گروهی از روشنفکران و چهره‌های شناخته تاجیک در اعتراض به سخنرانی امامعلی رحمان، رئیس‌جمهور تاجیکستان نامه‌ای سرگشاده منتشر کرده‌اند. امامعلی رحمان، رئیس‌جمهور تاجیکستان به تازگی زبان رسمی تاجیکستان را خودسرانه “تاجیکی” خواند، در حالی که در دهه هشتاد، در سال‌های بیداری ملی تاجیکان، نام زبان رسمی این کشور “فارسی-تاجیکی” ثبت شده بود.

آقای رحمان این سخنان را در تاریخ ۱۹  ماه مارس، یک روز قبل از نوروز، در مجلس رسمی کشور و پس از فراخواندن تمام چهره‌های رسمی این کشور ارائه کرد. شاید انتظار بر این بود که با شادمانی‌های نوروزی این حرف‌های او به فراموشی سپرده خواهد شد. اما بر خلاف این تصور از آن تاریخ تا حال گروه‌های مختلف تاجیک در سراسر جهان و بیرون از تاجیسکتان، به این شیوه جدید مخالفت با گسترش زبان دولتی و به تاجیکی محلی محدود کردن آن اعتراض کرده‌اند. قرار است این نامه به وزارت معارف کشور تاجیکستان تحویل داده بشود. جمع‌آوری امضا به پای این نامه از طریق سایت رسمی آواز دات اورگ Avaaz.org – انجام می‌شود و به روی همه فارسی زبانان و آنانی که نگران وضع گسترش و ارتقای زبان فارسی در تاجیکستان هستند، می‌توانند آن را امضا کنند. شعار این نامه سرگشاده خطاب به نمایندگان پارلمان تاجیکستان “زبان رودکی را پاس داریم!” است.

این نامه با خط سیریلیک را در اینجا بازنشر می‌کنیم:

شعار این نامه سرگشاده به پارلمان تاجیکستان: زبان رودکی را پاس داریم!

НОМАИ САРГУШОДА
ба Маҷлиси Миллии Тоҷикистон

ки дар пайи ройзании гурӯҳе аз тоҷикон (Сайидмуҳйиддини Дӯстмуҳаммадиён, Ҳафиз Бобоёров, Исфандиёри Назар, Абдулқодири Рустам, Сафар Абдуллоҳ, Луқмон Бойматов, Исфандиёри Одина ва ман) таҳия шуд ва дорои пайвасте ҳам ҳаст,ки пойинтар меояд.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳишмандем, ки барои наҷоти забони миллии Тоҷикистон зери ин нома имзои худро бигзоранд, бо зикри шуғл ва маҳалли иқомат

Ба Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров
Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев
Ба намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси гиромии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зуҳуров!
Раиси гиромии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаноби Убайдуллоев!
Намояндагони гиромии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Шумо бар маснади намояндагӣ аз сарзамине нишастаед, ки хостгоҳи яке аз бузургтарину тавонмандтарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меояд ва посдорӣ аз он вазифаи якояки шумост. Абуҳафси Суғдии Самарқандию Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин чомасароёни чирадаст ба ин забон будаанд.

Суҳбат аз забонест, ки пас аз истилои араб аз забонҳои гуногуни эронӣ моя гирифту бар курсӣ нишаст ва тамаддуни шукӯҳманди Сомониёнро сохт ва сифати он “дарборӣ” ё “дарӣ” шуд, чун забони коргузории дарбор буд. Забоне, ки аз оғози пайдоиши худ “порсӣ” ном дошт ва имрӯз ҳам дар саросари ҷаҳон бо ҳамин ном шинохта мешавад.

Донишномаи муътабари Britannica дар тавсифи даврони Сомониён нивиштааст: Дар замони Сомониён “адабиёти порсӣ бо осори Рӯдакию Фирдавсӣ шукуфо шуд, улуми фалсафаву торих рушд кард ва пойбаст (таҳкурсӣ)-и фарҳанги исломии эронӣ гузошта шуд”. (Encyclopaedia Britannica, Sāmānid dynasty).

Тамоми бузургоне, ки ба ин забон нивиштаанд, чи Рӯдакию Фирдавсӣ ва чи Пури Синову Берунӣ, чи Хайёму Мавлавӣ ва чи Ҳофизу Саъдӣ, худро порсизабон медонистанд ва дар саросари ҷаҳон “порсизабон” ба шумор меоянд. Порсӣ забонест, ки имрӯз ҳам бо офаридаҳои тозаи худ мояи ифтихори мост.

Забони мо барои Садриддин Айнӣ ҳам порсӣ буд ва ӯ алорағми фишори дастгоҳҳои Шӯравӣ мекӯшид аз истилоҳи “забони тоҷикӣ” ҳатталимкон истифода накунад ва номи асари маъруфи худро “Намунаи адабиёти тоҷик” номид, на “адабиёти тоҷикӣ”. Яъне адабиёти мутаъаллиқ ба мардуми тоҷик, ки забонашон порсӣ аст. Ҳамон гуна ки дар бисёре аз мақолаҳои худ бар порсӣ (форсӣ) будани забони мову шумо ишораву таъкид доштааст. Ӯ дар мақолае дар бораи як китоби дарсии Саид Ризо Ализода дар рӯзнома “Овози тоҷик” дар тобистони ۱۹۲۶ (۰۵.۰۶.۱۹۲۶) менивисад:

“Дар сафҳаи ۳۸, сатри ۵ “۷۰ дона олуҳои калон” таъбир ёфтааст ва ҳол он ки ҷамъ наёмадани исм баъд аз илҳоқаш ба адад аз қоъидаҳои маълуми ФОРСӢ аст. Чунончӣ, дар ҳамин сафҳа, сатри ۸ “сад дона себи сурх чида буд” таъбир ёфтааст, ки мувофиқи қоъида аст”.

Бобоҷон Ғафуров, яке дигар аз Қаҳрамонони миллии Тоҷикистон, дар авҷи даврони Шӯравӣ ҳам, соли ۱۹۷۳ дар гуфтугӯ бо Сирӯси Алинажод, рӯзноманигори эронӣ, дар Теҳрон гуфта буд:

«Мо, тоҷикҳо, наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархӯрди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин иртибот (бештар) баҳра хоҳанд гирифт.” (BBC Persian, 08.04.2004)

Бобоҷон Ғафуров дар асари мондагори худ “Тоҷикон” басароҳат забони моро “форсӣ” меномад:

“Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои ۷-۸, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ ҳарф мезаданд… Дар нимаи аввали асри ۷ дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд… Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ботадриҷ ҷои забонҳои шарқиэронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт… Эҳтимол, забони форсӣ чандин аср пеш аз истилои арабҳо ба Осиёи Миёна баробари монавия омада бошад» (Б. Ғ. Ғафуров. Тоҷикон. Қисми ۲. , сс. ۷۵-۷۶).

Тамоми осори торихию адабӣ гувоҳ аст, ки номи расмии забони мо то соли ۱۹۲۸ ҳам “форсӣ” буда ва дар забони модарӣ ё миллии мо истилоҳи “забони тоҷикӣ” на расман ва на урфан ба маънои забони порсӣ ба кор намерафтааст. Кӯчактарин шакке дар ин маврид вуҷуд надорад, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ” бо ангезаҳои сиёсӣ барои дарҳам шикастани забони паҳновари порсӣ, камзӯр кардани он дар баробари забони русӣ ва таҳқири тоҷикон падид омадааст ва сохтаи тоҷикон нест. Ба дур аз ин тавтеаҳои сиёсӣ забони миллии мо, тоҷикон, ҳамеша порсӣ буда, ҳаст ва мемонад, ҳарчанд имрӯза ҳастанд тоҷиконе, ки бар асари як давраи тӯлонии мағзшӯӣ “порсӣ”-ро бегона медонанд ва дар дифоъ аз он истилоҳи сиёсии бегонаовард сина сипар кардаанд. Ба ҳамин далел буд, ки Лоиқ Шеръалӣ бо дарду ҳасрат кинояомез суруда буд:

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,
Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

Лоиқ дар осори худ борҳову борҳо номи забонашро “форсӣ” хондааст:

Порсӣ хонданд намози хештан,
Дар замоне, ки араб ҷаррор буд!

Раиси гиромии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зуҳуров!
Раиси гиромии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаноби Убайдуллоев!
Намояндагони гиромии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Аз шумо хоҳишмандем, ки бо эҳёи номи забони миллии мо дар Қонуни Асосии Тоҷикистон дар барқарории адолати торихӣ саҳим бошед. Забони миллии мо, тоҷикон, бояд расман ҳам “порсӣ” номида шавад. Вагарна:

۱. Ҳаққи маънавӣ ба тамоми адабиётеро, ки ба забони порсӣ навишта шуда, аз даст медиҳем ва торихи забонамон аз ۱۹۲۸ оғоз мешавад. Ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи “порсӣ” мешиносад, на ҳеч номи дигаре. Ҳеч кас бовар намекунад, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро ба “тоҷикӣ” навиштааст, чун ҳеч далеле барои исботи ин ҳарфи ғалат вуҷуд надорад. Забони тоҷикон забони Фирдавсист. Ва забони Фирдавсӣ порсист, ки мегӯяд: Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

۲. Агар забонамонро “тоҷикӣ” бихонем, он дар чорчӯби як кишвар ва барои ҳудуди ۶ милюн тан маҳдуд мемонад ва расман ҷузъи даҳҳо милюн тане нахоҳем буд, ки забонашон порсӣ аст. Забон дар чунон маҳдудае дар ҷаҳони пӯёи имрӯзӣ зинда намемонад ва саранҷом мемирад. Танҳо аз рӯи ноогоҳӣ ё хусумат бо тоҷикон мешавад тарафдори роҳе буд, ки ба маҳдудтар шудани забон ва саранҷом марги он меанҷомад. Бо кӯчаку маҳдуд нигаҳ доштани забони миллиамон боъиси марги тадриҷии он нашавем!

۳. Бо “тоҷикӣ” номидани забони худ ба паёмадҳои истеъмор ва таҷовузи фарҳангии Русия тан медиҳем ва сари афкандаамон ҳаргиз баланд нахоҳад шуд. Ҳамаи далоилу мадорик собит мекунад, ки “забони тоҷикӣ” таҳмилист ва номе нест, ки тоҷикон барои забони худ баргузида бошанд. Номи он «порсӣ» аст;

۴. “Тоҷикӣ” номидани забони миллиамон дар миёни тоҷикон тафриқа эҷод мекунад ва тамомияти арзию миллии тоҷиконро таҳдид мекунад; зеро “тоҷикӣ” номидани фақат яке аз забонҳои тоҷикон ба маънои пушт кардан ба ҳамаи забонҳои модарии дигари тоҷикон аст. Мани яғнобӣ, мани шуғнию рӯшонӣ, мани язгуломӣ “тоҷикӣ” донистани порсиро бегона хондани забони модарии худ барои тоҷикони дигар талаққӣ мекунам. Дар ҳоле ки ҳамаи помириҳо ва яғнобиҳо тоҷикони нажодае ҳастанд, ки забонҳои куҳану бостонии моро ҳифз кардаанд. Пас ба ин далел ҳам намешавад фақат забони порсиро “тоҷикӣ” номид ва бар якпорчагии миллати тоҷик осеб расонд.

۵. Истилоҳи “забони тоҷикӣ” наметавонад муъаррифи адабиёти бузурги гузаштаи мо дар арсаи ҷаҳон бошад, дар сурате ки барқарор кардани номи “забони порсӣ” ба унвони забони давлатии Тоҷикистон ҳаққи тоҷиконро ба мероси таълифшуда ба ин забон собит мекунад ва шиносномае барои миллат ва кишвари Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар замоне ки бисёр кишварҳо ва миллатҳои тозаистиқлол дар ҷустуҷӯйу эҷоди ҳувияти худ ҳастанд, аз корбурд андохтани “забони порсӣ” ки муҳимтарин рукни ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихор аст, куфрони неъмат мебошад.

Далелҳои бештаре вуҷуд дорад, ки бохти тоҷикон дар асари пойбандӣ ба истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” ва маҳрумияти онҳо аз таъаллуқ ба пешинаи дурахшони миллатро собит мекунад. Аммо муҳимтарини онҳо ин ҳақиқати торихӣ аст, ки танҳо номи дурусту ростини забони мо “порсӣ” аст ва “забони тоҷикӣ” сирфан барои тазъифу тасғири порсӣ, тақвияти забони истеъмор ва таҳкими тамомияти арзии Шӯравӣ бар сари мардуми мо таҳмил шуда буд. Торих гувоҳи ин ҳақиқат аст. Бархе аз шавоҳидро дар пайваст (замима)-и ин нома овардаем.

Аз аъзои Маҷлиси Олии Тоҷикистон интизор меравад, ки ин иштибоҳи фоҳиши торихиро ислоҳ кунанд ва номи ростини забонамонро, ки порсӣ аст, бар курсии эътибори расмӣ баргардонад.

Сайидмуҳйиддини Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигор, Утриш
Ҳафиз Бобоёров, дуктури фалсафа, Олмон
Исфандиёри Назар, рӯзноманигор, Олмон
Абдулқодири Рустам, нависанда, Тоҷикистон
Сафар Абдуллоҳ, устоди донишгоҳ, Қазоқистон
Луқмон Бойматов, устоди донишгоҳ, Тоҷикистон
Исфандиёри Одина, ҷомеашинос, Тоҷикистон
Дориюши Раҷабиён, забоншинос, Бритониё

۹. Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди фалсафа ва ирфон, Лубнон
۱۰. Фарҳод Набиев, бозаргон, Тоҷикистон
۱۱. Нусратулло Бобоев, Тоҷикистон
۱۲. Алӣ Баротзода, ронанда, Тоҷикистон
۱۳. Сурайё Исоқова, мушовири гардишгарӣ, Тоҷикистон
۱۴. Муҳаммад Алии Истам, роҳбалад, Тоҷикистон
۱۵. Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигор, Тоҷикистон
۱۶. Шаҳбоз Акрамзода, роҳбалад, Тоҷикистон
۱۷. Абдулхолиқ Комилов, муҳоҷир, Русия
۱۸. Мижгони Гулнор, забоншинос, Олмон
۱۹. Умар Саъдиев, корманди созмони мардумниҳод, Тоҷикистон
۲۰. Азизи Сангин, рӯзноманигор, Донморк
۲۱. Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон, Лаҳистон

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com