Мавзӯъи доғи ин рӯзҳои Осиёи Миёна мамнӯъ шудани овардани исми Ислом Каримов, райисҷумҳури фақиди Ӯзбекистон, аст. Ин хабар пас аз як моҳи иблоғи он расонаӣ шуда ва ба титри расонаҳои минтақа табдил шуда аст.

Пайкараи тамомқади Ислом Каримов дар зодгоҳи ӯ Самарқанд

Бо ин ҳама, ин хабар дар расонаҳои дохили Ӯзбекистон бозтоб наёфта аст. Дар ин мақола нигоҳе дорам ба далоили иштибоҳ будани ин тасмим ва бархе аз ишколоти ъумдаи ҳуқуқбашарӣ, ки дар паёмади он бурӯз хоҳад дод.

Дар ҳақиқат низ дар тӯли як моҳи гузашта исме аз Ислом Каримов дар расонаҳои дохилии кишвар оварда нашуда аст. Хабарнигороне ки мойил набуданд исмашон фош шавад ин фармонро тайид карданд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо ин фармон ба таври шифоҳӣ ва аз номи мушовири Шавкат Мирзиёев, райисҷумҳури кунунии Ӯзбекистон, ба масъулони расонаҳои дохилӣ эълом шуда аст. 

Манзур аз мамнӯъ кардани исми Ислом Каримов, ки яке аз бадтарин диктотурҳои Осиёи Миёна дар сӣ соли гузашта буд, чи метавонад бошад? Оё касоне мехоҳанд беш аз ин номи ӯ сиёҳ нашавад? Ё мехоҳанд ҷиноёти густарда ва сохтории ҳукумати Каримов махфӣ бимонад ва пои дигарон низ ба миён кашида нашавад? Ё салоҳ мебинанд ки ӯ чеҳраи маҳбуб ва муҳимми миллӣ аз дидгоҳи расмӣ боқӣ бимонад? 

Ин дастур пас насби паёкараи тамомқади Ислом Каримов дар зодгоҳаш Самарқанд ва баргузории маросимҳои бузург ба ёдбуди даргузашти ӯ, зеҳни бисёреҳоро машғул карда аст. 

Ӯзбекистон ба расонаҳои озод ва фазои боз ниёз дорад

Дар замоне ки мардуми Ӯзбекистон чашм ба тағйирҳои ъамиқи сиёсӣ ва сохторӣ дар давлатдорӣ ҳастанд, бастани дарҳои озодии баён нишонаи мусбате талаққӣ намешавад. Миллиюнҳо аз шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Шавкат Мирзиёев, ки бо иқдомҳои умедворкунанда ба қудрат омад, интизори барқарории ъадолат доштанд. Ҳол бо ин фармон ки овардани исми Ислом Каримовро дар расонаҳои дохилӣ мамнӯъ карда, боби ҳар гуна баҳсу баррасии ҷиноёт ва ҷурмҳои ӯ ва ҳамдастонаш дар тӯли сӣ соли гузашта, дар ин кишвар баста шуда аст. 

Дар Ӯзбекистон бисёре аз расонаҳои дохилӣ, он гуна ки дар даврони ҳукумати Каримов буд, ҳамчунон давлатианд ва дар хидмати бозтоб додани фармон ва фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои расмӣ қарор доранд. Шумори ночизе аз рӯзномаҳое, ки хусусианд ба интишори таблиғот ва хабарҳои саргармкунанди Русия ва ситораҳои синамо мепардозанд. 

То ҳол сӯҳбате аз озодии баён ва эҷоди расонаҳои озод дар ин кишвар нашуда аст. Ҳарчанд райисҷумҳури ҷадид иқдомҳое мисли озод кардани бархе аз зиндониёни ъақидатӣ ва рӯзноманигорони зиндонӣ, беҳбуд додани равобит бо ҳамсоягони худ ва муҳиммтар аз ҳама, бардоштани райиси созмони амнияти миллии кишвар аз симаташро анҷом дода, ҳанӯз барои ҳалли мушкилоти ъумдаи сохторӣ ва бунёдии сиёсати кишвар қадаме барнадошта аст. 

Ӯзбекистон аз маъдуд кишварҳоест, ки арзиши поспурти шаҳрвандонаш барои сафар дар ҳар маврид ба таъйиди маъмурон ниёз дорад ва аҳолии Ӯзбекистон барои сафар ба хориҷ бояд ҳар бор аз созмони амнияти миллӣ иҷозаи хурӯҷ бигиранд, ки ин иҷозаи хурӯҷ ҳам муддатдор аст ва бояд ҳар ду сол як бор тамдид бишавад ва барои ба даст овардани ин муҷаввиз теъдоди зиёде аз санад ва пардохтҳои мисли об, барқ, хатти телефони заминӣ ва нома аз маҳалли кор ва донишгоҳ ва иҷозаи падару модар ва ҳамсар лозим аст, ки ироъа шавад.  Дарёфти таъйид ва имзои ин муҷаввиз аз сӯи мақомоти созмони амният то ду моҳ ва дар бисёре маворид бештар аз ин тӯл мекашад. Сафари бидуни ин муҷаввиз ба ъунвони ъубури ғайриқонунӣ аз марз маънӣ мешавад ва дар қонуни асосии кишвар то даҳ сол зиндон муҷозот дорад. 

Ин назми боқимонда аз даврони шӯравист, ки дигар кишварҳои Осиёи Миёна онро дар ҳамон солҳои аввали расидан ба истиқлолият лағв кардаанд. 

Пас аз барканории Рустам Ъиноятов, райиси созмони амнияти миллии Ӯзбекистон, ки ۲۳ сол дар ин мақом буд, бисёре аз коршиносони маҳаллӣ умед доштанд, ки иҷозаи хурӯҷ низ бардошта хоҳад шуд. Аз барканории Рустам Ъиноятов наздик ба ҳашт моҳ мегузарад, аммо хабаре аз тағйири қавоъиди кор дар созмони амнияти миллии кишвар нест. 

Дарди Фарғона ҳамчунон тоза аст; Қатли ъомми Андиҷон фаромӯш нашудааст

Яке аз ошкортарин ҷиноятҳои Каримов, ки ба кумаки расонаҳо хабари ҷаҳонӣ шуд, қатли ъомми соли ۲۰۰۵ дар Фарғона, дар шимоли шарқии Ӯзбекистон, аст. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ беш аз ۱۰۰۰ нафар марду зан ва кӯдак бар асари тирборони артиши кишвар кушта шуданд. Ин фоҷеъаи миллӣ то ҳол ҳаллу фасл нашуда аст ва бисёре аз шоҳидон, ин ҳодисаро аз фоҷеъабортарин ҳодисаҳои рух дода дар сӣ соли гузашта дар Ӯзбекистон ъунвон кардаанд. 

Ин ҳодиса дар моҳи майи соли ۲۰۰۵, замоне рух дод, ки теъдоди зиёде аз мардумони вилояти Фарғона дар шаҳри Андиҷон бо нияти дидор бо раҳбари кишвар ва расонадани шикояти худ аз баста шудани дӯконҳои худ дар бозори маҳаллӣ, дар майдончаи шаҳр ҷамъ шуда буданд, тӯъмаи тири артиши Каримов шуданд. 

Парвандаи Исталин низ ҳанӯз боз аст

Яке аз орзуҳои мардуми Осиёи Миёна ва Русия рӯ шудани омори аслии ҷиноятҳоест, ки дар даврони Истолин рух дода ва то ҳол парвандаи ӯ ба додгоҳҳои байналмиллалӣ супурда нашуда аст. Яке аз далоили ин мавзӯъро фиқдони асноди лозим ё шоҳидони ъайнӣ медонанд. 

Савол инҷост, ки оё парвандаи Ислом Каримов низ мисли парвандаи Истолин муъаллақ ва норавшан хоҳад монд?

Ислом Каримов аз раҳбарони даврони шӯравӣ буд ва бо ҳамон тарбияти шӯравӣ наздик ба сӣ сол дар қудрат монд ва дар ҷунин шароите, ки бо сабки сиёсати Истолин шабоҳат дорад, маҷол ва фазое барои рушди табақаи мутавассит ва сиёсатмадорони варзида ва қавӣ вуҷуд надошт. Аммо тасмимҳое, ки Шавкат Мирзиеёв дар соли аввали расидан ба раёсати кишвар гирифт, бисёреро дар таъаҷуб овард, ки чи тавр мешавад аз дили як диктотурии сахт ва сангин раҳбаре чунин ъодил ва то ҳудуди зиёде демукрот ба бор ояд? 

Оё ин умеди мардум ва он коршиносони мутаъаҷиб ба зудӣ поён хоҳад ёфт? Оё баҳоре, ки бо қадами ӯ дар дилҳои мардум гармо оварда буд ба ин зудӣ сард хоҳад шуд? 

Оё Шавкат Мирзиёев бо ин мамнӯъ кардани исми Каримов ва ҳамзамон гул ниҳодан бар сари мазори ӯ мехоҳад, бахши сиёҳ ва тираи торихро ба фаромӯшӣ биспорад ва давраи ҷадиде шурӯъ кунад? Ё мехоҳад сохтори фасоди боқимонда аз даврони шӯравӣ ва тарафдорони Каримовро ба наҳве розӣ нигаҳ дорад? Оё миқнотиси рӯҳияи ъазими муҳофизакорие, ки мероси бозмонда аз ъасри шӯравӣ дар минтақа ва ин кишвар аст, ӯро низ хоҳад балъид?

Замон ойина дар баробари ҳар он чи хоҳад гузошт, ки имрӯз барои мо пӯшида ва нопайдост. 

Дар ҳафтае, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон барои аваалин бор аз интернети ройгон дар кӯча ва хиёбонҳои пойтахт бо шодӣ ва шӯр истифода карданд, мамнӯъияти исми Каримов, нишондиҳандаи чи метавонад бошад ҷуз қадамҳои кӯчак ва номутмаъини ҳукумати навпои Мирзиёев барои ба истилоҳи худи ӯ “шустани гуноҳони давлат дар баробари мардум”. Аммо бо сукути расонаҳои дохилӣ ва ҷои ъамиқан холии озодии баён, ки ҳар гуна дар замони Каримов буда, ҳам чунон барқарор аст, ъамалӣ ба назар намерасад ва бештар ба ваъдаи тухолӣ мемонад. 

Мунтахабе аз мақола ва гузоришҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ дар мавзӯъи Ӯзбекистон бо хатти форсӣ:

در همین زمینه در زمانه

رئیس سازمان امنیت ملی ازبکستان برکنار شد
نگاهی از درون به ازبکستان
رویترز: اسلام کریم‌اف، رئیس جمهوری ازبکستان درگذشت
جامعه ازبکستان؛ پیش و پس از کریم‌اف
تحولات چشمگیر سیاسی در روابط ازبکستان و تاجیکستان
ترمیم روابط ایران و ازبکستان
ازبکستان و وعده های تازه میرضیایف؛ از دولت مداری به شهروندمداری؟
عکس – خبر: بازداشت نویسنده تبعیدی ازبکستانی در فرودگاه تاشکند
اولین همایش سراسری تاجیکان ازبکستان در شهر تاشکند

ازبکستان: لزوم گشودن پرونده اسلام کریموف

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com