فارسی‌زبانان قرقیزستان نیز برنامه دارند صد و چهل‌مین زادروز صدرالدین عینی را در شهر بیشکک، پایتخت قرقیزستان، جشن بگیریند. گفته می‌شود که در عین حال بیش از ۵۵ هزار فارسی‌زبان در سراسر کشور قرقیزستان به سر می‌برند.

قادرشاه مروت از فعالان تاجیکان قرقیستان

Дур аз Ватан зистану фаъолият доштан ва ҳамзамон, асолату ҳувияти миллии хешро ҳифз кардан, на кори осон аст. Вале, дар баробари ин, дар кишвари дигар ҳамчун меҳанпараст чароғи робитаҳои тоҷикони бурунмарзиро бо Тоҷикистон фурӯзон доштан, қаҳрамонист.

Қодиршоҳи Мурувват солҳост, ки тарғиби фарҳангу забон, санъату маданияти тоҷиконро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба дӯш гирифтааст.

Ӯ хатмкардаи факултети шарқшиносии ДМТ буда, солҳо дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Минбаъд ҳамчун муҳаррири телевизиони шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) фаъолият бурда, тавассути барномаҳояш дилу дидаҳоро тасхир намуд. То соли ۱۹۹۲ масъули Бунёди забони тоҷикӣ дар Бохтар буд ва соли ۱۹۹۳ бо амри тақдир дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон муқимӣ гашт.

Дар баробари иҷрои дигар корҳо худро бо адабиёт, забон ва дар маҷмӯъ фарҳанги тоҷик бештар омезиш дод ва дере нагузашт, ки ба яке аз фаъолтарин узви Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гашт. Як гурӯҳ тоҷикони бедордили қирғизистонӣ дили гарм ва шуҷоату худшиносии Қодиршоҳро пай бурда, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои мардуми моро дар Қирғизистон ба ӯ вогузор намуданд. Ӯ то соли ۲۰۰۳ дар Маркази тарҷумонии «Сленга» – и Бишкек фаъолият бурда, ۱۶ китобро аз қирғизӣ ба забонҳои русиву тоҷикӣ баргардонд. Дар баробари ин, барои маърифати ҳуқуқии тоҷикони Қирғизистон Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд.

Соли ۲۰۰۵ муовинии раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистонро ба ӯ бовар карданд.
Албатта, эҳсоси масъулият дар вуҷуди ӯ аз дӯстдории Ватан ва виҷдони бедор сарчашма гирифтааст. Воқеан ҳам, Қодиршоҳ худро масъул ва вазифадор медонад, ки барои аз байн нарафтани фарҳанги миллӣ, мактабу маорифи тоҷикӣ ва танинандоз будани лафзи ширини тоҷикӣ дар ин кишвари дӯст кӯшиш намояд. Зеро мақсаду мароми ягонаи Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон низ аз ҳамин иборат аст.

Қодиршоҳи Мурувват минбаъд муовин ва аз соли ۲۰۱۰ инҷониб сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» аст. Ин минбар ба ӯ дари имкониятҳои тозаро боз кард. Зеро ӯ аз оғоз дар оташдони матбуоти даврӣ обутоб ёфта, инак, тадриҷан ҳадафҳои созандаашро тавассути ҷаридаи тоҷикӣ роҳандозӣ менамояд.
Дар робита бо марказҳои фарҳангии тоҷикони дигар минтақаҳо, омӯзгорон ва аҳли қалам «Паёми Ала-Тоо» – ро ба ҷаридаи маҳбуби тоҷикон табдил дод. Дар саҳифаҳои он намунаи осори адибони тоҷик, хабарҳои муҳимтарин аз ҳаёту фаъоляти онҳо пайваста нашр шуда, барои эҷоди кӯдакон низ як саҳифаи алоҳида ҷудо гардидааст.

Баъдан бо ташаббуси раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон Равшанбек Собиров, китоби «Тоҷикони Қирғизистон» бо забони русӣ дар Бишкек ба чоп расид, ки дар ҳаёти фарҳангии ҳаммиллатони мо рӯйдоди фараҳбахше буд. Дар он таърихи будубоши тоҷикон дар ин сарзамин, минтақаҳои тоҷикнишини он ва шахсиятҳои маъруф маълумоти фаровон дарҷ шудааст. Минбаъд дар якҷоягӣ бо тоҷикону қирғизҳо китоби «Чароғи дӯстӣ» интишор ёфта, нусхаи аввалини он ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Китоби муҳими дигар, ки соли ۲۰۰۸ чоп шуд, «Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон аз назари коршиносони хориҷӣ» аст, ки аз тарафи кормандони мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии Қирғизистон баҳои баланд гирифт. Аксарият таъкид доштанд, ки чунин китоби арзишманд барои шиносондани воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон басо зарур ва саривақтист.

Иқдоми муҳими дигари ҷамъияти тоҷикон дар соли ۲۰۰۸ тарҷумаи нуҳ китоби дарсӣ барои синфҳои ۱ – ۴ – и мактабҳои тоҷикии Қирғизистон буд, ки ба Соли забон дар Тоҷикистон рост омад. Соли дигар Қодиршоҳ ба ифтихори гиромидошти Имоми Аъзам ба Душанбе ташриф овард ва ӯро муяссар шуд, ки асари тозанашр – «Китоб ал- Муснад» – Абуҳанифаро ҳини мулоқот бо Пешвои миллат муаррифӣ намояд.

Қодиршоҳи Мурувват имрӯзҳо ҳам сертакопӯст. Ин тараф як гурӯҳ тоҷикони қирғизистониро тариқи квотаҳо ба мактабҳои олии Тоҷикистон фиристоданӣ бошад, аз тарафи дигар ба ифтихори ۱۴۰ – солагии устод Садриддин Айнӣ дар мактаби ба номи ӯ гузошташуда маҳфиле оростанист, ки барораш мехоҳем.

Зиёда аз ۵۵ ҳазор тоҷике, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии гуногуни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сар мебаранд, барои ҳифзи ҳувияти хеш камари ҳиммат бастаанд, ки инро дар мисоли роҳи тайкардаи матбуоти тоҷикии ин кишвар метавон рӯшан дид.
– Ҳанӯз, солҳои ۶۰ – уми асри ХХ бо иқдоми як гурӯҳ тоҷикони адабпарвар, аз ҷумла омӯзгор, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сайдазим Пӯлодӣ, адиб ва публитсист, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ ва дигарон дар ин кишвари дӯст нахустин нашрияи тоҷикӣ бо номи «Байроқи мусобиқа» рӯи чоп омад. Сармуҳаррири аввалини ин нашрия Шарифҷони Учқӯрғонӣ интихоб гашт ва ин рӯзнома то соли ۱۹۶۲ мунтазам нашр шуда, чароғи маърифату иттилооти тоҷиконро фурӯзон кард. Аммо, бинобар расман барҳам хӯрдани ноҳияи Учқӯрғон дар Қирғизистон «Байроқи мусобиқа» аз чоп монд, – изҳор медорад С. Пӯлодӣ.
Дигарбора, аллакай дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон роҳбарияти нави Иттиҳодияи тоҷикони ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҳти роҳбарии Равшанбек Собиров орзуҳои деринаи тоҷикони қирғизистониро ҷомаи амал пӯшонд ва нашри ҷаридаи «Паёми Ала -Тоо» – ро ба роҳ монд.
Дар ин росто, илми тоҷик ҳам хомӯш набудааст. Аз ҷумла, Фарида Абдуҷалилова, аспиранти кафедраи таърихи нав ва навтарини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиши таърихи матбуоти тоҷикони Қирғизистон камар баста, дар ин мавзӯъ рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
– Фарида Абдуҷалилова матбуоти тоҷикиро бештар дар мисоли «Паёми Ала – Тоо» омӯхт ва дар ин замина таърихи дигар нашрияҳои пешинаи тоҷикиро низ мавриди пажӯҳиш қарор дод. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки сардабири ҷаридаи ёдшуда аз соли ۲۰۱۰ ин тараф рӯзноманигори хушқареҳа, муовини Иттиҳодияи ҷамъияти тоҷикон Қодиршои Мурувват аст, – меафзояд С. Пӯлодӣ.
Мавсуф, инчунин, мегӯяд, ки оид ба гузаштаву имрӯзи тоҷикони Қирғизистон чандин омӯзиш ва пажӯҳишҳо сомон пазируфтаанд ва ҳар яки онҳо боиси зикр ва омӯзиш аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР
Санаи нашр: ۰۱.۰۳.۲۰۱۸. «Ҷумҳурият»

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com