شهزاده سمرقندی: بهمنیار امینی، نویسنده بنام تاجیک با رمان “سرمدده” بین تاجیکان شهرت دارد. این رمان سال ۲۰۱۶ در انتشارات اچ اند اس میدیا در لندن با خط فارسی برای اولین بار به چاپ رسیده است. داستان “روز دفن لودمیلا پاولوونا” ادامه این رمان است که در طول ده‌ ساله‌ها از دهه هشتاد تا حال جداگانه نوشته شده است. از این رمان پیدا ست که بهمنیار تصمیم گرفته است به نگاشتن تاریخ و سرگذشت‌های ساکنان ده خیالی “سرمد” ادامه دهد. بسیاری این ده را با کشور تاجیکستان یا سرزمین تاجیکان شباهت داده‌اند و تمام چهره‌های این رمان برای خواننده تاجیک آشناست. متن کامل داستان “روز دفن لودمیلا پاولوونا” را می‌توانید در اینجا با خط سیریلیک بخوانید. باعث خوشحالی تاجیکان است که بهمنیار دوباره به نوشتن و فعالیت‌های ادبی روی آورده است. دو سال پیش، رمان “غوت‌یخ” را قبل از این که به چاپ برسد از بین برده بود. از آن زمان کار جدیدی از او انتشار نیافته است. این اولین نوشته این نویسنده شناخته پنجکنتی است که پس از آن بحران اینک در دسترس عموم است.

(БАҲМАНЁР)

Аввалин бор мунташир дар маҷаллаи “Садои Шарқ”, шумораи ۶, соли ۲۰۱۷ шудааст.

– Сарво –

Сармаддеҳ дар мотам жӯлида буд.
Ҳафтае пеш аз Сумиганҷ, аз ҳотаи Людмила Павловна кӯрдуд ба ҳаво танӯра зада буд. Кампири Осуда бетоб шуда буд. Ҳамоно тӯшаву анбончаи давоҳояшро бардошта, аз пули ларзон гузашта, ба Сумиганҷ расида буд. Он рӯзу чанд рӯзи дигар ба деҳа барнагашта буд…
Мардон он рӯзу пасон бому шом нафареро ба он сӯи Кафкрӯд роҳӣ мекарданд, то аз чигунагии сиҳҳати Людмила Павловна хабар орад, ҳарчанд равуои занҳо ба хонаи ӯ пайваста буд.
Соле чанд пеш гоҳи обхез Людмила Павловнаро каждум газида буд. Он вақт ҳам кӯрдуд аз ҳотааш танӯра зада буд. Кампири Осуда ҳамроҳи Шопури Моҳигир гупсарсавор рӯдро гузашта ба кӯмаки вай расида буд.
Аммо ин раҳ…
Ҳамин ки кампири Осуда сари болини Людмила Павловна пайдо шуд, ӯ бо сахтӣ лабханде карду гуфт:
— Асия, хуб шуд, ки зуд расидӣ…Аз бобои Маҳрбону занаш чӣ хабар? Чанд рӯз аст, ки бедараканд. Худам бо азобе кӯрдуд ба роҳ мондам…
— Писари хурдиашон аз аскарӣ омадааст, ҳамун Ҷовидонро мегӯям, ки писараки дидадарое буд, ҳоло дидорбинҳо ба хонаашон ҳуҷум овардаанд…Баъди армия ҷавонҳо дигаргун мешаванд, Худо кунад, ки вай ҳамон туре буд, монда бошад.
— Умраш бардавом бод, ки пирони миёнхамидаро барафрохта мекунад,‒ дар чашмони Людмила Павловна ашк ҷӯшид ва донае чанд ба рӯи гунааш шорид. Занак аз сустии худ гунаҳкорона табассуме зӯракӣ намуду гапашро идома дод аз самти дигар,‒ Асия, ба ту сахт бовар дорам, аз ту наздиктар кас надорам, ҳоло ки забонам гардон аст, гӯш дору ба ёдат гир, ҳар чи аз ман шунидӣ худат…. ‒кадом як калимаи тоҷикиро ба хотир оварда натавонист, ки русияшро гуфт‒ контрол мекунӣ, то иҷро шавад. Мурданро ба ин зудӣ чашмдор набудам, ки пасандоз ҳам накардам…
— Чиҳо мегӯӣ, Луда?!‒ кампири Осуда ба ҳарос афтод, ‒ Бубин, ман аз ҳафтод гузаштааму фикри мурданро надорам, ту ҳанӯз ба шасти шаст наафтодаӣ.
— Ту Асия, ғарибӣ чист намедонӣ, дар хурдӣ сағира намондаӣ ва дар ба дари мардум нашудаӣ, ҳам ба дарди ман гир наафтодаӣ‒ Людмила Павловна ба марази ширхоя(мастопатия) гирифтор буд, духтурон гумон мекарданд, ки саратони хушхим аст, бадхим баромад‒ боз бекасиву танҳоӣ накашидаӣ…
— Худованд умратро диҳад, Луда. Ман ин ҳамаро хуб медонам, лек ту фикри мурданро аз сарат дур кун, ноумед танҳо шайтон аст…
— Асия, ҳанӯз ки забонам гардон аст, мон гап занам!…Ҳамин ки мурдам, Навбахтро ба шаҳр фиристед, вай русиро баладу ҳам дилёб аст, ба шаҳр раваду гроб ва…муллои рус орад,‒ Людмила Павловна дар чашмони кампири Осуда нишони ҳайратро дида, шарҳ дод,‒ дар дини мо мурдаро дар сандуқи чӯбин гузошта ба хок месупоранд. Ҳам муллову ҳам тобуту ҳам роҳкироро пул мебояд. Зани руси писари Сардор бо ду духтарчааш аз Русия омадааст, дар меҳмонхонаи мулло Бухоризода ба орият нишастаанд, шояд Раҳдор хонаи маро бихарад. Ҷонварҳоямро‒ занак мурғу харгӯшҳояшро дар назар дошт‒ ҳар кӣ бихоҳад, бидиҳед…
— Ту, Луда, фикри ин чиҳоро макун. Худо умратро диҳад, ҳанӯз Сармадеҳро аз рӯи Замин нарӯфтаанд, ки аҳли он бигзоранд мурдае бесоҳиб монад.
—Бисёр мехостам, ки мусалмон шаваму худро байни шумо бегона набинам…шудам ҳам, танҳо ду моҳ…Шабе модарам ба хобам даромад, ба ман пушт гардонида буд, ҳарчанд “момо, момо” мегуфтам, нигоҳ намекард. Чун бедор шудам ҳама аламҳои дар ниҳонхонаи дилам нуҳуфтаам, рӯ заданд, ҳой-ҳой гиристам…Ҳамон субҳ ба мошини пӯшида савор шуда, рафтам шаҳр ба баҳонаи тухмфурӯшӣ, соғуи тухмро ҳам бо худ гирифта будам. Ба калисо рафтам, аз падари муқаддас талаби омурзиш кардам ва боз масеҳӣ шудам. Ҳамон шаб дар хонаи Мария, ҳамкори собиқам хуфтам, мо ҳар ду дар фермаи мурғпарварӣ коргар будем , баъд ин раиси шумо, Парвонаи Шопур аз куҷое пайдо шуду маро гӯл заду ба хукбонӣ овард. Аз ӯ хафа нестам, ман ин ҷо ватани гумкардаамро ёфтам. Ҳамон шаб дар хонаи Мария ман боз модарамро хоб дидам, даст ба пешбози ман кушода, маро ба оғӯш кашида, аз ду бари рӯям бӯсид…аз хоб бедор шудаму боз зор-зор гиристам.
— Бечораи Луда,‒ пинҳон ашки чашмонашро пок карда зери лаб гуфт кампири Осуда.
— Ман гоҳу ногоҳ бом ё шом болои ҳо он тепаяк,‒ ба тепаяке ки аз тиреза менамуд, ишора кард Людмила Павловна,‒ меравам, аз он ҷо деҳа чун дар кафи даст менамояд, деҳаро менигарам, менигараму чун занҳои аламрасидаи деҳ мунга мекунам…Ман мехоҳам, ки гӯри маро дар тораки ҳамон тепа бикананд….
— Бечора Луда,‒ ба такрор, лек ин раҳ шунаво гуфт кампири Осуда аз ҷо баланд шуда ва дар чашмони Людмила Павловна нишони тарсро диду ҳадс зад: “гумон кард, ки ман меравам”,‒ ӯро ором намуд:
— Осуда бош, Луда. То ту сари по нашавӣ, озод нагардӣ, ман ҳеч куҷо намеравам. Ҳаво сард шуд, меравам, ки топуро алов монам. Берун тирамоҳ, боз тирамоҳи кӯҳистон.
— Топу? Яъне чӣ?‒ бо ҳайрат пурсид Людмила Павловна, ки ин вожаро бори аввал мешунид.
Кампири Осуда ба печкаи чӯянии паҳлӯи дар ишора карду гуфт:
— Дар қадим ва на он қадр қадим, ман дар кӯдакиам дида будам, ҳамин печкаҳоро бо дудкашаш аз гил дуруст мекарданду дар хумдон мепухтанд, “топу” мегуфтанд.
— Мо ҳам “топка” дорем аз феъли топить, яъне тафсонидан.
— Ин мардуми бефаҳми мо забонро фаромӯш кардан доранд. Ба ҷои он ки “тоба” гӯянд, забонашонро шикаста “скавародка” мегӯянд. Ба қавли мулло Бухоризода “кулли явмин бадтар!” ва ба қавли муаллим Озар он рӯз дур нест, ки инҳо ба “испранту” ҳарф бизананд.
—Асия, гапҳое меёбиву мегӯӣ, ки ба қавли худат “дар кадуи сари Холдор намеёбӣ!”
Чун кампири Осуда “топуро” алов монда, канори Людмила Павловна омада нишаст, ӯ боз дастури мурданашро дар миён гузошт.
—Паҳлӯи дарвозаи гӯристони масеҳиён устохонаи тобутсозӣ ҳаст, тобутҳои дурусткарда ҳам дорад, якеро, ҳамқадди маро бардораду биёрад, баъд ба калисо равад, он ҷо муллои русро пайдо мекунад. Дигар худат мурдаи маро шӯ, ғайр аз ту дигар кас набояд ин корро ва корҳои дигарро сомон диҳад. Ҳо ана, дар таҳмон(тоқча) либосҳои шуставу утукардаро гузоштаам. Бобуна, худо умрашро диҳад, хабаргирӣ омада буд, онҳоро шуста, утуи Бибирасо(зани бобои Маҳрбон)‒ро оварда уту кашид. Ҷонишини ту ҳамин фаришта мешавад. Баъди шустану пок кардани танам онҳоро ба ман пӯшон. Салибро аз гарданам нагир. Худат бо Бобуна маро дар тобут гузоред. Усто Шоҳакро бигӯ сарпӯши тобутро устувор мехкӯб кунад, то мору кирмҳои Сумиганҷ ғамам надиҳанд…
— Худоё, Луда, ту чиҳо мегӯӣ?!
— Худоро шукр, ки забонгирам накард, ҳар чи мехостам бигӯям, гуфтам, аз ту наздиктар касе надорам, контрол кун гуфти ман шавад…Дигар худо нигаҳдорат…Худо яктост, фарқе надорад, ки ту ба вай чи ҷӯрӣ рӯ меорӣ…
Людмила Павловна дигар ҳарфе назад, ба “Луда, Луда!”‒ гӯиҳои кампири Осуда ҷавобе надод. Кампири Осуда пилкҳои чашми ӯро пойин овард, манаҳашро баст, пас берун баромаду халтае коҳро ба саҳни ҳота рехта‒ коҳро барои пешдаргирон ба Людмила Павловна бобои Маҳрбон медод‒ кӯрдуд ба роҳ монд. Аз деҳ кӯрдудро диданд ва донистанд, ки Луда‒ Палвон, ҷон ба Ҷонофарин супурдааст. Ва мардум як‒ як, ду‒ ду, зану мард пули ларзонро гузашта омаданд.
Кампири Осуда хост чанд танро ба гӯрканӣ побанд кунад. Бадбахтона, дар деҳ касе намедонист, ки гӯри тарсоён чи тур ва ба кадом сӯ канда мешавад. Аз ин рӯ, чун писари меҳтари Салмони Зукахӯр, Шаҳрон гуфт, ки вай медонад, даҳони ҳама воз шуд.
Шаҳрони Салмон бо пӯзханд гуфт:
— Ҳа, гумон доштед, ки аз дасти ман ҷуз дағаливу бадмастӣ дигар коре намеояд? Гӯл шудаед. Аз дасти ман чи корҳое ки меояд. Агар яке аз шумоён як рӯзи муздурии маро дар Сибир медид, аз ман дағалтару бадмасттар мешуд ё девона. Чиҳое ки дар заршӯӣ, дар Сибир аз сари ман гузашт… Яке барои шимш (самародок) дигареро мекушт, якеро шаб вақти аз хонаи амонат (барак) ба ҳоҷатхона рафтан дарандае, гург ё хирс медарид…яке аз беморӣ, дигар аз беҳолӣ мемурд ва мо, муздурон барояш гӯр мекандем, ба мусалмон суннатӣ, ба масеҳӣ исавӣ…
— Шуд, шуд,‒ тафси ӯро паст кард кампири Осуда,‒ ту бо ин ду ҳамкосаат,‒ ба Пираку Мирак ишора кард ӯ,‒ меравед тораки ҳо он тепа гӯр кандан, он ҷо Луда нишон гузоштааст. Ту,‒ ба Навбахт рӯ овард кампирак, ‒меравӣ шаҳр, гӯристони тарсоёнро мепурсӣ, он ҷо паҳлӯи дарвоза устохонае ҳаст, тобут мехарӣ, баъд меравӣ калисо муллое….
— Кашиш!-луқма партофт муаллим Озар.
—Ҳа, кашишеро ба гап медарорӣ, мошине киро мекунӣ ва тобуту
кашишро меорӣ ин ҷо.
Кампири Осуда даст ба ҷайби ҷомаи бемағзааш бурд, тугуне берун оварду гиреҳашро боз кард ва нақди дар он бударо ба дасти Навбахт тапонду гуфт:
— Барои гӯру чӯбам гирд оварда будам.
“Магар кампири зирак мурдани дугонаашро аз қабл медонист?”‒ аз дил гузаронд Навбахт.
— Баста! ‒ин овози варзидаи Парвонаи Шопур, раиси колхоз буд, ки аз чи сабабе то ин гоҳ дам даркашида буд. Ин аз вай диданӣ набуд ‒ дар мусибати ворида, боз марги рафиқае ки вай ба каму косташ худро масъул медонист‒ “Худоро шукр, ‒мегуфт кампири Майса, — аққалан ба чизе худро масъул медонад, вагарна нисфи деҳаро сел барад, буруташ хам намехурад” ‒хомӯш бишинаду ҳарфе назанад, раёсатро ба даст нагирад, супоришҳо надиҳад.
— Баста!‒ба такрор гуфт Парвонаи Шопур, муллақаб ба Раиси Баста, чароки ин вожаи русиро, яъне “баста”*‒ро гоҳу ногоҳ ба забон мебурд.‒Магар мо мурдаем, ки кампири додраси мо, як мушти пар пули ба гӯру чӯб пасандоз кардаи худро дар ин мусибати умум харҷ кунад. Ку, шермардҳо, ҳар кӣ, ҳар чи метавонад, ба миёнбанди бобои Маҳрбон партояд‒бобои Маҳрбон низ кӯрдудро дида, бо зану аскарбачааш расида омада буд.
Бобои Маҳрбон ангор нигарони ҳамин ишора буд, ки зуд миёнбандашро аз камар кушоду рӯи суфае ки Людмила Павловна зери Бурси пири ягонаи Сумиганҷ‒ин бурс ҳамчун дастниҳоли Мири Валӣ азиз маҳсуб шудаву аз дами табар дар амон монда буд‒аз тобасангҳои зиёди гирди хонааш дуруст карда буд, густурд. Дар як зум дастае пулҳои хурушовӣ рӯи камарбанди бобои Маҳрбон тал шуд.
Парвонаи Шопур ба ҳисобдори колхоз, Вағнич‒вайро модараш ҳангоми шабдарав, пеш аз вақт, дар ҳафтмоҳагӣ пушти бутаи вағнич, то ба чашми даравгарон натобад, зоида буд, аз ин рӯ чунин номи булаҷаб дошт‒рӯ овард:
— Пулҳоро шумору ба Навбахт супор. Боқӣ ҳама харҷ аз ман. Ба Пираку Мирак нигаристу афзуд,‒харҷи маросими ёдбуд ҳам. Дар лабони Мираку Пирак лабханде пайдо шуду ғайб зад‒ба яқин дар куҷо буданашонро зуд ба ёд оварданд.

***

Мошини пӯшида омадаву баргашта буд. Уазики раисро анборааш (акумулятораш) нишаста буд. Навбахтро чора ҷуз ин набуд, ки ба мототсикили бачаи хаткашон, Шодон савор шаваду шаҳр равад.
Устохонаи тобутсозиро зуд пайдо карданд. Ҳамон ҷо, ки кампири Осуда гуфта буд, паҳлӯи дарвозаи гӯристон будааст. Чанд тобути омодаро қадди девор рост-рост чида буданд. Чун усто андозаи андоми фақидро пурсид, ҳар ду ҳайрон ба ҳамдигар нигаристанд. Андозагирӣ дар гӯшаи хотирашон ҳам набудааст.
Шодонро ногоҳ чизе ба хотираш расид, ки остини Навбахтро кашиду гуфт:
— Луда-Палвон ҳар вақте ман ба ӯ нафақаашро меовардам, “спасибо, сынок!”‒гӯён аз пешониам мебӯсид сари по шудаву бо даст сарамро хам карда.
Писари хаткашонро як‒ як ба тобутҳо ҷо карданду берун кашиданд, ниҳоят як тобут қолаб омад. Пулашро доданду ба як гӯшаи устохона гузоштанд, ки баъд меоянду мебаранд. Навбахт аз чунин омади кор фоли нек гирифт, ки кашишро ҳам ба осонӣ меёбанд. Аммо ин тур нашуд.
Калисои шаҳр ду кашиш доштааст, яке пойгаҳи худро ба тарк кардан ҳақ надоштааст, дигарӣ, ки имкони бо онҳо рафтанро дошта, ба ҷое маъмур буд. Кашиши собита мегуфт:
— Бомдод ӯро куҷое барои омурзиши гуноҳҳои миранда бурда буданд. Агар миранда намураду кашиш дар маросими ёдбуд* нашинад, ҳамин ҳоло ё каме боло пайдо мешавад.
Ҳароина даҳ дақиқа пас кашиш пайдо шуд. Навбахт кӣ будану барои чи омадани худро ба кашиш фаҳмонд. Кашиш на Сармадеҳро дида буду на номашро шунида, аз сурати хастааш хонда мешуд, ки агар намедиду намешунид, боз беҳтар буд, аммо чун даъвате ба ҷои дигар набуд, ночор розӣ шуд.
Навбахт писари хаткашонро назди ӯ нигаҳбон гузошта‒худо нокарда боз ҷое равад!‒худ ба идораи хоҷагии ҷангал рафт. Раиси хоҷагии ҷангал, ки Навбахтро ҳамчун як коргари огоҳу ҳақбин шинохта буду қадр мекард, ҳамоно мошини навбатдорро ба ихтиёри ӯ гузошт.
Навбахт тобутро аз устохонаву кашишро аз калисо гирифт. Шодон баҳона пеш овард, ки дар шаҳр корҳои зиёде дорад‒дар деҳ, ки нишаста буд, корҳо ба ёдаш намерасид!‒ӯро гузошту рафт. Навбахт кашишро дар кабина паҳлӯи ронанда ҷо карду худ ба кафаи мошин баромад паҳлуи тобут. Мошин ГАЗ ном дошт ва дар кабинааш барои як ронандаву як ҳамсафар ҷо буду бас.
Ҳаво абрӣ буд, боз абри сиёҳ. Навбахт ҳадс зад, роҳ дусоата аст, худо хоҳад то рехтани борон ба деҳа мерасанд. Аммо ин тур нашуд, ҳанӯз онҳо аз шаҳр набаромада борон ба рехтан оғозид. Аввал реза-реза бориду баъд шиддат гирифт.
Навбахт ҳар раҳ, ки шаҳр мефуромад шиму костюми навашро мепӯшид, ҳоло низ ба бараш буд. Дар ганҷаи хона ҷуз ҳамин костюм дигар моли дархӯре надошт, то муносиби пӯшида ба шаҳр фуромадан бошад. Агар борон бо ҳамин шаст ду ‒ се дақиқаи дигар борад…
Тобутро нигарист‒ чаро не?‒ шугуне надошт, аммо писари хаткашон боре чанд даробаро карда буд, балояш назада буд. Сарпӯшро бардошт, дароз ёзид, худро ба роҳат ҷо ба ҷо кард ва боз сарпӯшро болои тобут кашид. Ним соат пас мошин бозистод. “Такоби Сармаддара” ‒аз дил гузаронд Навбахт.
Чанд тан худро ба кафаи мошин гирифтанд. Мошини пӯшидаро рӯзи дигар интизор шудан мебоист. Пас инҳо ё сайёҳони пиёдагарданд, ки боронпаноҳе меҷӯянд, ё…Навбахтро ба ёд расид, ки ду рӯз қабл Шераки Холро хабар доданд, ки андақудояш аз такоби Сармаддара ҷон ба Ҷаббор супоридааст. Шери Хол духтаронашро‒чор духтар!‒ба деҳаҳои гирду атроф ба шавҳар дода буд, аз ҷумла духтари калонаш Нозбӯро ба деҳае аз такоби дара. Шери Хол бо дӯсташ Холдору ду хеши дигар озими такоба шуд. Пайдост, ки серо гузаронида, қасди деҳа кардаанд ба таваккал, чароки мошини роҳгузар тангёб буд дар ин ҷода. “Аз як рӯ бахташон хандид, ҳарчанд сабаб‒ марги Людмила Павловна шуд, аз рӯи дигар шип‒ шилта тар мешаванд. Сазои сараш‒ ин коҳиш ба ҳаққи Шераки Хол буд,‒ мемурд як шаби дигар назди хешони тозаёфтааш бихобаду субҳ бо мошини пӯшида деҳ равад”.
Ҳарчанд борон чун аз новдон мерехт, қатрае даруни тобут намечакид. “Мисли усто Шоҳак ҳалолкор будааст”, ‒ устои тобутсозро пеши худ таъриф кард Навбахт.
Борон базарба шифти тобутро мекӯфт, ҳамсафарони аз ҳамсафари даруни тобут бехабари ӯ, баланд-баланд гап мезаданд, Навбахт онҳоро аранг-аранг мешунид.
— Ин чӣ бошад?‒ мепурсид яке ки аз рӯи гап тобутро ҳеч гоҳ надида буд.
— Инро русҳо “гроб” мегӯянд,‒ ин овози Холдори Чилдурӯғ буд, ки ба қавли ҳамдеҳагон гоҳу ногоҳ илми худро алам кардан мехост,- мурдаро кафанпеч не, бо либоси тип-тоза ё напа‒ нав мегузоранд андаруни ин сандуқ, баъд сарпӯшашро мехкӯб мекунанд.
— Чаро ин тур мекунанд? Мункару Накир оянд, чӣ ҷӯрӣ сар мебардоранд?
— Инҳо қавми доноянд ва аз ману ту хеле пеш рафтаанд,‒ мегуфт Холдор ва ошкор буд, ки аз гӯл задани ҳамдеҳааш завқ мебарад,‒ ва боз шаробӣ ҳам ҳастанд, мисли Мираку Пираки худамон, аз ҳамун даруни сандуқ онҳоро бо се ҳарф “гумбод шав!” ‒ мегӯянд.
— Худоё, тӯба кардам, ки ин ҳарфҳои куфрро мешунаваму имонам, ки ковок аст, дур нест бовар кунам.
— Сиёсати ин дунё вожгуна шудааст, бубин Исталинро, ки аз ном бурданаш Замин меларзид, чи кор карданд ва ин шермардро ки – Холдор Н. С. Хурушёвро дар назар дошт – бо туфлии пояш минбари ООН-ро мекӯфт, куҷо ронданд… шояд дар ун дунё ҳам дигаргунӣ шуда бошад.
— Ба сафсатаҳои ин суханбоф фирефта нашав!‒ Навбахт овози Шераки Холро шинохт,‒ Мункару Накир бо як зарби гурз ин сандуқро, бигузор аз чӯб не, аз пӯлод бошад ҳам, тикаву пора мекунанд. Беҳтараш жожхоӣ накунему биандешем, ки ин сандуқи чӯбинро куҷо мебаранд?
— Боз Лудаи худамон, худо нокарда, мурда бошад?‒ бо тарс пурсид яке аз хешони Шери Хол. Овози ӯро ҳам Навбахт нашинохт.
— Не, ‒ гуфт Холдори Чилдурӯғ, ‒ Лудаи мо хеле ҳузарбу ҷонсахт аст, ба ин зудиҳо ба мурдан тан намедиҳад.
— Аҷал, ки расид, ба зарбу чарби ту наменигарад,‒ овози Шераки Хол буд.
Борон ист кард. Навбахт, ки каме ба тобут хӯ гирифта буд, аз он берун шудан нахост, вале мошин андаке пас таваққуф карду вай фаҳмид, ки ба деҳ расидаанд, ночор сарпӯшро бардошт. Сарпӯшро бардоштани ӯ ҳамон буду бо доду фиғон худро аз кафаи мошин ба зер партофта гурехтани “ҳамсафарон”ҳамон.

***

Людмила Павловна дар деҳ бо ҳама унс гирифта буд, ба вижа бо кампири Осуда. Ангор онҳо ду дӯст дар як пӯст буданд. Ҳафтае ду- се раҳ ҳамдигарро хабар мегирифтанд. Занҳои деҳ ӯро дар ғайбаш “ғарибак” ва рӯбарӯ “апаи Луда” мегуфтанд…
Манзили зисти Людмила Павловна аз даҳлезу як дар хона иборат буд. Даҳлези панҷболора ошхона ҳам маҳсуб мешуд, чароки бобои Маҳрбон дар як кунҷи он оташдону ба усули бобоӣ дудкаш ҳам дуруст карда буд. Кампири Осуда мегуфт: “биё Луда, як ҳашари дигар ба роҳ монем ва ба ту ошхона созем”. Людмила Павловна даст меафшонду ба русӣ мегуфт: “зачем, Асия, лишный хлопот? Зимистон боз як боми дигарро пок кардан мебояд”.
Бобои Маҳрбон дар таҳи оташдони даҳлез барои кӯмочу кулчапазӣ тобасанг ҳам гузошта буд.
Аммо Людмила Павловна навпардозӣ намуд. Вай рӯи ин тобасанг нони русӣ бо номи “каравай” пухта занҳои деҳро ба ҳайрат овард. Хамирро бо хамирмоя мешӯрид, зувола мегирифт, ба латае мепечонду то расидан канор мегузошт. Баъд дар оташдон алов рӯшан мекард, чун хамир мерасид, лахчаҳои фурӯзонро канор мезад, тобасангро аз хокистар пок мекарду рӯи он хамирро мегустурд ва болои хамир ба ҷои баргҳои карафс(куруш) таштаке сарнагун мегузошт ва болои таштак лахчаву хокистари тафсонро мекашид. Соате пас таштакро мебардошт, қаблан болои онро аз сӯхтаҳо тоза карда. Агар шоҳиде мебуд, ноне ба шакли хоричи* тани чормағз, вале ба андозаи таштак варамидаву сип‒ сурх пухтаро дида ба ваҷд меомад.
Бибирасо, зани бобои Маҳрбон ба вай кӯмочу кулчапазиро ёд дода буд, аммо ба Людмила Павловна нони худаш пухта писанда буд. “Ба кулча ширу хомак(рӯи шир) даркор, кӯмоч зуд қоқ мешавад, як каравай ба хуриши ҳафтаинаи ман басанда аст”, ‒ баҳона пеш меовард вай. Нони худашро бо корд тика-тика мебурид, ки дар деҳ расм набуд. “Хушхӯр мешавад” ‒ худро сафед мекард.
Боз як хурише ки вай дуруст мекарду дар деҳ, аз он хабар надоштанд, “кадузиндонак” ном дошт. Мегуфт, ки аз як зани шаҳрӣ ёд гирифтааст. Кадуро мисли тарбуз сар мебурид, донаву шилхаашро берун меовард, гӯшти кӯфтаи мурғ ё харгӯш бо иловаи лӯбиё, нахӯд, помидор, сир, гашничу шибит, зира, олуча…анбошта, сипас сари буридаи кадуро ба ҷояш мениҳод, кадуро бо се қабат барги карафс мепечонду рӯи тобаи тафсон мегузошт ва аввал хокистари сӯзону баъд лахчаҳои фурӯзонро рӯи он мекашид ва ҳамин тур соатеву ним пас ин ҳамаро канор мезаду кадуро берун меоварду карч‒карч рӯи табақи сафолии калоне‒ аз шаҳр харида оварда буд-гирд мечид, дурунмояро, ки қаблан ба хурмачае гирифта буд, рӯи он мерехт ва ба қавли сармаддеҳиён “хурише мешуд шоҳона!”. Вай ин хӯрокро соле як бор‒ дар иди Нуил(мавлуди Исо) омода менамуд ва кампири Осудаву бобои Маҳрбонро бо занаш даъват мекард.
Кампири Осуда ҳар зимистон ӯро барои паси сар кардани сармо ба хонааш фаро мехонд, вале Людмила Павловна қатъан сар намефуровард: “сарбори касе набуд ва будан намехоҳад”.
Аз кӯҳу пуштаҳои атроф ҳезум захира мекард ва зимистон топуро метафсонд, паҳлӯи он рӯи пӯстаки кампири Осуда дода менишасту ҷуробу нимча(кофта) мебофт аз калобаҳое ки занҳои беҳунару танбали деҳ барояш меоварданд.

***

Чун хабари расидани тобут ба Сармаддеҳу Сумиганҷ расид, дар деҳ мондагон аз соҳили чапу дар Сумиганҷ будагон аз соҳили рост ба дидани он баромаданд. Гробро ба истиснои ду-се нафар дигар касе надида буд. Аз дидани он ба ҳайрат афтоданд. Ҳамин ки кашишро диданд, ҳайраташон як бар даҳ афзуд. Пӯшаи “муллои урус” дар назарашон хеле аҷиб менамуд, ба вижа кулоҳи сараш. Дар филме ки мошини синамои сайёр оварда намоиш дода буд, тори сари қизилбоше** дида буданд, танҳо он сурх буду ин сиёҳ.
Ду ҷавонмард аз хешони Шераки Хол‒ баъди бо доду вой худро аз кафаи мошин ба зер афкандану рӯ ба гурез овардан, Навбахт ҷеғ кашидаву худро ном бурдаву онҳоро бозпас хонда буд‒ тобутро бардошта меомаданд, баъд кашишу Навбахт ва аз паси онҳо Холдору Шери Хол пули ларзонро гузашта, худро ба ҳотаи Людмила Павловна гирифтанд.
Кашиш фармуд, ки тобутро ба хона дароранд. Пас аз донистани он ки се нафар машғули гӯрканианд, Навбахтро гуфт, ки устои чӯбтарош пайдо кунад. Чун усто Шоҳаки Ранда рӯбарӯяш қад алам кард, ӯро пурсид:
— Ҳеч салибро дидаӣ?
Усто ба инкор сар ҷунбонд.
— Агар ман расми онр бо андозаи рақамӣ рӯи коғаз кашам, сохта метавонӣ?
Усто ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Кашиш нигоҳи пурсон ба Навбахт дӯхт: “гунг аст магар?”
Навбахт бо лабханд посух дод:
— Ҷое ки бо имову ишора имкони гунгакӣ ҳаст, ҳаргиз гап намезанад.
Кашиш ангушти ишора боло бурду такон дод, яъне “хеле оқилона!”

***

Он чи ҳамаро шигифтзада кард, ин ба маросими тадфин омадани мулло Бухоризода буд. Эшон буданд, ки Людмила Павловнаро ба дини мубини ислом гаравонида буданд ва моҳе пас чун шуниданд, ки Людмила Павловна боз ба дини пешини худ баргаштааст, вокунише нишон надоданд, ором гуфтанд:
— Ман ба қазовати касе дар интихоби дин ҳақ надорам, Худованд худ довар аст.
Мулло Бухоризода рост ҷониби кашиш рафтанд, ӯро даст дода салом гуфтанд, ҳарфе чанд ҳар ду ба ҳам радду бадал карданд ва пас ба шонаҳои ҳамдигар дӯстона заданд. Ҳозирон оҳи сабук кашиданд, ки ин ду нафар зуд бо ҳамдигар забон ёфтанд.
Ба ногоҳ байни мардум миш‒ мише печиду боз ҳама рӯ ба пули ларзон гардонданд. Ин бор рӯи пул Нӯшинаи Париёр буд, ки даф ба каф меомад. Дар деҳ мегуфтанд, ки вай шабҳо ба ҷои болиш доираро зери сар гузошта мехобад.
Аммо ин тур набуд. Бечораро вақти гулу вақти хазон дарди хуфтааш бедор мешуд…Ба занҳои деҳ мегуфт:
— Гоҳи гул бол кушоданам ба ёд меояду гоҳи хазон пар рехтанам. Ман худ парияму аз буданам мардум бехабаранд.
Ҳоло меомаду ба даф каф не, нарм-нарм ангушт мезад ва замзама мекард:
Менолам аз дасти аҷал,
Дармондаи шасти аҷал.
Аз реҳлати як гулнигор,
Як тан азизи ин диёр.
Сармаддеҳи мо шуд, ятим,
Бе Луда, биллоҳи азим.
Бе дӯстдору дастёр,
Бе дилфишону дилнисор.
Чун хаткашони номабар,
Мебурд некӣ дар ба дар.
Гулдаст буду пурҳунар,
Дар ҷамъи мо бологузар.
Мезист он некӯҳадаф
Дар сарҳади шаъну шараф.
Буд ӯ мусулмонтар зи мо,
Хеле баимонтар зи мо….
Ду нафар хостанд раванду пеши роҳашро гиранд ва ӯро ба деҳ баргардонанд, Мулло Бухоризода нагузоштанд.
— Кордор нашавед, ҳарчанд чун бузича беқарор менамояд, лек чун мусича беозор аст.

***

Гӯрро зери назари Шаҳрони Салмон ба истилоҳи имрӯза “қоидавӣ” канда буданд. Кашиш Шаҳрони Салмонро таҳсин кард. Кампири Осуда мурдаро шуста либосҳои покиза пӯшонида буд. Кашиш кампири Осударо таҳсин кард. Усто Шоҳаки Ранда салибро сохта бардошта оварда буд. Кашиш дасташро мушт карда нарангушташро бардошту ба ӯ нишон дод, яъне “олӣ!”. Пас каме ба фикр фурӯ рафт, ки гӯяд ё нагӯяд, билохира гуфт:
— Мо тарсоён маросими ёдбуд дорем.
Пираку Мирак ба як овоз гуфтанд, ки “мо ғами онро барвақт хӯрдаем”.
Кашиш онҳоро низ таҳсин кард ба русӣ:
— Молодцы!
Людмила Павловнаро ба тобут гузоштанд, сарпӯшро мехкӯб карданд ва омодаи бардошта бурдан буданд, ки ногоҳ фикре гирди сари Парвонаи Шопур тоб хӯрд. Гирди сари ӯ гоҳу ногоҳ фикре тоб мехӯрд ва ҳамаро безор мекард. Мисли ин ки ҳашари хукхона сохтанро ба роҳ монда буду Людмила Павловнаро аз шаҳр гӯл зада оварда буд. Ҳоло низ фикре, бемавқее гирди сараш тоб хӯрду болои суффа баромаду гуфт:
— Мо аввал бояд митинг кунему баъд марҳумаро ба хок супорем.
Ҳама хомӯш буданд. Ҳеч кас намефаҳмид, ки барои ба хок супоридани Луда‒ Палвон чаро бояд митинг кунанд. Ё дар дини масеҳӣ чунин расм аст? Аз ин рӯ ҳама хомӯш буданд, ҳатто “муллои русӣ” ҳам.
Парвонаи Шопур ба муаллим Озар рӯ овард:
— Муаллим, шумо марҳумаро хуб мешинохтед ва ҳам равшанфикри ангуштшумори ин деҳа ҳастед, сухане гӯед.
Парвонаи Шопур дар баъзе ҷамъомадҳо бо қат кардани ангуштҳояш равшанфикрони деҳро як-як ном мебурд: муаллим Озар, ҷангалбон Навбахт, хуб… ман, муаллим Барзу, муаллима Нӯша…чун навбат ба ангушти хурдӣ мерасид, каме таваққуф мекарду ангор хоҳу нохоҳ мегуфт: “хайр, гуфтем мулло Бухоризода”.
Муаллим Озар чору ночор аз ҷо баланд шуд. Даме чанд андешид, ки чӣ гӯяд, чӣ гуна оғозад, ниҳоят ба гап даромад:
— Марг ин интиҳои ҷумлаи ҳаёти мост. Барои мо пӯшида аст, ки дар ахири ин ҷумла нуқта мегузоранд ё вергул. Писари ман мегӯяд, ки нуқта мегузоранд, мулло Бухоризода мегӯянд, ки вергул… Ҳамин Людмила Павловна аз мо чи фарқе дошт? Ҳеч! Ба ғаму шодиамон шарик буд. Ҳадде байни худу мо намедид, мо ҳам ҳамчунин. Бо дастранҷи худ мезист, рӯи ниёз ба касе намеовард. Як ғариба ибрати мо бумиён буд. Худо биёмурзад, агар гуноҳе карда бошад, Худованд бахшояндаву меҳрубон аст, ҷояшро биҳишт гардонад…
Муаллим Озар хомӯш шуд ва баъд ба чи фикре кулоҳи лабадорашро аз сар гирифту сар хам кард. Дар деҳ ду нафар кулоҳи лабадор мепӯшиданд, муаллим Озару Парвонаи Шопур. Ӯ ҳам беихтиёр кулоҳашро аз сар гирифт, ҳамоно осема бозпас ба ҷояш гузошт. Даме пас ба худ омаду гуфт:
— Ташаккур муаллим, хело гапҳои бомаза гуфтед,‒ баъд ба тӯдаи гирду пеш нишаста нигаристу афзуд, – Боз кӣ сухан гуфтан мехоҳад?
-Ман! ‒ садо аз ҷамоати занҳои канортар аз мардҳо нишаста баланд шуд.
Ҳама рӯ гардонданд ва кампири Осударо диданд, аз байни занҳои шохзону зада қад барафрохта буд. Даъвати Парвонаи Шопурро ба “минбар”‒ суффаи зери бурс мунтазир нашуда, худ болои он баромад.
— Ман, ‒ такрор кард кампири Осуда,‒ пеши худ мардумро ба ду тоифа ҷудо кардаам‒ неки нек, бади бад, миёна ҳаволааш ба худо. Ҳамин занаки ғариба неки нек буд. Касеро бад намегуфт, касеро бад намехост, дар сурамон чун кӯдак шодӣ мекарду дар сӯгамон чун тарчашм ашк мерехт….ашки ростин. Зани хелеҳо шӯрбахт буд, лек пеши касе наменолид. Шояд дарун‒ дарун месӯхт…месӯхт ҳам, пеш аз марг ба ман иқрор овард, ки гоҳу ногоҳ болои ҳо ун тепаяк‒ имрӯз хонаи охираташ мешавад-нишаста чун занони ҷигархастаи деҳа мунга мекардааст. Вой шӯри пешониаш! Боз рӯбарӯи мо бо лабони шукуфон пайдо мешуд. Вақте ман чашми ӯро мепӯшидам, аз зери мижгонҳояш ду чакра ашк шорид, баъд қатра шуд, ғеле заду ях баст…
Кампири Осударо гиря гулӯгир гардид. Ӯро ҳеч гоҳ дар чунин ҳол надида буданд. Мардҳо ба риққат омаданд, занҳо баякбор нолаи зор ба роҳ монданд.

***

Чор ҷавонмард тобутро бардоштанд. Дигарон аз пас саф оростанд. Бо ишораи кашиш ҳама ба роҳ афтоданд. Аз ҷамоати занҳо танҳо Нӯшина шуда буд ҷудо, аз паси ёрони тобут секин‒секин мерафту маҳин‒маҳин ба доира ангушт мезад ва замзама мекард:
Бадруд, эй тоҷикурӯс,
Дар ҳиҷлаи Ҳақ, наварӯс,
Эй, Лудаҷони мо, видоъ,
Ҷаннатмакони мо, видоъ.
Эй кош, аҳли ин ҷаҳон,
Якдин шаванду якзабон.
Ҳамдил шаванду ҳамназар,
Ҳамофтобу ҳамқамар.
Рафтиву мондӣ ҷон ба ҷон,
Эй моҳи пайдову ниҳон.
Не, не ту ҳоло зиндаӣ,
Хуршеди бозояндаӣ….

БУНГУФТОР

Бегоҳи ҳафт кампири Осуда ҳамроҳи Бибирасо ба боздиди гӯри Людмила Павловна рафтанд. Чун ба гӯр наздик шуданд, диданд, ки гирди онро панҷараи оҳанӣ гирифтаанд.
— Кори Навбахт!- пеши худ гуфт Кампири Осуда.
Ба гӯр расиданду рӯи он лавҳмармаре бо гӯрнабиштае чунин ёфтанд:
Рафт он меҳрубони Сармаддеҳ,
Хушзабон Лудаҷони Сармаддеҳ.
На, набуд ӯ ғарибу бекасу кӯй,
Мо ғарибем баъди рафтани ӯй.

Людмила Павловна
(Луда-Палвон)
۱۹۱۴(Русия) – ۱۹۶۷(Сармаддеҳ)
—Кори усто Шоҳаки Ранда!- баланд гуфт Кампири Осуда ба Бибирасои дар ҳайрат монда.

***
Поён

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com