چندی پیش اماعلی رحمان، رئیس‌جمهوری تاجیکستان، به تعدادی از چهره‌های سیاسی ازبکستان نشان شرف و نشان دوستی اعطا کرد که باعث اعتراض بسیاری از تاجیکان شد. مقاله حکیم ربیم‌پرو، از فعالان اجتماعی سمرقند مقیم آمریکا را اینجا بازنشر می‌کنیم. این مقاله با خط سیریلیک نوشته شده است. در این مقاله از آن گفته می‌شود که یکی از افرادی که نشان دوستی دریافت کرده‌اند سزاوار این نشان نیستند. منظور وهاب واحیدوف، مدیر مرکز جدید فرهنگی تاجیکان است، که به جای مرکز فرهنگی قبلی و حقیقی تاجیکان بنیاد شده است و مردم محلی به آن وابستگی اعلام نکرده‌اند و از فعالیت‌های این مرکز که زیاد چشم‌گیر هم نیست، نه جضور دارند و نه پشت‌بانی می‌کنند.

عکس گروهی در پایان مراسم اعطای جوایز

Ҳаким Раббимпур

Баъд аз солҳо ҷудоӣ байни ду кишвари бародар ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ранҷи онро бештар мо, тоҷикони Ӯзбекистон кашидем, дар ниҳоят роҳбарони ин ду кишвар ва низ аҳли илму фарҳанг дар рӯзҳои Наврӯзи оламафрӯзи соли 2018 ба ин хулоса омаданд, ки дигар душманиву ноаҳлӣ ба зарари ҳар ду миллат ва давлат аст.

Мо, тоҷикони Ӯзбекистон, аз ин дигаргунии навидбахш хеле хушҳол ва хурсанд шудем. Марзҳо боз шуданд, диду боздидҳо осон гардиданд, василаҳои нақлу интиқол аз замину ҳаво ба роҳ монда шуданд. Дар ин миён, омаду рафти мақомоти ҳукуматӣ ва фарҳангиён, бароямон андаке ҳам, ки бошад, ин шӯълаи умедро бахшид, ки забону фарҳанги тоҷикиамон ба асли худ бозгардад ва мардум ба ҳувияти худ эҳсоси ифтихор намоянд.

Мақомот ба навбати худ фарзандони фарзонаи ҳар ду миллатро, ки барои мардумашон хидматҳое кардаанд, қадршиносӣ карда, ба онҳо унвонҳо ва медолҳои сарисинагӣ супоридаанд, ки сутуданӣ ва мояи сарфарозӣ аст.

Ахиран, Президенти Тоҷикистон ба як гурӯҳ аз ӯзбекистониён унвон ва медолҳои гуногунном супориданд, аз ҷумла ба шуморе аз тоҷикон, ки воқеан кори эшон шоиста ва мояи қадрдониву қадршиносист, дасташашон дард накунад!

Аммо байни тоҷиконе, ки ба ин унвону медолҳо сарфароз гардиданд, касоне буданд, ки на танҳо дар муддати 25 соли фаъолияташон ҳеч хидмате ба ин миллат накардаанд, балки гоҳе зарару зиёнашон ҳам мерасид. Онҳо ҳеч вақт се тоҷикро барои ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳо гирди ҳам ҷамъ накарданд. Ҳеч вақт дар рӯзнома, радио ва телевизион аз мушкилоти тоҷикон ҳарфе ба забон наоварданд ва ақаллан як мақолае ҳам барои худшиносии миллат нанавиштанд. Баръакс вазифаҳоеро, ки ба дӯш доштанд ва бояд анҷом медоданд, дигарон карданд. Дигароне, ки дар муқобили хидматҳояшон саркӯб, аз корҳояшон барканор, дар «рӯйхати сиёҳ» қарор дода шуда, баъзеяшон барои дифоъ аз тоҷикият ё барои имзову лайк мондан, пушти панҷара афканда шуданд ва ё ба иҷбор дастхатте навиштанд, ки дигар аз ин корашон даст бармедоранд ва то ҳоло ҷаримаҳои пулии чандмиллионӣ месупоранд.

Сухани ман дар бораи раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов аст, ки ғайр аз худаш, дар он марказ на касе ҳаст ва на коре ҳаст. Нақши эшон фақат ин гардидааст, ки вақте комиссиюн ва ё меҳмононе оянд, бо ишора ба эшон гуфта мешавад, ки ана ин кас сарвари марказ ҳастанд! Ду сол боз фаьолон дари ӯро мекӯбанд, ки биё кори марказро ба роҳ монем, вале ҳайҳот, гӯл мезанад. Ҳоло фаъолон талош доранд, то синфҳои тоҷикӣ кушоянд ва маъракаҳои фархангӣ биороянд, аммо ҷаноби Воҳидов бошад, на танҳо ҳеч саҳме дар ин корҳо намегузорад, балки баръакс фаъолонро бо ҳар макру фиреб роҳгум мезанад.

Оё ҷаноби Воҳидов, вақте бо Президент Эмомалӣ Раҳмон даст мефишурд, ақаллан як лаҳза ҳам ба зеҳнаш омад, ки ман дар ҳақиқат арзандаи ин унвон ҳастам? Виҷдону номусам азоб намедиҳад? Мардум чӣ мегӯянд?.. Ва ин қабил суолҳо ва азоби виҷдонҳо, ки агар имрӯз Воҳидов ба онҳо ҷавоб надод, аммо қатъан рӯзе пеши мардум ва Худои мардум бояд ҷавоб пасбидиҳад.

Як мисол меоварам. Мо соли 2008 бояд 1150-умин солгарди ҷашни пурифтихори Рӯдакии Самарқандиро баргузор мекардем, бо дӯстон ҷамъ шуда, барномарезӣ кардем, ба ин ҷаноб ҳам гуфтем, ки ту раиси марказ ҳастӣ, биё коре кунем, ки руҳи ин шоири бузург аз ҳамдиёронаш шод шавад, вале ҳайҳот ному нишонаш пайдо нашуд.

Масъулияти баргузории ин ҷашнро бо машварат ва ҳамроҳии дӯстон ман ба дӯш гирифтам ва се моҳ омодагӣ дидем. Вале ду ҳафта пеш аз баргузории ҷашн, аз тарафи ин ҷаноб ва ду се чоплуси дигар овозаҳое паҳн шуданд. Намедонам, аз бахилӣ ва нотавонбинӣ бошад, овоза ин буд, ки ин Ҳаким Раббимпур чӣ иртиботе ба ҷашну марказ дорад! Баъди ин моҷаро, ҳукумат бо тавсияи ҳамин шӯҳратгадо ва чоплусонаш, ҷашнро ба 2-3 моҳ ба ақаб гузошт. Бо ин ҳама, дили мо ва мардум шикаста нашуд, талош кардем ва ба ҷойҳои зарурӣ арз кардем, ки хушбахтона натиҷа дод ва моҳи сентябри ҳамон сол бо ҳамон барномаи аз пеш тарроҳикардаи мо ҷашн баргузор гардид. Аҷибаш он ки ин ҷаноб шарм надошта ҳамон рӯз пеши маърака буд. Дар ҳоле, ки ба дӯстон пештар ҳушдор дода буд, ки ман бояд дар ин ҷашн набошам, гӯё амниятиҳо гуфтаанд.
Хулоса, мо аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳайронем, ки насанҷидаю нафаҳмида, бо ин корашон ба рӯи мо тоҷикони асил лагад задаанд. Фарде, ки тамоми ин солҳо монеъи рушду бедориву худшиносии мо буд, сазовори медол гардид. Бигузор гардад, ҳалолаш бод албатта агар лоиқ аст. Аммо оё ӯ лоиқ аст?!

Ва ин дар ҳоле аст, ки дар байни мо шахсиятҳое буданд ва ҳастанд, ки воқеан барои ҳар ду кишвару миллат хидматҳои шоистае кардаанд; шахсиятҳое чун Садрӣ Саъдиев, Ҳаёт Неъмат, Юсуф Қурбон, Ҷаъфари Муҳаммад, Азиза Юсуфӣ, Асад Гулов, Нормурод Каримзода, Масъуд Мирзо ва Амина Шарофитдинова ва ғайра; афроде худогоҳу хоксор, ки ҳатто дар фикрашон ҳам нест, ки дар муқобили хидматҳояшон чизе гиранд ё унвон ҷӯянд.

Намедонам, ин кадом вазир ё мушовир дар Тоҷикистон будааст, ки ба Президент тавсия дода, то ин шахсро бо медол сарфароз намояд? Мактубҳои моро, ки даҳҳо бор ба Президент ва низ ба вазоратхонаҳои марбутаи Тоҷикистон фиристодем, оё ин вазирон ё мушовирон ҳеч бор кушода хонданд, баррасӣ карданд, хулоса бароварданд? Худо медонад!

Дар ҳамин сафари раисиҷумҳур ҳарфе аз ӯ шунида шуд, ки моро дар ҳайрат монд! Гӯё мо дар ватани худ «диаспора» будаем! Кашфиёти бесобиқа! Пештар ин қабил ҳарфҳоро аз баъзе олимони миллатчии ин кишвар мешунидем, ки гӯӣ тоҷикон аз Эрон омадаанд, инҷо ҷой гирифтанд, ё ин ки турканду зери таъсири забони порсӣ забонашонро гум кардаанд! Ин ҳарфҳо таҳқири мост.

Дар Ӯзбекистон менависанд ва мегӯянд, ки дар мо Маркази фарҳангии тоҷикон ва шӯъбаҳояш дар вилоятҳо ҳаст. Бале ҳаст, вале коре намекунанд. Танҳо дар як рӯзи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои Ӯзбекистон маърака барпо медоранд ва доираву думбак мезананд. Магар тоҷикон дигар мушкил надоранд?!

Маркази тоҷикон бояд барои равнақи илму фарҳанг, маориф ва худшиносии тоҷикон ҳаққи худро талаб бикунад. Ҳаққи мо бояд дар сарқонун ва конститутсия дарҷ шавад, ки мардум донанд ва дилашон пур шавад, ки ояндаашон дурахшон мешавад, тарсу ҳаросе надошта бошанд, ки ҳар нобакору вазир ё раҳбаре метавонад танҳо ба хотири тоҷик буданашон таҳқир кунад.

Ҳоло як гурӯҳ дӯстон мехоҳанд Маркази тоҷикон ва шӯъбаи онро дар вилоятҳо фаъол созанд, чандҳо бор муроҷиат кардаанд, пешниҳод додаанд, мактуб ва имзо ҷамъ намудаанд, аммо кор аз ҷояш намеҷунбад. Масъулони расмии ин марказҳо ё дасташон кӯтоҳ аст ё имконият дар ихтиёр надоранд ва албатта худашон ҳам ба ҳамон қолабҳои кӯҳна сару кор доранд. Раисиҷумҳур имкониятҳое додааст, ки бояд аз ӯ дуруст истифода барем, ҳадафҳои шахсиро канор гузорем, то ба ҷое бирасем.

Аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мешавад, мушкилоти мо, тоҷикони Ӯзбекистонро воқеъбинона дида бароянд ва хулоса бароранд, то ҳарфу корашон ба зарару зиёни мо тамом нашавад, ба афроде такя кунанд, ки воқеъан мушкилоти моро дарк ва ҳис мекунанд ва беғараз ба шумо мадад ҳам мерасонанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)