گفت‌وگوی شهزاده سمرقندی با ان اپلباوم، نویسنده و تاریخنگار معروف آمریکایی برنده جایزه معتبر پولیتزر، با خط سیریلیک. 

Анн Апелбаум, нависанда; аксбардор Шаҳзода Самарқанд, Замона

Анн Апелбаум, яке аз маъдуд пажӯҳишгарони Урупои Шарқӣ аст, ки се китоби торихӣ дар бораи сиёсатҳои даҳаи сӣ шӯравӣ навиштааст. Китобҳои ӯ бо ъунвони “Кулак, як торих”, “Пардаи оҳанин” ва “Қаҳтии сурх” аз пур фурӯштарин китобҳои марбут ба шӯравӣ ва Истолин дар Омрико шуда аст. “Кулак, як торих” яке аз аввалин китобҳои ин нависанда, соли ۲۰۰۴ барандаи ҷоизаи мӯътабари Пулитзар дар Омрико шуд. Анн Апелбаум сармақоланависи рӯзномаи муътабари “Вошингтон Пост” аст ва бо Радослав Сикорсӣ, ҳамсари лаҳистониасли худ ва ду фарзандаш солҳост, дар Укроин ба сар мебарад. 

Дар ҷашнвораи китоби Эдинбург фурсат даст дод бо ӯ дар бораи китобҳо ва ъалоқааш ба торихи шӯравӣ ва таҷрубаи навиштан аз зовияи дигар барои омрикоиён гуфтугӯ кунам.  

Аз рост: Анн Апелбаум, нависанда ва рӯзномагинор ва Шаҳзода Самарқандӣ, нависанда ва рӯзноманигор

Шаҳзода Самарқандӣ: Хонуми Аппелбаум, мамнун аз ин ки бо вуҷуди хастагии роҳ ва тангии замон даъвати моро пазируфтед. Намедонам дар ҷараён ҳастед ё хайр, аз ин ки бахшҳое аз китоби Шумо “Пардаи оҳанин” ро Меҳдии Ҷомӣ, барои сойти Тавоно ба форсӣ тарҷума кардааст. 

Анн Апелбаум: Мамнун аз Шумо ки ба китобҳои ман ъалоқа доред ва фаъолиятҳои маро дунбол мекунед. Бале дар ҷараён ҳастам, масъулони ин сойт бо ман тамос гирифта буданд. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Оё ин танҳо тарҷумаи пажӯҳишҳои Шумо ба забони форсист?

Анн Апелбаум: Бале, то ҷое ки медонам, ин танҳо тарҷума ба забони форсӣ аст ва умед дорам, ки дар оянда ҳамаи китобҳоям ба форсӣ тарҷуму ва чпоп бишаванд.

Шаҳзода Самарқандӣ: Китобҳои Шумо ба забони рӯсӣ тарҷума шудаанд. Бархӯрди давлати Русия бо пажӯҳишҳои Шумо ва зовияи диди Шумо ба торихи даврони Истолин, чи гуна буд?

Анн Апелбаум: Китобҳои ман сариъ ба забони рӯсӣ тарҷума ва чоп мешаванд, аммо мушкил ин аст, ки давлати Русия бо вуҷуди ин ки иҷозаи чопи ин китобҳоро медиҳад, аммо ҷилӯи таксир шудани густардаашро ба ҳар ҳол то ҳол баста аст. Он гуна ки барои бисёре аз китобҳои дигар мебандад. Китобҳо дар Русия бо теъдоди маҳдуд чоп мешаванд ва дар шаҳрҳо танҳо қобили дастрасианд. Бештарин тарҷумаҳоро созмонҳои омӯзишӣ анҷом медиҳанд. Ба ҳар ҳол китобҳои ман Русия чоп мешаванд ва баҳсҳоеро ҳам байни донишҷӯён ва асотиди донишгоҳӣ эҷод кардаанд. Умед дорам, ки дар оянда бо теъдоди бештар ва дар ҳама гӯшаҳои кишвар қобили дастрасӣ бошанд. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Китоби “Қаҳтии сурх”, ки омадаед дар инҷо дар ҷашнвораи китоби Эдинбург рӯнамоӣ кунед,  ҳанӯз ба забони рӯсӣ тарҷума нашудааст. Оё ба хотири он аст, ки тоза аст? 

Ба назари ман бо ин китоб давлати Русия мушкил хоҳад дошт. Зеро бардошт ва нигоҳи ман ба он бахш аз торихи Истолинӣ сохтани Украина ва Урупои Шарқӣ, бо он нигоҳе, ки давлати Русия аз он дорад, комилан фарқ мекунад. То ҳол низ баҳсу гуфгугӯҳои тунде перомуни ин китоб сурат гирифта аст ва ба ин хотир баъид медонам, ки ба ин зудӣ тарҷума ва чоп бишавад. Бисёре ҳастанд, ки аз ин китоб хушашон нахоҳад омад. Торихи даҳаи сӣ ва қаҳтии барномарезӣ шудаи Укроин он гуна ки дар ин китоб нишон додаам, барояшон тозагӣ дорад. На ин ки аз ин қаҳтӣ бехабар бошанд, балки аз ин бахши торих тавре бардошт доранд, ки ман дар ин китоб ъакси онро собит кардаам. Бояд сабр карду дид. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Бархурди давлати Русия нисбат ба ин китоб чи тавр буда? Оё ҳеч вокунише то ҳол нишон додаанд?

Анн Апелбаум: Дар мавзӯъи китобҳои ман то ҳол ҳеч вокунише аз ҷониби мақомоти Русия дарёфт накардаам. Ҳарчанд бархурдҳои шадид ва ҳамлаҳои тахриб кардани чеҳраи расонаии ман ва ҳамсарам, ки сиёсатмадори Укроинист, ҳамеша буда. Борҳо ба ман ва ҳамсарам таҳдидҳои сойберӣ шуда, аммо ба таври шигифтангезе ба китобҳоям ҳамлае ё бархурде нашудааст. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Фирк мекунед, ки нисбат ба ин китоби ҷадид Шумо низ давлати Русия сукут хоҳад кард ё лоҷарам ба ҳамла ва тахриби он даст хоҳад зад? 

Анн Апелбаум: Ман фикр намекунам, ки маҳз давлати Русия ба ин кор даст бизанад, балки созмонҳои омӯзишии ин кишвар мумкин аст, ки дар ҳимоят аз дид ва бардошти торихии давлат ба хароб кардани эътибори ин китоб шурӯъ кунанд. Ин китоб бо он бардоште, ки давлати Русия аз қаҳтии даврони шӯравӣ, ба хусус дар Укроин дорад ва бо он чи дар ин китоб оварда шуда комилан фарқ дорад ва ин чизе нест, ки пажӯҳишгарони давлатӣ битавонанд дар баробараш сукут кунанд. 

Рӯҷилди китоби “Қаҳтии Сурх” навиштаи Анн Апелбаум

Ин китоб комилан дар бораи қаҳтие нест, ки дар даврони Истолин дар кулли шӯравӣ рух дод ва натиҷаи сиёсати ғалати Истолин ва колективӣ кардани амволи мардум буд, балки дар бораи вазъиятест, ки Истолин ин қаҳтиро ба ъунвони василае истифода кард, ки мушкили аслӣ, нерӯи муқовимати Укроинро аз байн бибарад. Қаҳтии Укроин дар баробари қаҳтии густардаи шӯравӣ, ки то Қазоқистони Осиёи Миёна ҳам расид, фарқ дошт ва ман он тафовутро дар ин китоб нишон додаам.  Ин гӯшаи пинҳони даҳаи сиро, ки барои бисёре ҳанӯз пӯшида аст. Қиссаи қаҳтӣ, ки бар ъалайҳи нерӯи муқовимати мардуми кишоварзи Укроин буд ва дар ин китоб бо кумаки ъолимони Укроинӣ овардаам, камшинохта аст. Қиссаест, ки дар торихи шӯравӣ вуҷуд дошта, рух дода, аммо иҷозаи ъумумӣ матраҳ шуданро надошта. Аммо ин мамнӯъият боъис нашуда, ки мардуми Укроин ин бахши торихи худро фаромӯш кунанд. Ҳарчанд барои бисёре аз мардуми рус маълум набуд ва ҳоло низ барояшон тозагӣ хоҳад дошт.

Рӯнамоии кутоби “Қаҳтии Сурх” дар ҷашнвараи китоби Эдинбург, дар Искотланд

Ин қаҳтии даҳаи сӣ, аммо дар байни мардуми Укроин ба ъунвони симболи миллӣ ва саркӯби миллӣ, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар боқӣ монд ва ҳамеша матраҳ будааст. Ва ин танҳо қаҳтӣ набуд, ки омили саркӯби Укроиниҳо шуд, балки доманаи ин саркӯб ба қатли густардаи қишри равшанфикри Укроинро низ дар бар мегирифт. Ин мавзӯъ ҳоло бо эҳёи ҳофизаи миллӣ ва торихи кишвар, дубора дар ҳоли зинда шудан аст, чун омехтааст бо ҳофизаи миллӣ ва торихии онҳо. Барои ин аст, ки давлати Русия ъалайҳи ин ҷунбиши миллӣ муқовимат мекунад ва мегӯяд, ки забони Укроинӣ забони воқеъӣ нест, Укроиниҳо русҳо ҳастанд ва истиқлоли ин кишварро ба расмият намешиносад ва низ талош мекунад, баҳсро бихобонад ва Укроинро мутеъи Русия нигаҳ дорад. Таҷрубаи ҷангҳои аввал ва дуввуми ҷаҳонӣ барои мардум ва кишвари Укроин таҷрубаи мутафовитест. Аз инҷост, ки хелеҳо баҳсеро, ки дар ин китоб бозтоб додаам, нодида мегиранд ва назариёти ин китобро мутағойир бо ъақидаи давлати Русия медонанд. Онҳо мӯътақиданд, ки чизе ба ъунвони қаҳтии Укроин вуҷуд надошта, балки қаҳтии куллӣ дар саросари шӯравӣ рух дода ва талош мекунанд, ки ъақидаи мардуми Укрроинро нодида бигиранд. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Шумо нақши нерӯи муқовимати Укроин ва дар кулл Урупои Шарқиро дар фурӯпошии шӯравӣ чашмгир медонед?

Анн Апелбаум: Нақши муҳимм дошта албатта. Кишварҳои ба истилоҳи сиёсӣ, дар пӯшиш сателойт, ки ба мавҷҳои хабарии кишварҳои хориҷ аз шӯравӣ дастрасӣ доштанд, чашмгир буд. Шӯравӣ кишвари идиюлужик буд, ки қудрат ва сиёсати худро бар асоси идиюлужӣ таъриф мекард, ки Кумунисм арзиши абадӣ дорад ва аз ин ҷост, ки вақте ин қудрати идиюлужӣ рӯ ба маҳв шудан овард ва ошкор шудани пучии он дар гӯшаву канори кишвар, боъис шуд, ки мардум ба идеяи кумунисм шак кунанд. Шӯравӣ қудрати худро ба далели афзоиши тардидҳои мардум аз ъамалӣ будани кумунисм, аз даст дод. Ба хусус дар Укроин ин идиюлужӣ сариътар маҳв шуд. Вақте Укроин дар соли ۱۹۹۱ тасмим гирифта, ки аз иттиҳодияи шӯравӣ хориҷ бишавад, ин шурӯъи резиши идиюлужии кумунисм буд ва ба дигар кишварҳои ъузви шӯравӣ низ сироят карду паҳн шуд. То замоне, ки Елсин эълом кард, ки идомаи ин вазъ маънӣ надорад. 

Анн Апелбаум, нависанда, ҳамроҳ бо Ален Литл, хабарнигори Би БИ Си ҷаҳонӣ

Шаҳзода Самарқандӣ: Равшанфикрони Укроинӣ бо вуҷуди саркӯби густардае, ки шумо ба бахше аз он ишора кардед, чи гуна тавонистанд, сари пои худ бимонанд ва муоқивимати худро ҳамчунон то ин рӯз идома диҳанд? Аз куҷо тақзия мешуд ин нерӯ? 

Анн Апелбаум: Аз назари ман он қадар ҳам қудратманд набуданд. Ҳарчанд дар муқоиса бо дигар кишварҳои шӯравӣ талоши онҳо бардаму чашмгир буд. Он ҳамаи саркӯбҳои даҳаи сӣ бетаъсир набуд, аммо ҳамчунон тавониста буданд, ки нерӯ ва идаи муқовиматро дар худ ҳифз кунанд. Нерӯи муқовимати Укроин ҷунбиши заъифе буд ва дар асл дар бист соли аввали фурӯпошӣ, бисёр заъиф буд ва ба шиддат аз фасоди идорӣ осеб дида. Аммо мардуми маҳаллӣ вақте эътимоди худро ба ояндаи шӯравӣ аз даст медиҳанд, ба ин ҷунбиш ҷони тоза мебахшанд. Давлати он вақти Укроин низ заъиф ва шикананда буд. Ба ҳар ҳол ба ъунвони кишвари мустақил, бисёр заъиф буд, ва саркӯбҳои сохторӣ таъсири худро гузошта буд. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Ҳавзаи пажӯҳиши Шумо маҳдуд ба Урупои Шарқӣ мешавад ё Осиёи Миёнаро низ дар бар мегирад? 

Анн Апелбаум: Тахассуси ман торихи сиёсии кишварҳои Балтик аст ва бо вуҷуди ин ки шӯравӣ ва кишварҳои ъузви онро низ дунбол мекунам, аммо худамро мутахасси дараҷаи аввали Осиёи Миёна намедонам. Каме медонам аз он минтақа ва ба назари ман қиссаи Осиёни Миёна комилан мутафовит аст. Дар китоби дар бораи кулокҳо таҳқиқи вижае дар бораи урдугоҳҳои кори иҷбории бо аъмоли шоққае, ки Осиёи Миёна шӯравӣ боз шуда буд, кор кардаам, аммо бисёр маҳдуд. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Масоили рӯзи Ховари Миёнаро чи тавр, дунбол мекунед?   

Анн Апелбаум: Масоили рӯзи он минтақаро дунбол мекунам, аммо тахассусӣ на. Ба хусус масоили Эронро дунбол мекунам. Аммо ба далели надонистани забонҳои ъумдаи он минтақа худамро мутахасси он ҳавза намедонам. Ман як бор ҳам ба Афғонистон сафар кардаам. Фикр кунам соли ۲۰۰۴ ё ۲۰۰۵ буд, ки дар пойгоҳи низомии Ҳулланд чанд рӯзе меҳмон будам. ҳамсарам Радослав Сикорский, сиёсатмадори лаҳистонӣ ва муҳақиқи барҷастаи масоили сиёсии Афғонистон аст. Ҳамроҳ бо ӯ рафта будам, замоне, ки ӯ дар бораи ин кишвар китоб менавишт, аз даргигиҳои нерӯи шӯравӣ ва маҳаллӣ дар даҳаи ҳаштод дар Афғонистон. Ҳамсарам ба хотири ин таҳқиқи майдонӣ барои навиштани ин китоб, чандин бор ба Афғонистон сафар карда аст.

Анн Апелбаум, торихнигор маъруфи омрикоӣ

Ман бо вуҷуди ин ки тамоми ъумр аз мардуми Афғонистон ва Эрон шунидаам ва дӯстони зиёд дорам ва мудом бо онҳо дар тамос будаам, аммо мутаассифона, ба далели надонистани забон, вориди пажӯҳиши ъамиқи масоили торихии ин кишварҳо нашудаам. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба китобҳои то ҳол навиштаатон, ва бозтоби густардаи он дар расонаҳои Ғарб, мешавад гуфт, ки Шумо аз маъдуд пажӯҳишгарони Урупои Шарқӣ ва ба вежа Укроин ҳастед, ва солҳои зиёд дар маҳал зиндагӣ кардаед ва бо ъолимони маҳаллӣ дар тамос ҳастед, мешавад ҳадс зад, ки кори баъдии Шумо низ дар бораи Укроин ё Урупои Шарқӣ хоҳад аст. Оё чунин аст?  Агар оре, ин бор ба кадом мавзӯъ хоҳед пардохт? 

Анн Апелбаум: Китобҳои ман ҳама дар бораи истолинисм будаанд ва марбут ба сиёсатҳои Истолин. Аммо давраи пажӯҳиши ҷадидам дар бораи демукросӣ дар даҳаи наввад хоҳад буд. Китоби баъдии ман дар бораи демукросӣ ва даст ёфтан ё наёфтани он дар Урупои Марказӣ хоҳад буд.

Мо ин рӯзҳо дар бораи демукротисозӣ, ба хусус дар мавриди Эрон, бисёр мешунавем. Демукросӣ мавзӯъи рӯзи мост. Ман мехоҳам, ъамиқан ба ин мавзӯъ фикр кунам ва таваҷҷӯҳи вежа ба он дошта бошам, ки демуктосӣ чи буд ва чи маъно ва интизороте эҷод карда буд дар он даҳа дар Урупои Марказӣ ва то  чи ҳадде ъамалӣ шуд, чи чизҳое кумак карда, ки демукросӣ ҷавоб бидиҳад ва чи чизҳое боъиси шикаст демукросӣ дар Урупои Марказӣ шудааст. 

Шаҳзода Самарқандӣ: Муваффақ бошед. Мунтазири баъдии китоби шумо ҳастем. 

Анн Апелбаум: Мамнун аз Шумо. 

گزارش از سی و پجمین دوره جشنواره کتاب ادینبورگ در زمانه

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)