سلیم ایبو‌زاد، نویسنده و روزنامه‌نگار تاجیک مقیم پراگ، مقاله بلندی نوشته است در باره آوا سوزی، روزنامه‌نگار استونی و روسی‌نویس که تاجیکستان را با چشم تازه و عمیق دیده و برای روسی‌خوان‌ دوران شوروی و پسا شوروی معرفی کرده است. این مقاله با خط سیریلیک است که از روزگار و فعالیت‌های صمیمانه آوا سوزی، استونی پارسی‌گو، قصه می‌کند.

آوا سوزی، روزنامه‌نگار استانی

Аво Сузӣ барои наворгирии як намоиши Телевизиони Эстония дар соли 1978 ба Тоҷикистон омад, ошиқи ин кишвар ва мардуми он шуд, метавон гуфт, ба як тоҷик табдил ёфт, ин ҷо монд ва ба адабу фарҳанги он хидмат кард.

Дар муддати начандон дарози зиндагияш дар Тоҷикистон тақрибан ба ҳамаи гушаю канори ин кишвари мисли ватанаш кӯчак сафар кард, бо ҳазорон нафар нишасту бархост, даҳҳо мақола ва очерки мондагор навишт, ду китоб нашр кард, бо як бонуи бадахшӣ издивоҷ намуд ва дар солҳои ноороми Тоҷикистон маҷбур шуд, ба ватанаш баргардад. Ҳоло бо ҳамсараш Гулҷаҳони Юсуфӣ, писараш Фаррухрӯз, духтараш Фариштамо ва набераҳояш дар шаҳри Виланди Эстония зиндагӣ мекунад; ҳамоно дар бораи Тоҷикистон менависад ва ба зудӣ китоби навбатияш нашр хоҳад шуд.

ДУРАХШИ СИТОРА

Аво Сузӣ дар фазои фарҳангии Тоҷикистони аввали солҳои 1980 ногаҳон пайдо шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт. Ончӣ ӯ дар бораи Тоҷикистон менавишт, аз чизҳое, ки даҳҳо рӯзноманигори дигари русзабон менавиштанд, фарқ мекард ва аз дил бархоставу ба дилҳо менишаст.

Лаҳнаш дигар буд – самимӣ ва дилсӯзона. Нигоҳаш дигар буд – чизҳоеро медид, ки дигарон намедиданд. Эҳсос мешуд, ки рӯзноманигори эстон ба роҳатӣ метавонист, дили ҳамсуҳбатони тоҷикашро дарёбад ва онҳо барояш чизҳоеро бигӯянд, ки ба дигарон нагуфтаанд ё намегӯянд.

Ҳоло, агар Аво Сузӣ ин ҳарфҳоро мехонад, ҳатман лабханд мезанад ва хоксорона даст меафшонад: “На, ин тур нест, дӯстам, шояд дигарон қолабӣ мепурсиданд, шитоб мекарданд ва вақт надоштанд, бо ҳамсуҳбати худ як пуд намак бихӯранд ё ақаллан як пиёла чой!”

Ӯ на танҳо чой менӯшид, балки даҳҳо фарсах роҳу пайроҳаро ҳамроҳи онҳо месипард, дар шодии онҳо шод буду дар ғами онҳо андӯҳгин, сар ба рӯйи санги кӯҳсорони тоҷик мениҳоду мехобид, почаҳои шимашро барзада, ҳамроҳи онҳо аз рӯдҳо мегузашт, дар садои донакшикании занон мусиқии зеборо мешунид ва дар кокулбофии онҳо зебоии нозукро медид, аз нигоҳи боғбон ба ниҳолҳои навруста паём мегирифт ва аз ҳама муҳимаш, ба гуфтаи қаҳрамонони очеркҳояш, хеле зиёд суол медод, ҳама чиро мепурсид, ба ҳама чиз шавқ дошт, ҳама чиро донистан мехост.

Албатта, дар он давра дар матбуоти русзабон хушқаламҳое, ки дар бораи Тоҷикистон менавиштанд, кам набуданд. Монанди Михаил Табачников, Валерий Талвик, Владимир Медведев, Леонид Пашенко, Олег Новгородский, Юрий Харламов, Алексей Лукин ва ғайра, аммо ҷойгоҳи Аво Сузӣ дигар буд. Бо сабкаш, нигоҳаш, муҳаббаташ ба Тоҷикистон фарқ мекард.

Ҳадафам дар тарозу гузоштани корномаи Сузӣ ва қаламкашони дигари русзабон дар Тоҷикистон, ки он солҳо хеле зиёд буданд, нест, аммо табъан бисёр чизҳо дар муқоиса намудор мешаванд. Ба ҳар тартиб Аво Сузӣ яке аз онҳо буд, ба русӣ менавишт ва касе буд аз берун омада буду намояндаи қавму фарҳанги дигар.

ЭСТОНИ ПОРСИГӮ

Як фарқи дигари Аво ин буд, ки аксари рӯзноманигорони русзабон, ҳарчанд даҳсолаҳо дар Тоҷикистон мезистанд, танҳо русиро медонистанд, аммо ӯ дар муддати кутоҳ забони мардуми моро хуб омӯхт ва ширину шево тоҷикӣ ҳарф мезад. Вай то ҳанӯз метавонад ба ин забон суҳбат кунад ва ҳамаи номаҳои ахирашро ба ман ба тоҷикӣ нигоштааст. Мегӯяд, ҳар гоҳ заъферо дар забону баён ҳис кунад, “Шоҳнома”-ро мехонад ва ҳис мекунад, ки форсии тоҷикӣ дар вуҷудаш аз нав мешукуфад.

Шояд буданд дар байни русзабонҳо онҳое, ки тоҷикиро низ медонистанд. Вале Аво боз таъриху адабиёти тоҷиконро хуб медонист ва пеш аз он ки ба Тоҷикистон ояд, рисолаҳои зиёди этнографиро дар бораи мардуми он хонда буд. Шояд чунинҳо низ буданд, яъне онҳое, ки ҳам забонро медонистанду ҳам таърихро, лек боз ҳам Аво дигар буд – вай ин мардумро дӯст медошт ва дилдодаи ин забон ва ин таърих буд ва ҳар кореро, ки мекард, бо муҳаббати бузург анҷом медод.

Боз ҳам, ангор, барои Аво Сузӣ шудан инҳо ҳам камӣ мекард. Дар навиштаҳои ӯ чизи дигаре ҳам ҳаст, ки дигарҳо надоштанд. Паҳно ва умқи андеша! Меҳваре сахт мисли ҳайкале аз хоросанг, баланд дар осмони Помир ва бо решае амиқ дар гузаштаи ҳазорсолаҳо. Бе ин Аво Аво шуда наметавонист. Ҳоло бархе аз навиштаҳои ӯро аз нав мехонам ва ин хулосаам қавитар мешавад. Ангор, ӯ омада буд, то шоҳиди ҳаёти тоҷикон дар давраи рӯёрӯйии суннатгаройии онҳо бо мудернизми садаи бист шавад ва дар як порчаи таърих гузаштаи дури онҳову ояндаашонро бинад ва онҳоро бо худашон бишиносонад, барояшон  чизҳоеро нишон диҳад, ки аз нигоҳи худи онҳо чизаке нестанд, вале дар чашми шахси доное аз берун қиссаҳои ҳазорсоларо ойинадорӣ мекунанд.

Шояд ҳам омада буд, таърихи мардуми худ – миллати эстонро бо ончӣ дар сарзамини тоҷикон мегузарад қиёс кунад ва талош намояд, ки чарху абзори дигаргуниҳои таърихро фаро гирад. Аслан як бахши умдаи адабиёти ҷаҳон маҳз дар бораи бархӯрди анъана ва мудерниза аст ва хуш ба ҳоли он суханвароне, ки тавонистаанд, ин падида, бавижа пайомадҳои маънавию ахлоқии онро бипажӯҳишанд ва дарк кунанд.

КАСЕ, КИ НОГУФТАҲОРО МЕГУФТ

Чизи дигаре, ки мо, рӯзноманигорони ҷавон, дар он солҳо дар навиштаҳои Аво дидем, ҷасорат буд. Гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида, дар лобалои сатрҳо, ӯ чизҳоеро мегуфт, ки на ҳар кас гуфта метавонист. Барои намуна, дар яке аз очеркҳояш навишта буд, ки дилаш мехоҳад, аз нобуд шудани Қалъаи Вомар дар Рӯшон фарёд кашад: “Дареғ, қалъаро ҳифз накарданд, ёдгори гузаштаро маҳв карданд, таърихро куштанд! Барои ҳифз кардан, озодӣ зарур буд, озодии мардуме, ки тавонад, сарнавишти мероси ниёконашро худаш ҳал кунад.”

Дар идомаи ин баҳс меафзояд, “агар касе барои ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ садо баланд мекард, хеле зуд аз тарафи кормандони ҷабҳаи идеологӣ барчаспе вобаста ба саводи ин корманд, ба ҷабинаш зада мешуд: аз одами ақибмонда гирифта, то ҷосуси душманон”. Ба гуфтаи ӯ, дар нимаи дувуми солҳои панҷоҳум дар Басид мазори орифи хуросонӣ Нуриддин нобуд карда шуд. Як нафар ҳам ба дифои он барнахост.

Имрӯз ба худсафедкуниҳои раҳбарони пешина ва ҳимояти “хокпошҳо” аз онҳо нигариста, метавон натиҷае гирифт, ки мо гузаштаро хеле зуд фаромӯш мекунем ва одат дорем, аз қотилони худ фаришта созем. Гоҳе аз нодонӣ ва гоҳе ҳам аз хӯйи бардагӣ.

Аво Сузӣ қиссаҳои пурдарди мардумро аз забони худи онҳо гирд меовард. Аз он ки чӣ гуна ҳазорон ҷилд китоб сӯзонда ё дар қабристонҳо гӯронда ва ё ба дарёҳо афканда шуд. “Китоб ё дастхатте ба ҳуруфи арабӣ метавонист, дорандаи онро ба маҳбас кашонад, муҳим набуд, ин чӣ китоб аст.” Ин дар ҳоле ки дар деҳоти Тоҷикистон қариб дар ҳар хона чанд нусха аз чунин китобҳо ёфт мешуд. “Дар Бартанг адабдӯстоне буданд, ки дар хонаашон чандсад нусха китоб буд.” Як ҳамсуҳбати Аво дар ин водӣ ҳикоят мекунад, ки дар хонаашон як шаб то саҳар китоб сӯзондаанд, то ба балои бад гирифтор нашаванд. Чокаре аз маркази ноҳия хабар овардааст, ки пагоҳ дар деҳа китоб хоҳанд ҷуст. Муаллиф аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро аз китобдорон дида, хабаркашҳо ба маротиб бештар буданд.

“Хабаркашӣ ҳанӯз аз замони таъқибҳои сталинӣ дар умқи вуҷуди баъзеҳо нуҳуфтааст ва гоҳе ки фурсат расид, ин беморӣ хуруҷ мекунад ва ҳазорон нафарро фаро мегирад.” Низом як зоти хоси одамонро парварда буд, ки на танҳо аз рӯйи хусумати шахсӣ, балки барои як лаҳза дилхушӣ низ метавонистанд, ҳаёти дигаронро сӯзонанд.

Аво ба деҳаҳои дурдаст меравад ва решаву омилҳои ин варорехт ё дигаргунии равониро меҷӯяд. Шояд на амдан, балки ин мавзӯъ дар канори мушоҳидаҳои дигараш пайваста рӯ мезанад ва ба раванди бузургтари бархӯрди суннатсолорию замонаи нав рабт мегирад.

Масчо, дақиқтараш Масчои Нав, барои Аво Сузӣ як намунаи барҷастаи бархӯрди суннатгароии тоҷикон бо мудерниза аст. Мардумро аз қабри падарон ва решаҳои гузаштааш, аз муҳити қадима ва дилпазираш буридаву ба макони нав оварданд, то аз онҳо одамони наве созанд. Аво менависад: “Дар Масчои Нав имконияти нодири дидани дигаргуниҳо дар ҳаёти як хонадони падарсолор мавҷуд аст.” Дар ин ҷо рӯзи ид раҳбаре Аворо ба хаймаи “калоншавандаҳо” даъват мекунад ва онҷо барояш як истакон арақ мерезанду газак пешкаш мекунанд. Вақте мефаҳманд, ки ӯ, як аврупоӣ (!) аслан шароб наменӯшад, аввал шигифтзада, сипас, хашмгину нороҳат мешаванд. Арақнӯшӣ нишонаи пешрафтагӣ буд ва бадбахтона, ҷомеаи тоҷик ҳамин гуна аломатҳои сатҳиву зоҳириро ба ҳайси мудерниза талаққӣ ва аз онҳо пайравӣ кард. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло он “калоншаванда” мулло ё ҳатто имоми масҷид бошад.

СОЛИ НАВИ ТОҶИКОН

“Боре “Комсомолетс Таджикистана” ба ман супориш дод, ки дар бораи ҷашнгирии соли нав аз тарафи тоҷикон мақолае нависам. Ман навиштам, аммо онро рад карданд,” – мегӯяд Аво. Донотароше фармудааст, ки на, тоҷикон соли нарво ин гуна ҷашн намегиранд.

Ин мақолаи ӯ дар бораи Наврӯз буд, ки дертар дар “Адабиёт ва санъат” ба нашр расид. Дар ин номааш Аво аз як рӯйдоди дигаре ёд мекунад, ки низ мисли “муште намунаи хирвор” аст.

“Боре як дотсенти институти Кӯлоб ба маҷаллаи “Помир” мақолае овард дар бораи ҷамъ кардани фолклори тоҷикони Афғонистон. Корманди идора — Табачников маро пурсид, ки як бин, ман дар ин бора ҳеҷ чизро намефаҳмам. Ман хонда, дидам, ки сафсатта, бештар ситоиши маданияти бузурги рус. Агар алифбои русӣ намебуд, ба донишманду пажуҳишгари тоҷик имконият намебуд, калимаҳои лаҳҷавиро ба тарзи дақиқ рӯйи коғаз оранд. Табачников нахост, ба ман лозим омад бо он достент суҳбат кунам. Омада, моро поён, ба ошхона бурд. Оҳиста-оҳиста шарҳ додам, ки мақолааш на пурра тайёр аст ва хуб мебуд, баъзе фаслҳоро мушаххас кунад ва асараш боз хубтар барояд. Вай мегуфт, ҳамааш дуруст аст, чизеро дигаргун сохтан зарур нест. Ман: мегӯед, илоҷи дигаре ба ғайр аз корбурди алифоби русӣ вуҷуд надорад, балки чӣ гуна садоноки дарозро менависед. Бо алифбои тоҷикӣ (арабӣ) осон: менависед – дароз, наменависед – кутоҳ. Дотсент дер вақт ба ман нигоҳ карда, гуфт: коратон набошад, чӣ гуна мо амал мекунем.

Дарси хуб буд. Воқеан ҳар як одам ва ҳар миллат бояд худаш ба роҳи худ равад. Роҳбар зиёдатист.”

Ҳатман барои касе мисли Аво дардовар буд, вақте ки дар симояш як бегонаро медиданд ва намефаҳмиданд, ки ӯ тоҷиктар аз ҳар тоҷики дигар аст. Бегона шумурдани ӯ аломати нотавонӣ ва бесаводӣ буд.

ТАНҚИДҲОЕ НА ЧУН ТАЪН

Рӯзноманигорон ва акнун ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯшаи худро доранд, танқиди зананда, ҳангомаҷӯёна, шармсоркунанда ва ҳатто таҳқиркунандаро нағз мебинанд. Дар сӯйи дигар онҳое ҳастанд, ки бо чунин ҳиссиёти баланд таърифи болохонадор, осмоншикоф, чоплусона ва пойбӯсонаро.

Танқидҳо ва ситоишҳои Аво Сузӣ зоҳиран нарму ороманд. Вай гӯё бо ҳамон лабханди ҳамешагӣ суҳбат мекунад ва дар назари аввал намефаҳмӣ, ки ӯ сангинтарин масъаларо пеш мегузорад. Гумон намекунам, бо ин роҳ мехост, сензураи шӯравӣ ва “Главлит”-и онро фанд диҳад. Ин сабки ӯ буд, ки факт ва воқеаро тасвир кунад. Танҳо гоҳе ки сари ин чизҳо фикр мекунӣ, худ ба интиқоди вазъи мавҷуда мерасӣ. Бо камоли бовар ва эътимод. Аз дилу ботин, на аз ҳаво. Танқид худ дар зеҳнат пайдо мешавад, на ин ки муаллиф туро талқин мекунад, ки ин падида бад аст.

Сутуданҳои ӯ низ тасвиранд, на гуфтан ё баҳо додан. Мехонӣ ва нохудогоҳ аз чизе, ки қаламдод шудааст, шод мешавию ба ситоиши он мепардозӣ.

Чунин порчаҳо ғолибан хулоса ё натиҷагирӣ надоранд. Аво Сузӣ қазоватро дар ихтиёри хонанда мегузорад. Вай ба хиради хонанда бовар дорад. (Ёдам меояд, ки муҳаррирон мегуфтанд: хуб навиштаӣ, аммо хулоса надорад. Ҳоло фикр мекунам, баръакс хуб навиштаам.)

Набояд бардоште ҳосил шавад, ки дар китобҳои Аво Сузӣ замони шӯравӣ зери тозиёнаи танқид аст. Ҳарчанд ин китобҳо 1988 ва 1991 чоп шудаанд ва нукоти интиқодӣ аз низоми вақт доранд, чизе ки дар онҳо барои таърих сабт шудааст, ҳаёти одамон, симо, андеша ва эҳсосоти онҳост. Ин ҷо сухани ӯ ба гунае асил аст, ки гӯё ҳар вожаро дар тарозуи инсоф баркашида бошад ва барои онҳое, ки дар он даврон зистаанд, самимияти инсонҳои одӣ, заҳматпешагии онҳо ва бовари бепоёнашон ба саромадони давр ба гунаи дилрас тасвир ёфта, барои онҳое, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба дунё омадаанд, яке аз сабабҳои асосии ҳасрати одамонро нисбати он давра боз мекунад. Аз ин лиҳоз навиштаҳои Аво Сузӣ шояд аз боризтарин намунаҳои сухани беғараз ва ғайрисиёсӣ дар таърихи рӯзноманигории Тоҷикистон бошанд, ки дар авҷи ҳаёҳуйи сиёсӣ ва инкоргароӣ, эйфорияи озодии комил ва бебандубори сухан мунташир шудаанд.

САФАРЕ, КИ САРНАВИШТ ШУД

Омӯзиши Тоҷикистонро Аво Сузӣ дар соли 1979 бо сафаре дар ҳайати кормандони ленинградии Пажӯҳишгоҳи обшиносии Академияи улуми СССР ба Бартанг оғоз кард. Ҳамчун узви ин гурӯҳи илмӣ Аво дар бунёди шабакаи радиоии огоҳкунандаи сел дар кӯли Сарез ширкат варзид ва зарур буд барои озмоиши кори ин шабака зимистонро дар деҳаи Барчадифи Помир ба сар барад. Ва зиёда аз ним сол дар ин деҳа ҳамроҳи мардуми он зиндагӣ кард ва мушоҳидаҳои худро ба дафтаре навишт, ки ду сол баъдаш дар маҷаллаи “Помир” чоп шуда, номи муаллифро машҳур гардонд. Пас аз Барчадиф Аво Сузӣ ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон, монанди Ғарму Ҳойит, Масчо, Бешкенту Шаҳритус ва ғайра сафар кард ва очерку эссеҳое навишт, ки расонаҳои русизабон онҳоро бо майли тамом нашр карданд. Рӯзноманигорон ва адибони русзабони Тоҷикистон ба роҳатӣ, бе хусумату рақобат ӯро ба сафи худ пазируфтанд, ба зудӣ корманди маҷаллаи “Помир” гашт.

Аз як сӯ истеъдоди бебаҳси нависандагияш ва аз сӯйи дигар нисбатан бехусумат ва озодтар будани фазои қаламкашони русзабон барояш имкон доданд, ки соҳиби минбар шавад. Ба гумони ман сабаби дигаре ҳам буд. Номи Аво Сузӣ замоне сари забонҳо шуд, ки номи адибону рӯзноманигорони дигаре аз ҷамоҳири Соҳили Болтик, монанди Урмас Оттои эстон, ки намоиши “Шиносоиҳои телевизионияш” дар саросари шӯравӣ шӯҳрат дошт ва ҳатто Михоил Горбачёв гуфта буд, орзу дорад, дар барномаи ӯ ширкат варзад; Юрис Подниекси латвиягӣ, ки филми далеронаи мустанадаш “Оё ҷавон будан осон аст?” аз мавҷи наве дар синемои шӯравӣ хабар медод; Арво Валтони эстон, ки достонҳои кутоҳаш хонандаи шӯравиро шефтаи сабки тоза карда буд, фазоро такон медод ва оҳангсози латвиягӣ Раймонд Паулс барои беҳтарин овозхонони шӯравӣ тарона месохт. Халқи шӯравӣ онҳоро дошт, тоҷикон Аво Сузиро!

Ӯ бо навиштаҳои аҷиби худ ва ҳам бо забондонияш хеле зуд ба дӯсти хуби адибону рӯзноманигорони тоҷик табдил ёфт. Аз дидори ӯ Адаш Истад, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Ҷонибек, Муаззама, Муҳаммадраҳими Сайдар, Муҳиддини Олимпур ва дигарон шод мешуданд ва суҳбати онҳо ҷолибу ибратомӯз буд. Чун ҳар одами шӯҳратёр гирди номи ӯ овозаҳои зиёде мечархид. Боре Муҳаммадзамон мегуфт, Аво писари як заминдори калони эстон аст ва Шӯравӣ, вақте ки дар соли 1940 кишварҳои Соҳили Болтикро ишғол ва ба СССР ҳамроҳ кард, ин хонадон аз ҳамаи сарватҳои хеш маҳрум гашт. Дигаре мегуфт, Аво ба нишони эътироз ба Тоҷикистон омадааст, то аз ифтихори миллии тоҷикон дифоъ кунад, бубинед, ӯ на ба Ӯзбакистон ё Қазоқистону Туркманистон, балки маҳз ба Тоҷикистон омад, чун аз ҷойгоҳи вижаи ин мардум дар таъриху фарҳанги ҷаҳон огоҳ аст ва ба он арҷ мегузорад.

Боре соли 1994 аз Маскав ба Муҳаммадзамон занг зада будам ва дар он суҳбат ногоҳ аз Аво ёд кард ва гуфт, шунидааст, ки ӯ дар Эстонияи соҳибистиқлол сарватҳои ирсии худро бозпас гирифта, соҳиби замину қасрҳо, ҳатто ҳазорон гектар ҷангалу кӯлу дарёст (дар кӯлҳояш қуҳои сафед шино мекунанд), ҳукумати эстон аз ӯ барои мусодира шудани амволи меросияш аз тарафи Шӯравӣ бахшиш пурсидааст.

— Барояш гӯед, шермард, маро ба Эстония даъват кунад, дар соҳили кӯл як чайлае месозам ва мешинаму менависам, ҳамаи асарҳои дар дилам бударо менависам ва якеашро ба ӯ мебахшам.

Ин хоҳиши Муҳаммадзамон дар зеҳнам пас аз чанде бо устод Адаш Истад телефонӣ суҳбат кардам ва пурсидам, чизе дар бораи сарватманд шудани Аво шунидаанд. Гуфтанд, на, танҳо ҳаминро медонанд, ки Аво ҳангоми бозгаштанаш ба Эстония аз Тоҷикистон як гаҳворае бо худ бурдааст.

ГАҲВОРАИ ТОҶИКӢ ДАР ЭСТОНИЯ

Иттифоқан, вақте ки пас ин ҳама сол ва ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ Аворо пайдо кардам, тасдиқ кард, ки аз Тоҷикистон барои тифли навзодаш бо худ ба Эстония гаҳвораи тоҷикӣ бурдааст. Аммо на танҳо гаҳвора. Маълумам шуд, ки солҳои дар Тоҷикистон зистанаш Аво бо мусиқишиноси тоҷик Гулҷаҳон Юсуфӣ, ки ҳамроҳ чанд сафари этнографӣ доштаанд, издивоҷ кардааст ва ҳоло бо ӯ ва як писару як духтарашон дар Вилянди Эстония зиндагӣ мекунанд.

Инро замоне донистам, ки тасодуфан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо духтари Аво — Фариштамо Эллер ошно шудам. Номи Фариштамо таваҷҷуҳи маро ба худ кашид. Вақте гуфт, ки духтари Аво Сузист, аз шодии беандоза дар чашмонам ашк дамид. Пайдо кардани Аво пас аз 25 соли  бехабарӣ бароям иде буд, чун аз соли 1993 ба ин сӯ ӯро меҷустам. Ҳангоме ки бори нахуст дар Мюнхен ҳампешагони эстонро бароям муаррифӣ карданд, аз онҳо пурсидам, оё Аво Сузиро мешиносанд ва метавонанд ба ман кумак кунанд, то бо ӯ дар тамос шавам? Ваъда карданд, ки ӯро меёбанд, чун Эстония кишвари калоне нест. Вале ваъда ба барфҳои зимистон монду дар ин байн бахши эстонии мо баста шуд ва ҳамкоронаш парешон.

Ҳайрон будам, ки чӣ хел дар кишвари хурдакак чунин рӯзноманигор ва нависандаи машҳурро, ки акнун мероси падарияшро бозгирифта ва соҳиби замини паҳновар, қасру кохҳои зиёд, ҷангалҳо, кӯлҳо ва рӯдҳо шудааст, пайдо карда наметавонанд?

Боре чунин шуд, ки роҷеъ ба гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба як хабарнигори Радиои Эстония мусоҳиба додам. Пас аз хатми сабт аз ӯ низ пурсидам, оё касеро бо номи Аво Сузӣ мешиносад ва ҳикоят кардам, ки Аво дар Тоҷикистон чӣ корҳоре кардааст. Боз ҳам ваъдаи кумак шуд, дареғ, ваъдае, ки вафо надошт.

Дар ин байн гоҳу ногоҳ миёни қоғазҳоям навиштаҳои Аво ба чашмам мезад ва ӯро ёд мекрадам. Ё дар суҳбатҳои телефонӣ дӯстон аз Душанбе аҳволи ӯро пурсон мешуданд.

Вақте ки ниҳоят Аворо пайдо кардам, ӯ бароям навишт (айнан): “Кормандони бахши эстонии радио ҳарчанд кӯшиш ҳам мекарданд, маро ёфтанашон муҳол буд. Ман дар ҳеҷ ҷо сабт нашуда будам. Ҳатто паспорт надоштам. Дар Таллинн гашта, ба майдончае расида, дидам, ки касе (сарвазири оянда) паспортҳои одамонро ба як зарфи шишагӣ ҷамъ мекунад. Гуфтанд, ки мардум аз шаҳрвандии шӯравӣ берун шуда, паспортҳояшонро мепартоянд. Ман паспорт дар ҷайбам надоштам. Дар хона онро ба оташдон андохтам. Баъдтар аён шуд, ки паспортчинӣ бозӣ будааст. Паспортҳоро ба милиса расонда, ҳар кас аз они худро пас гирифт. Ман паспорти навро бо гузашти се-чор сол гирифтам. (Ин муддат) соз карда натавонистам. Шахсияти худро исбот карда намешуд. Соддагӣ ҷазо дод”.

Дар идомаи ин нома Аво ҳамчун як муҳаққиқ аз тағйири вазъ барои фарзандонаш ҳикоят кард: “Гапи Адаш дуруст, гаҳворае ба Эстония бурда шуд. Балки беҳуда. Ҳайрон шудам, ки ҳозиразамона модар бачаро ба дасти худаш калон мекунад. Модар монда шавад, падараш ба дасти худ мегирад. На ягон гаҳвора, дасту пойи бача, ҳама озод. Ҳаракат мекунад, балки узвҳои танаш итоат намекунанд. Хона гарм, аммо дасту пойи бача меларзад. Як дақиқа ҳам оромӣ нест. Дар муоқиса ба ин бача вақте ки дар гаҳвора хоб меравад, саодатмандтар аст.

Ёдам аст, Фаришта қариб яксола буда, гирду атрофи хона мегаштем. Духтарак гап задан хосту доимо “ап-ап” мегуфт. Ман ҳеч фаҳмидан натавонистам, калимаи “ап” чӣ маънӣ дорад. Чанде пеш китоберо варақ задам дар бораи забони паҳлавӣ. Маълум шуд, ки калимаи “ап” дар замонҳои нав “об” гуфта мешавад. Дар паҳлуи пайраҳа ҷӯйбор тӯл кашида буду бача бо забони худаш хабар медод, ки чиро мебинад. Каси дигар, албатта, гапи бачаро пай мебурд, ман не.

Ҳодисаи дигар вобаста ба забон умуман аҷоиб менамояд. Бачаҳоро ба боғча додем, ки забон омӯзанд. Он вақт фақат тоҷикиро медонистанд. Ду ҳафта гузашта Фаришта бо эстонӣ тоза гап зад. Холаҳои боғча ҳайрон, ки бачаҳои рус солҳо гашта, бо заҳмати бузург как-кам забон ёд мегиранд. Илова бар ин, Фаришта ибораҳои дер вақт азбайнрафтаро истифода мебурд. Ба назарам, ин на қобилияти калон, балки ким-чӣ хел хусусияти майнаи одам аст. Донише аз наслҳои пеш ба насли минбаъда, мумкин ба воситаи ген мегузарад. Аз ғафлат бедор кардан даркор асту бас”.

ЁДҲОИ БИҲИШТӢ

Дар номаи дигараш Аво Сузӣ менависад: “Фикрам тез-тез ба роҳҳои Тоҷикистону Душамбею Масдчоҳ мегардад. Чӣ хел одамони мумтозро вохӯрдам! Як ронанда аз деҳаи Демнора, ки мошини калонашро аз автобаза ба иҷора гирифта, аз саҳар то шом бор кашонда, бо пули худ купрукҳои Масчоҳро соз карда, баъзеи онро умуман аз нав сохт. Ё муҳандисе, ки кори конҳои калонро тарк карда, ба ватани худ – Камаров омаду водии бобоияро аз нав зиндагибоб сохтан хост. Рухсат доданд, совхоз ташкил кунад. Муҳр супурданд, аммо пул надоданд. Вай кас ба роҳи пулёбӣ афтода, ваннаи сербару дароз аз оҳан сохту зери чашмае ҷой дод. Аз Душамбе партовҳо, чӣ боқӣ мемонад пас аз фурӯхтани шарбати себ, мошинҳо катӣ кашонда, ба ванна андохт. Гуфт, ки донаки себ ғарқ мешавад, боқимонда сабук асту шино мекунад, то оби онро оҳиста-оҳиста берун мекунад аз болои лаби ванна.

Акнун донаки себ чида ва фурӯхта мешуд. Гуфтанд, ки моли боқимат аст. Якчанд гӯсола аллакай харида буд сардори совхоз. Нақшаҳои деҳа, саҳро ва боғҳоро супориш дода буд. Сохтани иморатеро сар карданд. Бо ҳам дараи Камаровро сайр кардем. Деҳаҳои пешина нобуд шудаанд, зиндагиро дар онҳо аз нав ба роҳ мондан даркор буд. Дар як деҳа чуқурие, ҳамчун шаҳодати бомбаандозии қӯшуни шӯравӣ ба сари камаробиён ёфт шуд. Ин кас ватани худро ҳақиқат ҳам азиз медошт. Афсӯс, ки натиҷаи кораш бароям номаълум монд.

Дар роҳи гузашта фикр рондан ин хатарро дорад, ки корҳои ҳозира шакли номуҳим мегиранд. Сабаб мумкин дар инки ёддошт, ба қавли як нависандаи эстонӣ, ягона ҷаннатест, ки аз он ҷо одамро берун кардан намешавад.

Тасаввур кардам, ки дар Душамбе одамони шинос умуман намонд. Интернет катӣ дидам, ки Адаш дар Самарқанд, Баҳманёр дар Панҷикант. Хато кардам, Кароматулло мондаасту менамояд, ки хубанд. Фикр доштам, ки ин кас ба Зарашфон, ба Вашани худ баргашта.

Саломи маро ба Кароматулло, ба ҷӯраҳо ва рафиқони дигар расонед. Агар Кароматулло занг зананд, хурсанд мешавам. Коратон баракат ёбад. Худо ҳофиз.”

Ва дар номаи дигараш: “Дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон қадаре огоҳ ҳастам, бо тарзи имконият, он чӣ ба воситаи интернет ба даст меафтад. Охирин ин ки оркестри симфонӣ ташкил медиҳанд. Ин кор аз ҳад муҳим, монанди сутуни байрақбардории абршикан. Дар мақолае хондам, ки нақши сохтани обанбор дар Зарафшонро мекашанд. Бо шарти ин ки мардум бояд беватан монад. Дуруст?

Рӯзномаро кофта-кофта хотираҳои як комиссари сурхро пайдо кардам, ки якчанд порчааш ба тоҷикон алоқа дорад. Муаллиф мегӯяд, чӣ диду шунид, аммо аз корҳои худаш на ягон калима. Бе ин ҳам фаҳмост, бо чӣ кор он кас банд буда. Тарҷума намуда, бо қобилияти худ ба Шумо фиристодан хостам, балки илоҷ ёфт нашуд.  Солҳо гузаштанд, акнун ба Шумо медиҳам.

Навиштани ин хатча якчанд рӯз металабид. Забон оҳиста-оҳиста фаромӯш шуда ба адабиёт мегузарад. “Шоҳнома”-ро гирифта, “Достони Рустам ва Сӯҳроб” -ро хонда, каме барпо кардам.”

БАРТАНГ

Номаҳои Аворо канор мегузорам ва китобҳояшро ба даст мегирам.

“Бартанг” нигоҳи як эстон ба зиндагии мардуми ин водӣ дар оғози солҳои 80-уми садаи бист аст. Китоб аз сафари як дастаи ҳавошиносон аз Пажуҳишгоҳи обшиносии Ленинград ба Барчадиф барои устувор кардани як пойгоҳи радиоии огоҳкунандаи сел сар мешавад ва тадриҷан ба чеҳранигорӣ аз Помиру помириён бадал мегардад. Аво, ки узви ин ҳайат аст, дар оғоз аз аҷобатҳои афроди ҳамсафараш, шеваи кори онҳо, иҷрои вазифаи илмӣ сухан мекунад. Ҳайат дар боғе дар гӯшаи деҳа хайма мезанад ва кору зиндагияш аз мардуми бумӣ ҷудост, вале тадриҷан омадурафти рустоиён ба урудгоҳ ва гуфтору рафтору хислатҳояшон риштаи суханро ба ҷавҳари инсонии онҳо мекашонад. Сипас Аво дар хонаи Ғуломҳусейн меҳмон мешавад ва сохти хонаи помирӣ ӯро ба шигифт меафканад. Омӯзиши мӯшикофонаи он як вожаномаи кӯчаки таърихию меъмориро ба миён меорад. Ва ҳам муносибати падару модар бо фарзандон ва табиат, хона ба хона меҳмонӣ рафтанҳо, талоши омӯхтани забони мардуми бумӣ ӯро шефтаи Помир мекунанд.

Дар гоми нахуст, ба он зеҳн мемонад, ки одамон ба хонаи ҳамдигар бе даъват ва кӯфтани дар ворид мешаванд ва ҳамаи аҳли деҳ мисли як хонадони бузург ба ҳамдигар меҳрубонанд.

Чашми рӯз накафида Ғуломҳусейн ӯро бедор мекунад. Роҳ ба кӯли Сарез аз пайроҳае дар торикӣ сар мешавад. Порчае, ки Аво дар он Сарезро тавсир мекунад, шоҳкор аст. Ин ҷост, ки ӯ ибораи “сукути кайҳонӣ”-ро ба кор мебарад ва гӯё худаш ба воситаи ин сукут бо кайҳон мепайвандад. Агар кас имкони сафар ба Сарезро надорад, хондани ин порча барояш кофӣ хоҳад буд.

Аво аз муҳоҷирати маҷбурии бартангиҳо ба ноҳияи Қумсангир нақл мекунад. Ва аз ҳалокати даҳҳо нафар. Гӯё гурӯҳе аз мӯйсафедони Помир то Маскав шикоят мераванд ва иҷоза дода мешавад, ки як қисми мардум ба зодбумашон баргарданд. “Пирмарде, ки он рӯзҳоро ба ёд меорад, донаҳои тасбеҳро ончунон тез мегардонад, ки ангуштонаш ба чашм наменамоянд. Шояд хотира сахт асабонияш мекунад.”

Хулосаи Аво дар ин ҷо бо назардошти вазъи имрӯза мисли як киноя ба гӯш мерасад: “Ҳамон гуна, як рус Русияро тарк намекунад, як тоҷик низ ҳаргиз намехоҳад, аз Тоҷикистон берун равад”.

Ва аммо Барчадиф. Раиси ҳайати илмӣ тасмим мегирад, як нафарро нигаҳбони пойгоҳ таъйин кунад. Ин шахс бояд зимистонро дар Барчадиф ба сар барад ва пойгоҳи ҳушдор аз селро дар мавсими обхезиҳо биозмояд. Аво дархост мекунад, ки ин нафар бошад. Ҳамин тавр ӯ наздик ба чаҳор моҳ ҳамроҳи мардуми ин диёр зиндагӣ мекунад, гарму сард ва талху ширини ҳаёти онҳоро мечашад ва ботинан ба як помирӣ табдил мегардад. Вай эътироф мекунад, ки рӯзгори мардуми кӯҳистон бисёр сахту сангин аст ва маҳрумиятҳои зиёде дорад. Вале мардум дасту дили мисли ойина пок доранд.

Аво дар пайроҳаҳи кӯҳӣ гоҳе банди алафу ҳезум ё бордонеро мебинад, ки дар рӯяш як санг гузоштаанд. Барояш қисса мекунанд, ки касе чизе сари роҳ гузоштааст, то баргардад ва бибарад ва ҳеч кас ба ин моли амонат даст нахоҳад зад.

Буридани шохаҳои сабзи дарахтон дар Помир манъ аст. На аз тарафи давлат, балки аз ҷониби пирону мӯйсафедон. Танҳо шоху навдаҳои хушкидаро мебуранд ва ҳар зиёдравӣ ё дарахтбурии дуздона ба моҷарои бузург табдил меёбад, бо муҷозоти гунаҳкор ба поён мерасад.

Меҳрубонии одамон ба ҳайвонот Аворо ба важд меорад. Худоназар аз мурдани кабк зор-зор мегиряд ва Миралибеки хурдсол баррачаи пойшикастаро даҳҳо фарсах дар бағалаш ба деҳа мебарад. Аво менависад, “одамро аз рӯйи ғамҳояш шинохтан мешавад”. Яъне бояд дид, ки дили одам ба чӣ месӯзад ва бар пояи ин метавон дар бораи ӯ натиҷагирӣ кард.

Дили худи Аво ба ҳоли ин мардум ва завлонаҳои даступойи онҳо, зиндагии фақиронаашон месӯзад.

МАСЧО АЗ ЗОВИЯҲОИ ГУНОГУН

Таваҷҷуҳи Аво Сузӣ ба Масчо шояд аз муҳаббати ӯ ба Помир маншаъ гирифтааст. Ӯ дар миёни мардуми Масчо ва Бадахшон ҳамгуниҳоеро мушоҳида кард ва шояд дар он ҷо давраи баъдинаи таърихи мардуми тоҷикро дид. Аз ҷумла инро ҳам, ки одамон савдо ва тиҷоратро намедонанд, дар хунашон нест. Мева аз дарахтон мерезад ва мепӯсад ва касе нест, онҳоро гирд овараду ба бозор барад. Калонсолон мегӯянд, то солҳои 80-уми садаи 20 дар Бадахшон бозор вуҷуд надошт ва агар ҳам буд, фурӯшгоронаш асосан аз ҷойҳои дигар, ҳатто Қирғизистон ба ин ҷо бор меоварданд.

Чанде пеш ҳамкоронам аз шабакаи телевизионии “СТ” аз Олмон гузорише оварданд, ки як кишоварз дар сари роҳ фурӯшгоҳе дуруст кардааст, ки фурӯшанда надорад ва ҳар раҳакӣ метавонад, вориди он шуда, чизи дилхоҳашро хараду пулро ба қуттичае партояд ва равад. Аво Сузӣ чунин дукони бефурӯшандаро соли 1988 дар Масчо дидааст, ки одамон ба он медаромаданд, молеро мегирифтанд ва аз рӯйи нархномааш пули онро дар косае мениҳоданду мерафтанд. (Саҳ 154)

Аво нахустин касест, ки  гуфт, бояд байтхонии масчоиён ҳамчун жанри хос шинохта шавад. Дар як хона даҳҳо нафар ҷамъ меоянд ва ҳар кас байти дилашро мехонад. Он солҳо нигоҳи расмӣ ба хонданҳое мисли “Рубоиҳои Зарафшон”, ки имрӯз ҳама ҷо садо медиҳанд, нописандона буд ва касе талош ҳам намекард, ин жанрро ба саҳнаи калон кашонад. Бори аввал сарояндаи хушовоз Муродбеки Насриддин даст ба ин кор зад, он ҳам гоҳе ки аз “боло” иҷоза шуд. Ё саҳеҳтараш насими озодӣ вазиду “боло” дигар бисёр чизҳоро муайян ва назорат намекард.

Муҳоҷирати кӯҳистониён ба даштҳо аз мавзӯи дигараш буд. Деҳаҳои матрук ҳамчун харобаҳои ҷанг. Сукуте, ки гӯшро ба қомат меорад. Ё худ эҳтироми меҳмон. “Дар зиёфату нишастҳои аҳли деҳоти Тоҷикистон ҳама бо ҳам суҳбат мекунанд, вале чун меҳмон лаб во мекунад, ҳама сокит ва гӯшу ҳуш мешаванд.”

Бахши дувуми ни китоб аз ҷашни арӯсии тоҷикон ҳикоят мекунад. Ҳарчанд ин як эссеи хонданбоб аст, дар фарҷом ба як пажуҳиши амиқи этнографӣ табдил мешавад. Аво аз вижагиҳои ҷашни арӯсии тоҷикон мегӯяд, решаҳои бостонии расму ойини ин маъракаро меҷӯяд ва сипас онро бо урфу одати халқҳои гуногуни ҷаҳон қиёс мекунад. Дар он рӯзҳое ки сардамдорони ҳизбу давлати шӯравӣ тоҷиконро ба додани қалин айбдор мекарданд ва ҷанги ошкороеро бо ойинҳои бостонӣ сар карда, мардумро ба “тӯйи комсомолӣ” одат медоданд, Аво муқобили маҷро шино мекард ва нишон медод, ки баръакс ҳифзу эҳёи ойинҳои асили ҷашни арӯсии тоҷикон метавонад ҳам аз харҷи зиёдатӣ пешгирӣ кунаду ҳам пояи зиндагии хушбахтонаи навхонадоронро таъмин. Вай собит мекунад, ки тоҷикон қалин намедоданд, духтар намефурӯхтанд, балки зиндагии фарзандони худро месохтанд.

Шояд бари гуфтани ин ҳақиқатҳо буд, ки ҳокимони давр Аворо дӯст намдештанд. Дар ҳоле ки ночизаконеро барои ҳарзаву ҳазёне бо унвону ҷоизаҳои баланд шодбош мекарданд, Аво Сузӣ аз Тоҷикистон бе ягон ҷоиза ё мукофоти амал рафт, вале бо синае пур аз ишқи тоҷикону Тоҷикистон.

БОЗНИШАСТАГӢ

Аво менависад: “Манзиле дар Таллинн ёфт шуд, дар хонаи модари раҳматӣ Ҳалянд Удам. Бачаро тезтар ба боғча додем, ки забонро ёд гирад. Занам аз пайи бачаҳо забон омӯхт, балки дар шаҳр бо мардум ҳарф задан нашуд. Мардуми маҳаллӣ аксент шунида, дарҳол ба русӣ мегузаранд. Аз ин ҷиҳат тоҷику эстон якхела. Ба шаҳри худам Виляндӣ гузоштем. Ин ҷо забон аз худ гирифтан осон. Рӯзномаи маҳаллӣ маро ба кор даъват кард. Чанд вақт гузашта як рӯзномаи Таллинн пешниҳод карда, маро ба вазифаи мухбирӣ қабул кард. Якчанд сол ҳамин хел аз ду идора моҳона гирифта, харидани манзиле муяссар шуд. Занам дар коллеҷи маданияти Донишгоҳи Тарту кор мекунад, дотсенти теорияи мусиқӣ.

Акнун бисёртар аз даҳ сол нафақахӯрам. Оҳиста-оҳиста таърихи мулки худро меомӯзам. Ҳоло рӯзномаҳои тоҷангӣ дар интернет бароварда. Ҳам ёддоштҳои дар тӯли 70 соли охир дар Ғарб чопшудагӣ ёфт мешаванд. Сурати ҳақиқии таърих каме дигар менамояд аз он чӣ таърихшиносон менависанд. Аввал ин ки онҳо ғайри ҳуҷҷатномаи архив чизи дигарро бовар кардан намехоҳанд, дуввум ки хулосаро аз якдигар бардошта, ба сифати фикри худ пешкаш медиҳанд. Фарқаш дар маҳорати бадеияти баёнот.”

Инро мехондам ва гуфтаҳои Муҳаммадзамони Солеҳ ба ёдам меомад, ки гӯё Аво дар Эстония пас аз дарёфти ирс ба як “федали бузург” табдил ёфтааст.

Посухи Аво: “Муҳаммадзамон, хаёлбофи бузург, маро наздики саргузашти Синдбод ҷойе дода. Овоза буд, ки замину иморатҳои аз тарафи русия рабудагиро ба соҳибони аслӣ ё ворисонашон баргардонида мешаванд. Хулоса, на мулку ҷангалу кӯҳҳо интизор буд маро, балки ду-се ҳектор замини бобоямро, ки баъд аз тақсими хоҷагияш мобайни ҳамаи ворисон, қисме аз они ман мешуд. Албатта, на барои ин ман Тоҷикистонро тарк кардам.

Аён буд, ки Шӯравӣ ба наздикӣ поёни худро меёбад. Дар ҳамаи ҷумҳуриҳо мубориза барои гирифтани ҳокимият бармехезад. Оромона нигоҳ кардан аз тарафе душвор, балки ба мубориза мобайни тоҷикон иштирок кардан ҳаққам набуд. Агар на ҳамин, Душанберо тарк намекардам.

ХОТИМА

Бале. Ман бовар дорам, ки ӯ намехост, аз Тоҷикистон равад. Мисли садҳо ва ҳазорон нафари дигар. Чун дар ойинаи поки худ ояндаро дида буд. Бовар дорам, хабарҳои давраи нооромӣ ӯро пир мекарданд.

Ҳоло ба вижагии асосии Аво Сузӣ меандешам. Шояд гап сари он буд, ки ӯ дар Тоҷикистон ҳаргиз худро монанди қаламкашони дигари русзабон намояндаи қавми империявӣ намедонист. Ӯ бародари калонӣ набуд, балки ҳамту бародар буд. Албатта, дар байни русзабонҳо онҳое ҳам буданд, ки Тоҷикистонро самимона дӯст медоштанд ва ба он хидмат мекарданд, вале бо вуҷуди ин дар кадомин раги вуҷудашон хуни “марди сафед” -и киплингӣ мешориду худро ҷудо ва тоҷикону эстонҳоро ҷойи дигар мегузоштанд. Аммо тоҷикону эстонҳо баробар ва бародарони ҳақиқӣ буданд.

Хуб оби зиёде рафту соли зиёде, ҳоло Аво Сузии бознишаста ойинаи поки як давраи таърихи тоҷикон аст. Ва ҳайронам, чаро мо аз чунин ганҷе истифода намекунем. Чӣ хуб мешуд, агар ӯро ба донишгоҳу донишкадаҳо, осорхона ва ҳатто мактабҳои Тоҷикистон даъват мекарданд ва паёмҳояшро мешуниданду аз донишу таҷрибааш барои омӯзишу парвариши насли нав истифода мекарданд.  Ва орзуям ин аст, ки китобҳояш ба тоҷикӣ баргардону нашр шаванд, чун ҳам ӯ ва ҳам осораш ҷузве аз фарҳанги тоҷикон аст. Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон!

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)