عبدالقادر رستم، نویسنده و منتقد تاجیک، به دعوت ما پاسخ داده‌اند و در بحث‌ وضعیت ادبیات امروز تاجیک همراهی کرده اند. در این نوشته، که اول در گروه فیسبوکی ادیبان تاجیک منتشر شده، آقای رستم در مورد دلایل وضع راکد ادبیات تاجیک نظر و برداشت‌های خود را نوشته اند که اینجا عینا بازنشر کرده‌ایم. بخش تاجیکستان، یکی از بخش‌های جدیدی‌ست که زمانه مدیا به راه اندخته است و همواره منتظر همراهی روشن‌فکران و خوانندگان هرچه بیشتر تاجیک است. همچنان می‌توانید به این بحث که بحث مهم روز و زمان ما ست نظر و پیشنهاد های خود را بنویسید و ما بازنشر و منتشر خواهیم کرد. مشکلات تا مطرح نشوند چه گونه بهبود یابند؟

Акс тазйинист

Адабиёти тоҷик чандин сол аст, ки ба марҳалаи буҳрони амиқ ворид шудааст ва мутаассифона, ҳанӯз нишонаҳои бурун омадани он аз ин буҳрон низ зоҳир нашудаанд. Шаҳзодаи Самарқандӣ – аз нависандагони муваффақи мо дар ин даҳ соли охир дар силсиламақолаҳое талош кардааст, роҳҳои раҳоӣ аз ин бунбастро бозгӯ кунад, ки албатта, дар сурати ба марҳалаи иҷро гузоштанашон барои рушди адабиёти мо мусоидат хоҳанд кард.

Ва аммо бояд таъкид кард ва чунонки бону Шаҳзода низ ишораҳое кардааст, ин буҳрон бештар на ба худи адабиёт, балки ба заминаҳои рушди он рабт дорад. Ва ин заминаҳо, ба назари ман, асосан дуто ҳастанд: яке буҳрони китобхонӣ ё адами хонанда ва дувум корҳои созмондиҳӣ ва пуштибонӣ аз адабиёт…

Буҳрони китобхонӣ ё адами хонанда.

Ман қаблан ҳам гуфта будам ва ҳоло низ таъкид мекунам, ки барои рушди адабиёт бештар аз адиб (шоиру нависанда) хонанда таъсиргузор аст ва ҳоло мехоҳам ин маъниро шарҳу баст бидиҳам. Таъсири хонанда ба рушду тавсиаи адабиёт ба ду маъност: яке бармегардад ба мақулаи арзаю ниёз, адиб коло тавлид мекунад– агарчи ин коло маънавист, – ва бояд аз фуруши ин коло даромад касб бикунад; яъне, бозори адиб ҳар қадар бузургтар бошад, ҳар қадар хонанда бештар дошта бошад, ҳар қадар китоби нависандаро бештар бихаранд, ҳамон қадар адиб даромади бештар касб мекунад, аз фикри таъмини хонавода – хӯрондану пӯшондан ва дигар ниёзҳои аввалияи худ ва зану фарзандонаш фориғ мешавад, аз вобастагӣ ба давлат (ва натиҷатан аз идеологияи рӯз ) озод мешавад ва бо хотири ҷамъ ва осуда ба кори офаринандагии худ машғул мегардад. Дигар, хонанда бо хондани мунтазам ва муназзами адабиёти бадеӣ, чи адабиёти миллӣ ва чи ҷаҳонӣ завқи худро парвариш медиҳад, дар интихоби китоб барои хондан сахтгиру серталаб мешавад, ҳар гуна китобро намехарад ва нахоҳад хонд ва нависандаро ба рушди ҳунараш, ҳарчи бештар омӯхтан, ҷустан ва пайдо кардани сабк, шеваи навиштор ва василаҳои навтару тозатари тасвир, ки дигар барои хонандаи огоҳ ва хушмутолиа ва бозавқ такрорию обшуста нестанд, водор мекунад…. Албатта, ин нуктаро фаромӯш намекунем, ки шарти асосӣ дар муваффақияти ҳар халлоқи осори бадеӣ қариҳаи офаринандагӣ аст, ки он зотист, Худодод аст ( чунонки Ҳофиз мегӯяд «қабули хотиру лутфи сухан худодод аст»). Аммо агар заҳмати ҷусторҳо ва омӯзиш набошад, адиб метавонад қариҳаи Худодаро хор ва куфрони неъмат кунад. Ҳар қариҳае бидуни омӯзиш ва саъйу талоши инфиродии халлоқи осори бадеӣ метавонад хушк гардаду хазон шавад. Чунончи, агар деҳқон полезашро хишова накунад, алафҳои бегона пахш мекунандаш, агар об надиҳад, хушк мешавад ва ҳосиле намегирад.

Инак, адиби тоҷик, метавон гуфт, хонанда надорад; дар муддати даҳ соли охир теъдоди чопи китобҳои бадеии тоҷикӣ аз ۱۰۰۰ нусха то ба ۳۰۰ ва ۲۰۰ нусха тақлил пайдо кард. Адади чопи танҳо маҷаллаи адабии тоҷикӣ «Садои Шарқ» аз ۳۵ ҳазори замони шӯравӣ (замоне ки Тоҷикистон ۵ млн ҷамъият дошт) дар солҳои ۲۰۱۰ – ۲۰۱۷ ба ۱۰۰۰ нусха расид ва фақат ҳамин соли ۲۰۱۸ (ки ҷамъияти кишвар болиғ ба ۹ млн. нафар аст) бо роҳи ворид кардани маҷалла ба феҳристи обунаи иҷборӣ теъдоди онро ба ۲۳۷۵ нусха расониданд. Бо он ки Тоҷикистон аз назари саронаи чопи китоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар миёни ۱۵ ҷумҳурӣ дар ҷойи охир буд ва ман дар ин бора мақолае ба номи «Чаро тоҷик китоб намехонад» навишта, дар он баъзе сабабҳои ин амрро бозгӯ карда будам, вале ба ҳар сурат он замон китобҳои шеъри муосир аз ۳۰۰۰ то ۱۰ ۰۰۰, китобҳои наср аз ۵۰۰۰ то ۱۴ ۰۰۰ ҳазор ба чоп мерасиданд. Хатто китобе аз устод Айнӣ ба таъдоди ۱۰۰ ۰۰۰ ва кит- обе аз устод Лоиқ ба теъдоди ۵۰ ۰۰۰ низ чоп шуда буд. Яъне тафовут аз осмон то замин аст. Албатта, шояд даҳҳо нафар, ки ин сатрҳоро мехонанд, даҳон пур кардааанд, ки бигӯянд: он замон интернет набуд, ҳоло ҳар кас метавонад бо истифода аз интернет китоби мақбули худро пайдо бикунаду бихонад. Ҳадди ақал, худфиребӣ накунед… Ҳоло, аввалан, гумон намекунам, беш аз ۲۰ дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дошта бошанд ва сониян, мо бар хилофи миллатҳои муттамаддини дигар вебгоҳҳо, китобхонаҳои электроние, ки китобҳои тоҷикиро муъаррифӣ ва пешниҳод кунанд, тақрибан надорем… Дар кишварҳои мутамаддини урупоӣ ва осиёӣ, ки баландтарин суръати интернетро доранд ва дастрасӣ ба интернет низ ба маротиб густардатар ва арзонтар аст ва садҳою ҳазорҳо вебгоҳҳои китобҳои бадеӣ дар ихтиёри хонандагон қарор дорад, боз ҳам мардум фаровон китоби чопӣ мехаранд ва мехонанд. Зимнан бояд гуфт, ۱۷ кишвари аз назари китобхонӣ аввали ҷаҳон ҳама кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ва осиёӣ (Жопун, Чин, Кураи Ҷанубӣ ) мебошанд, дар ин феҳрист хеч кишвари исломие, ҳатто Эрон ки аз назари чопи китоб дар байни кишварҳои исломӣ дар мақоми аввал аст, ворид нашудааст. Хушбахт хоҳам буд, агар иштибоҳ бикунам, аммо дар ۸۰ дар сади хонаводаҳои тоҷик ба ҷуз китобҳои дарсии фарзандони донишомӯзашон ҳеч китоби дигаре ( на китобе бадеӣ, на донишномаю маълумотномаҳои мухталиф) пайдо намекунед. Ҳоло фақат хурсандӣ ва шавқ аст, ки бештарини нависандагони тоҷикро водор мекунад, асаре бинависанд. Ва бештарини онҳо китобҳояшонро ё бо пули талбида аз соҳибкорон ва ё бо пули худ – аз ҳисоби будҷаи хонаводаашон чоп мекунанд, қисман ҳадя мекунанд ва қисман мефурӯшанд, ки дар бештари маворид ҳатто ҳазинаҳояшонро талофӣ намекунад.

۲. Корҳои созмондиҳӣ ва пуштибонӣ аз адабиёт

Дар назарее сатҳӣ ва гузаро корҳои созмондиҳии адабиёт ва пуштибонӣ аз он дар кишщвари мо, гӯиё чандон бад ҳам нест. Тоҷикистон шояд аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки фаъолияти Иттифоқи нависандагон ва чопи нашрияҳои он аз будҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад. Муассисаи интишоротии «Адиб», ки ҳамасола даҳҳо номгӯй китобҳои адибони муосир ва классикию тарҷумавиро чоп мекунад ва ба муаллифон ҳаққи қалам ҳам пардохт мекунад, аз будҷа сармоягузорӣ мешавад. Аммо фаъолияти чи нашрияҳои адабӣ ва чи интишорот ба ҳадди лозим муассир нест. Аввалан, ҳаққи қалами ночизе доранд, ки тавонанд бо васвасаи пул муаллифонро ҷалб бикунанд ва сониян, ки боз бадтар аст, вобастагӣ ба давлат масъулини ин нашрияҳоро хеле камҷуръат кардааст. Ҳар чизеро, ки ба назарашон мерасад, каме ҳам бошад, ба болоиён хуш намеояд, чоп намекунанд ва чизҳое ки ба назарашон мерасад болоиён хуш надоранд, ҳамасола бештар мешавад. Ин аст, ки арсаро барои эҷодкорон хеле танг кардаанд ва худ дар бунбаст мондаанд ва илоҷе ҷуз ин надоранд, ки осори ۵۰-۶۰ сол қаблро чоп бикунанд. Дар сурате, ки вазифаи ин нашрияҳо оинаи ҷараёни адабии муосир будан аст…

Адиб бояд ду шохисаи муҳим дошта бошад: берун будан аз қолабҳо ва ҷасорати адабӣ, ки ин ҳарду пайванд бо ҳам ҳастанд. Вақте ки нависанда бо ҳадафи кори халлоқӣ паси миз менишинад ва аз он фикр мекунад, ки агар ин тур нависам, оё чоп мешавад ё не, ҳеч асари мондагоре наметавонад бинависад…. Ин мулоҳизакориҳо адибро боэҳтиёт ва тарсу мекунад… Ё, агар намехоҳад чунин бошад, маҷбур аст чизе нанависад…. Интишороти «Адиб» ҳам бо тавоноии молие, ки дорад, наметавонад китоби ҳамаро чоп бикунад, давлат ҳам шояд дар вазъи кунунии иқтисод наметавонад мабағи бештаре ҷудо бикунад. Дар ин вазъ ҳам хонандагон метавонанд бо харидани китоб ба фаъолияти густардатари интишорот мусоидат кунанд. Аммо, чунонки гуфтем, Тоҷикистон хонанда надорад, нависандааш, мутаассифона бештар аз хонанда аст.

Пас чӣ бояд кард, то вазъ тайир биёбад? Ва оё коре метавон кард, ё мо то абад ҳамин тур миллати безор аз китоб мемонем? Ба фикри ман, иқдомоти зайл беасар нахоҳанд буд:
Дар навбати аввал, бояд давлат муассисаҳои интишоротӣ ва чопхонаҳоро аз пардохти молиёт (андоз) озод бикунад ва ё ҳадди ақал ин молиётро тахфиф бидиҳад. Дар айни ҳол чопи китоб дар Тоҷикистон гаронтарин қимат дар Осиёи Миёнаро дорад. Чунончи, нархи чопи китоб дар Бишкек ду баробар арзонтар аз Душанбе аст.

Ташкили китобфурӯшиҳо дар навбати аввал дар ҳамаи марказҳои ноҳияҳои кишвар. Бояд гуфт, чанд сол қабл бо супориши раиси ҷумҳурӣ китобфурӯшиҳо тақрибан дар ҳамаи марказҳои ноҳияҳо кушода шуда буд, вале чунонки бар ҳасби маъмул, дар кишвари мо корро фақат барои гузориш додан мекунанд, баъд аз ироаи гузориш бештари ин фурӯшгоҳҳо ё баста шуданд, ё имрӯз фақат маводи таҳрир мефурӯшанду аз се-чор китоби чангзада бештар дар рафҳояшон надоранд. Бисёр хуб мешуд, барои китобфурӯшиҳо дар чанд соли аввал биноҳои давлатӣ ҷудо карда шуда, онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора маоф карда шаванд. Ҳамчунин бояд, масъулини ин китобфурӯшиҳо худ шахсони китобхонда ва китобдӯст бошанд, ва бояд пайваста китоби интишоротҳои мухталифро, ки асосан дар Душанбе ва Хуҷанд чоп мешаванд, дастрас карда, ба харидоронашон пешниҳод бикунанд.

Будҷаи харидории китоб барои китобхонаҳои тобеъи Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои мактабҳо афзоиш дода бишавад, то онҳо тавонанд мунтазам китобҳои навро харидорӣ бикунанд. Ҳамчунин тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ бояд ҳамасола ба нашрияҳои адабӣ («Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат») обуна бишаванд ва ин нашрияҳоро дар китобхона дошта бошанд. Агар, ҳамаи болиғ бар ۳۸۰۰ мактаби фаъол дар кишвар ду нусхаӣ аз нашрияҳои адабӣ дошта бошад, ҳам муаллимону донишомӯзон пайваста то ба ҳадде аз ҷараёни адабии кишвар огоҳ мешаванд ва ҳам ин нашрияҳо теъдоди чопи худро афзун карда, худкифо ва дар натиҷа дар амалкарди худ озодтар мешаванд. Мактабҳо метавонанд ба нашрияҳои адабӣ ба ивази нашрияҳои ҳизбӣ, ки танҳо мутааллиқ ба аъзои ҳизб аст, обуна бишаванд.

Зимни таъйин ба вазифаҳои давлатӣ – аз раиси Шӯрои деҳ сар карда то вазир бояд мизони китобхонии номзад ба вазифа ба назар гирифта шавад, масалан, кадом асарҳои Айнӣ, Улуғзода…… -ро хондаааст, охирин китоби бадеие, ки хондааст, чист ва ғайра ва ҳоказо. Агар шахси китобхонда ба вазифа таъйин шавад, мутмаинан ҷаҳонбиниаш васеътар, одамдӯстиаш бештар, масъулиятшиносиаш амиқтар хоҳад буд…. Ва низ ин амр, бештар аз ҳар амри дигаре ба теъдоди хонандагон хоҳад афзуд. Албатта, ин кор то ҳадде иҷборист, вале боис мешавад, ки иҷбори аввал баъдан ба одат табдил шавад…. Ва бароиТоҷикистон муассиртарин роҳи ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ ҳамин аст.
Чунонки мебинем, ин ду замина ба ҳамдигар пайванди қавӣ доранд ва талош дар ин ду самт ниҳоятан ба рушди адабиёти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Ва аммо дар мақолаи дигар мавзуи чаро мардум бояд китоб хонандро матраҳ мекунем…..
Ҳоло инро бихонед ва мулоҳизоти хешро бинависед, то ман мақолаи дувумро низ бинависам….

(Идома дорад)

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com