اسد گلزاده بخارایی، یکی از دو شاعریست که امروز در بخارا به زبان فارسی شعر میگوید. در این گفتوگو اسد گلزاده به رادیو زمانه گفت در بخارا دو کلاس فارسی تاجیکی در مدرسه ازبکیزبان باقی مانده و احتمال دارد که آن هم متوقف بشود. به گفته او بقیه همه مدرسههای فارسی در بخارا در دهه شصت میلادی تعطیل شدهاند. آقای گلزاده میگوید در بخارای امروزه دیگر هیچ روزنامه یا مجله فارسی زبان باقی نمانده و با این که نیمی از شهر فارسی زبان اند و مرکز فرهنگی خود را دارند اما در هیچ کتاب فروشی کتابهای فارسی وجود ندارد.
(Баргардонандаи ин гуфтугу ба сириллик Меҳрангези Саъдӣ, фаъоли фарҳангӣ)
– Асади Гулзода, ман бисёр хурсанд ҳастам, ки бо шумо сӯҳбат мекунам. Мехостам бипурсам, ки саломатиатон хуб аст? Чӣ кор мекунед ва чаро дар ҳамоиши тоҷикон дар Тошканд ҳузур надоштед?
– Ташаккур, ман шуморо шинохтам.
– Саломат бошед.
– Саломатиам хуб аст, ҳозир бо эҷод банд ҳастам, китоб навишта истодаам. Китобам-девонам дар ۳ ҷилд аст ва дар Тошканд чоп мешавад. Синнам ба ۸۳ даромадааст. Ба сабаби синну сол ва саломатиам ба роҳҳои дур рафта наметавонам.
– Хабар доштед аз ин ҳамоиш?
– Ҳа, хабар омада буд.
– Барои чӣ ҳеҷ каси дигар нарафтанд аз ҷавонтарҳо?
– Аз ҷавонтарҳо як нафар ин ҷо ҳастанд, бону шоира ҳастанд Ҳадяхон. Саломатии он кас ҳам хуб нест ва синнашон ба ۷۰ расидааст. Ҷавонҳо нестанд.
– Ҷавонҳо нестанд гуфтед, дар Бухоро дигар ҳеҷ кас ба форсӣ наменависад?
– Ҳастанд онҳое, ки ба форсӣ менависанд, аммо синнашон калонтар аст. Бисёрашон хатмкунандаҳои солҳои ۶۰-ум ҳастанд, он замоне ки мактабҳои тоҷикиро бастанд. Барои ҳамин ҳоло мо шоири форсизабон надорем.
– Як мактаби тоҷикӣ ҳаст гуфтанд дар вилояти Пешкӯҳ, оё ҳанӯз фаъолият дорад?
– Ду синфи тоҷикӣ дорад фақат, шояд вай ҳам баста шавад, ҳамаашон баста шуданд.
– Дар ин фазои бозшуда, дар ин баҳори тоҷик аз давлат дархост кардед, ки мактабҳои тоҷикӣ боз шаванд?
– Ин масъала хеле душвор аст.
– Барои чӣ?
– Зеро печида аст ва фақат дар сатҳи боло метавонад ҳал шавад. Вазирҳо метавонанд, аммо аз поён намешавад ин корҳо. Ҳама мехоҳад, аммо илоҷ надорем.
– Илоҷ яъне чӣ? Нома навиштан ва дархост кардан даркор. Ҳоло мепурсанд, ки ниёзҳоятонро гӯед. Ниёзҳоятонро гуфтед ба раисҷумҳур?
– Нагуфтаам, ҳанӯз вонахурдаам ва сӯҳбат накардаам бо он кас. Ман аз раисҷумҳур хеле миннатдор ҳастам, зеро нафари навовар, заҳматкаш, халқдӯст ва сулҳпарвар ҳастанд. Шояд ё мактуб нависам ё наздашон равам.Ба шарофати он кас кушода шуданд каме ин роҳҳо, ҳамааш баста буданд.
– Китобхонаҳо ҳастанд? Китобҳои форсӣ доред шумо? Тоҷикони дигар чӣ?
– Ман дар китобхонаи шахсии худам тақрибан ۱۰۰۰ адад китоби форсӣ дорам.
– Аз ин китобхонаи шумо киҳо истифода мекунанд?
– Бародарҳо, кӯдакҳо ва ҷавонон истифода мекунанд. Ба шеъру достон алоқа доранд ва шеърҳое ҳам менависанд. Аммо Ҳадяхон бисёр шеърҳои хуб менависанд, ҳам исмашон ва ҳам тахаллусашон якест – Ҳадяхон.
– Хонаашон пушти Арки Бухоро буд агар иштибоҳ накунам. Ман ба диданашон рафта будам.
– Хонаашон пушти Арки Бухоро ва назди мақбараи Исмоили Сомонӣ аст.
– Ҷои шумо ва Ҳадя бону холӣ буд дар ҳамоиш, хелеҳо шуморо пурсиданд. Ҳама форсизабонҳо мепурсанд, ки барои чӣ касе аз Бухоро ҳузур надорад.
– Худи ман лозим буд биравам аммо ба сабаби бемориам рафта натавонистам.
– Саломат бошед ва садсола шавед! Шумо шогирд тарбият мекунед?
-Албатта, ман шеърҳои баъзе аз онҳоро дода мебароям. Азбаски ба забони тоҷикӣ таҳсил нагирифтаанд, забонро нағз намедонанд. Шеър менависанд, аммо забонашон соф нест.
– Садриддин Айнӣ ҳам мактаб надошт ва дар хона мехонд. Мактабҳои хонагӣ ҳаст дар Бухоро?
– Ҳамаи онҳое, ки тоҷикӣ хондаанд, аз синни ۸۰ гузаштаанд.
– Ҷавонҳоро оё дар хона тарбият мекунанд, ки форсӣ нависанду хонанд?
– Не, ин хел расму ойин дар ин ҷоҳо нест.
– Фикр мекунед, ки барои дубора баргардонидани забони форсии тоҷикӣ ба Бухоро бояд чӣ корҳо кард?
– Барои амалӣ шудани ин кор, агар раҳбарон ва мақомдорон як даҳон ба вазирон фармоянд, ҳамаашон дари худро мекушоянд. Қарор ҳаст, ки мактабҳои тоҷикӣ кушода шаванд.
– Қарор ҳаст, аммо иҷро намешавад мегӯед?
– Иҷро намешавад ҳа, зеро қисми зиёди аҳолии вилояти Бухороро форсизабонон – тоҷикон ташкил медиҳанд.
– Барои чӣ худашон намераванд, ки тоҷикӣ хонанд ва талаб намекунанд?
– Шароит барои гуфтани ин ҳарфҳо хеле бад буд.
– Шумо мегӯед ними шаҳр тоҷикзабон ҳастанд. Агар аз боло қарор биёяд, ҳама барои ба форсӣ хондан мераванд?
– Ҳамааш мехонад агар аз боло қарор биёяд. Шаҳри Бухоро ҳама тоҷикзабонанд. Ба фикрам мешавад ба ин наздикиҳо. Ин масъаларо ҳам дида мебароянд. Робитаҳо бо Тоҷикистон дуруст шуданд ва мустаҳкам шуда истодаанд.
– Шумо бори охир кай сафари ҳунарӣ доштед, ба куҷо рафтед ва шеър хондед?
– Тақрибан даҳ сол шуд ба ҷое набаромадаам, фақат бо шеърнависӣ ва эҷодиёт машғул ҳастам.
– Аз фарзандон ва набераҳо шеърҳои шуморо хонда азёд мекунанд?
– Медонанд, нисфи шеърҳои ман барои кӯдакон эҷод шудааст.
– Ҳоло ягон нафарашон ҳастанд, ки азёд хонанд барои мо?
– Ҳоло дар хона нестанд.
– Пас, шумо аз шеърҳоятон барои мо хонед.
– Хонам?
– Бале.
– (Шоир мехонад):
Эй Бухоро, рӯзе бе ман монӣ ту,
Пас китоби шеъри манро хонӣ ту.
Дарди манро баъд бифаҳмӣ шаҳри ман,
Баъди рафтан қадри манро донӣ ту.
Дар ин олам дурӯза меҳмон ҳастем,
Пайи молу зарри кас мо нагаштем.
Қаноат кардему пастӣ накардем,
Ба тахти орият боло нишастем.
***
Ҳар чӣ гум шуд, қадри он болотар аз зарр мешавад,
Гарчӣ бошад резасанге, дон, ки гавҳар мешавад.
Ҳайфи инсон дар ҳаёт, ҳаргиз надорад қимате,
Баъди мурдан обрӯяш Ҳавзи Кавсар мешавад.
***
– Мешавад?
– Олӣ мешавад, бале, кош дар зиндагӣ мешуд.Шумо ۸۰-солагиатонро дар куҷо ҷашн гирифтед? Бузургдошт баргузор карданд дар Бухоро?
– Дар Бухоро ۸۰- солагиамро баргузор кардем. Бисёр олимон ва адибон иштироқ карданд. Базми калон шуд.
– Ба забони форсӣ баргузор шуд?
– Бале, ба забони форсӣ. Меҳмонон ҳам аксар форсизабон буданд, аз Самарқанд ва вилоятҳои дигар омада буданд.
– Се соли пеш ۸۰- сола шудед?
– Бале, се сол пеш. Шумо меҳмони мо намешавед дар Бухоро?
– Ҳатман меоям. Аз марказҳои фарҳангии Самарқанд ва Тошканд, ки ۱۵-уми феврад боз ҷаласа доранду ҷамъ мешаванд, чӣ дархостҳо доред? Афроди алоқаманд ҳастанд?
– Дар мо маркази фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ амал мекунад.
– Ба ин ҳамоиши ۱۵-уми феврал даъват шуданд?
– Албатта мешаванд, ман худам узви фаъоли ҳамин маҳфил ҳастам.
– Хуб, ду шоир дорем, нависанда надорем дар Бухоро?
– Нависанда дорем: Амрилло Авезов.
– Ба форсӣ менависад?
– Ба форсӣ менависад. Баъдан Аминҷон Шукуров буданд, ки ба наздикӣ фавт карданд.
– Ҷояшон ҷаннат бошад.
– Романи сегона доранд ва муаллифи ۲۰ китоби иборат аз ҳикояҳо, очеркҳо ва қиссаҳо ҳастанд.
– Асади Гулзода, шумо бо ин ҷавононе, ки дар дар бахши тоҷикии донишгоҳҳои давлатии Самарқанд таҳсил гирифтаанду ба Бухоро баргаштаанд ошноӣ доред? Онҳо бо чӣ корҳо машғуланд? Кор доранд?
– Бале кор доранд ҳамаашон, аммо ба сабаби набудани мактаб бо корҳои дигар машғуланд.
– Дархости шумо чӣ ҳаст аз раисҷумҳур дар ин баҳоре ки омада? Аз чӣ бояд шурӯъ кард, ки забони форсӣ ба Бухоро баргардад?
– Бисёр хуб мешуд агар баргардад, зеро ин забон таърихи тӯлонӣ дорад ва сарватманд аст, забони адабиёти ҷаҳонӣ аст. Мо шоирони машҳур дорем мисли Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Саноӣ ва дигарон. Мо ситораҳои шеър дорем, ки дар тамоми дунё онҳоро мешиносанд. Ба наздикӣ дар сафари Амрико будам. Дар он ҷо ҳама аз Мавлоно мепурсад. Китоби Мавлоно бо шумораи бисёр зиёд баромада ба забони инглисӣ.
– Дуруст аст. Шумо ба Амрико китобҳои худатонро бурдед, аз шеърҳоятон хондед?
– Бале, дар он ҷо шеърҳоям тарҷума шуданд ва дар рӯзномаҳо ҳамроҳ бо аксам чоп шуданд. Инчунин вохӯриҳо баргузор шуданд.
– Боз барнома доред, ки дар Бухоро вохӯриҳои фарҳангӣ баргузор кунед?
– Нақша дорам…
گزارش های زمانه از بهار تاجیکان ازبکستان
نظرات
این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر میکنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و میخواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.