در ادامه بحث‌های زبان رسمی تاجیکستان که دولت اماعلی رحمان، سرخودانه آن را تاجیکی اعلام کرد و چهره‌های فرهنگی این کشور را به شور آورد. فرهیختگان تاجیکستانی اصرار دارند که نام زبان رسمی تاجیکستان فارسی‌ است و تنها اسم قوم “تاجیک” است. سایت تخصوصی “پارسی انجمن” نیز نامه سرگشاده‌ای منتشر کرده و در آن از فرهیختگان تاجیک پشتبانی کرده است.

(Замима ба Номаи саргушода ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар баҳсҳои охир пиромуни мавзӯи «забони миллӣ» ва «ҳаққи маънавии тоҷик будан» ғолибан суханшиносон ва сиёсатмадорон фаъол буда, коршиносони дигар илмҳои инсонӣ, чун муаррихон, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон бо далелҳои ошкору ниҳон хешро аз масъулият раҳо кардааанд. Албатта, чунин бетарафӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимми давлатдории миллӣ, яъне забони давлатӣ ва чӣ гуна номидани он (“порсӣ” ва ё “тоҷикӣ”) боиси таассуф ва нигаронӣ аст.

Бетарафӣ ва муносибати ғайриилмӣ боиси сиёсӣ шудани ин масъала гардидааст, дар ҳоле ки ин мавзуъ на фақат сиёсӣ нест, балки манфиати сиёсиаш ҳам ночиз аст. Аслан, қотеона ва яктарафа нуқта гузоштан ба ин баҳс аз тарафи шахсони аввали сиёсат ва илми ҷумҳурӣ аз рӯи одоби илмӣ нест. Бешубҳа, онҳо метавонанд дар баҳс иштирок кунанд, вале аз рӯи таомулоти илмӣ салоҳияти гуфтани сухани охирро дар ин мавзӯи илмӣ надоранд. Мутобиқи талаботи илмӣ, ҳатто худи забоншиносон ва таърихнигорон низ чунин салоҳият надоранд. Ҳақиқати илмиро танҳо дар натиҷаи баҳс метавон ба даст овард, дар ҳоле ки дар мавриди чӣ гуна номи забони давлатии Тоҷикистон на ҳамаи донишмандон назари худро муайян кардаанд. Одоби илмӣ тақозо мекунад, ки агарчи назари ҳамаи донишмандони соҳа муайян ҳам бошад, дари баҳс бояд кушода монад.

Бори дигар таъкид мекунем, ки баҳси номи забони давлатии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, масъалаи илмӣ аст. Дахолати сиёсӣ дар ин мавзӯъ сабаби ихтилофи бештар дар ҷомеа, аз он ҷумла дар байни зиёиён мегардад. Бадбахтона, баҳсҳои охир на фақат ба талаботи илмӣ мувофиқ нестанд, балки баъзан аз доираи одоби инсонӣ ҳам берун шуда, тарафдорони «порсӣ» номидани забон “хиёнаткор” ва “ватанфурӯш” номида ва гунаҳкор дониста мешаванд. Чунин иттиҳомот на фақат раво нестанд, балки метавонанд ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ҳатто таърихӣ дар пай дошта бошанд. Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар шоҳкориҳои худ, чун “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Тоҷикон” забони тоҷиконро “порсӣ” номидаанд. Пас, “порсӣ” номидани забони давлатии Тоҷикистон ба маънои хиёнат ба манфиатҳои миллӣ нест. Балки он василаи худшиносии таърихӣ ва пайванди бевосита бо мероси маънавии шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат мебошад.

Дар ин Асоснома мо зарур донистем, барои исботи назари худ ба санаду далелҳои таърихӣ муроҷиат кунем. Ончи моро ба шиддат нигарон намуда ва онро хатари бузурге ба мавҷудияти ояндаи миллӣ, мавҷудияти забони миллати тоҷик ва ҳузури имрӯзу фардои он меҳисобем, таҳрифи номи забони миллати мост. Миллати мо ТОҶИК ном дорад. Тоҷик, яъне ҳамаи аҳолии Эрон, Хуросон ва Варозруд (Мовароуннаҳр)-и қадиму ҳозир аст, ки на фақат бо забони порсӣ, балки бо забонҳои дигари эронӣ (чун забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар Тоҷикистон) гап мезананд. Забони порсӣ забони муттаҳидкунандаи ҳамаи тоҷикон буда, муддати садсолаҳо ба василаи муштараки гуфтугӯ, китобат ва коргузории давлатӣ табдил ёфтааст.

Мо бо масъулияти тамом мегӯем, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ” сохтаи бегонагон ва таҳмилшуда бар рӯйи забони порсии мост. Ин истилоҳ, – агар ба дурустӣ асноди ۱۲۰-۱۳۰ соли охирро ҷустуҷӯ намоем, – хоҳем дид, ки аз тарафи бегонагон сохта шуда, асосан пас аз истилои қисмате аз шаҳрҳои Осиёи Миёна аз тарафи Руси подшоҳӣ ба миён омадааст. Баъд аз инқилоби болшевикӣ ин мафҳуми сохта ба ҷои номи аслии забон бо таҳдиду иҷбор ба курсӣ шинонида шудааст.

Аз ин рӯ, Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд заминаи қонунгузориро барои барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ фароҳам орад. Мероси фарҳангии тоҷикон дар асрҳои гузашта, аз он ҷумла адабиёти илмӣ ва бадеӣ ва ҳамчунин санадҳои сиёсӣ ва таърихӣ асосан ба забони порсӣ ба мо расидаанд. “Порсӣ” номидани забон ба мо ҳуқуқи маънавӣ медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ худро ба унвони меросбарони осори мактуби забони порсӣ муъаррифӣ бикунем.

Бархурди сиёсӣ ба забон дар заминаи илмҳои инсонӣ ва иҷтимоии Аврупо ва Рус дар асрҳои ۱۹-۲۰ ташаккул ёфтааст. Ин илмҳо забонро рукни асосии худогоҳии миллӣ медонанд. Маҳз ҳамин гуна шинохти нақши забон дар ташаккули худшиносии миллӣ дар оғози асри ۲۰ бисёре аз поягузорони низоми болшевикиро ба натиҷа расонда буд, ки бояд номи забони миллати тоҷик иваз шавад. Шарқшиносон, пантуркистон ва ҳамчунин тоҷикони ба доми ин мактабҳои идеологӣ афтода дар сохтану барчаспондани номи нав пештоз буданд. Гарчанде то замони таҳкими низоми идеологии Шӯравӣ бисёре аз шарқшиносони русу аврупоӣ забони тоҷиконро «порсӣ» меномиданд.

Дар давраи Шӯравӣ забони тоҷикон “тоҷикӣ” номида шуд, то ки истеъморгарон як қатор ҳадафҳои худро дар Осиёи Марказӣ ба даст оранд. Яке аз ин ҳадафҳо зиндон кардани тоҷик дар деворҳои танги сарҳадҳои сохтаи истеъморгарон буд. Аввалин бор дар таърих тоҷикони Тоҷикистони имрӯза аз тоҷикони дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҷудо ва бегона гардиданд. Дар ҳеч сурат, ин “таърихи табартақсим” ба манфиати тоҷикон набуд. Дар баробари таҷовуз ба сарҳадҳои давлатӣ, сохтакорона иваз кардани номи забон низ як воситаи ин табартақсими миллати тоҷик буд.

Низоми истеъморӣ дар Осиёи Марказӣ дар шакли давлатҳои қавммеҳвар (этносентрӣ) зуҳур кард ва ба забони қавми ҳоким мақоми истисноии давлатӣ дод. Ин сиёсати қавммеҳвари Шӯравӣ ҳақиқати таърихӣ ва иҷтимоиро инкор карда буд, ки усулҳои он то ҳанӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ дошта мешаванд.. Тақсимоти минтақа ва ба ҷумҳуриҳои қавммеҳвар пора кардани он аз манфиатҳои геополитикии империалистони рус ва англис реша мегирифт, ки дар таърих бо номи «Бозии бузург» маъруф аст. Ин сиёсати қавмӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳанги миллии тоҷикон зарба зад ва дастрасии онҳоро ба марказҳои фарҳангии худ дар минтақа қатъ кард.

Ҳадафи дигари империалистон барҳам додани пайванди фарҳангии тоҷикон дар ду тарафи Амударё буд. Барои ҳамин, Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғоз Ҷумҳурии Туркистон ва Ҷумҳурии Бухороро ташкил дод. Бо гузашти муддати кӯтоҳ тарроҳони Маскав дарёфтанд, ки барои осон ҳукумат рондан бар мардуми Бухоро бояд онро ба ҷумҳуриҳое тақсим кунанд, ки ба ҳувиятҳои қавмӣ ва маҳаллӣ бунёд меёбанд. Дар пайи ин ҷумҳуриҳои қавммеҳвар таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон нахуст чун вилояти мухтор ва сипас чун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбекистон арзи ҳастӣ кард. Аз вилояти мухтор ба ҷумҳурии мухтор иваз шудани мақоми сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистон низ ба иродаи сиёсии империализми рус рабт дошт, то ки аз афзоиши таъсири пантуркизм пешгирӣ шавад. Муборизаи фидокорона ва қаҳрамононаи нухбагону зиёиёни тоҷик боис шуд, ки соли ۱۹۲۹ тоҷикон ҳуқуқи таъсиси ҷумҳурии мустақилро ба даст оваранд.

Дар чорчӯбаи сиёсию ҳуқуқии ҷумҳурии қавммеҳвар зарари бештарро тоҷик дид, чунки нахустин бор фазои фарҳангии ӯ сахт маҳдуд гардид. Бо вуҷудии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, на фақат марзҳои сунъии сиёсӣ, фарҳангӣ ва зеҳнӣ нашикастанд, балки маҳкамтар шуданд. Ҳамин боварӣ ҳам, ки “миллат” (нация) ҳаммаънои “қавм” (этничество, этническая группа) аст, намунаи чунин марзбандиҳост. Миллати тоҷикро ба қавм ва унсурҳои таркибии он маҳдуд кардан, баръакс, боиси ихтилофу парешонӣ мегардад. Аммо чорчӯбаи империалистӣ на фақат зеҳнҳоро ба ин маҳдудият омӯхта кардааст, балки дар қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ ҳам қавмро чун миллат қаламдод мекунад.

Имрӯз ба гузашта нигариста, метавон натиҷагирӣ кард, ки истеъморгарон аз шинохти қавмӣ (этникӣ)-и забон кор гирифта, бо истифода аз қудрати сиёсӣ ва ҳарбӣ тавонистанд ба ҳадафи худ расанд. Аммо яке аз шартҳои давлатдории миллӣ аз он иборат аст, ки дар сиёсати забонӣ ҳам истиқлолият дошта бошад. Давлати Тоҷикистон бояд манфиатдор бошад, ки аз шинохти густардаи забон ва нақши он дар худшиносии миллӣ кор гирад. Аз назари илмҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ падидаи мураккаб буда, на фақат ба забон ва дигар омилҳои маънавию фарҳангӣ, балки инчунин ба омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ вобаста мебошад. Таъмини манфиатҳои миллии кишвар ва бахусус озодӣ ва баробарии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҳамаи шаҳрвандон аз тарафи давлат омили асосии ташаккули худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

Агар ба таърихи миллатҳои озоду пешрафта ва ҳатто кишварҳои истеъморгар назар афканем, метавон мушоҳида кард, ки дар мавриди худ аз ҳамин шинохти густардаи худшиносии миллӣ ва унсурҳои таркибии он чун забон кор мегиранд. Давлатҳои Русия ва Амрико барои ҳифз, тақвият ва густариши забони русӣ ва англисӣ на фақат дар дохили кишварашон, балки берун аз онҳо барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ мекунанд. Барои иҷрои ин барномаҳо ба ҷуз маблағҳои зиёд, аз фишангҳои сиёсӣ ва ниҳодӣ низ истифода мебаранд.

Сарфи назар аз шеваҳои мухталиф доштанашон мардумони Олмон, Австрия ва Суес барномаҳои муштараки стандартисозии забони олмониро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумлаи ин барномаҳо сохтан ва истифодаи истилоҳоти ягонаи илмӣ, техникӣ ва коргузорӣ, таҳияи китобҳои дарсии забони олмонӣ ва интегратсияи таркиби луғавӣ ва лаҳни гуфтори шеваҳо (диалектҳо)-и гуногуни забони олмонӣ мебошад. Агар мо воқеияти худро муқоиса кунем, вазъияти тамоман хилоф ва зидди манфиатҳои миллии худро мушоҳида мекунем.

Бояд Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдори давлатӣ низ ҳамин таҷрибаҳоро омӯзанд ва истифода баранд, то ки пеши роҳи тамоюлҳои номатлуби солҳои охирро бигиранд. Яке аз ин тамоюлҳои номатлуб пазириши ҳама гуна истилоҳоти хориҷӣ, аз он ҷумла арабӣ ва русӣ аст, ки худ истилоҳҳоро аз дигар забонҳои пештози илму техника ва ё аз таркибҳои луғавии худ ба вом мегиранд. Бо чунин муносибати пассивона ва ғайримасъулона, ҳам забони порсии Тоҷикистон ва ҳам забони порсии Эрон дар зери таъсири забонҳои дигар, бахусус туркию арабӣ қарор гирифта, таркиби луғавӣ, истилоҳот, қоидаҳои имлоӣ ва грамматикӣ ва ҳатто лаҳни онҳоро қабул мекунанд.

Дар оғози асри ۲۰ Садриддин Айнӣ ин вазъиятро дарк карда, барои “ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА” (иборае, ки ӯ бисёр истифода мебурд) кору фаъолият мекард. Саид Нафисӣ ва Парвиз Нотили Хонларӣ забони содаи порсиро дар Тоҷикистон писандида, аммо дар ҳеч сурат онро забони бегона дарнаёфта буданд. Бояд таъкид кард, ки дар пешниҳоди ин донишмандони тоҷику эронӣ “ПОРСИИ СОДА” на ба он маъно буд, ки ин забон таркиби луғавии маҳдуд ва аз ин рӯ, вобастаи истилоҳот ва қоидаҳои дигар забонҳо бошад. Забони порсӣ яке аз забонҳои тавонотарини ҷаҳон буда, имкониятҳои дохилии он барои сохтани истилоҳот ва қоидаҳо кофӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ниҳодҳои истилоҳсозии кишварҳои ҳамзабон, пеш аз ҳама, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бояд дар сари ин масъалаҳо ҳамкории ҷиддӣ дошта бошанд, то забони порсиро аз омезишҳои нодаркор ҳифз кунанд ва, дар айни замон, ба такмили забони порсӣ ҳамчун забони тавонои илму техника ва коргузорӣ саҳм гузоранд. Ин ниҳодҳо, ки метавонанд мақоми байнидавлатӣ ҳам дошта бошанд, бояд дар интегратсияи таркиби луғавӣ ва лаҳни гуфтори шеваҳои забони порсӣ ва ҳамчунин дар ҳифзи забонҳои гуногуни эронӣ (чун забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар Тоҷикистон) саҳм гузоранд. Ин гуна муносибат на фақат забони порсиро такмил медиҳад ва ҷавобгӯи замони муосир месозад, балки дар тақвияти худшиносии миллӣ аз роҳи ошноии байни маҳалҳо, минтақаҳо ва давлатҳо саҳм мегузорад. Тақвияти забони порсӣ ва ҳифзи дигар забонҳои эронӣ худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷиконро баланд бардошта, давлати тоҷикро ба яке аз субъектҳои муҳимми минтақавӣ табдил медиҳад. Дар байни кишварҳои олмонизабони Аврупо, маҳз Олмон ба чунин муносибат дар нисбати забон манфиатдор аст ва ин мавқеи онро чун бозигари аслии минтақа таҳким мебахшад.

Дар чорчӯбаи муносибатҳои байналмилалӣ забонҳое ба василаи муносибатҳои байналмилалӣ ва табодули илмию маърифатӣ табдил меёбанд, ки дар минтақаҳои худ дар зиёда аз як кишвар мақоми давлатӣ дошта бошанд. Забони порсӣ метавонад ҳамин гуна мақомро соҳиб гардад, агар кишварҳои ҳамзабон ба стандартисозии муштараки ин забон саҳм гузоранд.

Забони муштараки давлатҳои гуногун ва номи ягонаи ин забон дар ҳеч сурат боиси халалдор шудани пояҳои давлатдории миллӣ намегардад. Ин афсонае аст, ки империалистон бофта буданд, то маҳрумиятҳои миллати тоҷикро ҳукми таърихӣ диҳанд. Намунаи забони олмонӣ нишон медиҳад, ки забони муштарак, номи яксон ва барномаҳои стандартисозии забон боиси таҳкими давлатдории миллӣ ва афзоиши нақши минтақавӣ ва обруи байналмилалӣ мегардад. Забони давлатии ИМА англисӣ мебошад ва ин забон дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии амрикоиҳо саҳми зиёд дорад. Забони англисӣ забони муборизаҳои озодихоҳӣ ва Инқилоби Амрико бар зидди истеъморгарони Британияи Кабир буд, ки низ англисӣ забони миллиаш буд. Тӯли зиёда аз ду садсолаи охир Амрико истиқлолияти миллӣ ва давлатии худро бо ҳамин забон ҳифз кардааст. Яъне забони муштарак ва номи яксони он натавонист миллати амрикоиро абадан маҳкуму пойбанди истеъморгарони ҳамзабонашон созад.

Биниши идеологӣ ва истеъморӣ забони ягона ва фарқкунандаи як давлатро омили аслии худшиносии миллӣ ва, аз ин рӯ, таҳкими давлатдории миллӣ меҳисобад. Боз ҳам, воқеияти миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон, чун ИМА, Канада ва Суес нишон медиҳад, ки ин фаҳмиш маҳдуд ва ботил аст. Онҳо ду ва ё зиёда забонҳои давлатӣ доранд ва дар айни замон на фақат давлатдории миллии худро ҳифз кардаанд, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ мақоми муайянкунанда доранд.

Онҳое, ки иддао мекунанд номи забони давлатии Тоҷикистон “тоҷикӣ” аст, ба ҷуз дуғсе сарчашмаҳои дуюмдараҷа, хеч маъхазе надоранд. Онҳо фактҳои таърихиро яктарафа баҳо дода, ҳақиқати таърихиро таҳриф ва тобеи таъйиноти маҳдуди сиёсӣ мекунанд. Иддаои дигар ин аст, ки то асри ۱۵ забони порсӣ ягона ва яксон буд, аммо баъд аз ин аср бо сабабҳои муайяни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони тоҷикӣ аз забони порсӣ ҷудо гардид. Барои рад кардани ин фарзияи ғайриилмӣ зарур медонем, далелҳои таърихии ягона ва яксон будан ва «порсӣ» номидани забонро аз сарчашмаҳое орем, ки ба асрҳои охир тааллуқ доранд. Дар ин робита, мекӯшем ба осори Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бештар ишорат мекунем.

Илми таърих соҳиби ҳама гуна санадҳои муътамад ҳаст. Тоҷикон на камтар аз дигар мардумони эронӣ дар ташаккул, таҳаввул ва пойдории забони порсӣ саҳм гузоштаанд. Дар навбати худ, забони порсӣ яке аз унсурҳои аслии ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон будааст.

Миллати тоҷик зиёда аз ҳазор сол аст, ки бо забони порсӣ ҳаёту мамоти худро навиштааст. Ин миллат дар давраи ҳукумати Саффориён ин забонро ба курсӣ шинониданд ва дар давраи ҳукумати Сомониён ба он шукуҳу равнақ бахшида, ба забони муҳимми илму адаб табдил дод. Яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафт ва дастовардҳои Сомониён маҳз тақвияти забони порсӣ дар саросари қаламрави ҳукумати онҳо будааст. Ин хонадони маъруф, бо ин ки нақши азиме дар шаклгирии ҳувияти таърихии тоҷикон доштаанд, забони худро ҳаргиз ба унвони забони тоҷикӣ матраҳ накардаанд. Рӯдакӣ на танҳо поягузори забон ва адабиёти порсӣ, балки ислоҳгари бонуфузе дар расмӣ намудани забони порсии дарбор ва шаклгирии девонсолорӣ (системи давлатдорӣ)-и Сомониён буд. Аз Абуҳафси Суғдӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда то устод Айнӣ осори адабии мо бо ин забон нигориш ёфтааст. Ҳамаи бузургони ин миллат худро порсизабон медонистанд ва дар осори худ аз забонии порсии худ ифтихор мекарданд. Бадбахтона, то кунун хизматҳои Рӯдакиро дар шаклгирии забони расмии порсӣ ба дурустӣ баррасӣ накардаанд. Ашъори бозмондаи Дақиқии Самарқандӣ, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ва ашъори алоҳидаи Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ далел бар гуфтаҳои мост. Аз миёни ин се нафар, устод Дақиқӣ ва Носири Хисрав фарзандони ҳудуди имрӯзаи Узбекистон ва Тоҷикистонанд.

Ҳамин гуна, Фирдавсӣ, Наршахӣ, Берунӣ, Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Байҳақӣ ва даҳҳо муаррихони забардасти асрҳои ۹-۱۰, ки дар саргаҳи шаклгирии илми таърихнигории миллӣ қарор доранд, забони осори хешро «тоҷикӣ» нахонда, баръакс, бар ҷойгоҳи вижаи забони порсӣ дар тарвиҷи илмҳои таърих таъкиди фаровон кардаанд. Тамомии муаллифони порсигӯйи илмҳои таърих, таълифоти марбут ба илмҳои инсонӣ ва табиӣ (ҷуғрофиё, иқтисод, нуҷум ва ғ.)-и асрҳои баъд низ забони рисолаҳои худро забони порсӣ гуфтаанд.

Дар асрҳои охир низ донишмандони дараҷаи аввали илми таърих ва ховаршиносон забони тоҷиконро забони порсӣ гуфтаанд ва мегӯянд. Дар муътабартарин осори илмӣ-пажӯҳишии таърихии дунёи имрӯз (донишномаҳо, таърихномаҳои ҷомеъ, фарҳангҳои мухталиф ва ғ.) забони моро порсӣ ва ё гӯйише аз забони порсӣ бармешуморанд. Дар ин миён фақат баъзе аз тоҷиконанд, ки бо далоиле забони миллии худро ҷудо аз забони порсӣ медонанд.

Бо вуҷуди ин, гузаштагони мо дар асрҳои ۱۹-۲۰ ҳанӯз забони худро “порсӣ” меномиданд. Ин ҷо мекӯшем, далелҳои иловагиро аз ۱۵۰ соли охир ва бахусус аз шахисятҳои мондагори таърихии миллии мо, чун Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров оварем.

Аҳмади Дониш – асосгузори ҷараёни маорифпарварии тоҷик дар нимаи охири қарни ۱۹ кору эҷод кардааст. Осори ӯ бевосита ба устод Айнӣ ва ташаккули зеҳнии ӯ ҳамчун асосгузори адабиёти навини тоҷик таъсир расонидаанд. Дониш дар асари маъруфаш “Наводир-ул-вақоеъ”, дар бораи худ менависад: “Ва медонед, ки дар китобхонаи мо ғайри панҷ-шаш ҷузв аҷзои нуҷумии ория аз арабӣ ва ФОРСӢ китобе набудааст, на аз луғат ва истилоҳ, на аз бадоеъ ва калом.”

Дар дигар маврид ӯ мегӯяд: “Агар форсизабон бе саҳми он ки «чӣ гӯям ва чӣ хонам» – гӯяд дар калимаи «зараба Зайдун расад», Зайдро марфӯъ хонад ва дар «зарабту Зайдан» Зайдро мансуб хонад, чи рафъ дар мисоли аввал ва насб дар мисоли сонӣ аҳаффу асхал бошад аз дигар сурат.” Ва ниҳоят, Аҳмади Дониш аз номи Қозӣ Яҳё валади Бақохоҷа, раиси Бухоро, дар “Наводир-ул-вақоеъ” менависад: «Дар вақте ки аз сафари ҳаҷҷи ислом муроҷаат мекардам, ҳам дар киштӣ нишаста бо рафоқати ҷамъе ба азимати сайри Ҳиндустон аз баҳри Ҳинд [гузашта] ба замини Калката ва навоҳии Кунуҷ баромадам, ки ақсои замини Ҳинд аст. Рӯзе чанд дар миёни ҳиндувон ба сар мебурдам. Ва ба воситаи ихтилофи луғат ва забон муҳимми ман ба душворӣ кашида, дар байъу широ бисёр ташвишманд шуда, ҳарчанд тараддуд мекардам, ки шахсе форсизабон ёбам, муяссар намешуд.”

Рӯзномаи нахустини миллии тоҷикон “Бухорои шариф” низ забони миллати тоҷикро “порсӣ” меномид. Ин рӯзнома дар саҳифаи аввали шумораи ۲-юми худ, дар таърихи ۱۳-уми марти соли ۱۹۱۲ зери унвони “Ифтитоҳ” навиштааст:“Ба тавфиқи Худо аз имрӯз шуруъ ба нашри мақсуд менамоем! Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд. Вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд. … Лиҳозо рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, ба ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА навишта мешавад.” (Ниг. “Бухорои шариф”. Нумраи ۲. Душанбе, ۶-и Рабеъулохири санаи ۱۳۳۰).

Садриддин Айнӣ низ аз он ёдрас мекунад, ки рӯзномаи “Бухорои шариф” аз нашриётҳои муҳимме буд, ки “ба забони форсӣ ба майдон қадам ниҳод” (саҳ. ۳۲۵). Ӯ аз забон ва тарзи баёни рӯзнома мегӯяд ва онро “форсӣ” меномад. Дар идома аз сармоқали рӯзнома иқтибос меорад, ки нашриётро аз масоили мухталифа ва барои аҳолии Бухорои шариф иборат медонад. Рӯзнома на барои аҳли зиё, балки барои оммаи мардум ва, аз ин рӯ, “ба ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА навишта мешавад” (саҳ. ۳۲۵). Чунонки бармеояд, ҳам худи рӯзнома ва ҳам Айнӣ забони оммаи Бухороро дар оғози асри ۲۰ “порсии сода” номидаанд.

Устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” аз маҷаллаи “Ойина”, ки аз соли ۱۹۱۳ то соли ۱۹۱۵ ҳамагӣ ۶۸ шумора чоп шудааст, ёдрас мекунад, ки ба забонҳои туркӣ ва порсӣ дар зери масъулият ва таҳрири Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ чоп мешуд (саҳ. ۳۲۵). Дар мавриди рӯзномаи “Қутулуш” ӯ қайд мекунад, ки соли ۱۹۲۰ дар ۱۱ шумора ба табъ расид.

Он “ҳарчанд ба забони узбакӣ нашр мешуд, баъзан мақолаву шеърҳои форсии инқилобҷӯёна ҳам ба ӯ дарҷ меёфт”(саҳ.۳۳۹). Агар таваҷҷуҳ карда бошед, Айнӣ дар мавриди ин маҷалла ва рӯзнома “туркӣ” ва “узбакӣ”-ро ба як маъно истифода мебарад. Аммо дар ҳар ду ҳолат забони тоҷикони Бухороро “порсӣ” меномад.

Дигар махзани пурдалели мо барои “порсӣ” номидани забони давлатии Тоҷикистон рӯзномаи миллии баъдазинқилобии тоҷикон “Овози тоҷик” мебошад. Ин рӯзнома барои бедории тоҷикон ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши аввалиндараҷаву аслиро дар таърих бозидааст. Ин далелҳоро метавон дар шумораҳои зиёди рӯзнома аз соли ۱۹۲۴ то тағйири хат ба хати лотинӣ бе мушкилӣ пайдо кард. Матбуоти даврони Истиқлоли Тоҷикистон ва асарҳои муҳаққиқони тоҷик борҳо ин далелҳоро истифода ва чоп кардаанд.

Аз ҷумла ба муносибати чоп шудани рӯзномаи “Овози тоҷик” чандин мақолаи табрикӣ чоп шудааст, ки якеро инҷо барои мисол меоварем. Дар шумораи ۳-и ин рӯзнома зери унвони “Мужда ва табрик” омадааст: «Муддате буд, ки мо форсзабонон, ки ба сабаби ошно набудан ба забони туркиву русӣ, аз хондани рӯзнома маҳрум будем, орзу мекардем, ки ай кош дар ин шаҳри бузург, ки маъдани илму маркази дониш буда, маъорифхоҳон ҷаридае ба забони тоҷикӣ (форсӣ) нашр кунанд, ки то тоҷикон ҳам аз хондани ҷароид маҳрум набошанд. Хушбахтона, чизе нагзашта ба зиёрати ҷаридаи «Овози тоҷик» ноил шудем…” Дар ин ҷо аз номи забон дар ду маврид ёдоварӣ шудааст. Дар мавриди аввал “форсизабонон” ишорат ба тоҷикони Аморати Бухоро мекунад, ки ба форсӣ гап мезананд. Дар мавриди дуюм “забони тоҷикӣ (форсӣ)” истифода шудааст, ки далолат аз ягонагии ҳар ду (“тоҷикӣ” ва “форсӣ”) мекунад.

Дар шумораҳои аввалини ҳамин рӯзнома, дар соли ۱۹۲۴, устод Айнӣ мақолаи хурде зери номи «Дар бораи китобҳои мактаби тоҷикон” ба чоп расонидаанд. Дар ин мақола ба сароҳат номи забони миллати тоҷик “форсӣ” гуфта шудааст. Устод Айнӣ менависад: “Чунончи дар мақолаи гузашта арз карда шуд, барои қавми тоҷик масъалаи маориф, воибтарини масъалаҳост. Барои ба роҳ андохтани мактабу маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чи қадр лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст. Барои китобҳои мактабии тоҷикон кадом шева риъоя карда мешавад? Ин як масъалаест, ки то ҳол расман ҳал нашудааст… Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони Кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик, ФОРСИИ СОДА, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида хилт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба забони форсиёни шаҳрӣ қадре ғализӣ дорад. Маъазолик софу мувофиқи қоъида аст. Ингуна забон, аз Фалғар-Мостчоҳ гирифта то Қоротегину Дарвоз маъмулу ҳамафаҳм аст. Дуруст, дар Кӯҳистони тоҷик баъзе деҳот ҳаст, ки дар миёнаи худ ба забони махсусе ҳарф мезананд. Маъазолик ҳамаи эшон ЗАБОНИ СОДАИ ТОҶИКИро хуб медонанд ва истеъмол мекунанд. Чунончи дар Мостчоҳ, деҳаи Яғноби Фон ва Таҳти Фонро забони махсусе ҳаст. Лекин дар бобати забони як қавм ҳеч гоҳ лаҳҷаву луғатҳои як деҳаи махсусро риъоя карда намешавад. Ба ҳамин мулоҳизот гуфта мешавад, ки бояд забони китобҳои мактабии тоҷикон ЗАБОНИ ФОРСИИ СОДА бошад. Ба иборати дигар забони аксари Кӯҳистони тоҷикон бошад.”

Дар ин ҷо Айнӣ чанд маротиба номи забонро таъкид кардааст, аз он ҷумла “форсӣ”, “форсии сода”, “сарфу наҳви форсӣ”, “забони Кӯҳистони тоҷик”, “забони форсиёни шаҳрӣ”. Як дафъа низ онро “забони содаи тоҷикӣ” меномад, ки худ ишорат ба ҳамон “форсии сода” ва “забони Кӯҳистони тоҷик” аст, ки аз “забони форсиёни шаҳрӣ” фарқ дорад. Чунонки дида мешавад, устод ҳатто забони шаҳриёни бо “такаллуфоти эронӣ” ва “луғатҳои арабии ношунида хилт”-ёфтаро “форсӣ” меномад, на забони дигар. Ҳақ ба ҷониби устод Айнӣ аст, ки забони форсӣ бояд сода ва ҳамафаҳм бошад. Нуктаи дигари ҷолиб ишорати ӯ ба забони махсуси деҳоти Яғноби Фон, Таҳти Фон ва Масчоҳ аст, ки дар эроншиносии муосир “забони яғнобӣ” (шохаи забони суғдӣ) номида мешавад. Дар айни замон, ӯ таъкид мекунад, ки ин мардумони ин деҳот низ забони порсиро медонанд. Бо қиёси ҳамаи ин далелҳо метавон қотеона натиҷагирӣ кард, ки Садриддин Айнӣ забони миллии тоҷиконро ба ҷуз забони порсӣ чизи дигаре наномидааст.

Дар оғози асри ۲۰ барои он ки мавҷудияти миллате бо номи тоҷик дар Осиёи Миёна ва аморати собиқи Бухоро дар баробари пофишории пантуркистон ва Маскав исбот карда шавад, тоҷикони зиёде ба по хеставу қалам ба даст гирифтанд. Яке аз онҳо Абдулмуъмин Сатторӣ буд, ки дар чандин шумораи барориши соли аввали рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолае зери унвони «Тоҷикҳо (Маълумоти таърихиву ҷуғрофӣ)» ба чоп расонда буд. Мо Абдулмуъмин Сатториро нахустин пажӯҳишгари таърихи тоҷик дар даврони баъди инқилоби шӯравӣ меҳисобем. Сатторӣ дар бахши пажӯҳиши таърих ва ба воситаи рӯзнома чоп кардани он муваззаф буд. Номбурда, ки хеле ҷавон фавтидааст, дар он мақолаи муфассали худ менависад: “Маълум аст, ки дар лисони қадимаи форсӣ арабро «тозӣ» меноманд. Дар ҳангоми истило муҳоҷирини араб дар Тӯрону Мовароуннаҳр иқомат гузида, бо қавми маҳаллӣ, ки иборат аз форс буданд, омехтаанд. Аз ин омезиш дар ҷинс, ҳамин қавм ба майдон омадааст, лиҳазо «тозик, тожик» номида шудааст… Сомониён бештар дар роҳи эҳёи адабиёти форсӣ хидмат кардаанд. Бухоро аз он ҷо, ки пойтахти ин хонадон ба шумор мерафт, хеле уламо, шуъаро ва адибҳоро ба худ ҷалб намуд. Дар мамлакат забони расмӣ низ форсӣ буд. Дар замони ҳамин хонадон, якчанд китобҳои динӣ ба забони форсӣ тарҷима гардидааст. Аз он ҷумла Торихи умумиву тафсири Қуръони Табарист, ки то ҳанӯз нусхааш мавҷуд аст. Лисони ин китобҳо хеле содаву осон буда, ба забони кунунии тоҷик бисёр шабоҳат дорад.”

Пас аз таъсиси Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон муборизаи пантуркистон ба муқобили забону маорифи халқи тоҷик боз ҳам пурзӯртар гардид. Дар шумораҳои “Овози тоҷик” мехонем, ки ҳар киро, ки мегуфт забонам форсист ва тоҷикам, таҳдиди бадарға кардан аз Самарқанду Бухоро ба ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, ки аз деҳоти кӯҳистонии нообод иборат буд, думболагир мешуд. Дар ҳамон айём мардуми тоҷикро барои порсӣ ном бурдани забонаш бо ду далел тарс медоданд: якум, бо иттиҳоми “эронӣ ва шиа” эълон кардан ва дуюм, маҷбуран тарки шаҳри худ намудану ба Душанбе рафтан. Ин ду таҳдид боис шуд, ки тоҷикон ба ночор забони худро “тоҷикӣ” номиданд.

Рӯзномаҳои узбекии он рӯзгор, ки дар ҳудуди Бухоро ба чоп мерасиданд, бо нашри мақолаҳо мавҷудияти тоҷикро ҳамчун миллат инкор намуда, тоҷиконро узбекҳои забонгумкарда таблиғ мекарданд. Нарзулло Ҳайдарӣ бо тахаллуси Бектош, ки худ тоҷик буд, ба муқобили миллат ва забони худ менавишт. Аз ҷумла, рӯзномаи “Туркистон” дар шумораи ۳۳۷-и худ зери номи “Масъалаи тоҷикӣ” мақолаи як самарқандиро ба чоп мерасонад, ки талаб намуда буд барои тоҷикон ба забони худашон мактабҳо боз шаванд. Бектош дар рӯзномаи “Зарафшон”, ки забони он узбекӣ буд, ба муқобили мақолаи тоҷики самарқандӣ дар рӯзномаи “Туркистон” посух навишт.

Барои радди туҳмату таҳрифҳои Бектош, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Исмоилзода дар рӯзномаи “Туркистон”, дар шумораи ۳۵۱, мақолаи ҷавобии худро ба чоп расонид. Ин мақоларо рӯзномаи “Овози тоҷик” аз рӯзномаи “Туркистон” дар ду шумораи худ бознашр кард. Дар он мақола Исмоилзода навиштааст: “Имрӯза вазифаи нахустини тоҷикон, мавҷудияти миллати тоҷикро исбот намуда, дар зери байрақи Шӯроӣ Вилояти Мухтори Тоҷиконро ташкил додан мебошад. Баъд аз ин масъалаи забон мемонад, ки он ҳам кори одамони хусусӣ набуда, балки кори худи миллати тоҷик аст. Тоҷиконе, ки ба хоҳиши худшон ба зери байрақи тоҷик ҷамъ шудаанд, хоҳ забони Помир ва ё Қоротегин, хоҳ забони Хуҷанд ва ё забони форсии сода, хулоса кадом забонеро, ки мувофиқ ёбанд, ҳамон забонро ба машварати худшон таъйину қабул хоҳанд кард.»

Профессор Имомназар Келдиев дар асаре зери номи “Чанор Имомов” менависад: “Тоҷикон фақат бо таъсири забони форсӣ, ки забони коргузории дастгоҳҳои давлатӣ буд ва дар мактабҳо бо ин забон таҳсил мекарданд, забони туркии худро гум кардаанду тоҷикзабон шудаанд. Туркгароён ин даъвоҳои беасос ва ғайритаърихии худро ҳатто бо далелҳои гӯё таърихӣ «исбот» карданӣ мешуданд. Онҳо исрор мекарданд, ки тоҷикон бояд забони туркиашонро аз нав қабул кунанду нажоди аслии хеш – нажоди туркиашонро поянда созанд. Онҳо қабилаҳои туркнажоди кӯчӣ ва бодиянишини Осиёи Миёнаро, ки асосан бо чорводорӣ машғул буданд, бунёдгарон ва соҳибони шаҳрҳои таърихӣ ва водиҳои ободи ин сарзамин меҳисобиданд” (Ниг. ЧИНОР ИМОМОВ. Душанбе «Адиб» ۲۰۰۸).

Бархе аз назарияпадозони таърихи миллӣ, ки барои тақвияти дидгоҳи «илмии худ» гоҳе бар таълифот ва таҳқиқоти Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров истинод мекунанд, аслан бар умқи дидгоҳи илмии ин устодон нарасидаанд. Онҳо мутаваҷҷеҳ нестанд ё намехоҳанд бипазиранд, ки Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров таъкидҳое бар “тоҷикият” доштаанд, ҳаргиз ба ин маънии ҷудоӣ андохтан миёни истилоҳоти «порсӣ» ва «тоҷикӣ» набудааст. Баръакс, ин ду саромадони дониш маънии истилоҳоти «забони порсӣ» ва «забони тоҷикӣ»-ро яке донистаанд. Аввалӣ аз диди таърихи адабиёт ва дувумӣ бар пояи додаҳои таърих сиҳҳатии назари хешро дар шароити авҷи муқовиматҳои душманони дохиливу хориҷӣ собит кардаанд.

Муҳимтарин далелҳои таърихии мо ҳам дар мавриди “порсӣ” номидани забони миллати тоҷик осори ин ду Қаҳрамони Тоҷикистон мебошанд. Устод Айнӣ асари худ – “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро бо овардани ному намунаи ашъори абарустод Рӯдакӣ оғоз намуда, дар ду маврид таъкид мекунад, ки ӯ “Калила ва Димна” (“Анвори Суҳайлӣ”)-ро ба номи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба порсӣ манзум кардааст (саҳ ۱۵, ۱۷). Дар ҷои дигар мегӯяд, ки Рӯдакӣ аввалин касе буд, ки ба забони форсӣ қасида, ғазал ва қитъаву рубоӣ тадвин кардааст. Пеш аз ӯ Баҳроми Гӯр, Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ ҳам ба порсӣ шеър мегуфтанд, вале чун Рӯдакӣ девон надоштанд (саҳ. ۱۷). Айнӣ аз “шоири форсизабон” – Бадри Чочӣ ёдоварӣ карда мегӯяд, ки дар Тошканд адаби порсиро густариш медод (саҳ. ۴۹). Ӯ дар бораи Алишери Навоӣ ишорат мекунад, ки на фақат ба туркӣ, балки ба порсӣ ҳам эҷод мекард (саҳ. ۶۵).

Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки забони порсӣ дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ) ба дараҷаи забони адабӣ расидааст. Маҳз дар ҳамин диёр нахустин шоири порсизабони соҳибдевон ва муаллифи тазкиратушшуарои порсӣ арзи ҳастӣ кардааст (саҳ. ۶۸). Дар “Тазкираи Давлатшоҳӣ” ба забони порсии сесаду чилу як нафар шоирони Эрону Тӯрон ишорат мешавад (саҳ. ۶۸). Бо ишора ба ин сарчашмаи таърихӣ, Садриддин Айнӣ забони мардумони Эрону Тӯронро порсӣ медонад ва ҳеч фарқеро дар байн намебинад. Ӯ бо такя ба сарчашмаҳое чун “Тазкираи Давлатшоҳӣ”, “Билим учоғи”, “Таворихи хамсаи шарқӣ” шоирону муаллифони бисёреро номбар мекунад, ки ба порсию туркӣ ва арабӣ осори адабӣ ва илмӣ эҷод мекарданд (саҳ. ۱۱۶, ۱۳۶, ۱۵۵). Айнӣ аз ҳукуматдороне чун Амир Умархон низ номбар мекунад, ки дар ривоҷи забонҳои мардумони минтақа, чун туркӣ ва порсӣ саҳм гузоштаанд (саҳ. ۱۲۲).

Ҳамчунин, устод Айнӣ аз ҳамасрон ва ё гузаштагони наздике, чун Зуфархон Ҷавҳарӣ, Ҳашмат, Аҳмади Дониш, Зуфунун, Раҳимӣ, Савдо, Исо, Сиддиқии Аҷзӣ, Фазлӣ, Фоиз, Фитрат, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Лоҳутӣ, Абӯтоҳирхоҷаи Наво, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возиҳ, Васлӣ, Мирзоназриддини Ҳодӣ, Мирхон Порсозода, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дигарон номбар мекунад, ки ба забони порсӣ, туркӣ ва арабӣ эҷод мекарданд. Зуфархон Ҷавҳарӣ дар номаи худ ба унвони Айнӣ менависад: “Ба гуфтани шеър бештар моилам. Чи форсию чи туркӣ ва чи тозӣ, дар ҳар кадом аз ғазалиёту қасоид ва маснавиёту таъмия расоилу макотиб манзуман ва мансуран дафтарҳо ба тасвид расондаам,..” (аз номаи Зуфархон Ҷавҳарӣ ба устод Айнӣ) – (саҳ.۱۵۶). Ҳамзамони дигари ӯ Ҳашмат – бародари амир Абдулаҳад ва амаки Олимхон мебошад, ки ба қавли Айнӣ, дар забонҳои порсӣ, туркӣ ва арабӣ назму наср иншо мекард (саҳ. ۱۶۷).

Айнӣ ба асари Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ” ва ҳамчунин ба осори адабӣ ва илмии Фитрат ва Абӯтоҳирхоҷаи Наво ишорат мекунад, ки ба “ЗАБОНИ ФОРСИИ СОДА” навишта шудаанд (саҳ. ۱۷۶, ۲۹۰-۲۹۱). Дар мавриди Фитрат чунин мегӯяд: “Фитрат насри форсиро ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони форсӣ ба хоки Мовароуннаҳр. Осори мансураи матбуъааш дар забони форсӣ: ۱) «Мунозира», ۲) «Сайёҳи ҳиндӣ», ۳) «Раҳбари наҷот», ۴) «Оила», ۵) Тарҷумаи «Дорурроҳат» аст. Мо дар қисми севуми ин маҷмӯа аз ҳар кадом асари форсии ин муҳаррири оташзабон намунаҳо оварда, маҳфили арбоби адабиёти навро гарм хоҳем кардан” (саҳ.۲۷۰).

Чунонки Айнӣ дар асараш нақл мекунад, Зуфунун ба туркии усмонӣ, арабӣ ва порсӣ, Фоиз ба порсӣ ва туркии усмонӣ ва Аҷзӣ ба порсӣ ва лаҳҷаи усмонию озарбойҷонии туркӣ эҷод мекарданд (саҳ. ۱۸۵, ۲۵۷). Аз назари мантиқ, ин ишоратҳои Айнӣ ба “туркии усмонӣ” ва “лаҳҷаи усмонию озарбойҷонӣ” бисёр муҳим аст, то дарк кунем, ки ӯ дар байни забонҳои туркӣ фарқ мегузошт, вале дар ҳеч сурат порсиро ба ин шакл тақсим намекард. Барои ҳамин, дар назди ӯ забони порсӣ сарҳади қавмӣ ва ҷуғрофӣ надошт.

Баръакс, вақте ки устод Айнӣ аз Абулқосим Лоҳутӣ ном мебарад ва ӯро аз аввалин касоне медонад, ки “дар форсӣ ашъори инқилобиро бисёр сурудааст”, ҳеч фарқе дар байни порсии Мовароуннаҳр ва порсии Хуросону Эрон намебинад. Дар ин маврид, ҳатто ба лаҳҷа ва ё шевае ҳам ишорат намекунад, чунонки дар мавриди туркӣ мекунад. Ӯ таъкид мекунад: “Сазовор аст, ки таърих ба Лоҳутӣ хитоби “Адиби сурх”-ро бахш намояд, зеро мумоилайҳ аввалкасест, ки ба забони форсӣ шеърҳои ҳақиқатан инқилобӣ сурудааст ва дар адабиёти синфии форсӣ ҳусни матлаъе барбаста” (саҳ. ۳۴۵).

Танҳо дар мавридҳои алоҳида Айнӣ номи забонро “тоҷикӣ” меномад, ки зимни қиёс ҳеч фарқе аз “порсӣ” надорад. Аз он ҷумла ӯ дар мавриди осори Абдурауфи Фитрат як дафъа забонро “тоҷикӣ” (саҳ. ۳۱۵), вале дар дигар мавридҳо “форсӣ” меномад. Дар худи ҳамин ҷое, ки забонро “тоҷикӣ” номидааст, Айнӣ дар идома менависад: “Асари шашуми форсии бародар Фитрат тарҷумаи «Мусулмонони дорурроҳат» ном румони таърихӣ ва ҳиссист, ки Исмоилбек Ғаспаронский муҳаррири рӯзномаи «Тарҷумон» дар Боғчарой ба забони туркӣ табъу нашр намуда буд” (саҳ.۳۲۱).

Аллома Бобоҷон Ғафуров низ дар китобҳои таърихии худ дар бештар мавридҳо аз забони тоҷикон ба унвони “форсӣ” ёд кардааст. Аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров тасдиқ мекунанд, ки забони тоҷик “форсӣ” ном дорад: “Баъд аз ишғоли Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо, дар асрҳои IX-X забони суғдӣ, ки пешиниёни қадими тоҷикони имрӯза ба ин забон гуфтугӯ доштанд, ҷои худро ба забони форсии нав дод ва онро забони эрониёни ғарбӣ меномиданд” (Ниг. Ғафуров Б., Прохоров Н. Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан. (Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон). – Душанбе, «Адиб», ۲۰۱۲, ۲۵۶ саҳ.). Чунин намунаҳоро аз китоби бузурги “Тоҷикон”-и Б. Ғафурова ба гунаи фаровон метавон овард, амммо барои он ки сухан дароз нашавад, бо ҳамин иктифо мекунем.

Бар асоси ҳамин далелҳои маҳками таърихӣ, ки касе онҳоро рад карда наметавонад, бори дигар аз Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатӣ даъват ва хоҳиш мекунем, ки барои “порсӣ” номидани яке аз муҳимтарин рукнҳои миллии тоҷикон, яъне забон шароити ҳуқуқӣ фароҳам оранд.

Номаи саргушода ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com