یونسکو «چکن» لباس ملی محلی و قدیمی زنان بدخشان تاجیکستان را به عنوان میراس غیرمادی فرهنگی پذیرفت. سال ۲۰۱۶ این سازمان «آش پَلَو»، غذای برنجی مردم ازبکستان و تایجیکستان را به این فهرست وارد کرده بود.

Чакан- акс аз сойти Озодӣ

ЮНЕСКО – Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – “Чакан”, як навъ гулдӯзии миллӣ дар Тоҷикистонро шомили феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ кард. Дар ин бора рӯзи ۲۹-уми ноябр дар нишасти ۱۳-уми ЮНЕСКО дар Маврикий қарор қабул шуд.

Тоҷикистон чаҳор сол пеш “Чакан”-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд. Чанд тан аз фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб соли ۲۰۱۴ дар як номаи дастҷамъӣ хоста буданд, ки чакан ҳамчун ҳунари нодири мардуми тоҷик эътироф карда шавад.

Ҷонибек Асозода, раиси Осорхонаи мардумии шаҳри Кӯлоб, он вақт гуфта буд, “пажӯҳишгарон исбот карданд, ки рамзҳои тоқии чакан хеле қадимӣ буда, ҳатто дар он се намунаи рамзи ориёӣ сабт шудааст.”

ЮНЕСКО соли ۲۰۱۶ оши палави мардуми Тоҷикистону Узбекистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда буд.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли ۲۰۱۰) ва Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли ۲۰۱۳) шомил шудаанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com