در ادامه بحث‌های مربوط به وضع ادبیات تاجیک، عبدالقادر رستم، نویسنده تاجیک، مقاله دوم خود را نوشته و در باره تاثبر و نقش ادبیات به عنوان شاخه‌ای از هنر در جامعه و خودشناسی فرد نظر خود را بیان کرده است و ئیشنهادهای هم دارد در باره نمونه‌های از ادبیات جهان  و در دسترس خواننده تاجیک قرار دادن این ادبیات و در کل اهمیت کتاب‌خوانی.

Абдуқодир Рустам, нависандаи тоҷик

Адабиёт шохае аз ҳунар аст. Аммо шохаи муҳимтарини ҳунар ва ба ҳамин далел аст, ки ин дуро тафкик кардаанд ва гуфтаанд: адабиёт ва ҳунар (санъат). Яке аз ҳунарҳоро, ки васила ва абзори офариданаш Сухан аст аз ҳама ҳунарҳои дигар – наққошӣ, пайкаратарошӣ, театр, синамо, овозхонӣ, рақс тамйиз кардаанд ва ин дуро баробари ҳам қарор додаанд ва хондаанд: адабиёт ва ҳунар. Ва ин ки дар ин таркиб адабиёт дар ҷойи аввал аст, бори дигар таъкид ва таъйиди аҳаммияти бештари адабиёт нисбат ба ҳунарҳои дигар дар ҷомеъаҳои инсонӣ аст.

Ҳунар ва хоссатан адабиёт, навъе аз ҷаҳоншиносист, ҷаҳоншиносии бадеъ ё зебоишинохтӣ. Мо чанд навъи ҷаҳоншиносӣ дорем: ҷаҳоншиносии динӣ, ҷаҳоншиносии илмӣ, ҷаҳоншиносии фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии ҳунарӣ ва ё худ зебоишинохтӣ….
Аз ин ҷаҳоншиносиҳо ҷаҳоншиносии динӣ ва ҳунарӣ махсуси хавосу авоми мардум ҳастанд ва ҷаҳоншиносии илмӣ ва фалсафӣ вежаи танҳо хавос.

Ҷаҳоншиносиҳои динӣ, илмӣ ва фалсафӣ инсонро танҳо ба як самт – ба як ҷоддаи мустақим ҳидоят мекунанд, ва балки бурун омадан аз ин ҷоддаро ё хиёнат унвон мекунанд, ё инҳироф, ё субъективизм…. Ҳамаи ин ҷаҳоншиносиҳо инсонро яксӯнигарӣ меомӯзанд ва фақат ҳунар аст, фақат адабиёт аст, ки ба инсон уфуқҳои гуногун ва тозаи дид медиҳад, ҷаҳонашро на танҳо умқ, балки паҳноӣ низ мебахшад; адабиёт ба инсон озодии интихоб медиҳад; адабиёт аст, ки инсонхоро на фасл, балки ба ҳам васл мекунад, дар ҳоле ки динҳо ва мактабҳои фалсафӣ бештар боиси нифоқу ихтилоф ушдааанд ва мешаванд. Осори классикони бузурги адаби форсӣ (масалан, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ) бар мабнои ақоид ва андешаҳои исломӣ офарида шудаанд, вале ин ашъор ба забонҳои мухталиф тарҷума шудаанд ва масеҳию яҳудӣ, зардуштию буддоӣ ва ломазҳабон низ бо шавқ мехонандашон ва лаззати маънавӣ мебаранд. Бисёре аз романҳои Толстой ва Достоевксий (масалан, «Эҳё» ва «Бародарон Карамазов») дар заминаи ривоятҳо ва андешаҳои масеҳӣ ва маҳдудтар бар мабнои ақоиди мазҳабии ортодоксии русӣ (православӣ) таълиф шудаанд, аммо мусалмонону яҳудиён ва пайравони соири мазҳабҳо низ аз ин китобҳо баҳра мебаранд. Чунки адабиёт , пеш аз ҳама навъдӯстӣ, башардӯстӣ аст, адибони бузург аз андешаҳои динӣ нукотеро интихоб мекунанд, ки умумибашарӣ аст, ба ҳамаи инсонҳо тааллуқ дорад, ҳама инсонҳоро сарфи назар аз мазҳабу оин, вежагиҳои ҷуғрофиёӣ ва миллӣ, табақотӣ ба ҳам ҷазб мекунад, ҳамаро ба андешидан водор менамояд. Осори адабӣ, каломи бадеъ зеҳнҳои маҳсурро озод ва андешаҳои маҳдудро густариш мебахшад.

Агар бо иттико ба назарияҳои охирини герменевтика (илми тафсири матн) бигӯем, ҳатто нақши офаринандаи осори ҳунарӣ, муаллиф бо офаридани асараш ба охир мерасад, дигар хонанда аст ва матн дар баробари чашмон ва андешаи ӯ, ки чӣ бардоште аз он хоҳад дошт. Ба таъбири дигар, шинохти бадеӣ иҷборӣ нест, озод аст; ҳеч ҷаҳоншиносие барои озодии инсонҳо, андешаи озод мисли ҷаҳоншиносии ҳунарӣ ва ба вежа, адабӣ муҳим нест. Агар моҳияти инсон озоду вораста будан аст, пас хондани китоб, аз ҷумла ва бахусус китоби бадеӣ, барои одамтар шудани фарзандони Одам мусоидат мекунад. Чунонки гуфтам, адабиёти бадеӣ ба хонандааш озодии андеша ва озодии амал медиҳад, аммо озодие, дар канораш масъулият дорад, бо масъулият ёр аст; хонандаи ботаании адабиёти бадеӣ, ҳеч гоҳ ба ифроту тафрит дар андешаю амал роҳ нахоҳад дод. Ва ҳатто – Торих шоҳид аст– руҳоние, ки бо адаб сару кор дорад, шеър мехонаду шеър мегӯяд, иртиботаш бо Худо ва бандагони Худо комилан бо руҳоние, ки дар чаҳорчӯби мутуни динӣ маҳдуд ва маҳсур аст, мутафовит ҳаст. Худошиносӣ ва ҷаҳоншиносии ин ду нафар бо ҳамдигар фосилаи зиёд доранд. Намунаи руҳонии аввал имом Абуҳомиди Ғазолӣ аст ва дувумӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Ҳарду нобиғаанд, ҳар ду истеъдоди хориқулодае дар таҳқиқи робитаи Худо ва Инсон доранд; Ғазолӣ аз муаллимони Мавлоност, Мавлоно бисёр андеша ва орояшро аз китобҳои ӯ гирифтааст. Аммо, бо ин ҳол ҳам, ба мушоҳидаи дақиқи Абдулкарими Суруш, Худои Ғазолӣ одамро метарсонад ва Худои Мавлоно дӯст медорад ваг ар ин андешаро идома бидиҳем, Худои Ғазолӣ хоҷаи бераҳм аст ва Худои Мавлоно падари мушфиқ. Ва ё шайхи аҷалл Саъдиро бигирем, ки дар осораш ҳамеша аз лутфу караму атои Худо ҳарф мезанад, аз Худои раҳмону раҳим мегӯяд, на аз Худои ҷаббору қаҳҳор. Барои Саъдӣ меҳрубонии Худо авлавият дорад, на қаҳру ғазабаш….

Аз нигоҳи таъсир ба одамиён низ ҳеч кадоми ҷаҳоншиносиҳо таъсиреро ки адабиёт ба мағзу дили мардум мегузорад, надорад. Албатта, бештарин ва амиқтарин таъсирро ба одамиён таълимоти динӣ дорад; вале ин таъсир дигаргуна ва ба гунаи дигар аст, таъсири дин ба воситаи ду эҳсоси хеле амиқи фарзандони Одам: ҳирс ва тарс, ки дар адабиёти динӣ умеду бим унвон шудаанд, сурат мегирад (албатта, онҳое низ ҳастанд, ки ба ибораи Алӣ – чаҳорумини хулафои рошидин Худоро на аз бими дӯзах ва на ба умеди биҳишташ дӯст медоранд, дӯст доштанашон холӣ аз тамаъ аст, поку муназзаҳ аст, вале чунинҳо дар ҳама замонҳо андаке будаанд). Адабиёт ба ду чизе, ки Худо бандагонашонро бо доштани онҳо аз ҳама махлуқоти дигар мутамойиз кард, таъсир мегузорад, мағз, ки маншаъи тафаккуру андеша аст ва дил, ки махзани ишқ аст… Аз ин рӯст, ки аз замонҳои қадим бисёре аз руҳониён, олимон, файласуфон талош кардаанд, ақоиди мазҳабӣ,илмӣ ва фалсафии худо бо истифода аз васоил ва абзорҳои адабиёт: сухани бадеъ, вазну қофия, сувари хаёл (образ) таълиф ва ба шунавандагону хонандагони худ пешниҳод бикунанд. Орифони бузург шеър, суханони ҳикматомезро ба кор гирифтанд, то ба шумораи бештари мардум таъсир бигузоранд ва чун ишқ, ки васила ва абзори Худо ва ҳастишиносии орифон аст бо зебоӣ ба ҳам омехт, амиқтарин мазоминро бо баландтарин суханон суруданд.

Муҳимтарин чизе, ки Худо ба Одам ва фарзандонаш дод Ақл аст; ва ба ақидаи бархе аз муфассирон ҳамон амонате, ки Худо ба бандагонаш дод ва онро қабул карданд, ҳамин Ақл буд. Ва бо қабули Ақл одамӣ ба се кори бузург, ки аслу моҳияти инсон буданаш аст, мушарраф гардид: яке офаринандагист, ки муҳимтарин вежагии Худост, дигаре Сухан ва севум маърифати зоти Ӯ. Худо ақлро ва натиҷатан ин се маҳсули Ақлро, ки бо ҳам сахт пайванданд, дод, то бандагонаш онро ба кор гиранд; ба кор гирифтани Ақл, яъне шинохтан, тамйиз кардан аст, ки Ақл ин ҳамаро ба воситаи андешидан анҷом медиҳад… Ва аммо, чунонки баданро бо тамринҳои ҷисмонӣ обутоб надиҳед, хеле зуд заъиф мешавад, ақл низ бидуни тамрин, яъне андешидани пайваста коҳил мешавад, ва оҳиста-оҳиста содатарин гиреҳҳои зиндагиатонро наметавонад бозгушоӣ бикунад. Дар синфи панҷум ё шашуми мактаби миёна китоби Николай Носов «Нодонхӯҷа дар моҳ»-ро дар тарҷумаи Абдумалик Баҳорӣ хонда будам. Бисёр эпизодҳои ин китобро фаромӯш кардаам, аммо як эпизод ҳаргиз аз хотирам намеравад…. Бошандагони моҳ ба фарзандони сайёраи Замин, ки ба асораташон уфтода баданд, ҳамарӯза аз субҳ то шом филм нишон медоданд ва инон саргарми тамошои филм кӯтоҳтарин фурсат барои андешидан намеёфтанд ва оҳиста-оҳиста пашм мебароварданд, ки пашмашонро метарошиданду истифода мекарданд; яъне, моҳияти инсон будан андешидан аст (Ай бародар, ту ҳамин андешаӣ, мегӯяд Мавлоно) ва бидуни андеша ба гӯсфанд табдил меёбад. Ва аммо ду маъхази барангезандаи андеша ҳаст: Китоби Худо ва китобҳои бандагони Худо; Китоби Худо худ машмули китобҳоест, ки ба воситаи паямбаронаш фиристод ва низ Китоби Табиат, ки мустақиман, бидуни миёнҷӣ дода шуда….. На танҳое онҳое, ки китобҳои овардаи паямбарон, шарҳу тафсирҳои онҳоро мехонанд, балки онҳое низ ки Китоби Табиатро мутолиа мекунанд, Худошиносӣ мекунанд. Олиме, ки гиёҳҳоро меомӯзад, пажуҳандае, ки хусусиятҳои обро мутолиа мекунанд, муҳаққике, ки сагу гурбаро меомӯзад, ба ҳамин восита ваҷаб ва ваҷаб, қадам ба қадам ба самти шинохтани Худо ҳаракат мекунад, Худоро мешиносад; чунки оҳангарро бо табару доси сохтааш, дуредгарро бо дару тирезаи сохтааш, банноро бо иморати пӯшонидааш мешиносем….. Ва аз басо, қорие, ки сураҳои Қуръонро аз ёд карда ва маънояшонро намефаҳмад, ботанике, ки вежагиҳое лолаю ҳолмону савсанро омӯхтааст, Худоро беҳтар шинохтааст…. Ва аммо, объекти тасвири адабиёт инсон, равобити инсон бо ҷомеа, табиат, Худо аст, яъне адабиёт инсонмеҳвар аст, дар маркази тасвири адабиёт инсон қарор дорад ва масоилу мушкилоте, ки дар ростои инсон ва ҷомеаи инсонӣ истода. Адибон ҷаҳони инсонро, зовияҳои ноаёни ботини инсонро таҳқиқ мекунанд; нависандагону шоирони бузург он қадар дар ин таҳқиқ амиқ мераванд ва онро ба мо менамоёнанд, ки дар шигифт мемонем, гоҳе метарсем ба ин ҳақиқат бинигарем. Ва чун ин осорро мехонем, мақоми инсонро дар Кайҳон ва Кайҳони ҳастии инсонро, ки низ беҳудуд аст, беҳтару жарфтар мутолиа мекунем. Ва худро беҳтар мешиносем. Ва агар, қоил бошем, ки Худо Одамро шабеҳи худ офарид ва халқи Инсон мақсади ниҳоии Худо аз офариниш буд ва инсон, воқеан ашрафи махлуқот аст, пас аз тариқи хондани осори бадеӣ на фақат Инсон, ки Офаридгори ӯро низ хубтар ва жарфтар мешиносем ва дарёфти саодати дорайнро наздиктар мекунем.

Ва аммо, китоб хондан ба тақвияти ҳувияти миллии тоҷикӣ низ мусоидат мекунад. Китоби бадеӣ, китоби бадеие, ки сӯйи муаллифи тоҷик нигошта шуда ва ба забони тоҷикӣ аст, аз як сӯ барои амиқтар фаро гирифтани ҷаҳони маънавии халқ ва таърихи гузашта ва аз сӯйи дигар барои беҳтар омӯхтани забонит модарӣ ёрӣ мерасонад. Шояд бештари мо таваҷҷуҳ карда, ки бештарини тоҷикон аз деҳқон то академик ба забони модарӣ наметавонанд озод суҳбат бикунанд. Ин амр метавонад ба чанд омил марбут бошад: ё гӯянда аслан фикри казоие надорад, ки баён бикунад, ё ба забони ғайр (аксаран русӣ) фикр мекунад ва барои баёни он ба забони модариаш душворӣ мекашад. Ё забонро ба дурустӣ намедонад ва чун андеша бо забон пайванди ногусастанӣ дорад, наметавонад фикрашро танзим ва баён бикунад….. Ва баёнаш иборат мешавад аз а-а-а ва вай вайгӯӣ. Фард ҳар қадар китоб бештар бихонад, он қадар бештар сухандон ва наттоқ мешавад, бидуни душворӣ метавонад фикрҳояшро силсила бандад ва ба шунавандагон бирасонад. Пас барои кормандони давлат, ба хусус онҳое, ки мустақиман бо мардум сару кор доранд, пайваста китоб хондан бояд аз вазоифи ҳамарӯзаашон бошад. Мубаллиғони сиёсати давлатии зидди терроризму ифротгароӣ низ китобхонда бошанд ва забони модариашро хуб бидонанд, суханонашон бештар коргар мешавад, ба дурӯғ гуфтанашон ҳоҷат намемонад, метавонанд бо неруи сухан, сухани рост, албатта, мухотабонаонро мутақоид ба гуфтаҳояшон кунанд.

Ва чун – агарчи мухтасар– дар бораи моҳият ва аҳаммияти хондани китоб гуфтем; ва –гарчи кӯтоҳ – ба суоли «чаро бояд китоб бихонем?» посух додем; ва чашми он дорем, ки ҳадди ақал гуруҳи кӯчаке аз онҳоеро, ки мегуфтанд «хондагиҳо чӣ шуданд, ки мо шавем» ва ба ин восита танбалӣ ва гурезу парҳези худ аз китобро тавҷеҳ мекарданд, қонеъ карда бошем, суоли дигар матраҳ мешавад, ки чӣ гуна, бо чӣ роҳҳое метавон мардумро ба китоб ҷалб кард? Дар мақолаи аввал, баъзе посухҳоро дар ин бора дода будем. Ва афзун бар онҳо иқдомоти зайл низ метавонад муассир бошад:

Адабиёт ба ақлу шуур ва дилу эҳсостоти мо таъсир мегузорад, вале чун мардуми шарқ, ба хусус тоҷик мардуми эҳсосотианд ба инҳо дар мароҳили аввал бояд бештар осореро пешниҳод кард, ки ба эҳсосу отифа таъсир мегузоранд, ин амрро филмсозони ҳинду хеле хуб медонистанд ва ҷаҳони шарқро тасхир карда буданд. Бинобар, ин бояд дар навбати аввал намунаҳои беҳтарини осори отифӣ, масалан романҳои Эрих Мария Ремарк, Эрик-Эммануэл Шмитт, Холид Хусайнӣ ва монданди инҳоро тарҷума ва пешниҳод бояд кард. Ҳамчунин романҳои саргузаштӣ, ҷиноятковӣ, фантастикиро. Хондани ин осор қисме аз хонандагонро ба хондани адабиёти ҷиддӣ ва хирадгароёна низ роҳнамун хоҳад шуд.
–Барқарории таълифи иншо бар асоси осори адибон ба унвони имтиҳони қабули донишгоҳҳо.
– Фурӯши ҳамзамони китобҳои нави адибон дар ҳама китобфурӯшиҳои кишвар ва қабл аз он пахши огаҳоиҳои густарда дар расонаҳо.
– Даъвати адибони машҳур ба китобфурӯшиҳо барои додани соядаст ба харидорони китобашон.
– Барқарори мулоқоти адибон бо хонандагон, мизи гирдҳо ва баҳсҳои баррасии китоб ё китобҳои нависандае ва ё гурӯҳи нависандагон бо ширкати мунтақидони адабӣ ва адабиётшиносон, чунонки дар замони шӯравӣ буд.

– Дигаргун кардани шеваи баргузории намоишгоҳҳои китоб; ба муносибати намоишгоҳ чоп кардани китобҳои нав. Яъне, бояд на камтар аз ۵۰ дарсади китобҳое, ки ба намоиш гузошта мешаванд, бояд китобҳои тоза ба чоп расида бошанд.
– Ва муҳимтарин амр дар ин роҳ, дубора баланд бардоштани эътибори адибу адабиёт аст….

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тайи ду соли гузашта бо ташкили комиссион беш аз ۴۰ нафарро, ки гуфта шуд, ҷанбаҳои ҳунарии осорашон дар сатҳи лозим набудааст, аз узвияти ин иттифоқ хориҷ кард. Ба фикри ман, ба чандин далел ин кор бояд сурат намегирифт….. Вале чун шуд шуд… Сухан дар ин боб дигар суде надорад… Муҳимтар ин аст, ки Иттифоқи нависанадгон бояд бикӯшад, минбаъд шахсони камҳунар ва китобнахода ба сафҳояш роҳ наёбанд; дигар ба адибони камҳунартару носазовор ҷоизаҳои адабӣ ва унвонҳои давлатӣ дода нашаванд, ва дар ин ҳол адибони ҳунарманду соҳибазвқ (масалан, Баҳманёр ва Сиёвуш) қадр бишаванд. Ва адибонро барои таълифи китобҳое, ки дарди мардумро мегӯянд, ташвиқ бикунад…….

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com