اسفندیار آدینه، روزنامه‌نگار و پژوهشگر تاجیک، در باره احیا شدن نوروز پس از فروپاشی شوروی نوشته است و در این اقدام سهم مردم را برجسته می‌داند. تاجیکستان از معدود کشورهایی‌ست که محل جداگانه و باشکوهی برای جشن نوروز بنیاد کرده است. این محل «نوروزگاه» نام دارد و طراحی این محل بر اساس معماری تخت جمشید است.

نمایی از نوروزگاه و برنامه‌های نوروزی در شهر دوشنبه

Тоҷикистон пас аз истиқлолаш аз Шӯравӣ Наврӯзро дар ин сарзамини поки аҳуроӣ эҳё кард, ки ҳамаи афроди миллат дар ин кори нек саҳм доранд. Аммо ин эҳё ҳанӯз комил нашудааст! Наврӯз ба таври боиста дар Тоҷикистон дубора зинда нашуда ва бар маснади худ наншастааст.

Барои ин ки эҳёи НАВРӮЗи мо комил шавад ва ин ҷашни ниёконӣ ва миллии мо бо ҳамаи хубиҳояш дубора дар сарзамини худаш бидурахшад, бояд ҳамаи ъаносири онро эҳё кард, аз ҷумла хатти порсӣ ва гоҳшумории наврӯзиро!

Наврӯз бидуни хушнивисии ашъори бузургонамон ба хатти порсӣ дар кӯву барзану гузару хиёбонҳои меҳан хеле чизҳо кам дорад. Албатта, ҳеч қонун ё муқаррароте корбурди хатти порсиро дар Тоҷикистон мамнӯъ накардааст ва баръакс, бар асоси қонуни забон, давлат муваззаф аст барои омӯзишу густариши он шароит фароҳам кунад.

Аммо шигифт ин ки масъулони шаҳрҳову шаҳристонҳо ва деҳу деҳистонҳоямон, намедонам, аз тарс ё бешуҷоъатӣ ё ба далоили дигаре, аз баҳрагирӣ аз хатти ниёкон, бавижа хушнивисии ашъори бузургонамон дар огаҳиҳо ва овезаҳои наврӯзӣ худдорӣ мекунанд. Барои миллате бо пешинаи фарҳангии дурахшон шоиста нест, ки ба ъаносири фарҳангии худ пушт кунад ё аз баҳра гирифтан аз онҳо бипарҳезад ё худро ба далоиле аз онҳо канор кашад.

Гоҳшумории порсӣ ҳам аз ъаносири муҳимми фарҳангу ҳувият ва ториху тамаддуну адабу андешаи ТОҶИКОН ва аз муҳиммтарин ъаносири ҷашни НАВРӮЗ – Соли Нави мардумони эронӣ аст. Агар мехоҳем Наврӯзамон комил ва фарогири ҳамаи суннатҳои наврӯзиямон бошад, бояд гоҳшумории миллии худамонро дубора расмӣ кунем! (Лоақал, дар канори гоҳшумории масеҳӣ!)

Чунин иқдоме пайванди мо бо ториху фарҳанги худамонро қавитар ва ҳувиятамонро пуррангтар хоҳад сохт. Бо итминону дилгармӣ ва эътимод ба нафси бештаре ба ҷаҳониён хоҳем гуфт, ки ин фарҳанги мост ва мо МЕРОСДОРИ ин тамаддуни ҳастем.

Соли нави мо дарвоқеъ НАВРӮЗ аст ва мо бояд соли навамонро ҳам бояд дар ҷои худаш гузорем!

Моҳҳои худамонро, ки Фарвардину Урдибиҳишт, Хурдоду Тиру Амурдод, Шаҳривару Меҳру Обон, Озару Дайу Баҳман ва Исфанд аст, ва шуъарои ХУРОСОН дар бораи онҳо абёти ғаррое доранд, бо такя ба тақвими Умари Хайём, машҳур ба тақвими Ҷалолӣ, ки дақиқтарин тақвим аст, барпо дорем.

Ъунсурӣ гӯяд:

Гирифт аз моҳи ФАРВАРДИН ҷаҳон фар,
Чу фирдавси барин шуд ҳафт кишвар.

Низомӣ гуфта:

Дар он базми ороста чун биҳишт,
Гулафшонтар аз моҳи УРДИБИҲИШТ.

Фаррухӣ гӯяд:

Моҳи ХУРДОД бар ту фаррух бод,
Офарин бод бар маҳи ХУРДОД.

Ва Фирдавсии бузургвор гӯяд:

Чу ҳангомаи ТИРмоҳ омадӣ,
Гаҳи меваю ҷашнгоҳ омадӣ…

Масъуди Саъд гуфта:

МУРДОДмаҳ аст сахт хуррам,
Май нӯш паёпайу дамодам.

Ва боз Фирдавсӣ гуфта:

Зи ШАҲРИВАРат бод фатҳу зафар,
Бузургиву тахту кулоҳу камар.

ва боз Фирдавсии фарзона:

Ба рузи хуҷаста сари МЕҲРмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Ва Манучеҳрӣ чи зебо суруда:

Оби ангур биёред, ки ОБОНмоҳ аст,
Вақти манзар шуду вақти назари хиргоҳ аст.

Масъуди Саъд боз гуфта:

Эй моҳ, расид моҳи ОЗАР,
Бархезу бидеҳ майи чу озар.

Ашу Фирдавсӣ чи дилнишин фармуда:

ДАЙу БАҲМАНу ОЗАРу ФАРВАДИН,
Ҳамеша пур аз лола бинӣ замин.

Масъуди Саъд:

Моҳи БАҲМАН набид бояд х(в)ард,
Моҳи БАҲМАН нишот бояд кард.

Ва боз Фирдавсӣ:

Ҳамерафт сӯи Сиёвахшгирд,
Ба моҳи СИПАНДОРМУЗ, рӯзи ирд.

Наврӯз – Соли нави ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён пирӯз бод! Тоҷикистон поянда бод!

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)