میراسرار فرغانی، روزنامه‌نگار تاجیک ازبکستانی، یادی کرده از دیدار فراموش‌نشدنی باباجان غفوراف با گروهی از دانشجویان دانشگاه ملی تاجیکستان در سال ۱۹۷۷. باباجان غفوراف، تاریخ‌دان و خاور شناس نامی تاجیک، با کتاب “تاجیکان” در دوران شوروی به شهرت ملی رسید. کتاب “تاجیکان” نتیجه تحقیق ده‌ساله باباجان غفوراف است که برای اولین بار از تاریخ تاجیکان و پیوند آنها با ایران باستان و زبان فارسی مشترک در افغانستان و ایران صحبت می‌کرد و در سال ۱۹۷۲ در مسکو، با زبان روسی منتشر شد. این کتاب را بسیاری از پژوهشگران تاجیک شروع جریان خودشناسی تاریخی تاجیکان در دوران شوروی عنوان کرده‌اند. یادنامه میراسرار فرغانی در باره این چهره ملی تاجیک، بار اول در هفته‌نامه “آواز تاجیک” در شهر تاشکند، پایتخت ازبکستان، منتشر شده است. این نوشته را با خط سیریلیک می‌توانید در اینجا بخوانید.

روجلد کتاب “تاجیکان” نوشته باباجان غفوراف

ДИДОРИ ХОТИРМОН Ё СУҲБАТЕ, КИ БАРОИ ҲАМЕША ДАР ЁДҲО БОҚӢ МОНД

Соли ۱۹۷۷. Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам. Як гурӯҳ ба саёҳати шаҳри Маскав рафтем. Чанд рӯз саёҳат намуда, ҷойҳои таърихии шаҳрро тамошо кардем. Рӯзе хабар расид, ки Бобоҷон Ғафуров моро ба ҳузур мепазирад. Аз ин хабар ҳам ба ваҷд омадему ҳам сарафроз гардидем.

Вақти қабулу мулоқот муқаррар шуд ва ба ҷойи кори Бобоҷон Ғафуров – Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ омадем. Дар даҳлез моро марди қоматбаланду кушодачеҳрае истиқбол гирифт. Дар байни мо касе Бобоҷон Ғафуровро надида буд. Вале ҳамагон дар бораи ин шахсият маълумоти кофӣ доштем. Медонистем, ки ин олими забардасти тоҷик муаллифи китоби безаволи “Тоҷикон” ва солҳои дароз Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд. Дар он айём Б. Ғафуровро ҳамчун шарқшиноси маъруф, сиёсатмадори тавоно ва дипломати мулоҳизакор дар Ғарбу Шарқ мешинохтанд.
Мехостем ҳар чи зудтар ба дидори мубораки ин олими забардаст ва арбоби сиёсӣ расем. Ҳама дар даҳлез ба катибаву аксҳои девор чашм давонда мунтазири дидор будем. Дари дафтари кории устод катибае бо як калима дошт: “Директор”. Чунин идораи калони илмиву пажӯҳиширо сарварӣ кардани Бобоҷон Ғафуров дар он замон барои мо боиси ифтихор буд.
Ниҳоят дақиқаҳои интизории мо сар омад. Ҳамон нафаре, ки моро хуш истиқбол гирифта буд, берун омада гуфт, ки устод мунтазиранд. Як – як ба дафтари кории Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, дар курсиҳои қатор гузошта ҷой гирифтем. Суҳбат оғоз шуд ва олими забардасти тоҷик хоҳиш карданд, ки худро муаррифӣ кунем. Зодгоҳамонро низ пурсиданд. Вақте навбат ба ман расид, гуфтам, ки аз ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳастам (чанд сол минтақаи Сӯх дар тобеияти ноҳияи Риштон қарор дошт).


– Шумо метавонед дақиқтар гӯед, ки аз куҷои ноҳияи Риштон ҳастед?- ин пурсиши ногаҳонии донишманди маъруф маро каме карахт кард, чун то ин дам ба ягон нафар саволи иловагӣ надода буданд. Аммо зуд худро ба даст гирифтаму посух додам, ки аз Сӯх ҳастам.
Пас, шумо қаҳрамонписарони тоҷик Тешабой Одилов ва Амиралӣ Саидбековро мешиносед? – нигоҳи Бобоҷон Ғафуров ниҳоят бо меҳр буд. – Бале, – гуфтам ман,– онҳо фарзандони диёри мананд. Тешабой Одилов аз деҳаи Ҳушёри мо ҳастанд, ҳамкори падару модарам…

– Мардуми Сӯх саросар тоҷиконанд. Риштон шаҳри хурд бошад ҳам, макони маъруфест. Он шаҳрак зодгоҳи кулолону чинигарону кошикорони машҳури Осиёи Миёна аст. Аҳолии Риштон ва қисмати аъзами деҳоти гирду атрофи он тоҷиконанд. Аммо, шумо сӯхиён забону фарҳанги худро хуб ҳифз мекунед ва ин хеле хуб аст, – гуфтанд Бобоҷон Ғафуров.  

باباجان غفوراف (در وسط) با دانشجویان دانشگاه ملی تاجیکستان، سال ۱۹۷۷


Он лаҳзаҳо миёни ҳамроҳонам ман сарбаланд будам, балки худро хеле хушбахт эҳсос мекардам. Намедонам, ҳолати маро дӯстон пай мебурданд ё не, ҳатто, аз хурсандӣ дигар надонистам, ки Бобоҷон Ғафуров бо дигарон ҳам саволу ҷавоб карданд ё хайр. Банда чунин мепиндоштам, ки аксарият ба ман бо ҳавас менигаранд. Худ ба худ мегуфтам: “Ту, Мирасрор, хушбахтӣ, ки бо чунин шахсияти маъруфу машҳур шарафи ҳамсуҳбатӣ ба даст овардӣ! Муборакат бод!!!” Сипас, Бобоҷон Ғафуров риштаи суҳбатро ба тарафи дигар кашида, аз ҷараёни корҳои пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ нақл намуданд. Аз ҷумла, гуфтанд: «Фарҳанге, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанд, дар тамаддуни башарият ғанитарин мерос маҳсуб меёбад. Бояд ҳар як нукоти он мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирад. Дар иҷрои ин амр, бояд масъулият нишон диҳем ва дар таҳқиқу омӯзиши он камари ҳиммат бандем».
Баъди анҷоми суҳбат ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бо Бобоҷон Ғафуров акси хотиравӣ гирифтем. Сипас, бо табъи хушу болида аз бинои пажӯҳишгоҳ берун баромадем. Албатта, он замон ба гӯшаи хаёламон наомада буд, ки Бобоҷон Ғафуров моҳҳои охири ҳаёташро сипарӣ мекунад. Тавре зикр шуд, то замони мулоқот касе аз миёни мо устодро надида буд ва ранги заъфаронии ин фарзанди фарзонаи тоҷикро табиӣ мепиндоштем. Мутаассифона, чунин набудааст ва Бобоҷон Ғафуров, баъд аз чанд моҳи дидори мо ҷаҳонро падруд гуфтанд.

Солҳои донишҷӯӣ як нусха аз ин акс дар қатори аксҳои дигари Бобоҷон Ғафуров дар девори факултетамон насб шуда буд, ки ба гурӯҳи дуюм тааллуқ дошт. Дар байни аксҳое, ки дар интернет гузошта шудааст, акси гурӯҳамонро наёфтам ва ҳоло бо ин матлаб онро ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба Душанбе мефиристам.

Ногуфта намонад, ки гоҳ – гоҳ албомро варақ мезанаму ба ин акс дуру дароз менигарам. Ҳаёт мисли бод мегузаштааст. Гӯё дирӯзак мо бо ин марди бузургу фозил ҳамроҳ нишаставу аз суҳбати ҷонбахшашон баҳра бурда будем…
Баъзан дӯстону шогирдонам, ки ба илму фарҳанги миллиамон шавқу завқи беандоза доранд, ҳини меҳмонӣ ҳамин аксро батакрор тамошо мекунанд. Ба гуфтаи онҳо ин акси таърихӣ боиси ифтихори тамоми мардуми Сӯху Ҳушёр ва фарзандону наберагонам мебошад. Банда низ барҳақ онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунам. Чунки аз як сӯ, ин ёдгорист аз устод Бобоҷон Ғафуров, аз ҷиҳати дигар, магар боиси ифтихормандӣ нест, ки як донишҷӯи деҳотӣ, зодаи ноҳияи дурдасти тоҷикнишини Ӯзбекистон бо ин мард дар як саф истодааст! Бале, ман ифтихормандам!


Мирасрор АҲРОРОВ (Фарғонӣ),
хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик”, шаҳри Тошканд

торихи интишор: ۰۳.۰۴.۲۰۱۸ №: ۶۶

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com