به مناسبت صد و چهل‌مین سالگرد صدرالدین عینی، سردفتر ادبیات تاجیک، قرار است که در سمرقند همایش بین‌المللی برپا بشود. بیست و هفتم ماه آوریل امسال برابر با صد و چهلمین سالگرد تولد استاد عینی‌ست.  امینه شراف‌الدین‌اوا، از فعالان اجتماعی مقیم سمرقند با گروهی از دیگر فعالان در حال تدارک دیدن برای این همایش هستند. در مقاله‌ای که خانم شراف‌الدین‌اوا در صفحه فیسبوکی خود منتشر کرده است از اهمیت و ارزش این همایش و شیوه برگزاری آن نوشته است. این مقاله را که با خط سیریلیک نوشته شده است، می‌توانید در اینجا بخوانید. صدرالدین عینی متولد ۲۷ ماه آوریل سال ۱۸۷۸ در ده ساکتره ولایت غیژدوان بخارا به دنیا آمده است و خانه موزه او که در شهر سمرقند، محل زیست و ایجاد اوست، قرار است که به زودی تعمیر بشود.

صدرالیدن عینی در طول عمر خود با خط فارسی می نوشت و هیچ گاه خط سیریلیک نیاموخت

Дар хонаи Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. М.Турсунзода, И.С.Брагинский ва чанде аз шахсиятҳои маъруф он ҷо ҳозир буданд. Яке аз ҳозирин Б.Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун вай ба унвони сарвари Тоҷикистон ва донишманди забардасте барои миллати худ хидматҳое бузург кардааст, ба хусус аз чоп шудани “Тоҷикон” месазад, ки ӯро падари миллат гӯем. Б.Ғафуров сухани ӯро бурида гуфт: “Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза бурдааст ва ба ғалаба расидааст”.

Бале, Садриддин Айнӣ худро “падари ғам” ва ғами халқро фарзанди хеш номида буд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман бепадар шавад.

Ин чӣ гуна ғам буд? “Ин ғам аз қафомонии сиёсию иқтисодӣ ва илмию мадании халқи тоҷик буд. Ғами дар зулму асорат ва панҷаи ҷаҳолат модани мардуми меҳнаткаш буд. Ғами ба дараҷаи баланди илму маърифат расонидани фарзандони халқ, ғами ҷустуҷӯи роҳҳои пайдо кардани ҳақиқату адолат ва озодию истиқлолияти ранҷбарон буд. Бинобар ин С.Айнӣ интеллигенсияи мунавварфикрро даъват мекард, ки бошуурона ба манфиати ҷамъият хизмат намоянд, ҷавононро ҳидоят мекард, ки умри хдро сарфи консепияҳои эҳтиёҷи мардум созад. Некӣ кардан ба халқ яке аз муҳимтарин консепсияҳои инсонпарваронаи С.Айнӣ ба шумор меравад, ки дар дар фаъолият ва осораш хеле равшан ифода ёфтааст”.

То ин дам моҳияти ин гуфтаҳои Атахон Сайфуллоев заррае кам нагаштаанд. Холо ҳам ин ғам вуҷуд дорад ва ғамгусоре чун Айнӣ мебояд.

Дар ин рӯзҳо дар Ӯзбекистон, хусусан Самарқанд тайёрии пухтае доир ба ҷашнгирии ۱۴۰ солагии нависандаи бузургу оламшумул, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи “Буюк хизматлари учун” Садриддин Айнӣ оғоз ёфтааст.

Ҳа, хусусан дар Самарқанд. Зеро Самарқад маскане буд, ки аз соли ۱۹۱۷ аҳли равшанфикри он Айниро бо оғӯши фарох хуш пазируфтанд ва то охири умр нависанда зиндагӣ дар он ихтиёр кард. Хона обод кард. Оила барпо намуд. Умр сарфи омӯхтану омӯзонидан, офаридан, тарбияти шогирдон, кӯмаки хешро аз касе дареғ надоштан, ташаккулёфтан, шиносонидан ва дар натиҷа шинохта шудану эътироф гаштан кард. Чӣ тавре худи С.Айнӣ мегӯяд, вай тамоми осорашро дар Самарқанд дар хона музеи имрӯза ва боғи берун аз шаҳрии худ офарид, ки “Мактаби кӯҳна”, “Ятим”, “Одина”, “Марги судхӯр”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ёддоштҳо”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни Муқаннаъ” дар ин қаторанд. Ва нависанда тан ҳам мегирад, ки гарчи дар Душанбе равад ҳам, дар он ҷо ғайр аз мақолаҳои майда- чуйда, дигар ягон чизе калонтар навишта наметавонад (С.Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон. Душанбе, ۱۹۶۸, Ирфон, саҳ.۲۱۲).

Бояд тан гирифт, ки ана ҳамин хона – музеи ӯ се маротиба зери хавфи несту нобудшавӣ монда буд.

Якум, ҳангоми ҳоло ҳаёт будани С.Айнӣ. Ба ин муносибат устод ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филологӣ Воҳид Абдулло, корманди рӯзномаи вилоятии “Ленинский путь” Ғиёс Ашӯров, шоир Мардонқул Муҳаммадқулов ва муҳаррири махсуси рӯзномаи “Қизил Ӯзбекистон” С.Каримовро ба ҳавлии хеш даъват намуда, мақсади даъватро бён карда буд: “Мақсад аз шумоёнро даъват кардан он аст, ки дар бораи ҳавлии худ ду се калима гӯшрас карданиам. Раиси Совети шаҳр рафиқ Ғаффор Ҳамдамов гуфтааст, ки ҳавлӣ мувофиқи плани генералии шаҳр вайрон мешудааст. Бояд ман ҳавлиро холӣ кунаму ба ҷои нишон додаи он кас кӯчида равам… Ман ин ҳавлиро барои мулки хусусӣ буданаш вайрон накунанд, намегӯям. Барои васеъ кунонидани кӯча бошад, пули давлат даркор не, худам чӣ тавре, ки техник талаб кунад, ҳамон хел мекунонам… Ман соли гузашта ۲۵ ҳазор сӯм сарф карда монанди ҳуҷраҳои Бухоро барои китобҳои қиматбаҳоям заминкан созондам. Дар ин ҷо нахи гӯгирд барин ҳам чӯбро дида наметавонед. Дар зери заминкан бошад, як оршин реги сурх андозонидам… Тамоми китобҳои ман дар ҳамон заминкан меистад… Тарафи дуйӯми маъала аз он иборат аст, ки хона ва ҳавлиҳои тамоми нависандаҳо дар Маскав ҳам, дар Кафказ ҳам ҳамин тавр вайрон нашуда истодааст…. Ҳавлии берунро бинед, дар тарафи чапи дарвозахона болохонаи майда мавҷуд аст. Рӯзе мешавад, ки касе ба ин ҳавлӣ мутасаддӣ мешавад, аз тарафи давлат моҳона мегирад, ҳавлӣ рафта – рафта музей шуданаш мумкин… ” (С.Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон. Душанбе, ۱۹۶۸, Ирфон, саҳ. ۲۱۱ – ۲۱۲).

Ин пешгӯиҳои С.Айнӣ ба воқеият мубаддал гаштанд. Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ۱۶ апрели соли ۱۹۶۴ оиди ташкили хона музеи С.Айнӣ қабул гардид ва он ۱۹ маи соли ۱۹۶۷ амалӣ шуд. Соли ۱۹۷۸ бошад, бахшида ба ۱۰۰ солагии адиб аз тарафи ҳайкалтароши моҳир Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев нимпайкараи соҳибҷашн офарида, дар беруни хона музей гузошта шуд ва дар кушодани он Шароф Рашидов иштирок карда буд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Ш.Рашидов дар илму дар эҷод худро шогирди Садриддин Айнӣ меҳисобид ва риштаи дӯстии ишонро давоми анъанаи садоқат ба оини дӯстии Ҷомиву Навоӣ метавон шуморид.

Хона музей барои аҳли илму адаб, ҳаводорони фарҳанги тоҷик вазифаи марказро адо мекард ва бисёр масъалаҳои маънавию маърифӣ, эҷодӣ, табъу нашр ин чо муҳокима ва баррасӣ мешуданд. Замоне чанд дар ин ҷо қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” ҷойгир буда, ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта аҳли қалами Самарқанд он ҷо ҷамъ меомаданд, оиди сифату обунаи рӯзнома ва масоили дигар сӯҳбатҳо дар авҷ буданд. Ҳар сол ۱۵ апрел дар ин хона музей зодрӯзи С.Айнӣ бо тантана ва шукӯҳи баланд дар иштироки олимону арбобони давлат, омӯзгорону донишҷӯёни чи макотиби олӣ ва чи миёна, аҳли эҷод ва ихлосмандони адабиёт гузаронида мешуд.

Бори дуввум ба маҳви хона музей даст зада шуд, ки он ба туфайли саъю ҳаракоти журналисти оташқалб Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ва декани факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Раҳим Муқимов (Руҳашон шод бод ҳар дуро!) нигаҳдорӣ шуда буд. Мутаассифона, чанд сол пеш бори саввум ҳуҷуми шадиди несткунӣ ба хона музей карда шуд. Нимпайкараи устод аз ҷояш канда гирифта, экспонатҳо ғундошта шуда, ба вайрон кардани бино оғоз гардид. Ин дафъа низ бо заҳматҳои сангини журналистони пурҷасорат Ӯктами Иброҳим ва Зоҳир Ҳасанзода бонги хатар баландтар зада шуда, ишон дар эмин мондани ин обидаи таърихӣ даст андаркор шуданд.

Чӣ ҷои руст кардан, ки солҳои охир зодрӯзи С.Айнӣ дар хона – музей ба дараҷаи зарурӣ гузаронида намешуд ва ҳатто ду соли охир умуман ба гузаронидани он рухсат дода нашуд. Ҳатто аҷабовар он буд, ки барои зиёрат- тамошои он вуруди зиёда аз се нафар манъ шуда, боис ба афзун гаштани ҳайрату норозигии мардум гашта буд.

Ҳоло ба муносибати солонаи С.Айнӣ бо саъйи Президенти кишвар аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳри тармими хона- музеи дар майдони Регистон ҷой доштаи С.Айнӣ ҷудо карда шудани ۳۰۰ миллион сӯм паёме буд саривақтӣ ва боиси мамнунияту ифтихор. Ин иқдоми ҷавонмардона боис ба боварӣ аст, ки тамоми каҷравиҳо бартараф шуда, акнун адолати таърихӣ барқарор мегардад ва ин бинои таърихӣ бо шукӯҳу ҳашамати нав дар ҷояш устувор монда, дар шинохти мақому манзалати С.Айнӣ ва тарбияти худшиносии мардум хизмат мерасонад.

Чанде пеш шӯъбаи самарқандии Академияи илмҳои “Тӯрон” ташаббус пеша карда, нақшаи чорабиниҳоро оиди гузаронидани ин санаи муҳим тарҳрезӣ намуд. Мувофиқи қарордод тантанаҳо дар хона музеи навтаъмирёфтаи С.Айнӣ ва хонадони роҳбари Академияи “Тӯрон” Фарҳод Аҳмадҷонов мегузаранд, ки дар он офиси академия ҷойгир шудааст. Бояд таъкид кард, ки ин ҳавлӣ замоне ба оилаи С.Айнӣ тааллуқ дошт. Он боғе буд, ки зери сояи дарахтону лаби ҳавзи калони пуроб С.Айнӣ вақтҳои зиёди худро мегузаронид, бо эҷод машғул мегашт, дӯстону ҳамсафу ҳаммаслаконва шогирдони худро қабул мекарду сӯҳбатҳо меофарид. Соли ۱۹۵۹ ин боғ ба модари Ф.Аҳмадҷонов Зурафо Аҳмадҷонова аз тарафи писари С.Айнӣ Камол Айнӣ фурӯхта шудааст. “Аз ин лиҳоз, агар айнан дар ҳамин ҷо қисме аз чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронида шаванд, аз рӯи ҳақиқату мантиқ мешавад”, – иброз дошт Ф.Аҳмадҷонов.

Маҷлиси гурӯҳи кориро оиди тайёрӣ ва гузаронидани ҷашнвораи устод Ф.Аҳмадҷонов роҳбарӣ кард. Дар ибтидо дар бораи мавқеи Самарқанд дар ҳаёту фаъолияти С.Айнӣ, фаъолияти ӯ дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ва ҷабҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ба нависандаи ҷаҳонӣ инчунин олими намоён мубаддал гаштани вай ёдрас шуд ва иброз дошт:

– Академияи “Тӯрон” гузаронидани конференсияи байналхалқиро доир ба ҳаёту фаъолияти С.Айнӣ бар зимма мегирад. Барои иштирок дар он олимон, нависандагон ва пайвандони С.Айнӣ аз Тоҷикистон, Россия, Эрон, Афҷғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Исроил, ИМА даъват мегарданд. Маҷмӯаи мақолаҳои маърӯзакунандагони конфронс омода карда мешавад. Рӯзномаи илмию оммавӣ ва маърифии академия “Тӯрон тонги” нашри нахустини худро пурра ба мавзӯи айнишиносӣ мебахшад.

Мудири шӯъбаи самарқандии давлатии музей мамнӯъгоҳ Амриддин Пӯлодов аз корҳои оғозёфтаи ҷашнӣ маълумот дод:

– Дар назди ҳукумати вилоят оиди ташкилу гузаронидани ۱۴۰- солагии С.Айнӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, ۲۱ январ наздик ҷамъомади аввалини худро гузаронид. Дар он масъалаи реконструксияи хона – музей муҳокима гардид. Таъкид рафт, ки хона музей аз нав бино карда мешавад, биноҳои атрофи он афтонида шуда, ба чои нимпайкараи аввала пайкараи қаддии Айнӣ дар ҷои пешинааш, яъне беруни ҳавлӣ гузошта мешавад. Дар ҳамон радиф хонаи адибон низ сохта мешавад.

Мудири музей- лабораторияи илмӣ- амалии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Раҳим Қаюмов таъкид кард, ки он миқдор, яъне ۳۰۰ миллион ҳам барои реконструксия ва ҳам экспозитсияи хона – музей намерасад. Аз ин боис, бояд ҷамъияти нодавлатию нотиҷоратии “Дӯстони хона – музеи Айнӣ“-ро ташкил кард.

Дар ҷаласа олимони варзида Аслиддин Қамарзода ва Неъмат Низомов, Рубен Назарян, банда, Абдусалом Самадов, Салимҷон Хидирназаров, Баҳора Хуррамова, Раҳматулло Тошпӯлодов оиди муносиб гузаронидани ҷашнвораи С.Айнӣ фикрҳои пурқимати худро баён намуданд. Дар натиҷа ташкил кардани экспедитсияҳои илмӣ, дар ҷойҳо ташкил намудани тадбир – Айнихониҳо, озмуну намоишҳои гуногун, марафон ва роҳҳои муроҷиат ба хайрхоҳон бо мақсади ҷамъоварии маблағи иловагӣ барои хона музей барин масъалаҳо ва роҳҳои амалӣ кардани онҳо муҳокима карда шуданд. Инчунин таклифҳо пеш омаданд, ки барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳлил гардида, пешниҳодҳо оиди дараҷоти зарурияти омӯзиши ин ё он осори С.Айнӣ тайёр карда шаванд. Дар ин қатор роҳҳои ташкили хазина, грантхо бо мақсади таъсиси мукофот, стипендияҳои Айнӣ низ пешниҳод шуданд.

Қарор карда шуд, ки тантанаҳои ҷашнӣ, конфронси илмӣ баъд аз тайёрии пухта, яъне то тармими хона- музей мавқуф гузошта шаванд. Аммо ۱۵ апрел дар бинои Академия тадбири адабие бо иштироки олимон, эҷодкорон, донишомӯзону омӯзгорон ва намояндагони васеи ҷамоатӣ гузаронида мешавад.

Академияи “Тӯрон” ташаббускори дар Самарқанд эълон кардани солонаи Айнӣ дониста шуд.

Дар маҷлис директори хона – музей Собир Келдиёров низ иштирок намуд.

Ба ҳамин муносибат аз Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ, ки соли ۱۹۴۶ ташкил шуда, соли ۱۹۵۶ фаъолияташ қатъ гардидааст ва Институти давлатии педагогии тоҷикии Самарқанд ба номи С.Айнӣ, ки бо хайрхоҳиву мадади Шароф Рашидов соли ۱۹۶۷ дар арафаи ۹۰ – солагӣ ва ифтитоҳи хона – музеи асосгузори адабиёти муосири тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ таъсис гашта буд, мавриди ёд оварданист. Агарчи аз соли ۱۹۹۰ фаъолияти институти номбурда боздошта шудааст, аммо хушбахтона, дар саҳни ҳавлии он пайкараи мисини устод ба сони баъзе пайкараҳо ба яғмо нарафта, то ҳозир қад афрохта истодааст. Ва агар дар сари масъалаи аз нав барқарор кардани ин институт андешида шавад, нуре хоҳад буд болои нур.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com