مقاله‌ای از امینه شراف‌الدین‌وا، فعال اجتماعی در سمرقند و تلاش‌های مداوم فارسی‌زبانان برای برقراری مدارس بسته‌شده تاجیکان در دوران کریموف. با خط سیریلیک

گرهمایی تاجیکان سمرقند برای بازگشایی مدارس تاجیکی

Мактаби раками 22-и шахри Самарканд ба номи Садриддин Айнй. Имрузхо ин мактаб вирди забонхо ва дар маркази диккати умум карор гирифтааст.
Он таърихе дорад бой ва пуршукух, ки кам касон аз он огоханд, яъне на хар ахли чамоаи имрузии мактаб ва на хар афроди атрофи он дар ин бора хабар доранд. Маскане, ки бино ба баёни А.Камарзода, 5-нафар академик, 28-нафар доктори фан, такрибан 40-нафар номзади илм, арбобони намоёни давлатй, намояндагони шинохтаи сохахои гуногунро дар огуши хеш парваридааст. Академики Академияи фанхои Точикистон астрофизики машхур Акобир Адхамов, ки рузхои наздик 90-солагии бузургдошташ дар Самарканд пешбинй шудааст, низ тамомкунандаи хамин мактаб аст.
Дар ин катор сулолаи Самеъбоевхо ва Юсуповхо, ки олами илму тибро забт кардаанд, 5- нафар бародарон Хакимовхо, ки пас аз хатми мактаб рохи Точикистонро пеш гирифта, чун дар китоби “Аслхо ва наслхо” омадааст, дар самтхои гуногуни ободгарии он кишвар содикона фаъолият намудаанд, метавон ном бурд. Хайкалтароши номй Ахмад Шохимардоновро низ метавон ном бурд, ки аз сехри дастонаш чандин пайкарахои бузургмардони илму фарханг арзи вучуд кардаанд ва нимпайкараи дар сахни мактаб чойдоштаи Садриддин Айнй низ натичаи эчоди уст. Раисаи маркази миллии точикони Маскав, омузгори яке аз Донишгоххои бонуфузи он Хуршеда Хамрокулова хатмкардаи ин мактаб аст, ки дар катори омузгорони дигар аз модари зиндаёдаш Чалилова Додарой низ сабак гирифтааст. Ин руихатест хеле дароз, аммо ин чо иктифо мекунем.
Солхои пеш дастпарварону омузгорони мактаб аз дидорбинй ва сухбатхои эчодкорони бузурги узбеку точик чун Пиримкул Кодиров, Фазлиддин Мухаммадиев, Фотех Ниёзй, Камол Айнй, Расул Ходизода, Хамрокул Шодикулов, Убайд Рачаб, Лоик Шералй, Иноят Насриддин ва чанде дигарон, рассоми машхур Чингиз Ахмаров ва намояндагони гуногунсоха бархурдор гаштаанд, ки барояшон хотирмон ва судманд буда.
Солхои 2000 – 2005 мактаби мазкур ба сифати майдончаи тачрибавй дар микёси чумхурй оиди таълими забон ва адабиёти точик дар асоси барномахои нави таълим таъин гардида буд. Дар микёси чумхурй омухта шудани тачрибаи пешкадами омузгорони сохибтачриба М.Муъминова (синфхои ибтидой), Р.Саломова, М.Чабборова ва Ш.Мухаммадчонова(забон ва адабиёти точик), иштирок дар озмунхои фаннй ва голибиятхоро сохиб шудану хукуки бе имтихон ба донишгоххо дохил шуданро ба даст овардани шогирдони мактаб, борхо доир кардани сухбату машваратхо дар мавзуъхои гуногун чун ” Айнй – ифтихори миллат”, “Мактаб:дируз, имруз, фардо” ва амсоли инхо аз дастовардхои муфиду раднопазир хисоб меёбанд. Чунин дастоварду нишондодхо хеле зиёданд. Аммо натича чй?
Мактаби замоне пуркудрату машхуре дар байни 22 мактаби точикии шахр (Сиёб, Богишамол, Рохи охан), ки нахуст пурра точикй ва дертар дузабона гашта буд, охирин шуда синфхои точикиашро бохт. Бо хамин дар шахр ягон мактаби точикй намонд. Афсус! Дард! Бадбахтй!
12 соли расои хомушй.
Сабабхо?
Беорию беэътибории мардум? Бемасъулиятию бехаракатии чамоаи мактаб? Носозгории мухит, замона? …
Харакоти равшанфикрон дар бобати баркарор кардани адолати сиёсй-ичтимой бар абас мерафтанду умеди дар ояндахои наздик боз шудани синфхои точикй торафт кам мешуд. Дар чунин ранг гирифтани масъала сабабхо гуногунанд. Ба пуррагй наметавон шахсе алохидаро ангуштнамо шуд.
Баъд аз 12 соли нобудй бори нахуст мурочиати мардум ба сарвари мактаб дар бобати кушодани синфхои точикй бо гирифтани чавоби рад анчом ёфт. Зиёда аз сад нафар мардуми тахкиршудаи боазму ирода когази сафед сиёх карду ба мудирияти идораи таълими халкии вилоят мурочиат кард, ки дар натича аз рохбари он низ чавоби радро гирифт. Арзу шикоёти ишон то ба хокими вилояту Президенти кишвар инчунин идорахои рузномахои вилоятиву чумхуриявй расиданд.
Мепурсед, ки чора чй шуду чорагар кй буд?
Мохе пеш аз саршавии мактаб як зумра аъзоёни шуъбаи самаркандии Академияи илмхои Турон хохиши бо мардуми гирду атрофи мактаб вохурда, сухбате самимонаву ру ба ру карданро пеш гузоштанд. Бо ташаббус ва сахмгузории бевоситаи марди равшанзамир, фаъоли махалла Хуршед Махмудов ва ризоияти рохбари мактаб зани худогох Хайдарова Нодира он икдом ба вукуъ пайваст. Дар бинои мактаб марду зани зиёде бо ахли илму фарханг, зиёиёну рузноманигорон ру ба ру шуданд. Максади мулокот яке буд: руй овардан ба аслияти хеш, химоят аз ору номуси худу гузаштагони худ, эхёи миллй. Кадами нахустин дар ин чода – кушодани синфи точикй!
Саволхо паи хам рехтанд. Бахсу мунозирахо ба миён омаданд.
Нафароне пайдо шуданд, ки хохиши фарзандони хешро ба синфи точикй додан карданд. Аммо то ба охирин мулокот кароре аник ба миён наомад. Таскинбахш он буд, ки мардум мардуми пешина – бехавсала, нобовару карахт ва нисбати такдири худу фарзанди худ беэътибор нест. Вай чуё, фаъол, хушбину хушбовар гаштааст. Дар чашмонаш шарораи умед дида мешавад ва хочат ба ранчишу сарзаниш ва таъна задан бар вай намондааст. Ин хама натичаи имруз мухайё гаштани фазои озод ва солим аст.
Натичабардорй: 18-нафар (10- нафар духтаракону 8-нафар писаракон)нури чашмони падару модар, ситорахои умедбахши осмони маърифати точик ба сахни мактабе, ки кадами мубораки инхоро дер боз мунтазир буд, ворид гаштанд. Ростй, махз ба хотири онхо имсол тадбири Рузи дониш дар мактаб нихоят серодам буд ва забони модарии ТОЧИКЙ пас аз солхои тулонй бори нахуст ба таври расмй садо дод, ки барои донишомузон ва хатто чамоаи мактаб гайричашмдошту хаячонбахш буд. Аз ин чост, ки чанде аз ширкаткунандагон дида тар мекарданду бо эхсосоти хосе сухан мекарданд. Хатто аз раксу бозихо худдорй карда натавонистани чи хурдтаракону чи калонсолон, тухфасупорихо, гулборонкунихо ба дарачае буд, ки гуё ин хама танхо барои хамин як синф доир карда шудааст.
Академики Академияи илмхои Турон Аслиддин Камарзода иброз дошт, ки ин синфи точикиро Академия ба химояти хеш мегирад, академикхо ба навбат омада дарс мегузаранду дар оянда дар табдил кардани ин мактаб ба мактаби пуриктидорхо сахмгузорй мекунад.
Пас аз поён ёфтани тадбир шохиди аз синфхои узбекй зуран бо гиря вориди синфи точикй гашта, хохиши дар он синф хондан кардани 2-3-нафар донишомузон гаштем. Ин бароямон ачиб буд.
Чй лахзахои хуш, тасхиркунанда, таърихй ва хотирмон!
Барои ин хама ба тамоми хиссагузорон: раисони фаъоли махаллахо, фаъолони он, рохбарияти мактаб, ахли зиё ва падару модарони дилсузу худогох ташаккурхо бод! Хонахошон обод ва ояндаашон дурахшон бод!
Чашми умед доштем, ки хамин сол дар мактабхои 5, 8, 31, 47- и шахр ва 12, 16-и нохияи Самарканд, ки замоне мактабхои номдори точикй буданд, синфхои точикй кушода мешаванд, аммо афсус.
Шояд холо хам дер набудагист! Бо мардум бояд гуфтугу карду уро ба ояндаи нек бовар кунонид.
Тараккихои хар миллат самар аз хиссашон бошад,
Талоше, гайрате, хиссе, шумо хам миллатед, охир!

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)