مجموعه اشعار حیات نعمت سمرقندی، شاعر بنام و فعال اجتماعی سمرقندی به مناسبت ۷۵ سالگی او در شهر دوشنبه به چاپ رسید. 

«شیر، شعر، شیر» عنوان مجموعه اشغار حیات نعمت سمرقندی، شاعر بنام سمرقندی‌ست

“Шир, шеър, шер” унвони маҷмӯъаи ҷадиди Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири тоҷик аст, ки ба муносибати ۷۵-солагии ӯ дар Тоҷикистон мунташир шуд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар тӯли фаъолияти худ бештар талош карда намунаи адабиёти адибони Самарқандро ҷамъоварӣ кунад ва вожаҳои самарқандии осори Мавлоно Балхиро гирд оварад, аммо маҷмӯъаи ашъори ӯ то ҳол мунташир нашуда буд.

Аввалин бор аст, ки  ашъори ӯ дар шакли китоби ҷудогона мунташир мешавад. Ин маҷмӯъаи ашъор бо талош ва ибтикори Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик ва пуштибонии молии яке аз дӯстони шоъир, ки нахост исмаш зикр шавад, ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе ва дар ۲۲۰ сафҳа ба чоп расид.

Дар ин маҷмӯъаи ашъори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ чаҳор мақола дар бораи фаъолиятҳои ин шоъири шинохта ва маҳбуби тоҷикон, бавижа самарқандиён, мунташир шудааст. Мақолаҳо ба қалами Эркин Воҳидов аз Узбакистон, Масъуди Сипанд аз Омрико, Шаҳзодаи Самарқандӣ аз Бритониё ва  Одили Нозир аз Тоҷикистон таъаллуқ доранд. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ солҳо ба хотири фаъолиятҳои иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд ва зикри исми ӯ то ҳол дар расонаҳои Узбакистон мамнӯъ аст ва ҳеч расонаи дохилӣ ба муносибати ۷۵-солагии ӯ матлабе мунташир накардаст. Ҳеч маросиме ба ин муносибат дар фазои фарҳангии Тоҷикистон низ баргузор нашуд. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар авохири даҳаи ۱۹۸۰ бо иқдоме ба гуруснанишинии серӯза тоҷикони Самарқандро соҳиби рӯзномае ба забони модарии онҳо кард, ки то ҳол фаъол аст. Рӯзномаи “Овози Самарқанд”, ки он низ беш аз ду даҳа исме аз ин шоъир наоварда ва ҳамин тавр адибони ҳақгӯйи тоҷикро нодида мегирад. Ин рӯзнома мисли дигар рӯзномаҳои дохилӣ дар Узбакистон давлатӣ ва бозтобдиҳандаи сиёсати давлат аст ва дар пешбурди фарҳанг ва иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон саҳми чандоне надорад. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ соле як бор ба Тоҷикистон сафар мекунад ва дар меҳмонхонаи Вазорати фарҳанг ба корҳои адабии худ машғул мешавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com