ҷилд тавассути нашриёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров “Нури маърифат” (маҷмӯан ۱۳۶۰ саҳифа) ба чоп расид.

Соли ۲۰۱۴ дар нашриёти “Адиб” бо номи “Дарёи сӯзон” (Душанбе, ۲۰۱۴) мунтахаби мақолаҳо ва сафарномаҳои шоир рӯи коғаз омад.

Дар тарҷумаи Т.Смертина маҷмӯаи ашъори ӯ бо забони рӯсӣ бо номи “Двадцать лепестков” чоп шудааст (Москва, Советский писатель, ۱۹۹۰). Шеърҳои ӯ дар кишварҳои хориҷии Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ироқ чоп шудаанд.

Боиси ифтихори мо мухлисону иродатмандони каломи шевои Фарзона аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сухандӯстони аврупоӣ низ дар тарҷумаву нашри ашъори ин суханвари мумтоз эҳтимом меварзанд. Дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ба чоп расидани китоби ҷудогонаи “Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ” (۲۰۰۸, бо забонҳои форсиву англисӣ) ва зери унвони “Мунтахабот” (“Избранное”, ۲۰۰۹) дар пойтахти Белорусия – шаҳри Минск зевари табъ пӯшидани ашъори Фарзона мояи фараҳмандии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон якчанд маҷмӯаи ашъори Фарзона интишор ёфтаанд, аз қабили “Паёми ниёгон” (۱۹۹۶), “Сӯзи нотамом” (۲۰۰۵), “Набзи борон” (۲۰۱۳). Бо алифбои форсӣ маҷмӯаи шеъри Фарзона таҳти унвони “Сояи ғазал” дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи ин суханвари мумтоз соли ۱۹۹۵ ба табъ расидааст.

Фарзона дорандаи унвони олии “Шоири халқии Тоҷикистон” (۲۰۰۱), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (۱۹۹۵), Ҷоизаи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (۱۹۹۴), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (۲۰۰۸) ва ордени “Шараф” (۱۹۹۹) мебошад. Аз соли ۱۹۸۸ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Copyright © ۲۰۱۵ TojNews

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com