شرافت اسماعیلوا، دختر نوجوان تاجیک مقیم خوقند، در مسابقه کتاب‌خوانی جمهوریوی جای اول را به دست آورد. جایزه این مسابقه خودروی نو بود که رئیس‌جمهور ازبکستان برای برنده این مسابقه در نظر گرفته بود. در گفت‌وگویی که شرافت با هفته‌نامه “آواز تاجیک” در شهر تاشکند داشت، گفت، به خاطر این که گواهنامه رانندگی ندارد، خودروی خود را به پدرش اهدا کرده است. این اولین خودروی‌ست که پدر شرافت در طول عمر به دست آورده است. گفت‌وگوی میراسرار فرغانی، روزنامه‌نگار محلی را می‌توانید در ادامه با خط سیریلیک بخوانید

شرافت اسماعیلوا با گواهنامه جای اولن جایزه مسابقه کتاب‌خوانی

.

Шарофат пирӯз шуд!

Марҳалаи ҷумҳуриявии мусобиқаи «Китобхони ҷавон» ба охир расид ва дар он донишҷӯи соли сеюми бахши забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Қӯқанд Шарофат Исмоилова пирӯзӣ ба даст овард. Дар зер сӯҳбати хабарнигорамон бо ин тоҷикдухтари ғолиб Шарофат Исомилова тақдими шумо мегардад.
Ин ғалабаро бароятон табрик мегӯям.

Ташаккур! Саломат бошед.
-Шумо кадом мактабро хатм кардаед?
Ман мактаби таълимоти ҳамагонии рақами ۱۲, воқеъ дар деҳаи Бурболиқи ноҳияи Олтиариқро хатм кардам. Аллакай зимни таҳсил дар мактаб ба китобхонӣ шавқу ҳаваси беандоза доштам. Падару модарам ҳамеша мегуфтанд, ки мо, панҷ фарзандони онҳо китобро бештар хонем, зеро тамоми махзани илму маърифат дар китоб аст. Устозҳои давраи мактабхониам Шакат Ҳақназаров ва Музаффар Йӯлдошев барои ба китоб бештар рӯй оварданам сабабгор шудаанд, зеро дар мактабамон озмунҳое баргузор мешуданд, ки дар тасеаву ривоҷи донишҳои аз дарсҳо гирифтаамон мусоидат мекарданд.
Яъне шавқи китобхонӣ аллакай зимни таҳсил дар мактаб пайдо шуда буд?
Рости гап, ҳанӯз дар сини панҷу шашсолагиам хондани он китобҳои бачагонаро дӯст медоштам, ки аз афсонаҳои аҷоибу ғароиб ва ривоятҳо иборат буданд. Барои хондани китоб дар хонаводаамон шароити созгор фароҳам буд. Зеро падарам риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардаанд ва чанд муддат дар мактабамон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс медоданд. Баъд забони таълим дар мактабамон тағйир ёфт ва падарам аз пайи корҳои дигар шуданд. Вале ҳамеша аз мо тақозо мекарданд, ки вақтамонро беҳуда сарф накунем ва бештар китоб хонем.

-Чи сабаб шуд, ки дар озмуни “Китобхони ҷавон” ширкат кунед?

Китоб дӯсти ҳамешагии ман аст. Ҳар куҷо бошам, албатта кӯшиш мекунам, ки ягон асари бадеӣ хонам. Аз китобҳои хондаам панд мегирам ва зиндагиро меомӯзам. Беҳуда Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нафармудааст:
Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳату ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Беҳтару бештар аз ин гапҳои Мавлоно Ҷомӣ боз чиро илова кардан мумкин аст?

Дуруст. Дар ҳар сурат китоб дӯсти меҳрубон аст ва ин аллакай дар дили шумо маъво гирифтааст. Хеле хуб. Яъне ба умқи он сарфаҳм рафтаед, ки маънавияту маърифат танҳо аз хондани китобҳост. Ҳамту?

Оре. Алломаҳои мо ончунон мероси бою ғанӣ гузоштаанд, ки баҳри бекаронеро мемонад. Китобҳои зиёд аз ҳуруфи арабиасос ба хати кириливу лотинӣ баргардон карда шудаанд. Агар мо аз ин хазинаи бебаҳо баҳраманд нашавем, пас дар назди ин алломаҳоямон зери гуноҳ хоҳем монд. Гузашта аз ин, адибони муосирамон низ асарҳое навиштаанду менависанд, ки мо, ҷавонон бояд онҳоро бихонем ва дарк намоем, ки дар бораи киҳову чиҳо менависанд. Шояд яке аз ин қаҳрамонҳо худи мо бошем ё ҳадди ақал ҳаракат кунем, ки мушобеҳи ин қаҳрамонҳо бошем.

Аз телевизион тамошо кардам, ки туро мардуми шаҳри Қӯқанд хеле хуб пазироӣ карданд. Оё чунин пазироиро интизор доштӣ?

Аслан гумон намекардам, ки ҳодиса ба ин ранг сурат мегирад. Вақте ки аз Тошкандшаҳр ғолибиятро ба даст оварда баргаштам, истиқболгирии аҳли донишгоҳе, ки дар он таҳсил мекунам ва одамони зиёдро дида хеле ба ваҷд омадам. Ифтихор тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Аммо намедонистам, ки чи гӯяму чи кунам. Охир, ин ҳодисае буд, ки бори нахуст бо ман рух медод. Аз таманниёти устодони донишгоҳ ва ҳамкурсон, пайвандону дӯстон забонам лол гашта буд. Боз мехоҳам, ки дар ҳаётам чунин лаҳзаҳои хурсандибахш батакрор рух диҳанд. Боз чӣ гӯям?

رافت
Албатта, ҳар як савол ҷанбаҳои худро дошт, ки тақозо менамуд ба он ҷавобҳои пурраву барои аҳли ҳакамон қонеъкунанда дода тавонист?

Ин ҳолати табиист. Аммо мехоҳам бештар аз он ҳарф занам, ки агар шахс ба китоб меҳр монад, китоб вайро ба ҳадафҳое мерасонидааст, ки тасаввур кардани он барои ман барин як духтари деҳотӣ осон нест. Дуруст мегӯям? Сонӣ, ман баъзан худро қаҳрамони ин ё он асар тасаввур мекунам. Намедонам, ки ба ин ҳақ дорам ё не. Бо вуҷуди ин эътимод ҳосил намудам, ки ҳодисаву воқеаҳои ҳамаи асарҳо аз ҳамин ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд ва набояд онро дар шаклу ҳолати дигар тавзеҳ дод. Ин дар ҳолест, ки баъзан ҳодисаву воқеаҳои асар ба назар ғайриоддӣ ва дур аз ҳаёт менамоянд. Мо бояд ба адибон бовар кунем ва навиштаҳои онҳоро гаштаву баргашта хонему омӯзем.

شرافت در کنار خودروی که رئیس‌جمهور ازبکستان به او اهدا کرد

-Суоле мекунам, ки шояд ба назарат аҷиб намояд. Ҳамаи талошҳоят барои мошини “Спарк” буд ё…?

Бовар кунед, ки не! Ман танҳо мехостам ба ҳамтоёнам нишон диҳам, ки китобҳои зиёдро хондаам ва дар бораи муҳтавои ҳар яки он қодир ҳастам соатҳо ҳарф занам. Шояд инро аъзои ҳакамон низ дарк намуданд. Бубахшед, ки худамро таъриф кардам!

Не, ман дар чунин фикр нестам, вале донистан мехоҳам, ки оё аъзои ҳакамон нисбати баҳодиҳӣ ба донишу малакаи шумо дуруст бархурд карданд?

Ҷавоби ин саволатон марбути ман нест. Ин саволро ба аъзои ҳакамон диҳед. Аммо як нукта мусаллам аст, ки ман тамоми донишу маҳоратамро барои гирифтани холҳои баланд сарф кардам ва ба ин муваффақ шудам!

Мешавад гуфт, ки аз ҳама бештар кадоме аз рақибонатон барои шумо даъвогари қавӣ ва мағлубнопазир ҳисоб меёфт?

Бешубҳа, Абдулазиз Қурбонова қашқадарёгӣ. Маълум шуд, ки вай низ китобҳои зиёдро хондааст ва тақрибан мо дар як сатҳ қарор доштем, вале бо бартарӣ ман вайро ақиб гузоштам ва ғолиб баромадам.

-Ғайр аз он ки соҳиби мошини «Спарк» шудед, боз мукофтоҳои дигар низ насибатон гашт, ки интизораш набудед?

Бале. Яке аз мухлисони тошкандиам бароям дусад дона китобҳои бадеии гуногун тақдим намуд. Боз ҳокимияти шаҳри Қӯқанд бароям як компютер тӯҳфа кард, ки барои чунин қадрдонӣ хеле шоду мамнунам. Аммо ҳамаи ин масъулиятамро аз ин ба баъд дучанг гардонд.

-Мошинеро, ки барои пирӯзиатон Президенти мамлакат тӯҳфа кардааст, кӣ меронад?

Он мошинро ба падарам савғо кардам. Акнун падарам бори аввал соҳиби мошини сабукрав шуданд. Аслан ба падару модар бештар писарҳо мошин тӯҳфа мекунанд. Ба чунин ифтихор Худованд маро низ мушарраф гардонд, ки ба даогоҳаш шукр мегузорам. Гуфтаниам, ки гирифтани дуои падару модар неъмати бебаҳост. Ин мазӯъ дар шумори китобҳои адибоне бештар инъикоси худро ёфтааст, ки борҳо хондааму дар дарки ин маъниҳо рафтаам.

Аз номи кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” бори дигар ин мукофотро бароятон муборакбод мегӯям. Муваффақ бошед!

Ташаккур!

Сӯҳбаторо:
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.
Дар сурат: Шарофат Исроилова.
Сурати М.Қодиров(Уза).

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com