(Баргардонанда Меҳрангези Саъдӣ, фаъоли фарҳангии самақандии муқими Омрико)

Амина Шарофиддинова аз фаъолони иҷтимоӣ ва фарҳангии Самарқанд, ки беш аз ду даҳа дар арсаи тарбияти муаллим ва омӯзгор дар маркази фарҳангӣ ва дар созмонҳои давлатӣ дар даврони шӯравӣ фаъолият дошт. Хонуми Шарофиддинова аз замони фурӯпошии шӯравӣ то ҳол ки беш аз ду даҳа аст, аз фаъолиятҳои фарҳангии худ мамнуъ будааст ва ҳол барои аввалин бор ба фаъолиятҳои худ ба таври расмӣ шурӯъ кардааст. Бо шурӯъи тағйирот ва беҳбуд ёфтани фазои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дохили Ӯзбекистон дар аввалин ҳамоиши саросарии форсизабонони Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ширкат кард. Ин ҳамоиш пас аз беш аз сӣ соли интизорӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Амина Шарофиддинова ҳоло пойи хат бо радио Замона сӯҳбат мекунанд:

– Салом мекунам, муаллима!

– Салом бар шумо, Шаҳзодаҷони азиз!

– Мехостам пеш аз ҳама аз ин тағйирот ва аз он чӣ бисёре аз корбарони тоҷик дар фазои интернетӣ аз он ба унвони “баҳори тоҷик” ном мебаранд, ба мо бигӯед, ки ин “баҳори тоҷик” дар дохили кишвар чӣ гуна эҳсос мешавад?

– Расидани “баҳори тоҷик” ба кишвари мо дар Осиёи Марказӣ аз ҳамон рӯзҳои аввали ба вазифаи худ шурӯъ кардани Шавкат Мирзиёев маълум гашта буд. Зеро аз рӯзҳои аввали омаданаш мо дидем, ки ин мард бо фармонҳову нишондодҳои паёпаяш мехоҳад маърифати мардумро баланд кунад, ба китобхонӣ ва мутолиъа даъват кунад. Раисҷумҳур барои пешравии афкори ҷомеъа, боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардум қарорҳо ва фармонҳо қабул кард. Ва инак, барои мо ин бовар накарданӣ буд, ки соли гузашта дар таърихи ۳-юми май дар Қасри Миллатҳо тамоми намояндагон ва фаъолони тоҷику тоҷикзабони ҷумҳурӣ даъват шуданд ва дар он замон аз онҳо дархости миллии онҳо пурсида шуд.

Агар бовар кунед, ягон нафари дар он толор нишаста бовар надошт ба гӯшҳои худ, ҳама ба ҳамдигар менигаристанд, ки чӣ тур шуда, ки пас аз ин қадар солҳои рукуд ва тӯлонӣ, пас аз ин қадар азобҳои кашида танҳо ба хотири тоҷик буданамон, чӣ замоне расида ҳоло, ки аз мо мепурсанд шумо чӣ пешниҳоду дархост доред ваё чӣ муаммо доред. Он ҷо мо баён кардем, ки барои мо бовар накарданист, зеро тӯли ин солҳо мо тоҷикон, мардуми таҳҷоии ин кишвар, талабҳои худро мегуфтем, аммо моро дар тарсу ҳарос нигаҳ медоштед, моро мезадед, чӣ шуда, ки имрӯз аз ҳоли мо мепурсед. Пас бигзор сарамонро бори охирин ба қулла гузорем ва ҳақиқатро гӯем, ки талабу дархостҳои мо инҳо ҳастанд. Вақте дархостҳоямонро гуфтем, ба пуррагӣ моро гӯш карданд ва аз мо хостанд, ки ҳамаи фикрҳоямонро ба шакли хаттӣ ба сарвари кишварамон расонем. Мардум баъд аз он дудила гашт,ки дар ин муддати интизорӣ чӣ мешуда бошад. Дере нагузашта оҳиста-оҳиста натиҷаҳои мусбати дархостҳоямонро дидем.

Ҳамин рӯйдодҳо аз расидани “баҳори тоҷикон”-и Ӯзбекистон дарак медод. Имрӯзҳо ин қадар ба миллати тоҷик ва тоҷикзабонон эътибор дар ҷумҳурӣ торафт баланд шуда истодааст, ки ҳатто ба қавли самарқандиён “нафасгардон” мешавӣ, зеро ҳамаи онро аз шодӣ якбора наметавонӣ ҳазм кунӣ. Дер пояд, чашм нарасад, Аз ин воқеаҳо ҳар як нафар ба худ хулосаҳои дуруст барорад ва барои худ дастур кунад; дар назди худ нақшаҳо гузорад ва нақшаҳои то ин дам амалӣ нагаштаи худро имрӯз пиёда кунад.

– Бале, дар ин номаи дархост ва пешниҳодҳое, ки бо роҳбарии шумо навишта шуду ба раисҷумҳур фиристоданд, чӣ чизҳоеро тақозо кардед? Ва фикр мекунед ки дар марҳилаи аввал ҳоло тоҷикон ниёз доранд, ки ба ин масоил бипардозанд? Мешавад онҳоро ном бибаред?

– Пеш аз ҳама, бинед, дар Ӯзбекистон зиёда аз ۵۰۰ нафар эҷодкорон ҳастанд, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд ва соҳиби китоб ҳастанд. Баъзе аз онҳо зиёда аз ۱۵-۲۰ китоб доранд, ки қариб ҳамаи онҳо аз ҳисоби худашон китобҳои худро мебароранд. Аммо ба чӣ гуноҳ бошад, ки аз соли ۱۹۹۴ то имрӯз аз ҳамин миқдори эҷодкорон ягон нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта нашудаанд. Талаби дуюми пешбарӣ кардаи мо дар мавриди телевизион буд. Дар телевизиони Ӯзбекистон даҳ шабака ҳаст, магар мумкин нест, ки ягон шабакаи онро соф ба забони тоҷикӣ кунанд? Агар имкон набошад, ақаллан ҳафтае як маротиба пурра ба тоҷикӣ шавад. Ё ҳеҷ набошад, ҳар рӯз ақалан як-ду соат барномаҳоро ба тоҷикӣ нишон диҳанд. Аз замони шӯравӣ барномае вуҷуд дорад бо номи Рангинкамон ки ҳафтае як маротиба ҳамагӣ ۲۰ дақиқа намоиш дода мешавад. Магар намешавад муддати онро тӯлонитар кунанд? Солҳое буданд, ки ҳатто қарори ҳукумат буд, ки ба тоҷикон иҷоза медод исму насабашонро ба миллият мувофиқ гузоранд. Фарз кардем барои чӣ арманӣ худро Петросян ва гурҷӣ Пахарашвили номгузорӣ мекунад? Ва аммо чаро мо наметавонем худро Маҷидӣ ё Юсуфӣ бигӯем?

Вақте қӯдак таваллуд мешавад шумо ба шӯъбаи сабти ақди никоҳ ва шаҳрвандӣ равед ва муроҷиат кунед, албатта ба мамониатҳо дуҷор мешавед. Намегузоранд, ки чунин ному насаб гузоред. Ҳатман Юсуфова ё Маҷидов шудан лозим аст. Нуктаи дигаре, ки мо оиди он навиштем, шумори мактабҳо буданд. Солҳои ۱۹۹۵-۹۶ танҳо дар вилояти Самарқанд ۶۰۵ мактаби тоҷикӣ вуҷуд дошт ва ҳоло чӣ? Чанд адад монданд аз онҳо? Ҳатто ۲۰ адад нестанд! Ҳамон ۲۰ то ҳам бошад… Пас суол ба миён меояд, ки ин ҳама тоҷикон куҷо рафтанд? Якбора хестанду гурӯҳ-гурӯҳ кӯч бастанд ба ҷое? Ё вабо расид ба инҳо? Ё тоҷик назод дигар фарзанд?

Дархостҳоямонро, ки бештар аз ۲۰ то буданд, дар асоси шароити Самарқанд гуфтем, аммо хурӯс дар ҳама ҷо, манзур ҳама вилоятҳо, як хел ҷеғ мезанад. Агар дар ёд дошта бошед, дар қарибии Регистон пайкараҳои Ҷомӣ ва Навоӣ қад меафрохтанд. Он нишонаи дӯстӣ ва рамзи садоқати шогирд ба устод буд. Ҳар раҳгузар, ки аз он ҷо мегузашт, ақаллан ҳамон ҳайкалро медид ва дилаш гарм мешуд. Чаро онро аз чашми мардум дур кардед? Агар шикаста бошад, таъмираш кунед ё дигарашро созед ва ба ҷояш бозгардонед. Пайкараи мисини Рӯдакиро аз пояш кандед ва ба ҷои он як нимпайкараи гаҷиро ба ҷое аз чашми мардум дур гузоштед. Дар таҷрибаи Ӯзбекистон мо бисёр шоҳид шудаем, ки ҷои муҷассамаҳоро чандин бор иваз кунанд. Пас чаро ҳамон пайкараи мисинро аз маҳали Регистон гирифта ба ҷои имрӯзааш нагузоштед ва ҷояш нимпайкараи гаҷӣ гузоштед? Тақдири пайкараи аввал чӣ шуд- пурсидем мо. Онҳо метавонистанд пайкараи Рӯдакиро ба Бухоро баранд, агар воқеан дар Самарқанд ҷой набуд.

Мумкин буд ки барои мо рӯзнома ё маҷаллаи касбӣ ташкил кунанд. Ба забони ӯзбекӣ ин гуна маҷаллаҳо зиёданд. Мо пешниҳод кардем ки барои шоиру нависандагон маҷаллае таъсис дода шавад. Дархостҳо ниҳоят бисёр буданд. Масъалаи дигар марбут ба таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон буд. Мо афроде дорем, ки макотиби олии Тоҷикистонро хатм карда ва дар худи Ӯзбекистон чандин сол фаъолият кардаанд. Дар мисоли Шӯҳрати Бобоҷон агар бигӯем, ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст ва муддати ۱۸ сол дар як деҳи шаҳри Ангрен ба синфҳои ибтидоӣ таълим медиҳад. Бар хилофи доштани чандин соли собиқаи корӣ аз ӯ талаб кардаанд, ки мадракашро аз “настарификатсия” гузаронад, вагарна иҷозаи таълим додан нахоҳад дошт. Ин мард, ки ҳоло соҳиби фарзандони бузургсол ҳаст, имрӯз дар соли чаҳоруми донишгоҳи Ангрен таҳсил мегирад. Худи Шӯҳрати Бобоҷон шоъири тавоно аст. Яъне як омӯзгор агар дипломашро аз “настарификатсия” нагузаронад, кораш барор намегирад, Худи “настарификатсия” кори осоне нест; ҳар диплом ё тахассусро настерификатсия намекунад. Мо монади ин талабу дархостҳоро пеш овардем.

– Вале фикр мекунед, ки ин дархосту пешниҳодҳои шумо ба зудӣ амалӣ мешаванд? Ё инҳо фазои эҷодшуда фақат намоишӣ аст? Ё фикр мекунед, ки воқеан ҷиддӣ аст? Бовар мекунед, ки дархостҳои шумо шуданӣ ҳастанд ва мешаванд?

– Агар рости гапро гӯям, дудила ҳастам, ҳоло фақат ҳамин гуна барномаҳои фарҳангӣ рӯй медиҳанд. Дар арсаи таълими халқӣ, томактабӣ ва олии Ӯзбекистон навгониҳои зиёде рӯй медиҳанд. Дар донишкадаи Фарғона бахши тоҷикӣ кушода шуд. Дархостҳои мо кам-кам амалӣ мешаванд. Кошки ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шудани адибонамон амалӣ мешуд. Ба мо ваъда доданд, ки аз Тошканд маҷалла таъсис мешавад ва мо маводи онро ҷамъ кунем. Бовар кардем ва умед дорем, ки маҷалла ҳам таъсис ёбад.

– Дар баҳори имсол қарор аст, ки Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар кунад ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Дархостҳои шумо аз роҳбарони ин ду кишвар чиҳо ҳастанд? Мехоҳед ба кадом масоил ба марҳилаи аввал бипардозед? Ниёзи аввалияи точикони Ӯзбекистон чӣ ҳаст?

– Ниёзи аввалини мо, албатта, аз байн будани виза аст. Ин якум аст. Мо умед дорем, ки дар ин бора ба як тасмиме мерасанд. Мо давоми солҳои тӯлонӣ ҳар қадар ки аз ҳамдигар дур афтодем, ҳамон қадар ба ҳамдигар эҳтиёҷ пайдо кардем. Мо аз бисёр чизҳо дур шудем. Мо ҳатто оддитарин маълумотро дар бораи адибон, адабиёт ва ҳатто адабиёти Ӯзбекистонро намедонем. Кас дар ҳайрат мемонад, ки фалон эҷодкор аз олам гузаштааст. Умед дорем бо бардоштани виза алоқаҳои фарҳангӣ зиёдтар шаванд. Баъдан, кошки ба макотиби олии Тоҷикистон, ки пештар дар замони шӯравӣ буду мо аз он фақат бурд мекардем, чавондухтарону ҷавонписарони мо барои таҳсил дохил бишаванд.

Пайванди ин гуфтугӯ бо хатти форсӣ

 Дархости форсизабонони Ӯзбекистон

-бардоштани виза ё раводиди сафар ба кишвари ҳамзабони Тоҷикистон
– ба унвони забони расмии дуввуми кишвар эълом шудани забони форсии тоҷикӣ
-роҳандозии мактабҳои басташуда
-боз кардани маҷаллаи форсии тоҷикии ҷумҳуриявӣ
-форсии тоҷикӣ шудани яке аз даҳ шабакаи телвизионии Ӯзбекистон
-баргузории ҳамоишҳои саросарӣ дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин
-баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ бо ҳамзабонони дигар
-баргузории ҳамапурсии саросарӣ байни устодони донишгоҳҳои тоҷик ва омӯзгорон ва зиёиёни мактабҳо ва баррасии мушкилоти маҳаллаҳои тоҷикнишин ва расидагӣ ба ниёзҳои онҳо аз тариқи марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои давлатӣ
-осон шудани интиқоли китобҳои форсии тоҷикӣ аз Тоҷикистон аз роҳҳои заминӣ ва гумрукӣ ва аз постхонаҳои давлатӣ бо ҳазинаи пойинтар нисбат ба колоҳои дигар
-ҷудо кардани будҷаи давлатӣ барои тавлид ва интишори китобҳои дарсӣ ва омӯзишӣ
-табодули китоб байни тоҷикон ва ӯзбекони ду кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
-тақвияти марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-интихоби райисони кордону дилсузи миллат дар марокизи фарҳангии тоҷик
-боз кардани бахши форсии тоҷикӣ дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон
-афзоиши теъдоди нависандагони тоҷики Ӯзбекистонӣ дар иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон
-бозгардондани пайкараҳои Рӯдакӣ ва Ҷомиву Навоӣ ва муъарифии улгӯҳои ҷадиди фарҳангӣ ва торихӣ то ҷавонон ба онҳо бингаранд ва ба фарҳангу торихи худ рӯ оранд
-бузургдошт аз устодони донишгоҳ ва донишмандони тоҷик ки саҳми арзанда дар иртиқои ҷомеъа ва фарҳанги худ доштаанд
-сафед кардани номҳои чеҳраҳои фарҳангии тоҷик, ки беҳуда бадном ва мамнӯъ аз сӯҳбат дар расонаҳо шуданд ва бекор ва хонашин шудаанд
-баргузории бузургдошти сазовор аз Садриддин Айнӣ дар ۲۷ моҳи апрел ба муносибати солгарди ۱۴۰-умини ин чеҳраи муҳимми тоҷик дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин ва ба вежа дар Бухоро, зодгоҳи устод Айнӣ, ба вижа Соктаре абгору хароб аст ва ниёзманди тармими муфассал аст
– боз шудани мактаби форсии тоҷикӣ ба номи Садриддини Айнӣ дар шаҳри Бухоро
-бознашри ҳамаи осори Садриддин Айнӣ ба ду забон, ҳам забонҳои форсии тоҷикӣ ва ҳам ӯзбекӣ ва эҳё кардани маркази Айнӣ дар Бухоро
-иҷозаи номгузории суннатӣ бидуни “ова” ва “ов” и русӣ
-таъсис ва фаъол кардани интишороти форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-бардоштани настарификатсия-тадбиқсозии мадракҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон
-тарбияти омӯзгорони тоҷик дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва боло бурдани дониш ва маҳорати устодони донишгоҳҳо ва омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ
-баргузории мусобиқаҳои достонҳои кӯтоҳ, румон ва шеър дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ
-боло бурдани сифати чопи китоб ва афзоиши китобҳои форсии тоҷикӣ
-додани гузарнома (паспорт) ва мақоми шаҳрвандӣ ба тоҷиконе, ки солҳо бемадрак сарсонанд
– таин намудани ноиби сарвазир оиди мушкилоти тоҷикон, ва ӯзбекон ва намояндаи ноиби маҷлис миллӣ оиди мушкилот ба қонуни ҷумҳурӣ
-илова кардани моддаҳо ва зермоддаҳо аз ҳуқуқи тоҷикон ва ӯзбекон
-таъсиси коллеҷҳои тахассусӣ баро тоҷикон ва таъмин ба кори мутахассисони бекор
-таъсиси нашрияи ҷумҳуриявии кӯдакон
– таъсиси гурӯҳҳои томактабӣ дар боғчаҳои маҳаллӣ
– сабти миллият ҳар шаҳрванд дар шиносномаҳо тибқи қарори Шӯрои депутатҳои вилоят дар соли ۱۹۹۰
-таҷлил ва бузургдошти бошукӯҳ аз Сайидо дар ватанаш
-тармими мақбараҳои бузургон …

 

 

درخواست فارسی‌زبانان ازبکستان:

– برداشتن ویزا یا روادید سفر به کشور همزبان تاجیکستان
– اعلام شدن زبان فارسی تاجیکی به عنوان زبان رسمی دوم در ازبکستان
– راهانداری مدرسه های فارسی بسته شده
– تاسیس و انتشار مجله ای فارسی در سطح ملی
– اختصاص یکی از ده شبکه تلویزیون دولتی به زبان فارسی تاجیکی
– برگزاری همایش های سراسری در همه شهرهای تاجیک نشین
– برگزاری همایش های فرهنگی با همزبانان دیگر
– برگزاری همه پرسی سراسری بین استادان و ضیائیان مدرسه ها و بررسی مشکلات محله های تاجیک نشین و رسیدگی به نیازهای آنها از طریق مرکزهای فرهنگی و سازمان های دولتی
– آسان شدن انتقال کتاب های فارسی از تاجیکستان از راه های زمینی و کاهش مقررات گمرکی و نیز تسهیل رساندن کتاب از طریق پستخانه های دولتی با هزینه پایین تر نسبت به سایر کالاها
– اختصاص بودجه دولتی برای تولید و انتشار کتاب های درسی و آموزشی
– تبادل کتاب بین تاجیکان و ازبکان دو کشور همسایه ازبکستان و تاجیکستان
– تقویت مرکزهای فرهنگی تاجیکان در شهرهای تاجیک نشین
-انتخاب رئیسان کاردان و دلسوز ملت در مراکز فرهنگی تاجیک
– افزایش تعداد نویسندگان و شاعران تاجیک ازبکستانی در اتحادیه نویسندگان تاجیکستان
– بازگرداندن پیکره‌های رودکی و جامی و نوای و معرفی الگوهای جدید فرهنگی و تاریخی تا جوانان تاجیک به آنها بنگرند و به فرهنگ و تاریخ خود رو آرند
– بزرگداشت از استادان دانشگاه و دانشمندان تاجیک که سهم ارزنده در ارتقای جامعه و فرهنگ خود داشته اند
– سفید کردن نام‌های چهره‌های فرهنگی تاجیک که بیهوده بدنام و ممنوع از صحبت در رسانه‌ها شده‌اند و بیکار و خانه‌شین شده‌اند
– برگزاری بزرگداشت سزاوار از صدرالدین عینی در ۲۷ ماه آوریل به مناسبت ۱۴۰-مین سالگرد تولد این چهره مهم تاجیک در همه شهرهای تاجیک‌نشین و به ویژه در بخارا، زادگاه استاد عینی، به ویژه در ساکتره، که حالا ابگار و خراب است و نیازمند ترمیم مفصل است
– باز شدن مدرسه‌های فارسی تاجیکی به نام صدرالدین عینی در شهر بخارا
– بازنشر همه آثار صدرالدین عینی به دو زبان، زبان‌های فارسی تاجیکی و ازبکی و احیا کردن مرکز عینی در بخارا
-اجازه نام‌گذاری سنتی بدون «اوف» و «آوا»ی روسی
– تاسیس و فعال کردن انتشارات فارسی تاجیکی در شهرهای تاجیک‌نشین
– حذف تطبیق‌سازی مدرک‌های دانشگاه‌های تاجیکستان در ازبکستان
– تربیت آموزگاران تاجیک در دانشگاه‌های تاجیکستان و بالا بردن دانش و مهارت استادان دانشگاه‌ها و آموزگاران مدرسه‌های تاجیکان
– برگزاری مسابقه‌های داستان‌های کوتاه، رمان و شعر در سطح شهری و جمهوری
– بالا بردن کیفیت چاپ کتاب و افزایش کتاب‌های فارسی تاجیکی
– دادن گذرنامه (پاسپورت) و مقام شهروندی به تاجیکانی که از تاجیکستان برگشته اند و در زادگاه خود در ازبکستان بی مدرک سرسان اند.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com