به مناسبت صد و چهمین زادروز صدرالدین عینی، در تاریخ ۲۷ ماه آوریل، برخی از پژوهشگران فارسی‌زبان، با نوشتن مقاله یادی از فعالیت‌های ادبی و اجتماعی و سیاسی او می‌کنند. بهار خرم زاد، استاد دانشگاه دولتی سمرقند، در مقاله‌ای با عنوان «عینی و تیاتر» از سهم این چهره ادبی تاجیک نوشته است. خانم خرم زاد در ادامه ذکر آثار روی صحنه تیاتر رفته استاد عینی، پیشنهاد می‌دهد که زنده کردن این آثار و دوباره روی صحنه آوردن آنها در رشد جامعه و برقراری پیوند نسل امروز با تاریخ و ادبیات گذشته خود کمک خواهد کرد. این مقاله اولین بار در هفته‌نامه «آواز سمرقند» به چاپ رسیده است. این مقاله را با خط سیریلیک می‌توانید در اینجا بخوانید.

صدرالدین عینی، سردفتر ادبیات تاجیک و ازبک

Устод Садриддин Айнӣ яке аз аввалин нависандагоне буд, ки асари барҷастаи илмии «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва минбаъд солҳои ۳۰-۴۰ роҷеъ ба эҷодиёти бузургтарин намояндагони адабиёти ҷаҳонӣ – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва дигарон як силсила асарҳо ва мақолаҳои илмӣ таълиф намуд. Аз ҷумла, дар очерки адабию бадеии худ «Темурмалик» бори нахустин бо тобиши публисистӣ ва романтикӣ образи нотак­рори қаҳрамони халқиро ба вуҷуд овард, ки минбаъд он яке аз сарчашмаҳои мӯътабари драмаи машҳури Сотим Улуғзода «Темурмалик» маҳсуб мешавад.

Образи қаҳрамон аз тарафи муаллиф дар заминаи ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷараёни иҷтимоӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм тасвир мегардад, ки он ифодагари таваҷҷӯҳи беандозаи устод Садриддин Айнӣ ба сарнавишти шахсияти таърихист.

Ба ин маънӣ, агарчанде Садриддин Айнӣ муаллифи осори драматургӣ набуд, дар ташаккули театри тоҷик саҳми беандоза дорад. Назар ба маълумоте, ки синамошинос Ҳазрат Сабоҳӣ дар тадқиқоти худ овардааст, нахустин асари саҳнавие, ки аз рӯйи навиштаҳои устод Айнӣ сурат гирифтааст, драмаи «Ҷаллодони Бухоро» ба шумор меравад. Ин намоишномаро соли ۱۹۲۶ Алӣ Ардобус дар саҳнаи театри сайёри Андиҷон ба намоиш гузоштааст.

Соли ۱۹۳۶ аз тарафи драматург Султон Саидмуродов дар асоси романи «Дохунда» намоишномаи якпардагӣ таълиф гардид ва дар саҳнаи театри мусиқии тоҷик (театри опера ва балети ба номи Айнӣ) гузошта шуд.
Дар давраи баъдиҷангӣ театри драмаи ба номи Лоҳутӣ ба романи устод Айнӣ «Дохунда» ва повести «Марги судхӯр» муроҷиат намуд. Намоишномаи «Қорӣ Ишкамба», ки муаллифи он драматург С.Саидмуродов ва ҳунарпешаи шинохта М.Қосимов мебошанд, соли ۱۹۵۳ таҳия гардид. Дар намоиши нахустин худи устод Садриддин Айнӣ иштирок кард ва мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ин асари саҳнавӣ баён мекунад.

Песаи Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком» (۱۹۵۱) дар заминаи «Ёддоштҳо», намоишномаи «Дохунда» (۱۹۵۴) бошад, бар асоси романи ҳамном ба вуҷуд омад (таҳияи Е.Мительман ва Ҳ.Раҳматуллоев). Хусусан, намоишномаи «Дохунда» бо бозёфтҳои бадеии худ дар қатори беҳтарин асарҳои саҳнавии театри тоҷик ҷой гирифт. Дар рӯзҳои ҷашни ۱۰۰-солагии устод Садриддин Айнӣ балети оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ чун падидаи нав арзи ҳастӣ намуд.

Дар осори саҳнавӣ аз рӯйи эҷодиёти Садриддин Айнӣ хусусиятҳои ба худ хоси драматургияи миллӣ, нақшофарии барҷастаи актёрон, махсусияти ҳунари таҳиягарӣ ифодаи худ­ро ёфтанд. Боз як ҷиҳати пайвастагии эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ бо театр ба вуҷуд омадани драмаи таърихии «Субҳи озодӣ» аст, ки ба қалами драматург Расул Ҳодизода мансуб аст.

Қабл аз он яке аз асарҳои барҷастае, ки дар худ ҷанбаи бадеӣ ва эстетикии осори таърихиро муҷассам намудааст, драмаи Сотим Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон» (۱۹۷۶) иншо гардид, ки он ба зиндагӣ ва эҷодиёти олим ва маорифпарвари бузурги асри XIX Аҳмади Дониш бахшида шудааст. Муаллиф дар асарҳои илмию тадқиқотии хеш низ вобаста ба ҳаёти сиёсӣ ва адабию фарҳангии Бухоро (нимаи дуюми асри XIX) ба таҳлили вазъияти давраи номбурда ва равшан сохтани симои Аҳмади Дониш пардохтааст. Аз ҷумла, соли ۱۹۴۰ дар асари тадқиқотии «Намунаи адабиёти тоҷик» мақолаи Сотим Улуғзода роҷеъ ба зиндагии Аҳмади Дониш, ҳамчунин соли ۱۹۴۶ монографияи ӯ «Аҳмади Дониш» нашр гардид. Танҳо баъди таълифи асарҳои тадқиқотии мазкур Сотим Улуғзода ба иншои драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» оғоз намуд.

Дар драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» Сотим Улуғзода аз дарҷ намудани маълумоти таърихӣ ба тариқи муқаррарӣ даст кашида, ба ҷамъбасти бадеии хусусиятҳои асосии ҳаракати маорифпарварӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ба ин маънӣ, муаллиф дар драма то андозае симои Аҳмади Донишро бидуни маҳдудият, барҷастаю возеҳ офарида, танҳо дар баъзе лаҳзаҳои драма маълумотҳои таърихиро истифода намудааст.

Дар драма яке аз давраҳои зиндагӣ ва эҷодиёти асосгузори адабиёти собиқ шӯравии тоҷик, шахсияти барҷастаи таърихӣ – Садриддин Айнӣ қарор дорад. Асари номбурда лаҳзаҳои муҳими зиндагии С.Айнӣ солҳои ۱۸۹۵-۱۹۲۰-ро дар бар гирифтааст, ки аҳамияти таърихии он дар тақдири фарҳанги миллӣ беҳамтост.
Р.Ҳодизода дар драмаи «Бахт чист?» муборизаи ғоявии давраи таърихиро ба тариқи боварибахш тас­вир намуда, дар асоси зикр намудани маводи ҳуҷҷатӣ ва нигоҳ доштани ному насаби аслии қаҳрамонон ҷанбаи пурқуввати воқеии асарро таъмин месозад. Дар асар образи Садриддин Айнӣ то андозае идомаи образи Аҳмади Дониш аст. Дар образи Айнӣ қисмати мураккаби зиёиёни тоҷик, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тафаккури озоду башардӯстонаи онҳо ифодаи комили хешро соҳиб гардидааст.

Таҳиягари театри русии ба номи В.Маяковский, Р.И.Нагорничных дар асоси таҳайюли эҷодкоронаи хеш ва маводи боварибахши драматургӣ намоишномаи қобили таваҷҷӯҳ ва замонавиро меофарад. Бо истифода аз василаҳои тас­вири санъати театрии замонавӣ ва услубҳои шартӣ режиссёр ба инкишофи динамикаи ҳодисаҳо муяссар гардида, дар саҳна муҳити эҳтироси воло, муборизаи қувваҳои зиддиятнокро меофарад. Маҳз ин ҷиҳат таҳиягар драматизми намоишномаро афзуда ба он набзи замонавӣ мебахшад. Боиси қаноатмандист, ки инкишофи динамикии образҳо ба ифшои хислатҳои қаҳрамонон халал намерасонад ва баръакс, онҳоро такмил медиҳад.

Дар таҳияи Р.И.Нагорничных ҷанбаи поэтикии асар бо публисистика пайваст аст. Дар саҳнаҳои алоҳида режиссёр «тавассути василаҳои тасвирӣ-пластикӣ ба ифодаи фазои давр, ҳолату шиддати он муваффақ мешавад. Умуман, намоишнома дорои сохтори ягонаи воситаҳои тасвир ва набзи амиқ аст».

Таҷассуми дурахшони саҳ­навӣ, бозии табиӣ, наҷобату бузургӣ ба образи офаридаи В.Князев – Айнӣ шукӯҳияти хосе бахшидааст. Айнӣ – В.Князев дар гирдоби ҳодисоти рӯзгор обутоб ёфтааст, зеро нақши ӯ дар ташаккули маънавии миллат муайян гардидааст. Ҳунарпеша дар образи Айнӣ муҳаббати самимӣ нисбати зиндагӣ ва инсон, нафрат нисбати чоплусӣ ва дурӯягӣ хоксорию наҷобатро муҷассам намуда, ба ин васила ба тасвири ҷаззобу дурахшон муваффақ мешавад. Махсусан, саҳнаи қатли бародари Айнӣ – Сироҷиддин аз лаҳзаҳои пуршиддаттарин ва таъсирбахши асар аст.

…Айнӣ – В.Князев аз ташрифи рафиқи наздики хеш, шахсияти эҷодкор – Ҳамдӣ (К.Краснухин) хеле сарфароз аст. Ў дӯсти ҷониашро самимона истиқбол намуда, ба оғӯш мекашад ва сурудеро замзама намуда ба тайёр намудани таом шурӯъ мекунад. Тамоми диққати тамошобин ба сӯйи Ҳамдӣ равона мешавад, ки ӯ дар танҳоӣ азият мекашад ва андешаи онро дорад, ки чӣ тавр хабари марги фоҷиавии Сироҷиддинро ба Айнӣ изҳор намояд…

Ниҳоят, бо душворӣ ин хабари ҷонгудозро бо камоли маҳзунӣ ба Айнӣ мерасонад. Айнӣ – В.Князев, ки аз ин ҳодисаи даҳшатовар огоҳ мешавад, бо ғояти ҳузни саршор ва ғаму андӯҳи бепоён аз ҷойи худ бархос­та бадоҳатан марсияи машҳури худ­ро қироат менамояд. Ин саҳнаи пуршиддати намоишнома аз ҷониби актёр бо оҳанги пуб­лисистӣ ва психологизми амиқ фароҳам омадааст.

Ҳақиқат он замоне ошкор мегардад, ки фактҳои таърихӣ ҷамъбаст гардад, онҳое, ки аз офаридаҳои санъаткор бармеояд. Ба ин маънӣ дар асарҳои беҳтарине, ки аз рӯйи осори устод Сад­риддин Айнӣ таҳия гардиданд, образҳои хотирнишин, давраҳои муайяни таърихӣ, таҷассуми моҳияти шахс ва таърих, тараққиёти иҷтимоӣ сифати эстетикӣ касб мекунад.

Дар драмаи «Субҳи озодӣ», ки беҳтарин анъанаҳои жанри драмаи таърихиро идома медиҳад, нишонаҳои тадқиқи бадеӣ ва эстетикӣ на таҷассуми зоҳирии ҳодисаҳои таърихӣ, балки дар навбати аввал падид овардани олами ботини шахсияти таърихӣ мебошад. Ин боз­ёфтҳои бадеӣ дар навбати аввал аз тасвири барҷастаи симои дурахшони қаҳрамони асосӣ – Сад­риддин Айнӣ пайдо мешавад.

Дар замони ҷаҳонишавии маданият, дар даврае, ки арзишҳои воқеӣ ва аслӣ дигаргун мешаванд, ҷомеаи имрӯзӣ ба тарбияи тафаккури таърихӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ ниёз дорад. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, рӯ овардан ба асарҳои таърихӣ, ки саршори оҳангҳои умумиинсонист, барои пойдории ахлоқи устувори ҷомеа имконият медиҳад ва муроҷиати театр ба асарҳои устод барои пешрафти эҷодӣ ва баланд бардоштани эстетикаи он хизмат мекунад.

Ин вазифаи бузургро имрӯз осори ҷовидонаи нависандаи маъруф устод Садриддин Айнӣ низ идома медиҳад.

Баҳор Хуррамзод,

устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com