Ман, дар маҷмӯъ чизе мухолифи гулҳойи маснӯъӣ надорам. Ҳастанд ва бигзор бошанд. Дӯсти хубе дорам, ки дар хонааш на танҳо гулҳойи маснӯъӣ, балкӣ ҳатто меваҳойи маснуъӣ дар табақи маснуъӣ дорад. Бисёр зебост ва ман ҳам раво медорам, ки он зебойиӣ бошад. Дар хонаи худам ҳам гулҳоейе маснуъӣ дорам. Намедонам кай ва аз куҷо омадаанд ба хонаи ман, аммо мухолифи онҳо нестам. Бигзор бошанд!

Дар акс аз чап ба рост: Барзу Абдураззоқ, коргардони теотр, Сафар Абдуллоҳ, забоншинос ва Марат Мададшо, рӯзноманигор

Дар хонаи устод Сафар Абдулло низ як гули маснӯъӣ ва як дарахти маснуъӣ ихтиёри иқомт ва сукунат кардаанд, ки ман ҳарфе бар алайҳи онҳо надоштам ва надорам. Бисёр зебо ҳам ҳастанд, он дарахт ва он гул.
Он гул, ки мегуям, дар назар бисёр сабзу шодобу хурсанду хушҳол аст. Баргҳояш он қадар шодобанд, ки ҳар вакт мебинияш, мехоҳӣ бигирӣ, навозиш кунӣ, бибӯсӣ ва бимазӣ. Ман ҳамеша ин ҳоҳиши навозидан, бӯсидан ва мазидани ин гулро дар дилам маҳор ва зиндонӣ мекардам. Зеро медонистам ва мутмаин будам, ки ин гул ва он дарахт маснӯъӣ аст. Ҳоло илму фанн ва санъъат он кадар пешрафт карда, ки ҳама чиро метавон сохт. Чин ҳам, ки дар ин замина дорад қиёмат мекунад гулҳо ва дарахтхойе ки месозад аз гулҳо ва дарахтхойи табиъӣ кам намеёранд ва ҳатто дар мавориде бартар аз онҳо хастанд.
Ҳоло ёдам намеояд ба чи муносибате он рӯз дар хонаи устод чамъ омада будем. Ҳоло ҳар чи буд, магар кам аст баҳона баройи канори якдигар ҷамъ омадан? Ҳоло фарз кунем, рузи таваллуди яке аз мо буд. Дар ҳар сурат, боз ҳам чанде аз дӯстон даври ҳам чамъ омада будем дар хонаи устод Сафар Абдуллоҳ. Гуфтему шунуфтем.
Пушти мизи музокирот ва мусоҳибот ва мубоҳисот.
Пушти мизи мутолиъа, мушоъира ва мунозира.
Албатта бар ҷони якдигар ҳам уфтодем ва бар сари якдигар ҳам кӯфтем ва хуни якдигарро хам рехтем! Оре! Бидуни ин, ки намешавад.
Аммо расмиятро ҳам (то он ҷойе, ки метавонистем) риъоят мекардем ва таъоруф ҳам муроъот мешуд ва арҷи соҳибхона ҳам сари ҷояш буд.
Чун навбати сухан гуфтан ба ман расид, каме эҳсосӣ шудам ва надонистам аз чи шурӯъ кунам. Нигоҳе ба давру барам кардам ва нуфтам “ Ин хона…Ин хона чи воқеъаҳойро ки дида, чи гапҳойро ки шунида ва чи афроде, ки таҳамммул карда аст!” Дигар ба фикр будам, ки чи гуна идома бидиҳам. Шояд ин тафаккури ман тӯлонӣ шуд, ки яке Барзу***, ки вақте руҳияааш хуб бошад, гапҳои бисёр ширин ва бонамак мезанад, гуфт:
– Бигу, ҳатто афродеро мисли мо!
Аввал бисёр хандидем.
Аммо баъдаш ман бо камоли ҷиддият ва қатъият гуфтам
– Ҳатто афродеро мисли моро! Ин ххона, ин Хона Дуст дида ва тахаммул карда аст.
Мегӯянд дӯсти хуб ҳамон аст, ки ҳангоми бо ӯ будан метавонӣ сукут кунӣ. Сафар Абдулло аз ҳамин қабил дӯстон аст. Бо ӯ метавон соатҳо бахс кард ва бар сари якдигр чандин пиёла шикаст. Ин ҳам дар хонаи ӯ. Дар хонаи Дуст. Бо ӯ метавон дар як соат сад бор қаҳрӣ кард ва ва дусад бори дигар оштӣ кард. Ин ҳам дар хонаи ӯ. Дар хонаи Дуст.
Сукуте ҳукмфармо буд ва ҳар кас ба фикри худ буд. Яке Барзу аз ҷо бархост, рафт пеши шири об, як косаро пури об кард омад ва бар кузайи он гули маснуъӣ об рехтан гирифт. Ман бо камоли тааҷуб ба ӯ нигоҳ мекардам. Барзу ҳамаи оби он косараро бар пойи он гули маснуъӣ рехт. Рафт ва дубора косаро пури об кард. Баргашт ва обро ин бор бар пойи он дарахти маснӯъӣ рехтан гирифт. Ман ҳамчунон бо камоли тааҷуб ба Барзу нигоҳ мекардам ва ӯ низ инро фаҳмид, ки бо тааҷҷуб ба ман нигоҳ кард. Тааҷуби ман ба ханда печид. Ман механдидам ва Барзу ҳам ба ман менигарист ва механдид. Билахира пурсид:
– Ба чи механди Сиёвуш?
– Ба ту механдам, Барзу!
– Чиро?
– Ин корат бисёр самбулик аст, Барзу. Як умр ба гулҳойи маснуъӣ об медҳӣ.
– Чӣ мегуйӣ Сиёвуш! Инҳо маснӯъӣ нестанд!
– Шӯхӣ мекунӣ?
– Шояд ту худат шӯхӣ мекунӣ?
– Не. Ман ҷиддӣ мегуям.
– Ман ҳам ҷиддӣ мегӯям.
Аз ҷо бархостам ва рафтам пеши он гуле, ки ин ҳама сол фикр мекардам маснуъӣ аст. Бо камоли нобоварӣ ва куфр баргҳояшро ламс кардам. Маснуъӣ набуд. Як баргро кандам, даридам, бӯ кардам ва ҳатто зери дандон гирифтам ва газидам. Не, маснӯъӣ набуд. Гуле зинда буд!
ГУЛЕ ЗИНДА БУД!
Пеши дархат, ки ин ҳама сол фикр мекардам маснуъӣ аст, рафтам. Бо камоли нобоварӣ ва куфр баргҳояшро ламс кардам. Маснуъӣ набуд. Як баргро кандам, даридам, бӯ кардам ва ҳатто зери дандон озмойиш кардам. Не, маснуъӣ набуд. Дарахти зинда буд!
ДАРАХТЕ ЗИНДА БУД!

(Сиёвуши Ҷунайдӣ)

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com