Месӯзам аз дарун ба оташе, ки бо ҳар нафас забонае баландтар мезанад. Ҳар сӯ нигарам, онро мебинам, ки гӯё пазмону зори ман аст ва танҳо бояд даст ёзонду гирифту аз шиддати васл бӯсидаш. Се рӯз аст барояш мотам дорам. Гумон доштам, дар роҳу равиши фанновариҳои нав устодӣ дорам, мебинам, Маҷнуне дар биёбонаму бас!

سلیم ایوبزاد در زادگاه خود مستچاه (عکس از صفحه فیسبوکی نویسنده)

Ҳоло дарди ҷигари Ҷумъа Одина ва андӯҳи дӯстонам Баҳманёр ва Муҳаммадраҳими Сайдарро бо ҳар зарраи ҳастиям ҳис кардам. Ана чӣ буда, маҳв шудани заҳмати панҷмоҳа! Флешкаеро бо матни китобҳои навам аз даст додам. “Ҳазор ранги сад сол”, “Тобистони талх” (маҷмӯаи достон), “Барои ту” (китобе хусусӣ барои набераам), “Об, оташ, сандон” (хотираҳои кори журналистӣ), пешнависи “Тоҷикистон. Чеҳраҳо ва ҷилваҳо” ва садҳо порча қайдҳои саридастиям ба коми фано рафт. Мисли оне ки “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина зери теғ хомдарон шуд ва дар гулхан сӯхт ва шабеҳи он ки Баҳмани азиз бехудона “Ғутях”-ашро ба қуттии партовҳо афканд. Ё ба гунае ки Сайдар пеши худ қарор кард, дигар сатре нахоҳад навишт.

Ҳамин рӯзҳо мехостам, яке аз омодаҳоро барои сафҳабандӣ фиристам ва бақияро ҷойи дигаре нусхагирӣ кунам. Мунтазири як ё ду рӯзи дигари кор будам, намехостам, амале дубора шавад, мегуфтам, ин якеро берун мекашам ва бақияро дар ройона мегузорам. Аммо он субҳ флешкаро наёфтам, фикр кардам, дар коргоҳ фаромӯш шудааст. Рафтам ба корхона. Он ҷо ҳам наёфтам, фикр кардам, манзилро дурусттар надидаам, баргаштам ба хона. Ҳама чиро таҳурӯ кардам. Нест. Боз ба коргоҳ. Нест. Мизу курсиҳоро кашидам ба чапу рост, шояд зери миз афтодааст. Нест. Аз ҳар яке пурсидам, азизи маро надидаанд. Гуфтанд, на.

Ёдам омад, ки рӯзи пеш аз коргоҳ ба дуконе рафта будаму чизе харида. Шояд вақте ки ба фурӯшгор пул медодам, флешка ноаён аз ҷузвдонам афтодааст? Саргарону посӯхта ба он дӯкон рафтам. На, касе чизе наёфта! Яке гуфт, агар ёфта бошад ҳам, маводи онро пок мекунад ва ба нафъи худ ба кор мебарад. Гуфтам, 10 000 крон медиҳам, агар касе онро ёбад. Худам чанде пеш дар метро як телефони ҳамроҳ ёфта будам ва ба шумораҳояш занг задаву соҳибашро ёфтаву ба ӯ расонда будам. Бе ҳеч подоше.

Дар роҳ бори нахуст умқи фоҷиаи худро дарк кардам ва бехтиёр аз чашмонам ашк равон шуд. Талх гиристам. Сар хам кардам, ки раҳгузарон оби дидаамро набинанд. Наход, ҳамаи ончӣ навиштам, барбод рафт? Ҳар порча ба ёдам мерасид ва дилам хун мегирист. Худро дилдорӣ медодам, ки шояд дар кадомин ҷайбам мунтазири ман аст, шояд рӯйи рафе гузоштам ё миёни китобе, канори лашшу луше, ҳоло меравам ва пайдояш мекунам.

Се шабу се рӯз гузашт, хобам намебарад ва фақат оҳ мекашам. Худоё, чӣ ҷурме карда будам, чӣ кӯтоҳӣ аз ман гузашт, ки чунин ҷазоям додӣ? Ёрони шарифу соҳибдил ҳамдардӣ мекунанд, ки ошуфта набошам, чизе дар ин дунё бе сабаб намешавад, биншинаму аз сари нав нависам, ба маротиб беҳтар хоҳад баромад. Сипос! Вале бовар надорам, ки ин қадар чизро мешавад, дубора навишт. Одати баде дорам, ки агар аз навиштае ризо шавам, онро аз зеҳнам берун меафканам, мехоҳам, фаромушаш кунам, чун коре ки дигар тамом шуд, рафт аз ман ба дигарон, моли дигарон шуд. Ва ин панҷ моҳ бо илҳоме саршор кор мекардам, магар он лаҳзаҳои худододро метавон бозгардонд? Магар метавон боз он гуна ба парвоз омад?

Наход чизе намонда? На, пешнависи аксари онҳо ҳаст, аммо дар шакле, ки панҷ моҳ пеш захира шуда. Пуч, каммағз, саридастӣ, печида, хом, сарду берӯҳ! Ба чӣ дарде мехӯранд! Шукр, ки чанд чизеро ба дӯстон барои хондан фиристода будам ва шукр, ки бархеро дар блог ва фейс нашр намуда. Инҳо беҳтаранд, ҳарчанд на шакли ниҳоӣ ва сайқалдида. Кош Баҳман ҳам румонашро ба касе медод, он гоҳ шояд барояш осонтар мешуд. Пас аз даргузашти ногаҳонии дӯсти дигарам Муҳаммадраҳими Сайдар, флешкаи ӯро оварданд, ки аз диданаш қойил шудам. Ҳама чиз дар ҷойи худ, бо тартибу назме сутуданӣ. Ва охирин парвандааш як калима дошт: “Бас!”. (Инро ман дар шаби ёдбудаш, дар ин акс мебинед, гуфта будам.)

Вақте ёрон бароям мегӯянд, ҳеч чиз бе амри Яздон рух намедиҳад, яқин мекунам, ки шояд ин воқеа ишораи Ӯст. Охир чӣ мекунӣ бо ин навиштанҳои пурдарду шабзиндадориҳо! Ҳамин қадар навиштӣ, чӣ шуд? Магар аз бад ба бадтар нарафт? Менависӣ, ки шӯҳратманд бошӣ? На, Худат шоҳидӣ, кайҳо аз ин дард гузаштаам. Намедонам, чаро менависам. Ин бемории ман аст. Магар беҳтар нест, аз баҳри ин ҳама бигзарӣ ва мисли як инсон зиндагӣ кунӣ, барои худат, барои оилаат, барои фарзанду наберагон? Рост. Кай ман барои худам зиндагӣ хоҳам кард?

Мотами ман огандаи ин пурсишҳои бунёдист. Субҳ низ медамад ва ҳоло оромаму ҳатто каме шоду сабук, ки бояд ба ин ҳама нуқтаи таммат гузошт. Аҷаб кори лодаву беҳудаест навиштан! Ва ин аломати аввали осмон ба ман нест. Онки дастхатҳову бойгониям ҳангоми ғорат шудани хонаам дар Душанбе ба яғмо рафт аввалаш буд. Набудани ҳарфи тоҷикии умумии Микрософт садҳо сафҳаи матни солҳои 1995 то 2002-ро нохоно ва беҳуда кард. Боре ҳам дар ғояти хашм мушт ба ҳарфтахтаи ноутбукам задаму диски онро шикастам, навиштаҳои дусолаам нобуд гашт. Ва ҳоло — аломати нав. Магар бас нест? Бас аст! Нагӯед, ки бояд нависам, рӯҳшикаста нашавам ва чизҳое мисли ин. На барои ин дарди дил кардам, балки барои бидруд гуфтану рафтан. Ва рафтану барнагаштан. Узр, ҳамааш гуноҳи худам буд. Худо нигаҳдор!

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)