نامه دختر تاجیک به مردان جامعه خود عنوان مقاله مژگان ازگلنار، فعال اجتماعی تاجیک است که در اعتراض به محدود کردن روز بین‌المللی آزادی زنان به تنها “روز مادر” نوشته است. این نامه را مژگان دوازده سال پیش نوشته است و معتقد است که در طول این مدت جامعه تاجیک در راستای آگاهی رسانی زنان و مردان جامعه دستاورد چشمگیری نداشته است. این نامه را با خط سیریلیک می‌توانید در انیجا بخوانید. این نامه از نام همه زنان تاجیک به همه مردان جامعه تاجیک نوشته شده است.

تصویر از صفحه فیسبوکی مژگان ازگلنار، فعال اجتماعی تاجیک

Дуруд марди гиромӣ, имрӯз ки рӯзи байналмилалии занон дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст ва занони баъзе кишварҳо маҳзҳамин рӯзҳо ба муборизаи ҳуқуқи худ ба кӯча баромадаанд ман ӯам ӯамчун зани тоҷик гуфтание дорам ба ту эй марди тоҷик.

Ман аз рӯзе ки таваллуд шудаам пеш аз ҳама ҳамчун духтари ту аз нутфаи ту ба дунё омадаам. Баъд хоҳари ту шудаам эй марди тоҷик, андак дертар дӯстдухтари ту шудам, баъдаш ӯам ӯамсари ту шудаму Худованд фарзанде аз ту дар домонам корид, ки модари фарзанди ту шудам. Чуноне ки мебини ман яку як бора Модар нашудаам. Ва барои Модар шудан нозу парвариш ва тарбия лозим доштаам. Албатт ту метавони гӯӣ ки модаре маро ба дунё овард, оре аммо ӯ ҳам аввал духтари модаре буд ки духтари модари дигар буд…

Мо дар ибтидои зиндагӣ кори хонаводагиро байни ҳам таҷсим кардем ва ман ба кори хона бештар таваҷҷӯх кардам то фарзандҳои солим ба дунё ораму тарбия кунаму ту моро таъмин кунӣ, аммо дар тӯли таърих бо гузаштани замон ту фаромӯш кардӣ барои чи мо кори хонаводаро ба ин тартиб тақсим кардему аз як луқмаи нони овардаат барои худат кудрат сохта ахиран ҳам мақоми маро дар хонавода ва дар ҷомеа фаромӯш кардӣ.

Эй марди тоҷик агар фарзанди барӯманд мехоҳӣ, агар духтарони мисли Таҳминаву, Пӯрону, Парвину, Томирису Гурдофарид ва писарони мисли Рустаму, Сухробу, Синову, Хайём мехоҳӣ пеш аз ҳама ба тарбияи фарзанди худи бикӯш, яъне духтари худ ва албатта ҳам писари худ ва байнашон фарқият нагузор. Агар ту ҳуқуқи духтари худро ҳамсари худро эҳтиром надорӣ чи гуна ту метавонӣ ҳуқуқи модаронро эҳтиром гузорӣ?

Маро ҳамеша сарзаниш накун ки Модари фарзандони бебок ҳастам чунки ту падари чунин фарзандон ҳастӣ. Ҳама бори зиндагиро бар души ман партофта аз тарбияи фарзандон канорачӯӣ накун!

Ту аз ман мехоҳӣ ки фарзандҳои равшанфикру донишманд ба дунё орам?! Ва фаромӯш мекунӣ ки дар кадом ҳолат худи маро нигоҳ медорӣ. Чи гуна ту метавонӣ аз зане, ки ғайр аз чор девори хона бидуни иҷозати ту чизи дигареро наметвонад бинад ва ҳамеша ҳуқуқҳои ӯ зери пой мешавад ва аз ҳама бадтараш худ аз донишу андарз ва ҳатто аз ҳуқуқи худ бохабар нест, интизори фарзанди донишманду хирадманд бошӣ?

Ман гуфтани нестам ки ҳамаи занҳои тоҷик аз хираду дониш бебаҳра мондаанд. Бингар маҳз ҳамон занҳое аз донишу андарз баҳра бурдаанд, ки ҳуқуқи худро донистаанд ва назди хонаводаву ҷомеъа аз ҳуқуқи худ қимоя кардаанд.
Ба ман ҳамчун ба пораи гушти лухт нанигар ман мисли ту инсон ҳастам. Агар ту ин рафторро бо ман салоҳ дидӣ ман ҳам хомӯширо пеша кардаам. Ва бо хомӯшии худ насли туро ба нобудӣ мерасонам. То он рӯзе ки ҳуқуқамро доро нашавам ва аз донишу хирад ва зиндагии инсони баҳравар нашавам, нахоҳам бароят Суҳ роб, Синову, Хайём ба дунё овард!

Танҳо занҳои барӯманд дорои фарзанди барӯманд мешаванд. Ва танҳо занҳои бо навозиш, эҳтиром ва дониш парвариш шудаанд метавонанд зани барӯманд бошанд. Зане ки зери лату кӯб ва ғурбати хонаводагӣ бузург шудааст ҷуз ин муносибати хунук дигар чизе нахоҳад аз бар кард ва ба фарзанди худ ҷуз ин, чизи дигаре ҳам надорад сабақ диҳад.

Нома аз номи тамоми занони тоҷик, ки розҳои нуҳуфтаи ногуфта дар дил доранд, ба тамоми мардони тоҷик равона карда мешавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com