بهمن امینی از نخستین ناشران ادبیات تبعید بود. زندگی حرفه‌ای او نمایانگر بخشی از تلاش خودانگیخته ناشران تبعیدی برای انتشار و پخش کتاب‌هایی است که در ایران هرگز بدون سانسور فرصت انتشار پیدا نمی‌کردند و همچنان نیز در محاق قرار دارند. با خط فارسی در اینجا بخوایند.

Баҳмани Аминӣ аз нахустин ноширони адабиёти табъид буд

Баҳмани (Тақии) Аминӣ, мудири интишороти “Ховарон”, яке аз ноширони бособиқаи адабиёти табъид, дар асари паёмадҳои бемории саратон, рӯзи ҷумъаи ۲۵-и обон (۱۶ ноябр) дар ۶۷-солагӣ дар бемористоне дар шаҳри Лиюн даргузашт. Баҳмани Аминӣ аз нахустин ноширони адабиёти табъид буд. Зиндагии ҳирфаии ӯ намоёнгари бахше аз талоши худангехтаи ноширони табъидӣ барои интишор ва пахши китобҳоест, ки дар Эрон ҳаргиз бидуни сонсур фурсати интишор пайдо намекарданд ва ҳамчунон низ дар муҳоқ (пушти парда) қарор доранд.

Баҳмани Аминӣ интишороти “Ховарон”-ро дар соли ۱۳۶۲ дар Порис бунён гузошт. Дар он замон хонандагони китоби форсӣ пуршумор буданд, аммо дар саросари ҷаҳон, дур аз ҳам зиндагӣ мекарданд. Муҳиммтарин чолиши нашр дар табъид на фақат интишори китоб, балки беш аз он пахши китоб ва расондани осор ба хонандагон буд. Интишороти “Навид” дар Олмон, нашри “Борон” дар Суэд, нашри “Китоб” ва ширкати “Китоб” ва интишороти “Тасвир” дар Омрико аз муҳиммтарин ноширони эронӣ дар он солҳо буданд. Байни ин ноширон марсум буд, ки китобҳоеро, ки мунташир мекарданд, дар шабакае мубтанӣ бар ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобил бо ҳам мубодила мекарданд ва дар ихтиёри хонандагон қарор медоданд. Баҳмани Аминӣ барои таъмини ҳазинаҳои нашри китоб чопхонае дар Венсени Порис таъсис карда буд.

Баҳмани Аминӣ дар гуфтугӯ бо родиюи “Замона” дар бораи ҳадафаш аз таъсиси интишороти “Ховарон” гуфта буд:

«Авоили даҳаи ۶۰ афроди зиёде аз нерӯҳои упузисиюн (мухолифон) ва нависандаҳои барҷастаи эронӣ, ки пас аз саркӯбҳои густарда аз Эрон гурехта буданд, дар Порис ҷамъ шуда буданд ва бисёре аз фаъолиятҳои сиёсӣ-иҷтимоъии эрониёни хориҷ аз кишвар дар Порис мутамаркиз буд. Аз ҳамин рӯ аксари матолибе, ки мунташир мешуд, мутаъаллиқ ба нерӯҳо ва созмонҳои сиёсӣ буд. Дар ин миён як ниҳод ва фарди мустақил набуд, ки ба сурати муназзам ба интишори китоб дар заминаҳои мухталиф бипардозад. Ниёзаш хеле мушаххас буд, баъд аз он ҳама саркӯбҳо ва сархӯрдагиҳое, ки дар ҷомеъаи он замон вуҷуд дошт. Дар ин шароит буд, ки ману ду дӯсти ҷавони дигар фикр кардем, ки дар канори фаъолиятҳои дигар бояд ба он пардохт ва дар натиҷа интишороти “Ховарон” поягузорӣ шуд.»

Интишороти “Ховарон” аз соли ۱۳۶۲ то ۱۳۹۵, ки таътил шуд, ҳудуди ۱۰۰ унвон китоб мунташир кардааст. Румони “Хоку хокистар”-и Атиқи Раҳимӣ, нависандаи афғонистонии муқими Порис, маҷмӯъаи достони “Силоҳи сард”-и Алии Ирфон, “Хусрави хубон”-и Ризо Донишвар ва бавижа “Рӯзҳо дар роҳ”-и Шоҳрухи Мискуб дар ду ҷилд аз баёдмонданитарин осорест, ки “Ховарон” мунташир кардааст. Аз вижагиҳои китобҳои “Ховарон” чопи марғуб буд.

Баҳмани Аминӣ таваҷчуҳи вижа ба адабиёти тоҷик дошт, аммо бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти молие, ки дар солҳои ахир даступогираш шуда буд, тавонист танҳо чанд намуна китоб аз нависандагони варорӯдӣ мунташир кунад, ки ба гуфтаи ӯ, маҷмӯъаи ашъори шоъирони имрӯзи Самарқанду Бухоро бо унвони “Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро” бо таҳияи Масъуди Миршоҳӣ (Порис, Фаронса: “Ховарон”, ۱۳۸۷) ва “Синдроми Стокҳолм” (Порис, Фаронса “Ховарон”, ۲۰۰۷) аввалин румони Шаҳзодаи Самарқандӣ, аз пурхонандатарини онҳо буд.

Яке дигар аз вижагиҳои муҳимми “Ховарон” ин буд, ки ба маконе барои гирдиҳамоии моҳонаи нависандагон, шоъирон ва равшанфикрони эронӣ ва форсизабон ва низ дӯстдорони китобу адаби форсӣ табдил шуда буд. Ин гирдиҳамоиҳо зери унвони “Дидор бо аҳли қалам” якшанбеи охири ҳар моҳ баргузор мешуд. Ин нишастҳо ба далели ҳузури шуморе аз равшанфикрон ва нависандагони номвари эронии муқими Порис аҳаммияте вижа дошт. Маъмулан, Шоҳрухи Мискуб, Ризо Донишвар ва Ризо Қосимӣ дар ин нишастҳо ҳузур доштанд. Баҳмани Аминӣ аз меҳмонони ин нишастҳо дар манзили худ, ки дар табақаи фавқонии (болои) чопхонааш дар шарқи Порис қарор дошт, пазироӣ мекард.

Бо зуҳури интернет ва ҳамзамон бо ривоҷи шеваҳои тоза дар чопу нашр, Баҳмани Аминӣ кори чопро раҳо кард ва як китобфурӯшии дузабона дар наздикии майдони “Носиюн”-и Порис таъсис кард. Ин китобфурӯшӣ ҳам дар соли ۹۵ таътил шуд.

Баҳмани Аминӣ баъд аз ибтило ба бемории саратон, охирин моҳҳои зиндагияшро дар канори хонаводааш дар рустое ба номи ДиЮне, дар ҷануб-шарқии Фаронса гузаронд. Ӯ дар соли ۱۳۵۲ ба далели ҳаводорияш аз созмони Чирикҳои фидоии халқи Эрон, дар Машҳад дастгир шуд ва муддатеро дар зиндони шоҳ гузаронд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com