باباجان شفیع، منتقد تاجیک مقاله مفصلی در باره روزگار و فعالیت رحیم مسلمانیان، پژوهشگر بنام تاجیک، نوشته است. رحیم مسلمانیان سال 2016 پس از سال‌ها زیاد فراموشی (آلزایمر) در شهر دوشنبه، در تاجیکستان درگذشت. رحیم مسلمانیان از چهره‌های شناخته تاجیک بود که دوران جنگ‌های داخلی تاجیکستان به ایران مهاجرت کرد و دوباره پس از گرفتاری به بیماری فراموش‌خاطری به دوشنبه بازگشت. از مهم‌ترین کتاب‌های رحیم مسلمانیان کتاب “نظریه ادبیات تاجیک” است. باباجان شفیع در این مقاله می‌نویسد رحیم مسلمانیان در طول فعالیت خود هزار هشت مقاله و سی و هفت کتاب نوشته است و همیشه علم را بر سیاست ترجیح داده است. این مقاله را با خط سریلیک می‌توانید بخوانید.

رحیم مسلمانیان (1938-2016)

…Профессор Сатторзода, ки ҳамкасбаш Мусулмониёнро дар муҳоҷират ҳам аёдат мекард, мегӯяд: “Чанд соле, ки дар Эрон буданд, хеле корҳои арзишмандеро дар муаррифии адабиёти Мовароуннаҳр, бахусус адабиёти тоҷик, назму насри гузаштаву имрӯзаи тоҷик анҷом доданд. Хеле корҳоеро ба сомон расонданд ва рисолаву китобҳоеро ба дасти чоп доданд, ки бо сабабҳои гуногун на ҳама дар дохили кишвар аз он хабар доранд. Ба мисли “Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд” (соли 1997), “Ситораҳои Помир” (соли 2004), “Форсиву дарӣ” (соли 2004), “Тоҷикон дар таърих” (соли 2004), китоби шеърҳои устодон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, романи Кароматулло Мирзо “Дар орзуи падар” ва ғайра”…

Раҳими Мусулмониён: олиме, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод

Ду сол пеш хабари фавти устоди шодравон Раҳими Мусалмониён маро дар як поси шаб дарёфт. Замоне буд, ки баъди фароғат аз ташвишҳои рӯзгор мехостам каме истироҳат кунам. Ва як занги телефонӣ ҳаввосамро парешон кард: устод Раҳими Мусалмониён даргузаштанд.
Ин паёми кутоҳ бас буд, ки дар он торикии шаб фиғон кунам, хотиротамро такурӯ намоям, як бори дигар савори шаҳпари хотираҳо фарозу нишеби беш аз бист соли пешро тай кунам.
Оре, беш аз бист соли пеш. Солҳое, ки фазои Тоҷикистони азиз бӯйи борут мекард, замоне, ки ҷаҳл бар ақл пирӯз шуда буд, замоне, ки хун мерехт ва садҳову ҳазорҳо азизон аз тарси ҷон аз кишвари маҳбуб фирор мекарданд. Ва дар миёни ин садҳову ҳазорҳо даҳҳо тан аз фарзонагони миллат дар қасди фирор аз кишвар зада буданд. Мерафтанд, ҳатто намедонистанд куҷо мераванд. Муҳим он буд, ки садои тирро нашнаванд, ҷонашон дар амон бошад. Чун тиру камон дар дасти касоне буд, ки ҳатто волидони худро омода буданд ба нишон гиранд.
Аввали соли 1993 бо устод дар яке аз ҷодаҳои пурҷамъияти Ишқобод тасодуф дучор омадем. Хеле лаҳзаи хотирмон, хеле ҳолоти аҷиб. Устод аз ин дидор ончунон хурсанд шуданд, ки гӯё фарзанди гумшудаи худро ёфта бошанд. Ва гуфтанд, метавонем дар хонаи иҷораи ишон будубош кунем. Ва чунин ҳам кардем. Ин ҳамзистӣ дар як утоқ Мусалмониёни олим ва пажуҳишгарро бароям бештар ошно кард. Дар кишваре, ки оби ғарибӣ нӯш мекардем ва бо дилҳои реш-реш дар ёди азизони худ рӯйи саҷҷода гирён будем, устод пайваста дар ҳоли мутолеа, пажуҳиш қарор доштанд. Сатрҳоро аз китобе ба китоби дигар мекӯчониданд, навиштаҳои пешини худро таҳрир мекарданд, хотироташонро рӯйи коғаз меоварданд. Ман даҳҳо саҳифа хотироти эшонро хондаам, ҳарчанд ҳоло намедонам он сатрҳои сӯзон ҷойе чоп шудаанд ё на.
Замони донишҷӯӣ саодати онро доштем, ки аз устод дарс биёмӯзем. Ҳанӯз китоби Атоуллоҳ Ҳусайниро ёд дорам, ки бо заҳматҳои эшон рӯйи чоп омада буд. Аммо дар ҳанишинии се-чормоҳа устодро ба гунаи дигар кашф кардам. Шояд ҳудуди бештар аз даҳ соли охир ва шояд бештар аз ин устод Мусулмониён бемор буданд, гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ, ки аслан касеро дигар ёд надоштанд. Ҳама донишҳо ва шинохтҳо хотироташонро тарк карда буд, касеро намешинохтанд, ба сони кӯдаке шуда, ки нав аз модар ба дунё омада ва муҳити атроф барояшон собиқа надошт.
Шояд чор сол пеш фарзандони устод бештар аз 4 ҳазор номгӯ китоби китобхонаи шахсии ишонро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Утоқи бузурге бо рафҳои озода аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷудо шуд ва онро китобхонаи шахсии профессор Раҳими Мусулмониён номиданд.
Ёд дорам дар маҳфиле ба ин муносибат устодони каломи бадеъ, донишмандон, фозилон, шогирдон ва пайвандони ишон гирди ҳам омадаву аз Раҳими Мусулмониён, шахсият ва ҷойгоҳаш дар илми адабиётшиносӣ, хидматҳояш дар пажуҳишҳои шоистаи илмӣ ёд карданд. Дар он ҷамъ профессор Абдунабӣ Сатторзодаро дидам, ки аз аввалинҳо шуда сухан мегуфт, сухан аз дӯст мегуфт, бародарвор мегуфт, аз олим ёд мекард, аз ҳамкасбу ҳамдаму ҳамнишинаш қиссаҳои ҷолиб мекард. Профессор Сатторзода солҳои сол бо Раҳими Мусулмониён зери як сақф ба шогирдон дарс гуфтаанд, даҳҳо шогирдони муштарак доранд, ки ҳар кадом имрӯз номбардорони устодони хешанд.
Ҳамчунин, профессор Баҳриддин Камолиддиновро дидам, ки аз ӯ балоғату фасоҳати сухан омӯхта будем ва ҳоло аз балоғати каломи Мусулмониён ҳарф мезад, аз бардоштҳои рӯзгори муҳоҷирати олим аз забони худаш нақл мекард, аммо нигарон буд, ки оё ин китобҳо то абад ҳифз мешуда бошанд?
Адиб ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазоро ҳам дидам, ки атри деҳаи Мусулмониён дар фазои китобхона мепошид, чун онҳо ҳамдеҳаву ҳаммактаб буданд ва яқинан риштаҳои хешутаборӣ ҳам доранд. Ва дар паҳлӯи ӯ шоири мардумӣ Сайдулло Амин ҳам менишаст, ки ифтихори ҳамнишинӣ бо устод Мусулмониён доштааст.
Ва Рустами Ваҳҳоб, олим ва шоир ҳам менишаст, ки дар дил бас суханони ногуфта дар ситоиши устод Мусулмониён дошт. Нигорандаву Рустам ҳамсабақем ва медонам, ки роҳбари рисолаи дипломии ӯ устод Мусулмониён буд ва табиист, ки назар ба ҳама шарикдарсон маҳз Рустам метавонист бо шахсияти устод бештар ошно бошад.
Модар шояд чизеро пай бурда буд…?

Руҷуъи якум

Мегӯянд замоне модараш ба писаронаш таоми шабмонда намедод, ки фаромӯшхотир мешаванд. Вале ин замон, дар ин синну сол дарде ӯро фаро гирифт, ки натанҳо фаромӯшхотир, балки комил ҳама чизе дошт, ҳатто исми зану фарзанд, гузаштаву имрӯзаи худ ва ҳамаро аз ёд бурд. Шахсияте, ки тамоми умр китоб аз даст нагузошт, то биёмӯзад ва садҳо тани дигарро биёмӯзонад, ҳоло ҳамаро фаромӯш карда буд. Ҳам хондаҳову ҳам навиштаҳо ва ҳам гуфтаҳоро. Ҳоло ба сони он тифли навзодест, ки намедонад аз куҷо омад ва куҷо равон аст ва чӣ мекунаду чӣ хоҳад кард. Хушо ба ҳолаш, ки дигар аз гирудори ин олами фосид ва ин ҷомеаи нимбемору бегона ба тинати азалии инсонӣ озод аст…

Ҳазору ҳашт мақола ва 37 китоби ӯ

Устод Раҳими Мусулмониён бидуни шак аз пуркортарин олимони кишвар буд, ки таълифоташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар берун аз хоки он, бахусус Эрону Афғонистон маъруфияти хоса дорад. Ба гуфтаи профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки солҳо паҳлу ба паҳлу бо ӯ кор мекард ва ҳатто муддате дар фаъолиятҳои сиёсӣ низ канори ҳам қарор доштанд, таълифоти Мусалмониён басо арзишманд ва қобили ситоиш аст.
“Раҳими Мусулмониён аз адабиётшиносони пуркор ва заҳматкаштарини Тоҷикистон ҳастанд. То соли 2006 медонам, ки муаллифи 35 китобу рисола буданд. Тӯли умр 1008 мақолаи илмӣ таълиф кардаву чоп намудаанд. 18 асарро аз забонҳои дигар тарҷума ва ё аз хати форсӣ баргардон кардаанд. 46 матни суханронии худро омодаи чоп намудаанд”.
Вале Бахтиёри Муртазо теъдоди асарҳои ӯро на 35, балки 37 медонад ва мегӯяд: “Дар охирин сӯҳбате, ки бо ҳам доштем, Раҳимҷон мегуфт, ки 37 китобаш чоп шудааст”.
Устод Сатторзода пажуҳишҳои Мусулмониёнро хеле ҷиддӣ ва дар мавзуъҳои мушкил медонад, ки арзиши бебаҳо доранд. Вале аз назари ӯ омодаву чопи китоби “Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ” аз пурзаҳматтарин кори илмии олим буд. Чун дастхатҳои нодири ин китобро Раҳими Мусулмониён аз китобхонаҳои хориҷи кишвар дастрас ва мавриди пажуҳишу омӯзиш қарор дод. Ин китоб хеле арзишманд аст ва аз мӯътабартарин дастури таълимӣ барои факултаҳои филология ба шумор меравад. Китоб то он замоне, ки дар Тоҷикистон дар шакли илмии матншиносӣ интишор ёфт, ҳатто дар Эрон чоп нашуда буд.
“Раҳими Мусулмониён Атоуллоҳ Масъуди Хусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифиро пайдо карданд, таҳия намуданд, ин китобҳо то он замон дар Эрон ҳам нашр нашуда буданд. Аммо тавассути заҳматҳои Раҳими Мусулмониён имрӯз олимони эронӣ ҳам аз он истифода мекунанд ва онҳо ошкоро инро як заҳмати пурарзиши олими тоҷик медонанд, ки хеле олимона ва муҳаққиқона ба чоп ҳозир карда шудааст”,- гуфт профессор Сатторзода.
Баъди таълифи ӯ дар Эрону Афғонистон ин ду китоб мунташир шуданд ва минбаъд ҳар пажуҳише сурат мегирифт, дар поя ва истинод ба матни ҳозиркардаи Раҳими Мусулмониён буд, ки ин бидуни шак мояи ифтихор аст.
Китобҳои устодро мекашидем

Тири адовати ҷанги ҳамватанӣ устод Раҳими Мусулмнониёнро ҳам нишон гирифт. Аввали соли 1993 эшон бо ҷумла фарзандони худ аз Душанбеи азиз хориҷ гашт, чун хатар ба ҷонаш ва ҷони хонаводааш таҳдид мекард. Дар шароити он рӯзи Душанбе, ки пур аз нерӯҳои бегона буд, касе кафолати зинда мондан надошт. Бо як имову ишора ҳар кас метавонист аз касе ҳам, ки замоне ихтилофи назар доштааст, қасос гирад. Мусаллаҳон олимро аз донишҷӯ ва адибро аз хонанда фарқ намекарданд. Ва устод берун рафт ва хуб шуд рафт, чун ин хуруҷ ба маънои зинда мондан ва идомаи ҳаёту пажуҳиш буд. Медонам, ки рафтанаш аз Ватан роҳи пажуҳишро барояш густардатар кард, фазои фарҳангиву илмии Теҳрони пурҷамъият муносиби хостаҳои устод Мусулмониён буд. Вай дар ин шаҳр ба ҳавзаҳои илмӣ роҳ ёфт, ба китобхонаҳои бузург дасрасӣ пайдо кард, бо маъруфтарин олимону муҳаққиқони эронӣ ҳамнишин шуд. Ӯро ҳавзаи илмии Теҳрон хуш пазируфт, дар як муддати кӯтоҳ аз миёни устодони донишгоҳҳову ҳавзаҳои илмии пойтахти Эрон дӯстони хуб пайдо кард ва маҳз ҳамин сабаб шуд, ки устод ба фаъолияти илмии худ пардохт. Дарёи зиндагӣ барои эшон маҷрои нав пайдо кард, муҳит дигаргун шуд, олими тавоно ба як олими муҳоҷир табдил ёфт, ки акнун ҳамаро мебоист аз сифр шурӯъ кунад. Зеро гузаштаи олим ва пажуҳишҳои ӯ барои ин муҳит ноошно буданд, мардуми Эрон чашми хати сриллик надоштанд, ки бо таълифоти ӯ шинос шаванд. Акнун зарур буд он ҳама коре, ки мекард, бо ҳуруфи ниёгон анҷом медод. Устод, ки худ маншиноси моҳир ва донандаи бемисли хати ниёгон буданд, тавонистанд дар як муддати кутоҳ ба муҳити илмии Теҳрон ворид шаванд. Тавре Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, устод аслан дар кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик кор мекард, ки роҳбари он мунаққид ва адабиётшиноси маъруф, марҳум Соҳиб Табаров буд. Вале вижагии кори устод Мусулмониён он буд, ки адабиёти муосир ва классикиро ба ҳам омезиш дод. Ва чуноне ишора шуд, муътабартарин таълифоташ, ки барояш шӯҳрат овард ва маъруф кард, ҳамон асарҳои ёдшудаи Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд.

Руҷуъи дуюм

Аввали солҳои 90 асри гузашта давраи талошҳои сиёсӣ ва миллӣ буд, ки аввал аз бахши фарҳанг оғоз гардид ва баъдан ба сиёсату давлат кӯчид. Яъне, талошҳо аввал барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва гузариш ба хати ниёгон оғоз шуданд ва ҳамин кӯшишҳо тадриҷан нерӯҳои пинҳонкору пинҳонгӯи тоҷикро ҳам ба майдони сиёсат кашид. Устод Мусулмониён аз зумраи ҳамин касоне буд, ки бо ҳассосияти том рӯйдодҳоро пайгирӣ мекард ва чун фарди огоҳ ба ояндаи миллату ватан бетараф набуд. Ҳарчанд дар қадамҳои аввали талошҳои сиёсӣ шахсиятҳои маъруф зиёд ба он шомил шуданд, вале кам касон буданд, ки фишорҳои равониро таҳаммул кунанд ва аксаран ё тарки сангар карданд ва ё хомӯширо авлотар донистанд.

Ба Эрон ҳам бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал рафт

Теҳрон олими барумандро чун олими саршор аз андешаҳои сиёсӣ истиқбол кард. Дар ин муҳит илм ҳам сиёсат аст. Магар олими бепарво ба сарнавишти миллату меҳанро ҳам метавон олим номид? Магар адиб набояд аз дарду ранҷи халқ ҳарф занад?
Омӯзиши ҳаёту фаъолияти баъдии устод Мусулмониён нишон дод, ки он сиёсатгӯиҳо ҳам муваққат буданд. Раҳими Мусулмониён баъдан ба баҳри тафаккуру андешаи илмӣ ғӯта мезанад ва маҷроеро дармеёбад, ки дигар наметавонад аз он берун шавад. Ва бо ҳамон равиш меравад ба сӯи ормонҳои дигар, ормонҳои пажуҳишӣ ва хидмат барои ташаккули фарҳанги миллӣ. Вай дар ин кишвар худро дар оғӯши адабиёт ва ҳунари волои аҷдодӣ дарёфт ва муҳите буд, ки шояд муддатҳо онро орзу мекард. Аз сӯйи дигар дарҳои ирфон ба рӯяш боз шуданд, муаллифони донишномаҳо ба хизмати ӯ эҳтиёҷ доштанд, то аз мақолаҳояш фарҳангу тамаддуни Тоҷикистонро низ барои эрониён муаррифӣ кунанд.
Ва дид, ки дар ин самт метавонад хидмати бештаре ба мардуму ба миллат кунад. Ин буд ки тадриҷан худро аз сиёсат дур кард, вале на бо пахши изҳоротҳои ранҷишомез, чуноне баъзеҳо ин корро карданд. Мо баъди ҳиҷрати устод ба Эрон ишонро дигар дар баҳсҳои расмии сиёсӣ надидем, дар ҷаласоту ҳамоишҳо ширкат накарданд, аз баррасии ҷараёни сиёсии кишвар худро дур кашиданд. Сиёсат шояд дар рӯзномаҳои эшон бошад, шояд дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо касоне, ки аз Тоҷикистон ба Эрон меомаданду сари роҳ устодро низ зиёрат мекарданд, вуҷуд дошт. Вале расман эшон аз ҷараёни сиёсӣ худро ба маҷрои таҳқиқоту пажуҳиш заданд.
Абдунабӣ Сатторзода маҳз ҳамин фаъолияти эронии устодро қобили мулоҳиза медонад ва онро хеле пурсамару муфид арзёбӣ мекунад. Агар аз назари профессор Сатторзода ва далелҳои овардаи ӯ арзёбӣ кунем, пас мебинем, ки воқеан ҳам профессор Мусулмониён дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни гузашта ва имрӯзаи тоҷикон, шиносоии Эрон бо Тоҷикистон ва шахсиятҳои варзидаи он заҳмати бештар кашидааст. Яъне, дур аз ватан низ олим дар ёди ватан буд ва ҳамин ватанеро, ки агар аз он фирор намекард, шояд кушта мешуд, барои олами Эрон чун мулки ашхоси соҳибтамаддун муаррифӣ кард.
Олими варзида дар ҷое аз мақолоташ кишварро паст назад, балки дар ҳамон мусоҳибаҳояш, ки дар аввалин соли ғурбаташ дар нашрияҳои Эрон интишор ёфта буданд, кӯшид вазъро ба гунае қаламдод накунад, ки монеъи сулҳу оштӣ дар кишвар донанд. Балки мо ҳатто аз он сӯҳбатҳои ихтисосиаш ҳам пай мебурдем, ки устод ба Эрон бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал рафтааст. Муҳаббате, ки бидуни он наметавон тоҷик монд ва ҳамин тоҷикият ӯро наҷот бахшид. Худро андармони корҳое кард, ки тадриҷан аз сиёсат дур шуд ва ҳатто дар ин амал лаззати бо Ватан буданро чашид.
Профессор Сатторзода, ки ҳамкасбаш Мусулмониёнро дар муҳоҷират ҳам аёдат мекард, мегӯяд: “Чанд соле, ки дар Эрон буданд, хеле корҳои арзишмандеро дар муаррифии адабиёти Мовароуннаҳр, бахусус адабиёти тоҷик, назму насри гузаштаву имрӯзаи тоҷик анҷом доданд. Хеле корҳоеро ба сомон расонданд ва рисолаву китобҳоеро ба дасти чоп доданд, ки бо сабабҳои гуногун на ҳама дар дохили кишвар аз он хабар доранд. Ба мисли “Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд” (соли 1997), “Ситораҳои Помир” (соли 2004), “Форсиву дарӣ” (соли 2004), “Тоҷикон дар таърих” (соли 2004), китоби шеърҳои устодон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, романи Кароматулло Мирзо “Дар орзуи падар” ва ғайра”.
Устод Мусулмониён яке аз муаллифони басо фаъоли “Донишномаи ҷаҳони Ислом” будаанд, ки он солҳо дар чанд ҷилд дар Эрон интишор ёфт ва профессор Сатторзода мегӯяд, ки шахсан худаш дар ин донишнома 70 мақолаи Раҳими Мусулмониёнро дар бораи фарҳангу тамаддуни Афғонистон ва 445 мақола дар бораи Тоҷикистонро баршумардааст. Яъне, Раҳими Мусулмониён дар Эрон на танҳо дар бораи Тоҷикистон, балки роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни мардуми Афғонистони ҳамҷавор низ навиштаҳояшро дар “Донишномаи ҷаҳони Ислом” ҷо додааст.

Руҷӯъи сеюм

Ман ӯро ҳар субҳу шом саргарми кор медидам. Ҳам мутолиа дошт ва ҳам ёддоштҳояшро дар дафтари хотира менавишт. Чун ба Боку расидем, аввал коре, ки рӯзи дуюм бо эшон анҷом додем, мағозаи китоби “Алҳудо”-и Эронро ҷустем ва ёфтем. Ва иттифоқан сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст аз он мағоза дидан мекард. Баъди шиносоӣ як силсила китобҳое, ки интихоб карда будем, бо дастури ӯ соҳибони мағоза ройгон ба мо доданд. Алиасғари Шеърдӯст он замон мудири интишороти “Алҳудо” дар Эрон буд.

Ёддоштҳои устод

Бахтиёр Муртазо, ки чуноне ёд шуд аз дӯстони солҳои бачагии устод Мусулмониён мебошад, аз дафотири хотироти устод ёд мекунад ва мегӯяд он дафотир то ҳанӯз аслан чоп нашудаанд. “Китобҳое, ки аз бойгонии шахсии Раҳимҷон ба китобхонаи миллӣ тақдим шуданд, барои наслҳо хизмат хоҳанд кард. Вале он чи ки то ҳол чоп нашудаст, дафтари хотироташон мебошад. Раҳимҷон ҳанӯз хеле ҷавон буданд, ки хотира менавиштанд. Ва агар фарзандонашон, ҳамсарашон даст ба ин кори хайр зананд, ки он хотираҳо рӯи чопро бинанд, хеле олӣ мешавад. Зеро хотираи олим як нақли хушку холӣ нест, балки он ҷараёни зиндагии ӯст ва ҳатман ки маълумоти арзишманди пажуҳишӣ низ метавонад ҷо дода шуда бошад”.
Адиби шинохта ва яке аз дӯстону наздикони Мусулмониён хуб медонад, ки устод завқи беандоза ба ёддоштнависӣ дошт. Нигоранда низ замоне, ки бо ҳам дар мусофират будем, медидам, ки ҳар субҳу шом рӯйдодҳоро рӯи коғаз меоварданд. Аслан адабиёти миллии мо аз рӯзномаҳои адибон холист. “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ истисноянд. Сардафтари адабиёти навини тоҷик ҳам хеле баъдҳо бачагиву наврасии худро ба ёд оварда, ин шоҳасарро офарид ва он метавонад як асари комилан бадеӣ шумарда шавад, на хотираву ёддошт. Он чӣ, ки ба дафтари хотирот алоқаманд аст, дар адабиёти тоҷик камтар вуҷуд дорад, ё аниқтраш мо намедонем ва ё адибони мо аз чопи он худдорӣ мекунанд. Аз миёни олимони шинохта мо медонем, ки устод Соҳиб Табаров ва профессор Худойназар Асозода ин корро ба хубӣ анҷом медоданд ва ҳатто ба мо шогирдон низ инро тавсия мекарданд. Профессор Худоназар Асозода хотироти худро дар шаш ҷилд (замони дар ҳаёт будан) бо номи “Достони зиндагӣ” нашр ҳам кардааст. Аммо ба гуфтаи бародараш Мусо Асозода устод Худойназар 42 дафтари хотирот дорад, ки 90 дарсади он рӯйи чоп надидааст. Аз ин рӯ иштибоҳ мебуд агар гӯем, ки адибону олимон рӯзнома наменависанд. Шояд аксаран ин корро мекунанд, вале то ин дам хотироти на ҳама рӯи чоп омадааст.

Руҷӯъи чорум

Дар чорабинии китобҳои устод Мусулмониён ба андешаи ҷойгоҳи бузургон дар ҷомеа ва эҳтироми шахсиятҳо дар замони дар қайди ҳаёт будани онҳо дода шудам. Ҷамъомадагон аз донишу заковат, хидматҳо ва инсонияти устод Мусулмониён замоне ёд мекарданд, ки вай дар қайди ҳаёт аст. Бо вуҷуде, ки шинохти комил аз эшон доштам, дарк кардам, ки боз ҳам ӯро намешинохтаам. Рустами Ваҳҳоб ҳам ба ҳамин ишора кард: ҳар қадар гуфтем, боз мебинам, ки ҳоло чизе нагуфтаем.

Шахсияти истисноии профессор Мусулмониён

Профессор Баҳриддин Камолиддинов фаромӯш ҳам накардааст, ки Раҳими Мусулмониён дар аввал донишҷӯи ихтиёрӣ буд. “Аммо зарфи як сол ончунон бо завқ омодаи дарсҳо буду фаъол буд, ки ҳама гуфтем: ин бача бояд қабул карда шавад. Раҳимҷон инсони кушодадил аст ва миёни мо маҳбубияти зиёд дорад. Метавон гуфт, ки зиёии асил аст ва ҳар касро шарафи чунин маҳбубият миёни устодону шогирдон намекунад. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки бо чунин шахс саодати ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ доштам”,-гуфт олими шинохта.
Рустами Ваҳҳоб хеле хотироти ҷолиберо аз гузаштаи устод ҳикоят кард. Аз ҷумла, аз барномае ёд намуд, ки бо ташаббуси устод роҳандозӣ шуд ва ҳадаф ҳам он буд, ки шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ худро миёни донишҷӯён андозанд ва мустақим бо онҳо ҳамсӯҳбат шаванд. Аз сӯи дигар вай мехост донишҷӯён аз ҳамин овон нишастан дар ҳузури бузургонро омӯзанд, аз сӯҳбатҳояшон мустақиман баҳравар шаванд. “Дар он хеле аз шахсиятҳои бузург даъват шуданд ва ба сони як маҳфили озод ва муфид фаъолият кард”,-гуфт ӯ.
Ба андешаи Рустами Ваҳҳоб устод Мусулмониён “донишҷӯёнро ба истиқлоли андеша даъват мекард. Масалан, вақте донишҷӯ меомад, ки мавзӯъи рисолаи дипломӣ гирад, устод аз ӯ суол мекард, ки худаш чӣ мавзӯъро пешниҳод мекунад. Яъне, устод мекӯшид донишҷӯ худ пуё бошад ва ба мавзӯъҳои пешниҳодмешуда аҷр мегузошт ва аксар маврид тасдиқ мекард ва ё бо каме таҳрир иҷоза медод, ки ба таҳқиқ пардозад”.
Дар маҳфиле академик Носирҷон Салимӣ ба ёд овард, ки теъдоди хеле зиёди китобҳои устод Мусулмониён ҳоло дар Эронанд. Ва ҳоло вазифа он аст, ки он китобҳои низ ба Тоҷикистон интиқол ёбанд ва аз ин ҳисоб бойгонии китобхонаи устод Мусулмониён дар Китобхонаи миллӣ ғанӣ шавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)