دمیتری باکین (۱۹۶۴-۲۰۱۵)، یکی از نویسندگان منزوی روس بود که در سال ۱۹۹۵ میلادی، در ۲۹ سالگی، برنده جایزه ادبی معتبر «آنتی بوکر» روسیه شد. پس از دریافت این جایزه داستان‌های کوتاه او به زبان‌های زیاد جهان ترجمه و منتشر شدند. سال ۲۰۰۴ یکی از مجموعه داستان‌های کوتاه او با عنوان «بهانه‌های زیستن» به زبان هلندی نیز ترجمه و چاپ شد. دمیتری باکین با این که از شرکت و حضور در شب‌های ادبی کشور کناره‌جویی می‌کرد، اما داستان‌های کوتاه او در معروف‌ترین مجله‌های ادبی منتشر می‌شد. قادر رستم، یکی از  منتقدان تاجیک، مقاله‌ای در معرفی او نوشته که در اینجا بازنشر آن را بخوانید با خط سیریلیک بخوانید.

روجلد ترجمه هلندی کتاب «بهانه‌های زیستن» نوشته دمیتری باکین، نویسنده روس

Дмитрий Бакин аз чандин лиҳоз нависандаи нодир аст ва нахуст ин ки ҳирфаи асосиаш ронандаи мошини боркаш буда, аслан аз наздикӣ ба маҳофили адабӣ парҳез мекард, агарчи дар хонадони хабарнигор ва публисисти машҳури рус Геннадий Бочаров ба дунё омада ва беш аз дигарон имкон дошт аз хурдӣ дар конунҳои адабӣ одами худӣ бошад. Дар вақтҳои фориғ аз кори асосиаш, рӯзҳои истироҳату фароғат ҳикоя менавишт ва он ҳам аҳёнан. Аввалин навиштааш соли ۱۹۸۷ ва охиринаш – пас аз даҳ соли таваққуф дар соли ۲۰۰۹ чоп шудааст. То маргаш дар моҳи апрели соли ۲۰۱۵ дар синни ۵۱-солагӣ ҳамагӣ ду маҷмӯаи хурди достонҳояш чоп шудааанд. Соли ۲۰۰۸ зимни мусоҳибае, ки низ ба нудрат сурат мегирифт, гуфта буд ба навиштани роман машғул аст, вале ин ки нависанда таълифи романро ба итмом расонд ва ё он нотамом монд ва агар ба охир расид, чоп шудааст ё на, барои ман маълум нест. Қобили зикр аст, ки дар ҳамин мусоҳиба достони кӯтоҳро жанри барояш дилписанд ва наздик дониста буд.

Барои ман шахсан ошноӣ бо Дмитрий Бакин хеле масарратбахш буд; дар солҳои охир китоби ҳар нависандаи пуровозаи русро, ки хонда будам (аз ҷумла, Виктор Пелевин ва Владимир Сорокин) ҳосилаш дилсардию навмедӣ буд (ба истиснои Владимир Маканин, ки дигар дар солҳои охир мусофире танҳо дар ҷодаи абадияти адабиёти рус ба назар мерасид) ва тақрибан ба натиҷа расида будам, ки замони шукуфоии адабиёти пуршукуҳи насрии рус, ки аз нимаи қарни ۱۹ то солҳои ۸۰-уми асри ۲۰ идома ёфт ва номҳои бузурге муъаррифаш буданд, ба фасли хазон пайвастааст ва андаки дигаре монда, то ба яхистони зимистон низ бирасад. Агарчи, бо як гул баҳор намешавад, Дмитрий Бакин бо каме бештар аз ۱۰ достони хурдаш ин ақидаро ба куллӣ дигаргун кард.

Насри Бакин тақрибан чизе аз падидаҳои модернизму постмерденизм надорад, дар заминаи мактаби бузурги реалистии насри рус ба миён омадааст, вале тақлиду пайравӣ нест, балки такмилу таҷдиди он аст ва муҳри инфиродӣ дорад, Бакин ҳама навоварӣ ва тозагӯиҳояшро дар замина ва маҳдудаи суннатҳои реалистии адабиёти рус ва дигар халқҳои олам анҷом додааст ва аз ин лиҳоз бо романнависи муосири амрикоӣ Ҷонатан Франзен шабоҳатҳое дорад. Албатта, ин нукта ба ин маъно нест, ки яке аз онон аз дигаре омӯхта бошад, бо таваҷҷуҳ ба торихи иншои ҳикояҳои Бакин ва романҳои Франзен баъид медонам, ки ин ду нависанда бо осори якдигар ошноӣ дошта бошанд. Балки савқи табиӣ нависандаи рус ва амрикоиро водор кардааст, то ба гузашта руҷуъ бикунанд ва бо истифода аз суннатҳои то як қарни пеш асарҳои тозаю ҷолиб биёфаринанд.
Нуктаи дигари нодир ва ғайримаъмулӣ дар достонҳои Дмитрий Бакин шахсиятҳои офаридаи ӯ дар достонҳояш ҳастанд. Ин шахсиятҳои мухталиф ва бо сарнавишту ҷаҳонбиниҳои гуногун як умумият доранд ва ин умумият омӯзаи дигари адабиётшиносиро дар мавриди он ки нависанда образи типӣ халқ мекунад, барбод медиҳад. Қаҳрамонони ӯ ба касе ҷуз ба худашон монанд нестанд, назир надоранд, мунҳасир ба фард ҳастанд, онҳо бо он ки дар ҷомиъа зиндагӣ мекунанд, берун аз онанд, дар ҳошияи зиндагӣ ҳам нестанд, дар миёни мардум зиндагӣ мекунанд, аммо бо роҳи хоси худ мераванд, аз ҳавои дигар нафас мекашанд, ҳар кадом сарнавишти нодир ва нотакрори хешро доранд, дар миёни ҷамъ танҳоянд. Вежагиҳои инфиродии барҷаста ва назаррас шахсиятҳои насри реалистии нависандаи охири асри ۲۰ ва ибтидои асри ۲۱ русро то ҳадде ба қаҳрамонони достонҳои паҳлавонӣ ва устураии бостон ва асримиёнагӣ ҳамонанд кардааст, ҳам онҳо ва ҳам инҳоро дар миёни ҳазорон тан зуд метавон шинохт, зуд ба чашм мехӯранд, бо ин тафовути куллӣ, ки қаҳрамони устураӣ ва достонҳои паҳлавонӣ тану тӯши бузург ва зӯри ҷисмонии фавқулода доранд, якнафара бо фавҷе меҷанганду пирӯз мешаванд, вале шахсиятҳои достонҳои Бакин бо он ки дар рӯёрӯи ҷомеъаи барояшон бегона қарор доранд, аз нигоҳи ҳайкалу тавони ҷисмонӣ ҳеч афзалияте бар дигарон надоранд ва мубориза намебаранд, балки муқовимате низ зоҳир намекунанд, худро ба рӯди зиндагӣ афкандаанд ва ин рӯд мебарандашон, ва ё агар аҳёнан мубориза ҳам мекунанд (мисли шахсияти асоси достонҳои «Лаготфалм» ва «Нигаҳбони дурӯғ»). Вежагиҳои қаҳрамонони устура ва достонҳои паҳлавонӣ асосан зоҳирист ва махсусиятҳои шахсиятҳои Бакин бештар ботинӣ. Майдони амали онон густарда аст, майдони амали инон хеле маҳдуд, онон ба уфуқи дур менигаранд ва инон бештар фурӯрафта ба ҷаҳони ботини худ, ки чандон рангину ғанӣ ҳам нест.
Муҳимтарин амре, ки барои тақрибан ҳамаи шахсиятои асосии достонҳои Дмитрий Бакин муштарак ва умумӣ аст, дорои сарнавишти инфиродӣ будани онҳост. Ин сарнавишт ва ё «қазои навишта» аст, ки онҳоро дар қайду банд нигоҳ медоранд, баъзеи онон барои бурун омадан аз ин доираи сарнавишт талошҳое мекунанд, бархеи дигар талоше ба харҷ намедиҳанд ва ҳарчиро пеш меояд, бидуни мухолифат мепазиранд. Александра ва Иля (достони «Писар дарахт) аз хурдӣ ҳамдигарро дӯст медоштанд, бо ҳам будаанд, вале Александра намехоҳад бо Иля издивоҷ бикунад, ва баъд аз он ҳам, ки то ҳадде маҷбуран издивоҷ мекунад, пайваста мехоҳад, талоқ бигирад. мехоҳад аз қайди никоҳ озод бошад. Ба ин хотир вонамуд мекунад, ки бо мардони дигар муъошиқат дорад, ҳамеша ба хона дер меояд ва ҳар бор бо марди бегонаи дигар. Аммо Иля ба ҳеч ваҷҳ аз ӯ ҷудо шудан намехоҳад, дар ин боб на насиҳату андарзи волидайнро гӯш мекунад, на таҳдиди бародарро. Ва инон низ мефаҳманд, ки агар Иля аз Александра ҷудо бишавад, «оқибаташ ҳалқаи дор» аст. Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки Александра бо он ки мехоҳад аз Иля талоқ бигирад, ба ҷуз он «муъошиқатҳо ва бадгардиҳо бо мардони бегона», ки касе аз аҳли хонадон дурӯғин буданашонро намедонад, бо он ки зане устувор ва дар амри найл ба ҳадаф собитқадам аст, (ки намунаашро дар амри ба ровии ин достон – бародари мафлуку мафлуҷи Иля омӯзонидани савод ва ҳамарӯза китоб хондан ба ӯ мебинем), кори дигаре намекунад, вай мехоҳад, Иля худ ба ихтиёри хеш аз ӯ ҷудо бишавад. Зеро дӯсташ медорад ва эҳсоси масъулият мекунад. Ва достон чунон ба охир мерасад, ки хонанда мефаҳмад Александра ҳамин тавр то охири умр бо Иля хоҳад буд, бо орзуи раҳо шудан аз қайди оила дар ҳамин хонадон хоҳад мурд. Вале шахсиятҳои достонҳои дигари нависанда чунин оқибати «миёнҳолона» надоранд, фоҷиаи онҳо амиқтар аст. Шахсияти беноми достони «Лагофталм», ки ровии достон аст, аз рӯзи аввал сарбоз Венскийро дидан намехоҳад, ситорааш ба ӯ мувофиқ намеояд, ба ӯ нафрат дорад, аз диданаш, аз ҳар суханаш, аз табассумаш ба ғазаб меояд. Венский на танҳо лоғарандому заиф аст, балки чеҳраи кареҳ дорад, гарданаш сарашро наметавонад нигоҳ бидорад, чунинҳоро набояд аслан ба сарбозӣ бигиранд, вале ӯро даъват кардаанд ва шояд ба ҳамин сабаб радистӣ омӯзондаанд, ки коре нисбатан сабук ва машрут ба неруи ҷисмонӣ нест. Венский собиқ пианинанавоз аст, ахлоқи хуб дорад, мехоҳад бо ровии достон, сарбози ҳамхидматаш, ки зоҳирану ботинан мутафовит бо ӯст, иртиботи дӯстона барқарор кунад. Ва танҳо ба ҳамин сабаб мавриди шаллоқи ровӣ қарор мегирад, ки дар натиҷаи он (бо вуҷуди он ки Венский изҳор медорад, ҷанҷолашон бо гуноҳи ӯ сар задаст) шахсияти асосии достон ба зиндони низомӣ меафтад ва ду навбатро дар он мегузаронад. Ва аммо иртиботи ду шахсияти достон – иртиботе рамзӣ ва марбут ба сарнавишт аст, ва сарнавишти кӯр дунболагири ровист. Ва ин аст, ки ровӣ, ки аслан антиподи Венский аст, ба хотири халос кардани ӯ аз зери чархи зиреҳпӯш кушта мешавад. «Лаготфалм» навъе бемории чашм аст, ки пилк баста намешавад ва ин ном барои достоне, ки ривояти таҳаққуқ пазируфтани қазои тақдиршуда аст, хусусияти рамзӣ касб мекунад. Аз ин лиҳоз достонҳои Бакин фоҷиаҳои Юнони бостонро тадоъӣ мекунанд.

Ва тақрибан дар ҳамаи ҳикояҳои Бакин шахсиятҳо ташаккул намеёбанд, чунон набудаанд, ки акнун чунин шудаанд, нависанда ҳеч кадомеро ба гунае тасвир намекунад, ки фулонӣ ончунон буд, вале ба сабаби вазъи тарбиявӣ дар оила, бо таъсири авомили муҳити зиндагӣ, шикасте дар зиндагӣ инчунин шуд. На, ин шахсиятҳо аз оғоз, баробари ворид шуданашон ба саҳна чунин буданд – муҳри сарнавишт дар пешониашон ва бештар ҳам чунин мемонанд, тағйир намеёбанд. Ва нависанда аз фазою замон истифода мекунад ва ба василаи фирқаю ҷумлаҳо ин шахсиятро бо сарнавишти нодираш, ки чун салиб бар дӯшаш аст, ба мо менамоёнад. Вай таҳаққуқ пазируфтани тақдири ононро ба хонандагонаш намоиш медиҳад. Чунонки худи Бакин гуфта: «навиштан – яъне рафтан аз дунболи персонажҳои худ ва дар сафҳа рақам кардани нақшҳои сарнавиштҳои онон аст». Бештари шахсиятҳои ӯ дар фазо ва муҳите, ки қарор мегиранд, бегонаанд, гӯӣ мисли дарахте ҳастанд, ки аз макони аслии худ кандаанду ба замини дигаре нишондаанд. Онҳо дар ин муҳит ногаҳон ва аз ҷое номаълум меоянд, ё беҳтар аст бигӯем, оварда мешаванд ва то ба охир дар он бегона мемонанд. Шахсияти достони «Баргҳо» писаракест, ки аз ҷое, ки на ном дорад ва на ишорае ба он мешавад, меояд, ном ҳам надорад, балки номашро касе ҳам намепурсад, хонаеро интихоб мекунаду медарояд, ки шавҳару зани бефарзанде ба сар мебаранд. Онон номи хонаводагии худро – Бедолагин – ба ӯ медиҳанд, таъкид мекунанд, ки ӯ дувоздаҳ сол пеш дар ҳамин хона ба дунё омадааст. Ва ин номи хонаводагӣ – Бедолагин, ки бо «беда» (фоҷиа, бечорагӣ) ҳамреша аст, ки худ гӯёи зиндагии ӯст, зиндагие бе рангу руҳ, ки бо мастиҳои пай дар пай бо ду нафар чун худаш бегона аз ҷомеъа мегузарад.

Қаҳрамони беноми достони «Кишвари маншаъ» низ маълум нест, аз куҷо омада, Мария ӯро бар хилофи майли модараш аз истгоҳи роҳи оҳан меоварад ва ҳамроҳаш зиндагӣ мекунад. Ӯ аз гузашта дар ҷайбаш ғайр аз когазе бо шаҷарааш ва дар латтае чанд дандони афтода чизе надорад.
Баскаков – шахсияти достони «Реша ва ҳадаф» низ дар деҳ ногаҳон пайдо мешавад, аз куҷо омада маълум нест, ба ҷуз ишорае, ки қаблан зиндонӣ буда. Вай барои худ хона месозад, маводи сохтмонро барояш бародари бузургаш, ки муҳандиси корхонаи хишт аст, мефиристад. Коргаронеро, ки ба Баскаков барои пӯшонидани хона ёрӣ медиҳанд, низ бародараш аз корхонаи хишт мефиристад. Ва рӯзи кори коргарон ва нархи маводи сохтмон пайваста дар дафтаре навишта мешаванд, ин ҳама қарз аст, ки Баскаков бояд ба бародараш баргардонад. Бародараш медонад, ки Баскаков ин қарзро баргардонида наметавонад, Баскаков низ бовар надорад, воми бародарро пардохт бикунад. Ва ҳар ду медонанд, ки ин хонаро – аз ишорае мефаҳмем, чунонки хонаи қаблиро – бародари калон соҳибӣ хоҳад кард. Ва ин ҷо низ сарнавишти шум дар камин аст. Ниҳоят Баскаковро бо ҷинояте боздошт мекунанд, милисаҳоро бародари калонӣ меоварад ва дигар маълум аст, ки чӣ хоҳад шуд…. Баскаков низ чун бештарин шахсиятҳои достонҳои Бакин камсухан аст, вале ӯ дар ин замина аз дигарон «гӯи сабқат» бурда, дар муддати ду соле, ки ӯ дар деҳ аст, бо касе аз аҳли деҳ боре ҳам сухане раду бадал накардааст.

Дар достонҳои Бакин қарамони мусбат ва манфӣ ба маънои маъмули ин истилоҳ вуҷуд надорад, шахсиятҳои асосии достонҳои ӯро на мусбат метавон гуфт, на манфӣ, инсонҳое ҳастанд дар байни ду соҳили неку бад, бештарини онҳо на ин ки ба баду неки атрофиён, ки ба худу зиндагии худ ҳам таваҷҷуҳи чандон надоранд. Гӯиё зиндагӣ намекунанд, балки ҳастии худро таҳаммул мекунанд ва ба истилоҳи мардумӣ «худро ба паноҳи об сар додаанд».

Зоҳиран, ҳамин вежагиҳои шахсиятҳо то ҳадде муайянкунандаи сабки нависанда шудааст. Сухани ӯ орому ботаанӣ ва дақиқ аст, вай ҷузъ ба ҷузъ сарнавишти қарамонашро, рафтори ӯ бо дигарон ва муҳит, андешаҳои ӯ ва ба ин васила хислату хӯйи ӯро менамоёнад. Ин аст, ки бештари ҷумлаҳои ӯ мураккаб ва тӯлониянд ва бештарини ҷумлаҳо афзун бар ۴۰-у ۵۰ калима доранд. Ва ин ҷумлаҳои тӯлонӣ ба нависанда имкон медиҳад, ҳамзамон чандин ҷанбаи зиндагии қаҳрамононашро ба маърази дид бигузорад. Дар ин ҳол ҳеч эҳсосе иброз намекунад, шахсиятҳои достонҳои ӯ асосан шахсони хунсарданд, вале ҳатто дар ҷое, ки гоҳе эҳсосе – қаҳр, ғазаб, ҳайрат ва амсоли ин иброз мешаванд, Бакин ба жарф рафтан ва баланд шудани эҳсос ва василаи бурузи он – сухан роҳ намедиҳад, онро тахфиф мекунад ва ба хонанда пешниҳод мекунад. Баёну тавсиф ва тасвири Бакин рӯди пуроби водиро ба ёд меоварад, ки сатҳаш густардаю ором аст, вале дар умқ талотуму ошӯб дорад. Ин талотуми ошӯбро асосан пас аз фурӯ хондани достон дарк мекунем.

Image may contain: 1 person, closeup

Диалог дар достонҳои нависанда тақрибан вуҷуд надорад, ки ба як сабаби умдаи ин амр ишора кардем, бештари қаҳрамони ӯ коре ба атрофиён надоранд ва ниёзи радду бадал кардани сухан ҳам эҳсос намекунанд. Аммо сабаби асосӣ ин аст, ки Бакин намехоҳад, баёнаш аз чаҳорчӯб берун биравад, ӯ намехоҳад риштаи суханро ба дигаре бидиҳад, ҳарчиро ки аз дили қаҳрамононаш мегузарад, ҳар рафтор ва ҳар гуфтори онҳоро аз дили мағзи худ мегузаронад, ба сабк ва сохтори достонаш тобеъ мекунад ва ба он гунае, ки муносиб аст, ба хонанда медиҳад. Чунончи, дар достони «Баргҳо» Бедолагин ба мактаб, ба назди мудир меояд, то ки дар дегхона кор бикунад. Бакин гуфтугӯи ӯ бо мудири мактабро чунин овардааст:

«Дар поёни сентябр ӯ ба назди мудири мактаб омад ва гуфт, ки мехоҳад дар дегхона ба ҳайси аловмон кор бикунад; мудири мактаб пурсид, вай розӣ аст, ки шабона кор бикунад; ӯ гуфт, ки розӣ аст».
Ба сурати диалог овардани ин суҳбати бо ҷузъиёташ, метавонист боиси аз ҳинҷор берун рафтани сабки Бакин шавад, ки фақат чизҳои муҳимро ба тасвиру баён меоварад ва дар ин сурат бо қисматҳои дигари достон низ мутобиқат намекард.

Мутассифона, бартарӣ додани Дмитрий Бакин ронандагиро ба нависандагӣ, танҳо дар замони фароғат машғул шуданаш ба таълиф ва марги нобаҳангоми ӯ дар замоне, ки ба ситеғи ҳунар расида буд, хонандагонро аз басо достонҳои ҷолиб ва амиқ ва шахсиятҳое аҷиби дигар, ки фақат ӯ қодир буд, аз зиндагӣ ба адабиёт биёварад, маҳрум кард. Ва мо низ маҷбурем, бо масали кам бошаду хуб бошад, худро таскин бидиҳем ва бо ин чанд достони мондагор иктифо намоем. Дареғу афсус!

Декабри ۲۰۱۶ – январ ۲۰۱۷

Қодири Рустам

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com