سلیم ایوب‌زاد، نویسنده و روزنامه‌نگار تاجیک مقیم پراگ، به پاس خاطر جوره‌خان بقازاده، پژوهشگر تاجیک، از چند خاطرات مشترک نوشته است. این نوشته را با خط سیریلیک می‌توانید در اینجا بخوانید.

Адабиётшинос ва мунаққиди забардаст Ҷӯрахон Бақозода на танҳо дар пажуҳиши адабиёти тоҷик саҳми бузург доранд, балки ба самтгириҳои он низ таъсири назаррас гузоштаанд. Устоди олуфта бӯйи Айнию Деҳотию Улуғзода мекарданд. Баҳои эшон ба ин ё он асар гӯё дар тарозуи заргар чен мешуд ва на кам меомаду на зиёд. Дареғ, кам менавиштанд, аммо, шукр, сара. Равонашон шод бод, чандест ёдашон бо ман аст, аз суҳбатҳояшон як олам баҳра бардоштаам ва то зиндаам, сипосашон мегузорам.

Аммо ин хотира монд, ки монд. Шояд барои он ки суол омаду посух наёмад.

Ҷӯрахон Бақозода

Чӣ сол буд, як рӯз ба кадоме аз адибон дар Душанбе занг задам, ба бахти боло, тасодуфан устод Ҷӯрахон Бақозода канораш будааст, хеле шод шудам ва хоҳиш кардам, гӯширо ба эшон диҳанд, зеро чандин сол буд, ки садояшонро нашунида ва худашонро надида будам, ин тасодуфро атои Худованд донистам.

Хеле гарму ҷӯшон ва дуру дароз суҳбат кардем. Устод ҳатто фурсат ёфтанд, аз корҳои эҷодии банда пурсанд ва зимни ин гуфтанд, мақолае дар бораи навиштаҳои ман омода кардаанду ба “Адабиёт ва санъат” бурдаанд ва дар он аз “Гунги хобдида” хеле сутудаанд. Аммо корманди ҳафтанома, устод номашро нагуфтанд, вақте пурсидам ҳам, нагуфтанд, ишора карданд, ки муҳим нест, аммо оварданд, ки ин шахс тақризи устодро напазируфта ва гуфтааст, “хондаам ин достонро, он ҷо забони касеро мебуранд, охир кадом инсоне, ки забонашро буридаанд, боз зинда мемондааст, бунёди ҳикоя ғалат аст.”

Устод Ҷӯрахон гуфтаанд, ин ҷиҳаташро фикр накардаанд ва он шахс гуфтааст, ҳамин чизро рӯшан кунед, баъд мақолаатонро мебинем. Устод акнун аз худи ман ин суолро карданд, ки оё шахсеро, ки забонашро буридаанд, зинда мемонад? Ростӣ, дар он лаҳза ин бароям муҳим набуд, шавқи суҳбати устод қавитар буд, сухани ширини эшон, ва ҳам шунида будам, ки аз беморӣ ранҷ мебаранд, оҳиста мепурсидам, ки ҳолу аҳволашон чӣ хел аст, кумаке карда метавонам ва мисли инҳо. Устод гуфтанд, ҳамаҷиҳата хубанд. Сипас аз ёру дӯстони муштарак суҳбат кардем ва ба ҳамин падруд гуфтем. Хеле вақт аз миён гузашт, аммо пурсиши устод Ҷӯрахон гоҳу ногоҳ ба ёдам мерасид ва росташ, ба худам шубҳа ҳам кардам, ки шояд ба иштибоҳ роҳ додаам ва шахсеро агар забон бибуранд, зинда намонад. Аммо устод низ ишора ба он мекарданд, ки бурида шудани забон дар достони банда бештар рамзист ва паёми аслӣ забонкӯтоҳ шудани рӯшанфикрони тоҷик бар асари ҷанги аблаҳонаи хонагист. Вале суол садо дода буд ва дар гӯшае аз ёди банда монд.

Пас аз ин ҳама солҳои зиёди шунидани хабари шуми даргузашти устоди ширинкалом Ҷӯрахон Бақозода, Худо раҳмат ва мағфираташон кунад инсони неку наҷибро, пайте пеш омад ва дар Гугл навиштам, бо инсоне ки забонашро буридаанд, чӣ чиз иттифоқ хоҳад афтод. Нахустин бозёфти ҷӯянда нақли қавле аз намоишномаи Уилям Шекспир “Тит Андроник” буд, ки мардеро забон мебуранд ва мегӯянд, акнун бирав ба ҳама ҳикоят кун, ки бо ту чӣ кардем. Бино ба бозёфтҳои дигари Гугл чунин шахс зинда мемонад, аммо дар гуфтани як силсила овоҳо, ки дар садо додани онҳо забон нақши умда мебозад, бо мушкил рӯбарӯ мешавад ва биноан як бахши хурди овоҳоро гуфта метавонад ва дар натиҷа суханаш жожуможвор садо дода, қобили фаҳм нахоҳад буд.

Шукр, зинда мемондааст. Пас ман хато накардаам…

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com