اندیشه‌های خیال‌انگیز و خیال‌های اندیشه‌انگیز عنوان نقد قادر رستم، منتقد ادبی تاجیک است که در معرفی و نقد آثار لوئیس بورخس، نویسنده آرژانتینی (۱۸۹۹–۱۹۸۶) نوشته است.

ХОРХЕ ЛУИС БОРХЕС (Jorge Luis Borges) (1899 -1986)

АНДЕШАҲОИ ХАЁЛАНГЕЗ ВА ХАЁЛОТИ АНДЕШАЗО

Мафҳуми муаллиф дар забонҳои урупоӣ аз вожаи «автор»- и лотинӣ маншаъ мегирад ва дар Руми қадим касонеро «автор» мегуфтаанд, ки манотиқи ҷадидро фатҳ ва ба кишвари худ мулҳақ мекарданд.

Хорхе Луис Борхес – нависанда, шоир, эссенавис ва мунтақиди адабии машҳуру маъруфи аргентинӣ, ки аз ҷумлаи адибони бузурги ҷаҳон дар садаи бистум аст, барҳақ аз суханваронест, ки ононро ба маънои асли ин вожа низ метавон «автор» хонд. Вай на танҳо ба тавассути достони худ («Тлён, Укбар, ҷаҳони севум») кишвари хаёлӣ меофаринад, балки бештари навиштаҳояш хонандагонро ба кишварҳои нави андешаи бикр ва ситеғҳои тахаюли баланд ҳидоят мекунанд, бо ҷаҳонҳои тозаи адабӣ ошно месозанд; ибдоъот ва ибтикороти ӯ дар нависандагӣ ҳам манбаъи илҳом ва ҳам марҷаъи пайравӣ ва тақлид барои бисёре аз пасовандонаш будаанд.

Зимнан бояд гуфт, агарчи Борхес шояд аз аввалин адибони сатҳи ҷаҳонии Амрикои Лотинӣ ва аз нахустин нависандагони ин қора мебошад, ки таваҷҷуҳи адабпажуҳон, мутарҷимони осори бадеӣ ва хонандагонро ақсои ҷаҳонро ба ин гӯшаи нақшаи адабии олам ҷалб кард, осораш камтар аз дигар нависандагон мулҳам ва мутаасир аз воқеияти ин қора аст; ин амр ба ҷаҳонбинӣ ва шеваи нависандагии ӯ марбут аст, ки тавъам бо ҳам ӯро ба як нависанади мунҳасир ба фард бадал кардаанд. Борхес худ дар мақолаи «Нависандаи аргентинӣ ва суннат», ки ба гунае назария ва эъломияи нависандагии ӯст, таъкид ва талқин мекунад, ки барои нависандаи миллии аргентинӣ будан, рӯй овардан ба мавзуъоти хоси ватанӣ, рӯзгори муосир ва торихи он аслан шарт нест, балки нависанда бояд ба суннати умумии адабии ғарбӣ иттико бикунад ва сужаи навиштаҳояшро метавонад аз ҳар кишваре иқтибос ва аз ҳар замоне иттихоз бикунад, оҳангҳо ва вежагиҳои миллӣ дар таълифоти адиб бидуни хости ӯ зуҳур хоҳанд кард. Офаридаҳои Борхес худ бурҳони рӯшани ин фармуда аст.

Бетардид ҳар нависандаи бузург пеш аз он ки дар нависандагӣ бузургу маъруф бишавад, хонандаи бузург ва ботааммуқ будааст, зеро сухани тоза гуфтан ( чи дар амри чӣ гуфтан ва чи дар заминаи чӣ гуна гуфтан) шарти аслии суханвари бузург будан аст ва сухани тоза дар қадами аввал дар заминаи омӯзиши густарда ва мутолиъаи амиқи таълифоти гузаштагон ва муосирон арзи ҳастӣ мекунад, омӯхтану пайравӣ ва рушду такмили мактабҳои адабии мушаххас ва ҳатто инкори мактабу сабкҳои мавҷуд ва кашфи роҳи нав, роҳи инфиродии нависандагӣ – ва Борхес бетардид аз ҷумлаи шумораи ками нависандагонест, ки роҳу сабки инфиродии хешро доранд, – бидуни чунин омӯзише ғайриимкон аст. Вале хонандаи бузург будан беш аз ҳар нависандаи бузурги дигаре ба Хорхе Луис Борхес сидқ мекунад. Офаридаҳои ҳеч нависандаи бузурги ҷаҳонӣ ба андозаи таълифоти Борхес реша дар мероси мактуби тамаддунҳои ақвому милали мухталифи ҷаҳон надорад. Ва беваҷҳ нест, ки ӯ худ дар яке аз эссеҳояш кайҳонро ба сурати китобхонаи бузург тасвир кардааст ва китобхона аз мавзуъҳо ва истиораҳои муҳимму асосии эссеҳо ва мақолаҳои ӯст. Барои худи нависанда ва натиҷатан барои мо хонандагони осори ӯ низ шояд хеле муҳим буд, ки Борхес солҳои зиёд китобдории китобхонаи шаҳрии Буэнос-Айрес ва баъдан риёсати Китобхонаи миллии кишварашро бар уҳда дошт, гарчи аз тақдири шум дар чанд соли охири зиндагияш бар асари бемории ирсӣ нобино шуда буд (панҷ насли гузаштаи хонадони Борхес ҳама дар поёни умр кӯр мешуданд) ва наметавонист аз ин ганҷи шойгон ба муроди дил истифода бикунад. Аммо ба ин нукта низ бояд таъкид бикунам, ки Хорхе Луис Борхес, ки роиҷтарин забонҳои урупоиро медонист, то замони нобино шуданаш тамоми осори муҳимми мазҳабӣ, фалсафӣ ва адабии башарро мутолиъа карда ва заминаи густарда ва амиқи осори минбаъдаи худро фароҳам сохта буд. Зимнан бояд гуфт, ки Борхес чунонки мутолиаро хеле зуд, дар замони кӯдакӣ шуруъ карда буд, ҳамчунин аз шашсолагӣ ба навиштан шуруъ кард ва дар ҳаштсолагӣ яке аз ҳикяоҳои Оскар Уайлдро тарҷума кард, ки дар яке аз нашрияҳои маъруфи ватанаш ба чоп расид.

Вай аз мероси мактуби башар илҳом, ангеза ва мавзуъу сужа мегирад ва дар заминаи онҳо чизе комилан тоза меофаринад; беҳтарин ташбеҳ барои чунин наҳваи кори халлоқии ӯ шояд чаманзори гулҳои рангоранг ва занбури асал аст; аз гулҳои навъ ба навъ шаҳд ҷамъ меоварад ва асали ширину давоӣ бор меоварад. Таълифоти нависанда дар заминаи тамаддунҳои мухталифи гузашта ва имрӯза, адабиёту фарҳанги халқҳои гуногун, афкори мазҳабӣ ва фалсафии ақвому кишварҳои мухталифи олам навишта шудаанд ва ӯ на танҳо дар тақризу мақола ва эссеҳояш, балки дар достонҳои бадеияш низ хеле фаровон ба орову ақоиди гуногун ишора мекунад, аз навиштаҳои муаллифони адвори дуру наздик иқтибос меоварад, ба мутафаккирону андешамандони мактабҳои мухталиф истинод менамояд ва онҳоро тафсиру ташреҳ мекунад. Ва ин амр на бад-ин сабаб аст, ки Борхес зиндагии воқеиро хуб намедонист ва аз хурдӣ дар миёни рафҳои китоб бузург шуда буд. Балки, чунонки ишора рафт, бештар марбут ба ҷаҳонбинии ӯ ва завқи зебоишинохтии ӯст, ки низ бар асари андешаҳои машҳури шаркию ғарбӣ, ки аз ҷумла, зиндагиро хоб ва таҷалии идеяҳо медонанд, ташаккул ёфтааст. Вале амиқ донистани андешаю орои мутанаввеъ ва гоҳе зидду нақизи мазҳабу мактабҳои мухталифи фикрӣ ба ин маънӣ нест, ки ӯ аз онҳо пайравӣ мекард ва ё дастикам ба онон тамоюл дошт. Ин ҳама барои нависандаи андешапарвар ба ҳайси андӯхтаҳои афкори башар муҳим буданд ва низ аҳаммияти амалӣ доштанд: Борхес онҳоро чун заминае барои эҷоди достону эссеҳо ва тавассути он барои халқи андешаи тоза ва модели нави мавҷудияти башар истифода мекард. Ин аст, ки ӯ дар заминаи андӯхтаҳои фикрии башар худ ҷаҳонҳои тоза ва нав меофаринад ва дар ин ҷаҳонҳо низ «шахсиятҳои асосӣ» идея ва андеша аст. Бештари навиштаҳои Борхесро метавон бозии мураккаб ва печидаи хирад ва хаёл номид, ки дар фазои майдони паҳновари донишу иттилоъ парвоз мекунанд. Мантиқи қавӣ, дониши густарда ва амиқ, риояти ҳадди боэътидоли истифода аз орои фалсафию мазҳабӣ ва далелу бурҳонҳои торихӣ ва парвози хаёл ва ҳамзамон сабки хоси баён достонҳои кӯтоҳи ӯро ба барҷастатарин намунаҳои ин жанр бадал кардаанд, ки ҳеч шабоҳате ба навиштаҳои нависандагони дигар надорад. Ва ду василаи асосии халқи ин ҷаҳонҳои нав низ фантастика ва мистификатсия мебошанд. Вай одамону китобҳои хаёлии худро дар матн дар канори шахсиятҳои торихӣ ва китобҳои воқеӣ мегузорад, ба зиндагӣ ва таҷрибаҳои ин шахсиятҳо истинод мекунад ва аз ин китобҳои «ҷаълӣ» дар канори китобҳои воқеӣ иқтибос меоварад. Ин ҷо ба маврид аст, бигӯям, ки адабиёти классикии мо низ мавриди мутолиа ва омӯзиши Борхес қарор гирифта ва ӯ дар достону эссеҳояш ба таври мукаррар ба «Мантиқу-т-тайр»-и Фаридаддини Аттор, ба Фирдавсӣ, Хайём, Ғазолӣ, «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарӣ ишораю истинод мекунад. (Зимнан, ин нукта ҳам гуфтанист, ки падари Борхес, ки вакили ҳуқуқ буд, ба адабиёт шавқи беандоза дошт ва яке аз корҳояш дар ин замана тарҷумаи рубоиҳои Умари Хайём аз ингилисӣ ба испанӣ буд). Яке аз аввалин навиштаҳои насрии Борхес достони кӯтоҳи «Ҳакими марвӣ, рангрази ниқобпӯш» дар бораи қаҳрамони торихи мо Муқаннаъ аст, аммо азбаски нависандаи ҷавон маъохизи исломиро, ки Муқаннаъро душман медонистанд, бидуни нигоҳи интиқодӣ пазируфтааст, қаҳрамони тоҷик дар ин достон чеҳраи манфӣ ва зишт дорад ва Борхес ҳам онро дар китоби «Торихи умумиҷаҳонии бешарафӣ» (яке аз аввалин маҷмӯаҳои насрии нависанда) ҷой додааст. Дар ҳамин достон ҳам бархе нишонаҳои вежагиҳои халлоқияти Борхесро метавонем бибинем. Аз ҷумла, муаллиф ба унвони маъхази ҳикоя-эссеи худ ҳам ба китобҳои торихӣ ва ҳам ба китоби «ҷаълӣ» истинод мекунад, ки гӯиё дигар дар дастрас нест. Чун аз мутолиа ва истифодаи Борхес аз мероси адабию андешаи миллиамон ёд кардем, зикри нуктаеро низ зарур медонам, ки барои шеъри классики форсӣ ва достону эссеҳои Борхес муштарак мебошанд. Ҳам дар шеъри классики мо (бештар дар ғазалу рубоӣ ва камтар дар қасидаю маснавӣ) ва ҳам дар бештарини навиштаҳои Борхес замон ва макон мушаххас нест, як навъ ломаконую лозамонӣ аз вежагиҳои умумии онҳост; ба гунаи дигар фазо ва вақт дар онҳо порае аз фазо ва вақти абадию азалӣ мебошад. Ин «ҷаҳонватании адабӣ» аз нодида гирифтан, сарфи назар кардани масоили рӯзмараи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дар муқобала ба он таваҷҷуҳи амиқ ба масоили фавқуттабии ҳастӣ, иртиботи мармузи Инсону Худо ва Инсону Табиат маншаъ мегирад ва эҳтимолан, яке аз асрори мондагории ин осор низ ҳамин амр аст. Аммо тафовути назарраси чунин достону эссеҳои Борхес аз шеъри классикии мо, ин аст, ки нависандаи аргентинӣ «воқеияти олтернатив» эҷод мекунад, ҷаҳони халқкардаи ӯ на танҳо шабоҳате бо ҷаҳони мавҷуд надорад, ки ҷаҳони ботинӣ ва андешаи шахсиятҳояш низ комилан мутафовит аз андешаи одамиёни асри муаллиф аст. Яке аз намунаҳои хуби чунин достонҳо достони кӯтоҳи «Доираи харобаҳо» аст. Марде, ки исме аз ӯ бурда намешавад ва танҳо дар нимаи достон муаллиф ӯро «муғ» меномад, савори заврақ ба маҳалле, ки аз он ном бурда намешавад ва танҳо беша буданаш таъкид мешавад, меояд, ханҷолкаш ба баландӣ ба доираи маъбади хароб мебарояд, то дар ин ҷо бихобад ва «дар хом одамиро бибинад, одами комилро, бо ҳама ҷузъиёташ, то ки ӯро баъдан ба ҷаҳони воқеӣ биёварад». Мард пайваста мехобад, дар хоб амфитеатрро мебинад, ки гирдогирд пур аз одамиён аст ва ин одамиён шогирдони ӯянд, ки аз анатомия, нуҷум ва кайҳоншиносӣ дарсашон медиҳад….. Аз миёни онон якеро интихоб мекунад, вале дар ин таҷриба ноком мешавад…. Дубора ба хоб меравад ва дили тапандаро хоб мебинад ва оҳиста –оҳиста дар перомуни ин дил одамӣ месозад, ҳама узвҳои дарунию беруниашро месозад, аммо ӯ ҳаракат намекунад…. Пас аз он ки ба Худоён рӯйи ниёз меоварад ва худои Оташ зуҳур мекунад, бо ӯ паймон мекунад, ки одамии сохтаи ӯро ба ҳаракат хоҳад овард ва ҳеч кас ба ҷуз худи ӯ ва муғ нахоҳад донист, ки ӯ маҳсули хоб аст; ба шарте ки пас аз он ки ҳама донишҳои лозимро хоҳад омӯхт, бо заврақ ба поин ба харобаҳои маъбади дигар хоҳад рафт, то ӯ низ дар хоб одамӣ бисозад. Ва ӯ ҳам чунон мекунад, ки худои Оташ гуфта буд…. Чанде мегузарад, муғ аз хоб бармехезад, ки ҷангали атроф месӯзад, аввал мехохад худро ба рӯд афканаду наҷот ёбад, вале баъд тасмим мегирад, ки беҳтар аст дар оташ бисӯзад, то аз зиндагии пурандуҳ наҷот ёбад. Ба андаруни оташ қадам мезанад ва бо таҷҷуб мебинад, ки намесӯзад, балки оташ ламс ва навозишаш мекунад….. Ва танҳо акнун пай мебарад, ки ӯ худ вуҷуди воқеӣ надорад ва дар хоби каси дигаре ҳастӣ ёфтааст.
Борхес хеле муҷазбаён аст, ба тасвири густарда ва ботафсил майл надорад ва чун сужа барои ӯ асосан василае – мисли танобе, ки кадбонуҳо либосҳои шустаашонро меовезанд, – барои баёни андеша, идея, фикр аст, вай ҷумлаҳояшро ба гунае канори ҳам мечинад, ки хонандаро зина ба зина, гом ба гом барои дарки ин андешаю идея наздик меоваранд. Бузургтарин нависандагони Амрикои Лотинӣ сабки Борхесро ситудаанд ва чун сабк аз бисёр лиҳоз пайванд бо забон дорад, табиист, ки дар тарҷума дарки густарда ва амиқи он имкон надорад. Аз ин рӯ беҳтар аст, дар ин замина дигар нависандаи бузурги Амрикои Лотинӣ Марио Варгос Лиоса – барандаи ҷоиза Нобелро иқтибос бикунем, ки дар китобе андар ҳунари нависандагӣ, гуфтааст:

«Борхес яке аз худвежатарин насрнависони испанизабон ва эҳтимолан бузургтарини онҳоест, ки забони мо дар қарни ХХ ба ҷаҳон эҳдо кардааст… Ин аст, ки ӯ ба бисёр нависандагон таъсири амиқ – ва агар ошкор бигӯям, таъсири осебовар расонидааст. Сабки Борхесро наметавон бо ҳеч сабки дигаре иштибоҳ кард ва ин сабк коргарӣ ва вазоифи амиқ дорад – маҳз ба тавассути он аст, ки ҷаҳони идаҳо ва хаёлҳои рангини Борхес, ки интеллектуализми дақиқ ва муҷаррад вежаи он аст, неруи ҳаётӣ ва эътимодбахш пайдо мекунанд ва дар он системаҳои фалсафӣ, мулоҳизоти каломӣ, устура ва самбулҳои адабӣ, ҳамчунин худи кори андеша ва низ торихи умумибашарӣ, ки аз нуқтаи назари адабӣ арзёбӣ шудааанд, фақат ва фақат маводи хом барои тахаюл мебошанд. Сабки Борхес бо мавзуъоти ӯ мутобиқат дорад ва бо он он қадар ҷӯш хӯрдааст, ки хонанда аз ҷумалҳои аввал эҳсос мекунад, ки достон ва эссеҳои Борхесро танҳо ҳамин тавр, танҳо бо чунин забони хирадгаро, танзомез, чун амали риёзӣ дақиқ ва баркашида, ки дар он шумораи вожаҳо маҳз ба миқдорест, ки бояд бошад, бо назокати сард ва ҷасорати ашрофона, ки дар он ақл ва дониш бар эҳсос ва ҳаяҷонот руҷҳон доранд, метавон ҳикоят кард. Муаллиф донишу андӯхтаҳояшро ба бозӣ мегирад, бо техникаи навишт шуъбада мекунад, аз ҳар гуна зуҳуроти сентиментализм дурӣ меҷӯяд, ҷисмоният ва эҳсосотро сарфи назар мекунад (ё танҳо бо ишорае нишон медиҳад, вай аз онҳо хеле дур аст, ба андешаи ӯ онҳо дар зиндагии инсон дар радаи дувум қарор доранд) ва ҳамаи инро бо танзе нозук, насиме нарм, ки андешаҳои мураккабу печида, саргардонӣ дар лабиринтҳои хирадро сабукӣ мебахшанд, инсонӣ мекунад».

Гуфтем, ки Борхес шоир ҳам буд ва ҳамин шоирӣ якҷо бо диди хоси зебоишинохтӣ, сабки хоси инфиродӣ ва руҷҳони андеша бар сужа, боис гардида, ки калима дар таълифоти ӯ нақши вежа дорад, калима, вожаҳо на танҳо дар ашъор, балки дар достону эссеҳои ӯ низ чун дар таълифоти бештари нависандагон танҳо ноқили иттлоъот ва масолеҳи аввалияи эҷоди сужа нестанд, балки дар басо маворид, коди махсусе ҳастанд, калиде ҳастанд барои дарки ҳадафи қаҳрамон ва муаллиф; аз ин рӯ дар тарҷумаи осори Борхес фақат илҳом кофӣ нест, заҳмат низ фаровон мебояд, танҳо донистани забон басанда нест, балки дарки ҷаҳони амиқи нависанда низ шарт аст…..
Ҳунармандони асилро хос аст, ки гоҳе ба фаъолияти адабии худ, ба офаридаҳои худ, арзиши бадеӣ ва иҷтимоии он ба назари шубҳа бинигаринд. Дар адабиёти мо, шояд танҳо намунаи чунин «шубҳаи бузургворона» шеъри «Хабар доред оё ҳазрати Лоиқ» аст. Борхес низ достони кӯтоҳи пурмуҳтавое дорад ба номи «Бисту панҷуми августи соли ۱۹۸۳». Дар ин достони фантастикии танзӣ Борхеси ۶۱-сола бо Борхеси ۸۴-сола дар ҳуҷраи меҳмонсаро мулоқот ва суҳбат мекунанд. Ва Борхеси севум – Борхеси муаллиф ин суҳбатро, ки ҳосилаш дилсардӣ аз офаридаҳои худ, нигоҳи интиқодӣ ба худ аст, рӯйи коғаз меоварад….. Борхеси пир, ки ҳаёташ ба охир мерасад, ба Борхеси миёнсол, ки ҳанӯз дар авҷи офариниши осори бадеӣ аст, мегӯяд: тақрибан дар соли ۱۹۷۹ хоҳӣ фаҳмид, ки ба ном асарҳои ту чизе ҷуз қайдҳо, сиёҳнависҳои пароканда нест ва аз андешаи шуҳратхоҳонаи навиштани Китоби бузург даст мекашӣ. Андешае, ки «Фауст»- и Гӯте, «Саламбо», «Улисс» талқин кардаанд….»

Беш аз сӣ соле, ки аз замони марги муаллиф гузашт, дуруст бар хилофи ин шубҳа, гувоҳ аст, ки навиштаҳои Борхес ҳарчи бештар мунташир ва тарҷума мешаванд, ҳаводорон ва пайравон пайдо мекунанд…. Бисёре аз достону эссеҳои ӯ ба хазинаи ҷовидони адабиёти ҷаҳон ворид шудаанд.

ҚОДИРИ РУСТАМ

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com